Паркҳои саноатӣ — муҳаррики саноат

№153 (4415) 24.12.2021

АDSC_7112сосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 26 декабри соли 2018 дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон саноатикунонии босуръа­ти кишварро ҳадафи чоруми миллӣ эълон карданд.

Дарвоқеъ, саноатикунонии ­босуръати мамлакат боиси рушди бесобиқаи иқтисодиёти давлат гардида, барои бо ҷои кори доимӣ ва маоши муносиб таъмин намудани аҳолӣ низ заминаи мусоид муҳайё менамояд.

Бо мақсади саҳмгузорӣ дар татбиқи ин ҳадаф Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2020 ҳамоишеро дар мавзӯи «Мукаммалгардонии қонунҳои амалкунанда ва таҳияи қонунҳои нави соҳавӣ «Оид ба саноатикунонии босуръати кишвар ва шуғли пурмаҳсули аҳолӣ» баргузор намуда, тавсияҳои дахлдорро қабул намуд. Ва бо ташаббуси вакилон чанде пеш Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати давлатӣ дар соҳаи саноат»-ро қабул намуд, ки он ба рушди истеҳсолоти саноатӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, таъмини рақобатпазирии иқтисодиёти миллӣ мусоидат хоҳад кард.

Яке аз тағйиру иловаҳои ба қонуни амалкунанда воридшуда он буд, ки дар моддаи 1-уми қонун мафҳумҳои нав, ба монанди «Паркҳои саноатӣ» (индустриалӣ)» ва «Кластери саноатӣ» ҷой дода шуд. Дар шароити ҳозира паркҳои саноатӣ (индустриалӣ) муҳаррики саноат ба шумор мераванд.

Паркҳои саноатӣ (индустриалӣ) мавзеъ ё ҳудудҳоеанд, ки дар онҳо истеҳсолоти асосӣ ва ёридиҳанда ҷой дода шуда, дар ин гуна минтақаҳо барои истеҳсолоти маҳсулоти хушсифату бозоргир тамоми шароит, аз қабили иншооти энергетикӣ, шабакаҳои барқу гармидиҳӣ, таъмини об, канализатсия ва поккорӣ, анборҳо, шабакаҳои алоқа ва сигнализатсия, таъмини бехатарӣ ва ғайра фароҳам мешавад. Яке аз бартариҳои таъсиси паркҳои саноатӣ дар он аст, ки бинобар дар як ҷо ҷамъ овардани инфрасохтор хароҷоти нақлиётӣ кам мешавад. Фоидаи дигар табодули таҷрибаву дониш миёни кормандони дар минтақа фаъолияткунанда мебошад. Манфиати сеюм ин барқарор будани занҷири истеҳсолӣ ба шумор меравад. Зеро дар чунин ҳолат масъа­лаи норасоии ашёи хом, камбуди барқ ва ғайра пеш намеояд.

Соли 1896 Эрнст Ҳолӣ дар шаҳри Манчестери Англия нахустин парки саноатии ҷаҳонро бунёд намуд, ки он бо номи «Парки Траффорд» машҳур гашт. Ӯ дар оғоз 10 гектар заминро дар назди канали Манчестер гирифта, дар он инфрасохтори муҳандисӣ ва нақлиётӣ бунёд намуд. Сипас, майдончаҳои омодакардаашро ба иҷора дода, баъзеашонро бо нархи мувофиқ фурӯхт. Соли 1910 Генри Форд дар «Парки Траффорд» нахустин корхонаи мошинбарориашро дар Аврупо ҷой дод.

Аз ҳамон давра бунёди паркҳои саноатӣ дар мамолики Аврупо ва ИМА авҷ гирифт. Чунин паркҳоро асосан дар канори шаҳрҳо, назди шоҳроҳу фурудгоҳ, роҳи оҳан, минтақаҳои саноатӣ ва анборҳои калон месохтанд. Аз солҳои 50-уми асри ХХ паркҳои саноатиро дар назди донишгоҳҳои бузург низ таъсис медоданд.

Алҳол танҳо дар Германия, ки муқтадиртарин кишвари иқтисодии Аврупо ба шумор меравад, зиёда аз 200 парки саноатӣ фаъолият мекунад. Ин рақам дар ИМА аз 400 адад зиёд аст.

Яке аз марказҳои асосии технологияи баланд дар Аврупо парки саноатии «Frankfurt — Hochst»-и Германия маҳсуб меёбад. Он дар ду соҳили дарёи Майн ҷойгир буда, 460 гектарро дар бар мегирад. Дар он ҷо якчанд иншооти истеҳсолкунанда ва яке аз лабораторияҳои калонтарини саноати химия дар ҷаҳон «Sanori Aventis» ҷойгир аст. Парки зикршуда зиёда аз 90 ширкати илмӣ — истеҳсолӣ дар бахшҳои дорусозӣ, биотехнология, саноати химияву фармакология ва ғайраро ҷой додааст. Ашёи хом ва маҳсулоти тайёр тавассути нақлиёти автомобилӣ, роҳҳои оҳан ва обӣ интиқол дода мешавад.

