Парламенти ҷавонон ҳамчун мактаби омодасозии кадрӣ муҳим аст

№51 (4001) 07.05.2019

DSC_1156Ташаббуси байналмилалии қонунгузории вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Миралиён Қиёмиддин Абдусалимзода — «Тавсияҳо оид ба ташкил ва рушди парламенти ҷавонон дар давлатҳои аъзои ИДМ» дар ҷаласаи 49-уми Ассамблеяи байнипарламентии давлатҳои иштирокчии ИДМ, ки 19 апрели соли 2019 дар шаҳри Санк- Петербурги Федератсияи Россия баргузор шуд, қабул гардид.

Хабарнигори рӯзнома оид ба ҳадафи ин ташаббус, зарурати ташкил, таъсис, рушди парламенти ҷавонон, ҳамчунин, вазифаҳо ва принсипҳои асосии он бо Миралиён Қиёмиддин ҳамсуҳбат шуд.

- Зарурати ташкил, таъсис ва рушд бахшидани парламенти ҷавононро дар давлатҳои аъзои ИДМ дар чӣ мебинед?

- Ҳадаф аз пешниҳод намудани қонуни моделӣ доир ба ташкил ва рушди парламенти ҷавонон дар фазои давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, пеш аз ҳама, аз он бармеояд, ки кишварҳои собиқ шӯравӣ дар давраи гузариш ба низоми нави идоракунии давлатдорӣ, ки онро бо як калима — демократӣ» ифода кардан мумкин аст, қарор доранд. Яъне, ҳоло наметавон гуфт, ки муносибатҳои низоми идоракунӣ ба принсипҳои асосии демократӣ мутобиқат менамояд.

Демократия яке аз он институтҳое мебошад, ки дар ҷомеаи ҷаҳонӣ ­худро аз лиҳози мусбат нишон дод. Дар ҷомеаи демократӣ бояд мувозинати муносибатҳо таъмин карда шавад. Дар ин росто, яке аз масъалаҳои хеле муҳим иштирок дар ҷомеаи шаҳрвандӣ аст. Мақсад аз пешниҳод таъмини иштироки ҷавонон дар ҳаёти сиёсии ҷомеа, татбиқи қонунгузории давлатҳо мебошад.

Бармало мушоҳида мешавад, ки ҷавонон дар азхудкунии технологияҳои иттилоотӣ хеле пеш рафтаанд, мутаассифона, иштироки онҳо дар чорабиниҳои сиёсӣ, мавқеи сиёсии онҳо ва фаъолнокиашон дар таъмини ҳифзи ҳуқуқ, татбиқи қонунҳо ниҳоят заиф аст. Ҳол он ки ҷавонон, хусусан, дар давраи гузариш, бояд хеле фаъол бошанд. Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша таъкид мекунанд, бояд зиракии сиёсиро аз даст надиҳем. Яке аз заминаҳои асосии ташаккули зиракӣ ва ҳушёрии сиёсӣ мавҷудияти платформа — парламенти ҷавонон ё иттиҳодияҳои ҷавонон мебошад. Маҳз ҳамин гуна иттиҳодияҳо метавонанд ба баланд бардоштани сатҳи донишҳои сиёсӣ ва маърифати ҳуқуқии ҷавонон мусоидат намоянд. Ҳадафи асосӣ аз таъсиси парламенти ҷавонон ҳамин аст.

Зарурати дигари ташкил намудани парламенти ҷавонон дар кишварҳои аъзои ИДМ он аст, ки дар ҷумҳуриҳо иттиҳодияҳои ҷавонон гуногуншакланд. Иттиҳодияҳо, парламентҳои ҷавонон дар як қатор кишварҳои собиқ шӯравӣ дар шакли иттиҳодияи ҷамъиятӣ ё сохтори парламент фаъолият менамоянд. Баъзеи онҳо дар сохторҳои мақомоти иҷроия ҷой дода шудаанд. Аммо, тавре зикр кардам, барои татбиқи ҳадафҳои боло танҳо парламенти ҷавонон метавонад мусоидат намояд.

Дар тавсияҳо муқаррар шудааст, ки парламенти ҷавонон бояд дар сохтори парламенти касбӣ ташкил ёбад. Яъне, парламенти ҷавонон ҳамон вақт метавонад ба мақсад ноил гардад, ки дар заминаи парламенти касбӣ ташкил шавад.

Бояд зикр кард, ки парламенти ҷавонон хусусияти тавсиявӣ, машваратӣ дорад, касбӣ нест. Ин мактаб аст, мактаби омодасозии кадрӣ. Вакили парламенти ҷавонон бо ҳосил кардани таҷриба метавонад дар оянда ҳангоми интихоб шудан ба вакилии парлумон ба мардум хизмати бедареғ намояд. Ба ифодаи дигар, ин таҳкурсии девору бинои оянда аст.

Нуқтаи дигарро низ мехоҳам таъкид намоям, ки маҳаки асосии ин идея, яъне пешниҳоди тавсияҳо, татбиқи дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти дастгирӣ аз сиёсати давлатии ҷавонон маҳсуб меёбад. Қобили зикр аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикис­тон дар самти татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон дар миёни кишварҳои аъзои ИДМ аз ҷумлаи пешсафон аст. Дар заминаи татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон мо чанд зинаро назар ба дигар кишварҳо пештар тай кардем, оид ба ин масъала мақолаҳо таҳия ва дар маҷаллаҳои илмии байналмилалӣ нашр гардиданд.

- Идеяи таъсиси парламенти ҷавонон кай ба вуҷуд омад ва лоиҳаи тавсияҳо чӣ гуна омода гардид?

- Идеяи таъсиси парламенти ҷавонон аз ҷониби вакилони ҷавони Парламенти Тоҷикистон соли 2016 ба миён гузошта шуд. Вақте ки ба Ассамблеяи ҷавонони байнипарламентии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил шомил шуда, дар ҷаласаҳои он, ки соле ду маротиба доир мегардад, иштирок кардем, эҳсос намудем, ки парламенти ҷавонон, иттиҳодияҳои ҷамъиятии ҷавонон дар ҳар кишвар бо тарзи гуногун амал мекунанд, ҳадафу вазифаҳои пешгузоштаашон низ якхела нест ва монанд ба ин.

Ин омилҳоро ба назар гирифта, лоиҳаи тавсияҳо ё қонуни моделиро дар хусуси парламенти ҷавонон пешниҳод кардем, ки он аз ҷониби аъзои Ассамблеяи ҷавонони байнипарламентии ИДМ пазируфта шуд.

Гурӯҳи корӣ бо мақсади такмили лоиҳаи тавсияҳо, ки аз ҳисоби вакилони ҷавони парламентҳои давлатҳои аъзои ИДМ таъсис ёфт, дуюним сол фаъолият намуда, таҷрибаи амалии давлатҳои зиёди Аврупо ва Федератсияи Россияро (аз миёни кишварҳои собиқ шӯравӣ маҳз дар ин кишвар парламенти ҷавонон фаъолияти назаррас ва пурсамар дорад) мавриди омӯзиш қарор дод.

Лоиҳаи тавсияҳо дар конференсияю форумҳои байналмилалӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт. Парламентҳои давлатҳои аъзои ИДМ лоиҳаи тавсияҳоро ҳамчун лоиҳаи қонун баррасӣ намуда, барои такмили он фикру пешниҳод иброз доштанд, ки дар лоиҳаи ҷамъбастӣ ба эътибор гирифта шуданд. Яъне, лоиҳа зинаҳои илмию амалӣ ва ташкилиро дар сатҳи хеле баланд тай намуд ва алҳол кишварҳои олам метавонанд онро ҳамчун қонуни моделӣ истифода намоянд, зеро акнун он модели тасдиқшуда ва қабулгардида мебошад.

- Вазифаи асосии парламенти ҷавонон аз чӣ иборат хоҳад буд?

- Вазифаи асосӣ муттаҳид сохтани ҷавонон аст. Вакилони ин парламент асосан аз ҳисоби ҷавонон бо усули пешбарӣ кардан интихоб мешаванд. Парламенти ҷавонон вазифадор аст, ки дар тӯли як сол на кам аз ду ҷаласа гузаронад. Дар доираи он вакилон масъалаҳои мубрами рӯз, аз ҷумла, оид ба ҷавононро мавриди баррасӣ қарор дода, хулосаҳоро дар шакли лоиҳаи қонун ё барномаи амал таҳия карда, ба ҳукумат ва парламент пешниҳод менамоянд. Парламент ва ҳукумат бояд онро дар фаъолияти рӯзмарра ба инобат гиранд, зеро он хулосаҳо, ки далел аз ҳаёти ҷавононанд, мушаххасоти санҷидашуда буда, ниёз ба санҷишу баррасии дигарбора надоранд. Яъне, парламенти ҷавонон ёвару кумакрасони мақомоти қонунгузор ва иҷроия хоҳад буд.

Вазифаи дигари парламенти ҷавонон назорати татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон мебошад.

- Тартиби ташкил ва принсипи асосии фаъо­лияти он чӣ гуна аст?

- Сохтори идоракунии парламенти ҷавонон аз поён ба болост. Он дар сатҳи маҳал ва минтақа шакл мегирад. Сипас, аз ҳисоби намояндагони минтақаҳо парламенти ҷавонони кишвар таъсис меёбад. Яъне, яке вобастаи дигар аст. Агар вакили минтақавӣ дар сатҳи ҷумҳуриявӣ худро нишон дода натавонад, ваколати ӯ қатъ ва барои пешбарӣ кардани вакили дигар ба минтақа баргардонида мешавад. Зимнан, ин усулро минтақа нисбат ба маҳал низ метавонад анҷом диҳад. Ҳамин тариқ, ҳама кор аз маҳал оғоз мегардад. Вакилони парламенти касбӣ метавонанд мададгори ҷавонон бошанд. Ҳамчун ҳамоҳангсоз, мушоҳидачӣ ба вакилони парламенти ҷавонон кумак расонанд, маслиҳаташонро дареғ надоранд. Мумкин аст, ки аз ҳисоби вакилони парламенти касбӣ ду ё се нафар вакили синнаш ҷавон ҳамоҳангсози парламенти ҷавонон интихоб карда шаванд.

Вобаста ба тартиби ташкил ё таъсиси парламенти ҷавонон низомнома қабул карда мешавад. Ҳамчунин, дастури он низ қабул ва тасдиқ мегардад. Хубии кор дар он аст, ки парламенти ҷавонон масъалаҳои ҳуқуқӣ, молиявӣ ва ташкилиро мустақилона ҳал мекунад. Теъдоди вакилон вобаста ба маҳал ва минтақа муайян карда мешавад.

Принсипи асосии фаъолияти парламенти ҷавононро усули машваратӣ ташкил менамояд. Яъне, вакилони парламент масъалаҳои барои баррасӣ пешниҳодшударо якҷо баррасӣ мекунанд, хулоса пешниҳод карда, дар шакли ниҳоӣ — лоиҳаи қонун ё лоиҳаи барномаи амалро ба мақомоти қонунгузор ва иҷроия манзур менамоянд.

Дар парламенти ҷавонон вакилон интихобианд ва фарқ байни вакили парламенти касбӣ ва парламенти ҷавонон зиёд нест, ба ҷуз ҳуқуқ. Яке фаъолияти касбӣ дораду дигаре машваратию тавсиявӣ, яке масъулияти беш дораду дигарӣ нисбию озмоишӣ.

Тавре ки вазорату идораҳо донишгоҳу донишкада доранд, парламенти ҷавонон мактаби парламенти касбист, ки дар он ҷавонон таҳсил намуда, обутоб меёбанд. Хусусияти муҳими дигари парламенти ҷавонон дар он зоҳир мегардад, ки хатмкунандагони он метавонанд дар мақомоти қонунгузорӣ, судӣ ва ҳифзи ҳуқуқ ба кор машғул шаванд.

Парламенти ҷавонон ҳамчун мактаби омодасозии кадрӣ хеле муҳим аст, вай метавонад институти интихобот, институти демократияро равнақ бахшад. Аз ин рӯ, ба чунин парламент ниёз аст. Беҳуда нест, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои аввал ба ҷавонон таваҷҷуҳ ва такя мекунанд ва онҳо низ бо такя ба дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат фаъолият менамоянд. Дар маҷмӯъ, мактаб — парламенти ҷавонон таҳкурсиест барои таҳкиму такмили захираҳои инсонӣ. Агар хоҳем, ки худамон ояндаамонро бисозем, пас ба сохтмони он аз ҳоло бояд шурӯъ кард.

Мусоҳиб Абдумаҷид МУРОДОВ, «Садои мардум»