Таърихи башар, бархӯрди тамаддунҳо ва низоъҳои сиёсӣ баҳри шинохти миллату давлат ва ифодаи марому ҳадафҳояшон инсонҳоро водор кард, ки барои барқарор кардани асолати таърихӣ ва ҳувияти миллӣ аломат ё рамзҳои гуногунро эҷод намояд. Ба маънои дигар, рамзҳои давлатӣ ва нишон лавҳаи хурдшудаи таърихи давлату миллат буда, ҳамзамон эътиқоду боварӣ, мояи ифтихору сарбаландӣ ва нангу номуси халқу миллатҳо мебошад.
Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 24-уми ноябри соли 1992 пазируфта шудааст. Вазъи ҳуқуқӣ, тартиби омодасозӣ, андоза ва корбурди расмии парчамро Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» муқаррар мекунад.
Низомнома дар бораи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 11-уми декабри соли 1999 бо Қарори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №892 тасдиқ шудааст, ки тарзи истифода, нигоҳдошт ва дигар паҳлуҳои парчамро ба низом медарорад.
Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон матои росткунҷаест, ки дар рӯи он се рахи рангаи ба таври уфуқӣ ҷойгирифта кашида шудааст: рахи боло ранги сурх дошта, паҳнои он ба рахи сабзи поён баробар мебошад, рахи сафеди мобайнӣ якуним баробари паҳнои яке аз рахҳои ранга аст. Дар рӯи рахи сафед аз ҷои чӯбдаста дар мобайни парчам бо зарҳал рамзи тоҷ тасдиқ шуда, дар болои он ҳафт ситора дар шакли нимдоира тасвир ёфтааст.
Рангҳои миллии маъмулии тоҷикон чун дигар мардуми ориёнажод сурху сафеду сабз ҳастанд, ки аз бостон то ба ҳол расидаанд.
Дар он рӯзгор ранги сафед хоси рӯҳониён, сурх хоси размиён ва кабуд хоси кишоварзу чорводорон будааст.
Аммо, ба ақидаи мо ва аз нигоҳи таърихӣ, шарҳи илмии рангҳои Парчами миллӣ бояд чунин бошад, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми шодбошиашон ба муносибати Рӯзи Парчами давлатӣ 23-юми ноябри соли 2010 ҳамчун «Ифодагари роҳи таърихии халқи Тоҷикистон ва баёнгари арзишҳои фарҳанги миллӣ ва сиёсӣ» шарҳ дода, гуфтаанд: — «Ранги сурх – рамзи муборизаву ҷоннисории халқ барои озодӣ ва истиқлол, ранги сафед – нишони бахту саодат, умеду орзу ва ранги сабз – нишонаи сарсабзиву шукуфоӣ, сарбаландиву хуррамӣ ва абадият мебошад. Дар байни парчам тасвири тоҷ ва ҳафт ахтар ҷой гирифтааст, ки он ишора ба решаҳои таърихии давлатдории Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад».
Мувофиқи маълумоти дастрас, то санаи қабули Нишон ва Парчами давлатӣ чанд моҳ қабл озмун эълон карда шуд, ки он ба таври пӯшида ҷараён гирифт. Дар озмун зиёда аз 200 лоиҳа пешкаш карда шуд, ки ҳар як лоиҳаро комиссияи махсус таҳти роҳбарии академик Муҳаммад Осимӣ мавриди омӯзиш қарор медод.
Комиссия ба кори худ бо интихоби лоиҳаи Парчами давлатӣ ва Нишони давлатие, ки аз ҷониби ҳайати комиссия (З. Ҳабибуллаев, А. Заневский, Л. Додхудоева, Н. Игнатушина ва М. Сайдалиев) пешниҳод шуда буд, нуқта гузошт.
Авҷ гирифтани ҷанги шаҳрвандӣ ба таҳия ва қабули рамзҳои нави давлатӣ монеа эҷод кард ва танҳо 24-уми ноябри соли 1992 дар Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қарор «Оид ба Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Қарор «Оид ба Нишони Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул карда шуд, ки дар асоси он ба моддаҳои 169 ва 170-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйирот ворид гардид. Мувофиқи он, «Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рамзи Истиқлолияти давлатӣ, иттифоқи вайроннашавандаи коргарон, деҳқонон ва зиёиён, дӯстӣ ва бародарии ҳамаи халқҳои маскуни ҷумҳурӣ мебошад».
Аз он рӯзе, ки миллати соҳибмаърифати мо соҳиби парчам гардид, дар ҳаёти мамлакату ҷомеаи кишвар бисёр дигаргуниҳои бунёдӣ ба амал омаданд ва барои пешрафти ҳамаи соҳаҳои иқтисодиёт, илму маориф ва маънавиёти мардум шароити мусоид фароҳам оварда шуд.
Парчами давлатӣ нишонаи бақои миллату давлат, ваҳдату ягонагӣ, ҳувияти миллӣ ва беҳтарин василаи тарбияи насли наврас дар рӯҳияи ифтихори миллӣ ва ҳифзи арзишҳои волои таърихиву фарҳангии халқамон мебошад. Бинобар ин, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид кардаанд: «Мо вазифадорем, ки Парчами миллии худро ҳифз намоем, эҳтироми онро ҳамчун нишонаи давлатдории миллӣ, истиқлолу озодӣ ва арзиши бебаҳои миллӣ ба ҷо оварем».
Дар навбати худ, мо ҳамчун миллати бофарҳангу бомаърифати Тоҷикистони азиз ба рамзҳои давлатӣ, хоса ба Парчами давлатиамон, ки ба далериву шуҷоатмандӣ, иттиҳоду ягонагӣ ва ҳифзу эҳтироми арзишҳои миллӣ ҳидоят намуда, рӯҳи озодихоҳӣ мебахшад, арҷ мегузорем, ба он эҳтиром гузошта, дар ҳама ҷо ифтихор мекунем.
Месазад, ки барои дар ин пояи баландтарин парафшону устувор ва пойдор нигоҳ доштани Парчами давлатии Ватани азизамон пайваста талош намоем, зери он муттаҳид бошем, ҳар ваҷаб хоки поку муқаддаси Тоҷикистонро ҳифз карда, дар ободии он саҳм бигирем.
Зоир РАҲМОНЗОДА,
вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон