Касе к-ӯ боварии халқро арзанда мегардад,
Ба ҳар кас дӯстрӯ, ҳар хонаро зебанда мегардад.
Ин суханони пурҳикмати Қаҳрамони Тоҷикистон, устод Мирзо Турсунзода ҳақиқати рӯзгор ва шуҳрату эътибори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ифода мекунанд. Воқеан ҳам, Пешвои миллат узви ифтихории ҳар як хонадони тоҷик мебошанд. Инро мардуми тоҷик ва ҳамаи тоҷикистониён эътироф мекунанд.
Далели бисёр возеҳу равшани Пешвои воқеӣ ва мардумӣ будани муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар он аст, ки ба шарофати маҳбубияту ба сабаби маъруфияти ӯ дар мамлакат ягонагии давлат ва халқ ба вуҷуд омадааст. Пешво ҳалқаи васл аст, ки ин ду қутбро ба ҳам овардаву пайваст кардааст. Халқ бо боварии комил ба ин, ки Роҳбари давлат такягоҳи халқ аст, дар симои давлат такягоҳи худро мебинад ва давлат бо итминони тамом ба ин, ки халқ такягоҳи Роҳбари давлат аст, дар симои халқ такягоҳи худро тасаввур мекунад.
Дар таърихи башар ва сиёсатҳои ҷаҳонӣ ин гуна ҳолатҳое, ки ба сабаби маҳбубияти Сарвари кишвар ягонагии халқу давлат ба вуҷуд меояд, ҳодисаи муқаррарӣ нест. Иҷрои ин гуна рисолат фаротар аз ҳадди маъмулию хидмати вазифавии роҳбари як давлат аст. Чунин хидматро танҳо Пешвои миллат метавонад анҷом диҳад!
Эмомалӣ Раҳмон бо Паёми сулҳу ваҳдат ва ғояи миллию маслаки ватанпарастӣ, мароми созандагию бунёди роҳҳову нақбҳо миллатро ҳам аз лиҳози ғоявӣ ва ҳам аз лиҳози ҷуғрофӣ ба ҳам оварданд. Дар мавриди гузариш аз як сохтор ба сохтори дигар, аз як ғоя ба ғояи дигар тавонистанд дар паҳнои қаламрави порашуда ва андешаи парокандаи миллати парешон ваҳдату ягонагии марзию зеҳниро ба вуҷуд оваранд.
Эмомалӣ Раҳмон на фақат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, балки Асосгузори мактаби давлатдории миллӣ ва эҳёгари суннатҳои давлатдории азёдрафтаи бостонии миллати тоҷик буда, чун пешвову раҳнамо миллатро аз худсӯзӣ ба худсозӣ ҳидоят карданд.
Таҷрибаи бузурги дар самти давлатдорӣ ҳосилкардаи Пешвои миллат, ки эҳёи хотираи маҳвшудаи ҳукмронии сиёсии миллати куҳанбунёду соҳибдавлати мост, дар хазинаи методологияи давлатдории тоҷикон ҳамчун дастоварди бисёр арзишманд ва бебаҳои сиёсӣ ба хотири корбурди амалию назарӣ ва андӯхти таҷрибаи ояндагон боқӣ хоҳад монд.
Эмомалӣ Раҳмон наҷотбахши меҳану миллат, эҳёгари забону фарҳанг ва суннати ниёкону бунёдгузори давлати мост. Ӯ дар айёми бисёр ҳассос ва барои миллати тоҷик фоҷиабори таърихӣ рисолати роҳбариро беш аз ҳадди маъмулию муқаррарии хидматӣ анҷом дод.
Дар шароити нобасомон ва хатарзои сиёсӣ, ки бар асари ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ба вуҷуд омада буд, ба сари кор омадан ва ба таври таъҷилӣ сару сомон додани бенизомиҳои сиёсию иҷтимоӣ ҷуръати хосаро тақозо менамуд. Бар мабнои сифатҳои ҳамидаи инсонию ахлоқӣ ва таҷрибаи шахсӣ, аз ҷумла маҳорат, матонат, ҳиммат, ҷасорат, садоқат, фазилат, шарофат, масъулиятшиносӣ, оянданигарии сиёсӣ, меҳандӯстӣ, мардумпарварӣ, самимият ва муҳаббати маҳз Эмомалӣ Раҳмон буд, ки дар муддати кӯтоҳи таърихӣ муҳимтарин дастоварди миллӣ — сулҳу субот, амнияту ҳамбастагӣ, ваҳдат ва оромиши иҷтимоиро дар кишвар фароҳам овард.
Маълум аст, ки сохтор ва дастгоҳи нотавоншудаи давлатӣ, ки нимаи дуюми моҳи ноябри соли 1992 ба Сарвари давлати тоҷикон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мерос монд, на тармим, балки эҳё ва навсозиро талаб мекард. Ба таъбири дигар, Роҳбари давлат бояд ба давлат ва ҳукумати ба тақозои замон ҷавобгӯ аз диди ҳуқуқӣ ва амалӣ замина мегузошт.
Раҳонидани Ҷумҳурии Тоҷикистон аз вартаи ҷанги шаҳрвандӣ, наҷоти миллат аз нобудию завол, хунсо кардани нақшаҳои шуми бозингарони сиёсии минтақавӣ ва байналмилалӣ, барқарор кардани хоҷагии халқи ҷумҳурӣ, таъмини амнияти озуқаворию энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, таҳияи заминаи рушди устувори кишвар, билохира, таҳкими асосҳои давлати миллӣ силсилаи иқдомеанд, ки муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси Раиси Шӯрои Олӣ, минбаъд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Пешвои миллат аз Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ шурӯъ карда, то ба имрӯз анҷом додаанд.
Эмомалӣ Раҳмон кафили ваҳдати миллию истиқрори сулҳ дар ҷомеаи мо гардида, ба ин васила арзишмандтарин дастоварди миллатро дар тӯли ҳазорсолаи охир, ки он давлати соҳибистиқлоли миллӣ буду ба сабаби ҷанги шаҳрвандӣ дар марҳилаи завол қарор дошт, ҳифз карда, таҳким бахшиданд.
Аз ин рӯ, Пешвову қаҳрамони миллат он касест, ки барои миллат шукӯҳу сарафрозӣ ва мақому манзалат ато карда, дар лаҳзаҳои ноумедию шикаст ва парокандагӣ миллатро наҷот бахшидааст ва инчунин, Ватанро аз вартаи хорию зиллат раҳонидааст. Пешвову қаҳрамон он аст, ки дар ин роҳ фидокорона талош мекунад ва барои расидан ба ин ҳадаф омодаи ҷоннисорист. Эмомалӣ Раҳмон маҳз ҳамин гуна фарзанди ҷоннисори халқу Ватан аст.
Хидмате, ки муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои миллати тоҷик ва ҳифзу таҳкими истиқлоли сиёсию давлатдории он анҷом дод, воқеан ҳам, сарнавиштсоз ва хеле арзишманд аст. Фаъолияти созандаи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои бақои имрӯзу ояндаи миллат ҷойгоҳи устувору мондагоре эҷод намуд. Дар ин хусус бамаврид гуфтаанд:
Покмардо, он чӣ гӯям, камтарин тасвири туст,
Ҳар чӣ мо имрӯз дорем, аз раҳи тадбири туст!
Баъд аз таҳкими Ваҳдати миллӣ ва таъмини амну суботи сиёсӣ бо заҳматҳои бардавому тадбиру чораҷӯиҳои муассир ва барномарезиҳои давлатӣ заминаи рушди устувори иқтисодии кишвар ва беҳдошти рӯзафзуни иҷтимоии аҳолӣ гузошта шуд.
Дар робита ба татбиқи нишондодҳои Сарвари давлат оид ба афзоиши неруи истеҳсолию тавлидотии кишвар, рушди босуботи соҳаҳои иқтисодиёт, раванди тадриҷии саноатикунонии босуръати мамлакат, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, таҳаввулоти соҳаи маориф, таваҷҷуҳ ба тарбияи неруҳои зеҳнии ҷомеа, беҳдошти вазъи иҷтимоии мардум, инчунин, суръати бунёдкориву созандагиҳо дар шаҳру навоҳии кишвари соҳибиқболамон ва дигар нишондиҳандаҳои марбута бо боварии комил метавон гуфт, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кишвари мутараққӣ ва ободу зебову нозанине табдил ёфтааст.
Хулласи калом, Пешвои раҳнамою хирадманди мо — тоҷикон соҳибватани тавонманд, сарфарозу асилзодае мебошанд, ки дар ҳама ҷанбаҳо нияту амали нек доранд, ботадбиру дурандешанд ва бо ин гуна хислатҳои наҷиб миллати фарҳангсолори тоҷикро ба сӯи фардои дурахшон ва босаодат хоҳанд бурд, зеро рӯҳи матин ва ифтихору ғурури миллии тоҷикона ин шахсияти нотакрорро ҳамвора мададгор аст.
Умед дорем, ки таҳти роҳбарии хирадмандонаи Пешвои миллат дар кишвари мо пояҳои давлатдории миллӣ беш аз пеш таҳким хоҳад ёфт ва мардуми сарафрози тоҷик ба дастовардҳои боз ҳам бештару назаррастар ноил хоҳад гашт.
Фарҳод РАҲИМӢ,
академик, президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳамоҳангсозии фаъолияти Маҷлиси миллӣ бо Маҷлиси намояндагон, ҳокимияти иҷроия, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, воситаҳои ахбори омма ва робитаҳои байнипарламентӣ