Парки саноатии Сучжоуи Ҷумҳурии Халқии Хитой дар қитъаи Осиё яке аз муваффақтаринҳо ба шумор меравад. Дар он барои корхонаҳои иҷорагир арзонтарин нархи иҷора, захираҳои энергетикии дастрас (бо нархи ночиз), маркази намоишгоҳ, шуъбаи бонкҳо, истироҳатгоҳ, мактаб, супермаркетҳо ва ғайра фароҳам шудааст.

Парки саноатии мазкур соли 1994 дар ҳамкорӣ бо Сингапур бунёд ёфта, 288 километри мураббаъро дар бар мегирад. Дар он 720 000 нафар кору зиндагӣ мекунанд. Бо мақсади такмили ихтисос беш аз 2000 шаҳрванди Хитой тибқи шартнома дар Сингапур таҳсил намуданд. То ин дам 84 ширкати бузургтарини дунё дар ин парки саноатӣ сармоягузорӣ кардаанд. Дар 112 лоиҳаи амалишуда ҳаҷми сармоя­гузориҳо аз 100 миллион ва дар 7 лоиҳа аз 1 миллиард доллар зиёд аст.

Соли 2020 ҳаҷми тиҷорати хориҷии парк аз 1 триллион доллар гузашт. Ба буҷети давлат соли сипаришуда 119,11 миллиард доллар ворид гардид.

Ҳукумати мамлакат бо такя ба барномаи «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2030» азм дорад, ки аз кишвари аграрию саноатӣ ба саноатию аграрӣ табдил ёфта, сохтори содиротро аз содироти ашёи хом бештар ба содироти молу маҳсулоти тайёр иваз намояд. Дар ин самт истифода аз таҷрибаи кишварҳои пешрафта ба мақсад мувофиқ аст.

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади мустаҳкам намудани заминаи ҳуқуқии рушди соҳа қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дастгирии давлатии соҳаҳои комплекси агросаноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи сиёсати давлат дар соҳаи саноат», «Дар бораи намунаҳои саноатӣ», «Дар бораи ангишт» ва якчанд созишномаи ҳамкориро қабул ва тасдиқ намуд. Дар мамлакат баҳри рушди соҳаи саноат якчанд барномаву стратегияҳо, аз қабили «Стратегияи рушди саноат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030», «Барномаи рушди металлургияи ранга ва сиёҳ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2025», «Барномаи рушди саноати сабук дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2022», «Барномаи рушди соҳаи кирмакпарварӣ ва коркарди миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012 — 2020», «Барномаи саноатикунонии босуръати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020 — 2025» ва ғайра қабул гардиданд. Санадҳои меъёрии ҳуқуқии зикргардида ба таъсиси корхонаҳои саноатӣ, афзуншавии ҳаҷми маҳсулоти саноатӣ, маҳсулоти воридотивазкунанда мусоидат менамоянд.

Бинобар амалисозии нақшаю тадбирҳои мушаххас, соли гузашта саҳми саноат дар Маҷмӯи маҳсулоти дохилии мамлакат, новобаста аз пандемияи коронавирус, ба 17,4 дарсад расид. Ин рақам соли 2014-ум 12,1 дарсадро ташкил дод.

Сол то сол дар ҷумҳурӣ теъдоди корхонаҳои саноати сабук, аз ҷумла, ресандагӣ, бофандагӣ, дӯзандагӣ, ҷӯроббофӣ, қолинбофӣ, коркарди пӯст, истеҳсоли пойафзол ва мебелбарорӣ афзуданд. Агар соли 1991 дар мамлакат 63 корхонаи соҳаи саноати сабук мавҷуд буд, соли 2020 ин рақам ба 486 адад расид.

Соли 1991 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноати сабук муодили 600 ҳазор сомонӣ буд. Ин рақам соли 2020- ум 3 миллиарду 140,3 миллион сомониро ташкил дод.

Замони соҳибистиқлолӣ дар мамлакат 16 корхонаи калони коркарди нахи пахта ба истифода дода шуд. Шумораи корхонаҳои масолеҳи сохтмон бошад, аз 30 — тои соли 1991 соли гузашта ба 517 адад расид.

То соли 1992 дар корхонаҳои соҳаи саноати маъданҳои кӯҳӣ ва металлҳои қиматбаҳо тақрибан 3000 нафар фаъолият мекарданд. Бинобар таъсис ёфтани корхонаҳои нав ва зиёд шудани иқтидори онҳо теъдоди кормандони соҳа ба 10286 нафар расид. Ин раванд дар ҳама бахши саноат идома дорад.

Дар маҷмӯъ, такмили қонунгузорӣ ва таҳияи нақшаю тадбирҳо имкон медиҳанд, ки соҳаи саноати мамлакат рушд намуда, кишвар ба яке аз давлатҳои пешрафтаи саноатӣ — аграрӣ табдил ёбад.

 Бахтиёр АҲМАДЗОДА,

муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия