Парлумонҳо бозуи тавонои давлатҳоянд

№ 05.09.2022

DSC_9632Ҳар қадар ки роҳи ҳуқуқии рушди давлату ҷомеа ба сӯи ормонҳои милливу мардумӣ ҳамвору суфта бошад, ба ҳамон андоза усулҳои давлатдории мо муътадил ва ором ба ҳадафҳои конститутсионӣ наздик мешавад. Ин ҳадафҳо бунёди давлати миллии комилан демократӣ, ҳуқуқбунёд, иҷтимоӣ ва дунявӣ аст, ки дар он ҳуқуқу озодиҳои инсон ҳамчун арзиши олӣ эътироф ва ҳифз мешаванд. 

Дар шароити буҳронҳои молиявӣ ва роҳгумии рушди соҳибихтиёрии иддае аз давлатҳо, ки бо инқилобҳои сохтаю ранга оромии оламро вайрон кардаанд, халқ аз парлумони тозаинтихоб масъулияти ­бузургро тақозо ва зиндагии босаодатро умед дорад. Аз ин рӯ, дар шароити мураккаб ва ҳассоси ҷаҳон, ки минтақаҳои калонро ба буҳронҳои сиёсиву молиявӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ ва ҳатто фарҳангӣ кашидааст, ба зиммаи мо — вакилони Маҷлиси намояндагон масъулияти ниҳоят бузург истодааст.

Раванди қонунгузорӣ ва фаъолияти парлумони кишвар фаъолияти зинда ва эҷодкоронаест, ки он дар доираи манфиатҳои миллат ва давлат восбаста ба наб­зи ҷомеа ва ҷаҳон рушд менамояд. Ҳар лоиҳае, ки парлумони кишвар мавриди баррасӣ қарор медиҳад, он ҳамчун ноқили устувори пайвастҳои иҷтимоӣ бояд неруи ваҳдат, субот, ҳамдигарфаҳмӣ ва рушди манфиатҳоро тарзе ҷойгир намояд, ки дар ҳаёти ҳуқуқӣ ва низоми давлатдорӣ тавонад вазифаҳоро дурусту самаранок ба иҷро расонад.

Воқеан, дар баробари ҳадафҳои стратегӣ, орзую омоли халқ ба шаклгирии заминаҳои ҳуқуқӣ ва ҳимояи манфиатҳои миллӣ аз таъсири равандҳои сиёсии дохилию хориҷӣ бениҳоят бузург аст.

Дар ҷаҳон рақобатҳои шадиди геополитикӣ авҷ гирифта истодаанд, ки оқибати онҳо ба иқтисодиёт ва иҷтимоиёти Тоҷикистон низ бетаъсир нест. Чунин вазъ аз мо — вакилони Маҷлиси намояндагон талаб менамояд, ки дар фаъолияти қонунгузорӣ аҳамияти аввалиндараҷа ба таъмини суботу оромӣ ва рушди иқтидори иқтисодиву молиявии кишвар диҳем. Қонунҳое қабул намоем, ки онҳо ҷиҳати пешгирии амалҳои коррупсионӣ мусоидат карда, барои рушди бонизоми иқтисодӣ ва асосҳои молиявии давлат хизмат намоянд.

Аз ин масъулият Сарвари давлат муҳтарам ­Эмомалӣ ­Раҳмон ҳам ҳангоми суханрониашон дар ҷаласаи нахустини парлумон таъкид намуданд: «Дар шароити вазъи зудтағйирёбандаи ҷаҳонӣ таъмини сулҳу суботи сиёсӣ, ободии ояндаи Ватан, пешрафти бомароми ҳамаи соҳаҳои ҳаёти мамлакат, эҳтироми меъёрҳо ва муқаррароти қонунгузорӣ, ҳимояи манфиатҳои олии милливу давлатӣ ба фаъолияти бомароми мақоми қонунгузори кишвар вобастагии амиқ дорад».

Дар ин замина бояд дар назар дошта бошем, ки қонун ҳамчун танзимгари асосии ҳаёти ҷамъиятӣ дар баробари фароҳам овардани заминаҳои ҳуқуқии рушди ҷомеа, яке аз воситаҳои муассири пешгирии вуруди унсурҳои фарҳанги бегона ва ҳаракатҳои номатлуб мебошад. Аз ин рӯ, вазифаи мо таҳия ва қабули қонунҳоест, ки дар марҳилаи муосири рушди кишварамон зарурӣ буда, ҷавобгӯи манфиатҳои милливу фарҳангии халқи Тоҷикистон бошад.

Имрӯз, ки парламентаризм дар кишвар ба марҳилаи сифатан нави рушд қадам ниҳода истодааст ва парлумони нав дар ибтидои кори худ қарор дорад ба ин нукта махсусан таъкид намуданиам, ки мақсад ва ҳадафи вакил танҳо иҷрои ҳуқуқи ташаббуси қонунугузорӣ ва қабули қонунҳо набуда, балки мусоидат кардан ба қабули қонунҳои устувор ва мутобиқ ба шароити давру замона, ки дар доираи манфиатҳои имрӯзу фардои миллат тавонад аз имтиҳони вақт бидуни тағйирпазирӣ гузашта, ба ҳукми одат ва анъанаи халқ табдил ёбад. Қонун ҳамон вақт ба ҳукми одат ва анъана табдил меёбад, ки вай ба дарди мардум даво бахшад, ба ҳалли мушкилии онҳо кумак намояд, зиндагии халқро осон созад. Маҳз чунин қонунро қонуни ҳуқуқӣ, устувор ва замонавӣ меноманд, ки барои муддатҳои дур дар низоми ҳуқуқӣ хизмат менамоянд.

Барои ноил шудан ба чунин қонунҳои ҳуқуқӣ ва такмили сифати онҳо парламенти кишварро зарур аст, ки дар баробари қабули қонунҳо ба вазъи иҷрои онҳо, сифати амалишавии меъёрҳо, муносибати мардум бо мазмун ва талаботи онҳо бештар таваҷҷуҳ намуда, дар вохӯрию суҳбатҳо бо интихобкунандагон ҷиҳати такмили низоми қонунгузорӣ ва бартараф намудани монеаю мушкилиҳои нигилизми ҳуқуқӣ диққат диҳанд.

Вакилон қонунҳоеро, ки аз назари аҳамияти давлатӣ ва ҷамъиятӣ мавқеи муҳим ва васеъро фарогир аст, аз мониторинги ҳуқуқӣ гузаронида, бо назардошти ченакҳои муосири давлатдорӣ ва фарҳанги миллӣ табиати иҷро ва татбиқи онҳоро баҳогузорӣ намуда, ҷиҳати ислоҳи вазъ ва норасоиҳои қонун бо пешниҳодҳо ва ташаббуси қонунгузорӣ баромад намоянд.

Таҷрибаи солҳои қаблии парлумон гувоҳ бар он аст, ки мо дар кори мувофиқ овардани мазмуни қонунҳо ба Конститутсия ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ ба натиҷаи хуб расида, мазмуни қонунгузории кишварро то ба сатҳи стандартҳои (ченакҳои) байналмилалӣ дар соҳаи ҳуқуқу озодиҳои инсон расонидем. Аммо дар масъалаи мувофиқ намудани мазмун ва муҳтавои қонунҳо ба манфиатҳои давлати миллӣ, дар ҳифзи арзишҳои ватанӣ ва ҳадафу манфиатҳои стратегии имрӯзу фардои кишварамон ҳанӯз мушкилиҳо дорем.

Бояд хуб дар назар дошта бошем, ки ҳар яки мо қатъи назар аз он ки кадом ҳизб ва ё минтақаро муаррифӣ мекунем, лаҳзаи қабули қонун ва баромад дар минбар танҳо ва танҳо намояндагӣ аз халқи Тоҷикистон ва аз давлати азизамон Тоҷикистон менамоем. Ин ҷо ҳама манфиатҳои гурӯҳию ҳизбӣ, минтақавию ҷуғрофӣ ба дараҷаи дуюм меафтанд ва мо ҳама мисли фарзанди Ватан аз рӯи виҷдон ҳамон нукта ва меъёреро масъалагузорӣ менамоем, ки дар он манфиати мардуми кишвар ва давлати Тоҷикис­тон афзалият дорад. Танҳо дар чунин сурат метавон парлумони кишварро ҳамчун мақомоти касбӣ дар рӯ ба рӯи таҳдидҳои замона дуруст муаррифӣ карда, нақши худро дар шаклгирии низоми мустақили ҳуқуқии давлати соҳибихтиёр ва демократии Тоҷикистон дуруст арзёбӣ намуд. Боварии комил дорам, ки бо чунин неруи зеҳнӣ ва таҷрибаи кофӣ аз уҳдаи ин кор мебароем.

Чунин талабот зимни ба тасвиб расонидани созишномаҳо, шартномаҳо, конвенсияҳо ё ҳамроҳ шудан ба дигар санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ низ бояд ба инобат гирифта шавад. Пеш аз ҳамроҳшавӣ ба ин ё он санади ҳуқуқии байналмилалӣ бояд вазъияти иқтисодиву иҷтимоӣ, сиёсиву фарҳангӣ ва хусусиятҳои хоси мардуми шарифи кишвар, бо назардошти манфиатҳои милливу таърихӣ хуб омӯхта шуда, оқибатҳои ҳамроҳшавӣ ба он низ мавриди таҳлили амиқ қарор гирад. То ки дар ниҳояти кор уҳдадориҳои зиёди байналмилалӣ ба дӯши кишварамон бор карда нашавад.

Таҷрибаи солҳои пеш собит менамояд, ки дар баъзе мавридҳо ҷиҳати вусъат бахшидани муносибатҳои байналмилалӣ ва дуруст муаррифӣ кардани реҷаи сиёсати дарҳои кушод ва муносибатҳои дӯстона дар як муддати кӯтоҳ ба имзои созишномаю шартномаҳои байналмилалӣ рӯ ба рӯ шуда, ҳамчун давлати воқеан сулҳхоҳу дӯстҷӯ қисмати зиёди онҳоро ба имзо расонида, баъдан ба ислоҳоти бузурги низоми ҳуқуқӣ даст зада, то нуктаҳое расидем, ки барои низоми мустақили ҳуқуқии кишвар тазоду ихтилофро пеш овард. Барои роҳ надодан ба ин ҳолатҳо, хуб мешавад, ки таҷрибаи то имзои созишномаҳои байналмилалӣ, омода намудани нақшаи ислоҳоти низоми ҳуқуқиро талаб карда, мувофиқ омадани пиёдашавии онро пурра дар таҷриба санҷида, сипас ба тасдиқ ва имзо розӣ шавем. Чунин таҷриба дар аксар давлатҳои мутараққӣ дида мешавад.

Дар ин замина, қолаби зоҳирӣ танҳо ягонагии низоми ҳуқуқӣ, ҳифзи табиати ­оилаи ҳуқуқӣ буда, ченаки ягона манфиатҳои мардуми Тоҷикистон — Ватани маҳбуби ҳамаи мо бояд баромад намояд. Ба ибораи дигар, ҳар меъёри байналмилалиро дар парлумони касбӣ аввал аз ғалбери манфиатҳои ватанӣ гузаронида, сипас роҳ додани онро ба низоми ҳуқуқии кишвар баррасӣ кардан зарур аст. Роҳ ба сӯи арзишҳои байналмилалӣ, дастовардҳои ҳуқуқи башар ва ҷомеаи ҷаҳонӣ бо назардошти ба зимма гирифтани уҳдадориҳои байналмилалӣ аз вазифаҳои аввалиндараҷаи парлумони касбист, вале ин вазифа вақте масъулият ва неруи ҳуқуқиро касб менамояд, ки агар он ба табиати давлатдории мо латма, ба ягонагии низоми ҳуқуқиямон халал ва ба манфиатҳои имрӯзу фардои миллат зарар нарасонад.

Мехоҳам диққати шуморо ба вазифаҳои навбатии парлумони касбӣ ҷалб намоям. Албатта, вазифаҳои даъвати нави Маҷлиси намояндагон, қабл аз ҳама, дар он аст, ки қонуну кодексҳои қабулшуда ба талаботи замон мувофиқ кунонда шуда, қонунгузории амалкунанда аз лиҳози милликунонӣ, яъне мутобиқ гардонидани мазмуну муҳтавои ҳар меъёр ва ҳар нуктаи санади меъёрӣ — ҳуқуқӣ ба манфиатҳои халқи Тоҷикистон, давлати соҳибихтиёр ва тақдири имрӯзу фардои кишвар таҷдиди назар карда шаванд. Инчунин, вақти он расидааст, ки барои танзими дахлдори муносибатҳои ҷамъиятӣ ба хотири осонтар намудани танзими ҳуқуқии онҳо ба ҷои маҷмӯи қонунҳои ҳамсон, ки муносибатҳои ҷамъиятии сифатан якхеларо танзим менамоянд, оид ба кодификатсия кардани онҳо масъалагузорӣ намоем.

Яке аз масъалаҳои муҳиме, ки алҳол пешорӯи мақоми қонунгузори ҳар давлати ҳуқуқбунёд истодааст, баланд бардоштани сатҳ ва сифати қонунҳо ва ба оммаи мардум наздик гардонидани мазмуну мундариҷаи онҳост. Дар ин самт фикр мекунам, талаботеро, ки таҷрибаи қонунгузории ҷаҳонӣ дар масири таърих рӯи кор овардааст, ҳанӯз ҳам аҳамияташро гум накарда, бояд ба реҷаи фаъолияти ҳар вакил табдил ёбад. Аз ҷумла, роҷеъ ба масъалаи он ки матни қонун бояд мухтасар ва одӣ бошад, ифодаи ирода бояд бидуни тобишҳо сода, рӯшан ва фаҳмо сурат гирад, қонун тарзе навишта шавад, ки аз ҷониби инсонҳои гуногун яксон фаҳмида шавад. Дар навиштани қонун аз истифодаи истилоҳоти номафҳум худдорӣ бояд кард, қонун бояд ба масъалаҳои ҷузъӣ дахолат накунад, ҳадафи вай масъалаҳои умумӣ аст, ки доираи васеи ­мардумро фаро мегиранд. Беҳтар аст, ки истисно ва маҳдуднамоиро истифода набарем, агар чунин зарурат набошад, зеро истисно аз қонун худ истиснои қонун аст. Бидуни асосҳои кофӣ ба қонун тағйирот ворид нашавад.

Инчунин, пеши роҳи аз ҳад зиёд қабул кардани қонун ё қабули якчанд қонун оид ба ­масъалаҳои ҳамсон бояд гирифта шуда, сифати қонунҳо мушаххас беҳтар карда шаванд, то ин ки мардум дар мавриди зарурӣ ба ин ё он қонуни дахлдор муроҷиат намуда, роҳи ҳалли ҳуқуқии мушкилашро аз шумораи ҳар чӣ камтари қонунҳо дарёбад.

Нуктаи дигари муҳим дар ин самт забони қонунгузорист. Қонунҳо, пеш аз ҳама, барои оммаи мардум қабул карда мешаванд. Аз ин рӯ, ба масъалаи оммафаҳм гардонидани забони қонунгузорӣ ва ҳамгун намудани истилоҳоте, ки дар қонунҳои соҳаҳои гуногун истифода мешаванд, аҳамияти аввалиндараҷа дода, талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бояд дар мадди аввал бошад. Забони қонун ба забони мардум ва забони илми ҳуқуқ пайвасти ногусастанӣ дошта, сатҳ ва сифати он омили муҳими таъсиррасонандаи забони миллат ва давлат аст. Инчунин, масъалаи якмаъно будани мазмуни қонун дар забонҳои тоҷикӣ ва русӣ низ мушкилоти қонунгузории имрӯза ба шумор меравад.

Равшан намудани мазмуни меъёрии қонунҳо, шарҳ додани талаботи қонун, фаъолият дар самти тафсири қонунҳо ва ҳамкорӣ бо вазорату идораҳои дахлдор низ аз самтҳои муҳими фаъолияти парлумони касбӣ маҳсуб мешавад, ки бояд ҷоннок гардад. Ин фаъолият дар аксар кишварҳо ҷузъи механизми амалишавии қонунҳо ба ҳисоб рафта, боиси осонтар гардидани амалишавии онҳо мегардад, чунки дар аксар маврид, бинобар ногузир будани истифодаи истилоҳоти касбии соҳавӣ, эҳтимоли нафаҳмидани онҳо аз ҷониби мардуми одӣ ба миён меояд.

Мо бояд фаъолиятро дар парлумон ҳамчун мақоми намояндагӣ, қонунгузор ва мардумӣ бо масъулият дар назди дирӯз, имрӯз ва фардои халқ роҳандозӣ намуда, бо фарҳанги волои қонунэҷодкунӣ баҳри бартараф намудани мухолифат миёни санадҳои қонунгузорӣ, такроршавии меъёрҳои ҳуқуқӣ аз ваколатҳои худ самаранок истифода намуда, фазои ҳуқуқии кишварро ғанӣ гардонида, роҳи рушди ҳаёти иқтисодӣ, сиёсӣ ва иҷтимоиро бо неруи қонунҳо ҳамвор, сода ва ба манфиатҳои давлати соҳибихтиёр ва демократии Тоҷикистон мувофиқ намоем.

Бо ин мақсад зарур мешуморам, ки ҳамкориро бо муассисаҳои илмӣ ва донишгоҳҳо бо мақсади анҷом додани экспертизаи лоиҳаи қонунҳо ба таври васеъ ба роҳ монда, аз имкониятҳои зеҳнии ин марказҳои илмӣ баҳри беҳтар кардани сифати қонунҳо васеъ истифода бурда шавад.

Бояд гуфт, ки дар ин самт аллакай дар даъвати амалкунандаи Маҷлиси намояндагон таҷрибаи хуби ҳамкорӣ миёни кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва муассисаҳои илмӣ оғоз шудааст. Аз ҷумла, миёни кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (факултети ҳуқуқшиносӣ), Донишкадаи такмили ихтисоси назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкориҳои умедбахш оғоз шудааст. Бояд ҳамкорӣ бо дигар муассисаҳои илмӣ ва донишгоҳҳо, ки фаъолияти онҳо барои беҳтар намудани сифати санадҳои қонунгузорӣ мусоидат карда метавонанд, ба роҳ монда шавад.

Ҳамкорӣ бо субъектони ташаббуси қонун­гузорӣ ҷиҳати боз ҳам баланд бардоштани сатҳу сифати лоиҳаи қонунҳо ба манфиати кор аст. Яке аз субъектони фаъоли ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Аз ин рӯ, ҳамкорӣ дар бахши қонунгузорӣ бо Ҳукумат бояд боз ҳам беҳтар ба роҳ монда шавад. Дар ин замина ҳамкории кумитаҳо ва вакилони масъул, ки ба лоиҳаи қонун аз ҷониби кумитаҳо вобаста шудаанд, ҷоннок карда шуда, фаъолият ва вазифаҳои онҳо ҷиҳати баррасии комили лоиҳаҳо такмил дода шавад. Ҳанӯз аз давраи пешниҳод шудани лоиҳа бо намояндаи сохтори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ­масъули лоиҳа мебошад, аз ҷониби вакилон бояд ҳамкорӣ сурат гирифта, мақсад ва ҳадафи лоиҳаи пешниҳодшуда ҳамаҷониба баррасӣ шуда, расмиёти ҳуқуқӣ ва техникаи ҳуқуқэҷодкунӣ пурра риоя гардад. Маълумоти заруриро ҳангоми зарурат талаб карда гирад ва сари вақт ба воситаҳои ахбори омма ва дигар ҷонибҳои манфиатдор ахбор дода тавонанд.

Ба техникаи қонунэҷодкунӣ ва расмиёти омода намудани лоиҳаи қонунҳо дар бораи буҷети давлатӣ аҳамияти бештар дода, манфиатҳои иқтисодӣ ва иҷтимоии мардум вобаста ба шароит, оқибатҳои даврони гузариш ва асари буҳронҳои молиявии ҷаҳонӣ ҳатман ба инобат гирифта шавад. Чунки бе маълумот ва иттилооти дақиқ роҷеъ ба самтҳои рушди иқтисоди ҷаҳонӣ, инчунин бе таҳлили дахлдори мақоми иқтисодии кишвар дар ин муносибатҳо, пешгӯии зарурии равандҳои буҷетӣ ва ба нақша гирифтани буҷет ба соли оянда бениҳоят мушкил аст. Мақом, нақш ва қимати пули миллӣ вобаста ба асъори хориҷӣ ҳатман ба инобат гирифта шавад. Назорати парлумонӣ оид ба иҷрои дахлдори буҷет низ бояд ба таври дахлдор ба роҳ монда шавад.

Самти дигари муҳими фаъолият баргузор намудани муҳокимаҳои парламентӣ оид ба ­масъалаҳои муҳими фаъолияти Маҷлиси намояндагон мебошад. Зарур аст, ки оид ба лоиҳаҳои қонунҳое, ки муҳокимаи васеъро талаб мекунанд, шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки барои тасдиқ пешниҳод шудаанд, ахбори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рафти иҷрои барномаҳои иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ахбори Бонки миллии Тоҷикистон оид ба истифодабарии қарзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, натиҷаи иҷрои буҷети давлатӣ ва дигар масъалаҳои муҳими сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар муҳокимаҳои парламентӣ, ҷамъиятӣ ва мониторинги қонунгузорӣ гузаронида шавад.

Инчунин, ташкил ва баргузор намудани конференсияҳо, ҷамъомадҳо, мизҳои мудаввар, машваратҳо ва иштирок дар кори онҳо низ ба фаъолияти қонунгузории вакилон манфиатбахш хоҳад буд.

Дар шароити таъсири рӯзафзуни падидаҳои номатлуб ба мафкураи ҷавонон ва умуман аҳолӣ ба таври дахлдор ба роҳ мондани тарбияи ҳуқуқии аҳолӣ, баланд бардоштани фарҳанги ҳуқуқии аҳолӣ ва дар рӯҳияи эҳтиром ба қонунҳо тарбия намудан яке аз воситаҳои асосӣ ва самараноки пешгирии чунин падидаҳо ва унсури таркибии сиёсати ҳуқуқӣ ба шумор меравад. Аз ин рӯ, ҷоннок намудани фаъо­лияти вакилонро дар ин самт дар арафаи вохӯрӣ бо интихобкунандагон зарур шуморида, ба мақсад мувофиқ медонам, ки аз ҳисоби вакилон гурӯҳҳои корӣ таъсис дода, дар моҳи сентябр роҷеъ ба дастовардҳои истиқлолияти давлатӣ, шукргузорӣ аз неъматҳои соҳибихтиёрӣ ва эҳтимолияти равандҳои ислоҳоти қонунгузорӣ ва конститутсионӣ бо қишрҳои гуногуни ҷомеа дар ҳама шаҳру ноҳия вохӯриҳо ташкил карда шуда, диққати асосӣ ба баланд бардоштани худшиносии миллии ҷавонон ва муҳаббат ба Ватан дода шавад.

Дар самти муносибатҳои байналмилалӣ ва байнипарлумонӣ низ як қатор корҳо ба анҷом расонида шуданд. Аз ҷумла, 76 гурӯҳи дӯстӣ бо  парламентҳои 76 кишвари хориҷии бо мо дӯст ва бародар таъсис дода шуд, ки ин албатта, ҳадди ниҳоӣ набуда, кор дар ин самт идома дорад. Бояд гуфт, ки фақат таъсис додани гурӯҳи дӯстӣ ҳанӯз ба роҳ мондани муносибати мутақобилан муфид нест. Дар ин самт бояд ҷиҳати ба роҳ мондани муносибати байнипарлумонӣ роҳбарони гурӯҳҳо корҳои дахлдорро ба анҷом расонида, муносибат ва робитаро барқарор намоянд.

Ҳадафҳои стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар марҳилаи кунунии рушди кишвари азизамон расидан ба истиқлолияти энергетикӣ, баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ мебошад. Дар роҳи расидан ба ин ҳадафҳои олии стратегии кишвар қонунҳо воситаи асосӣ ба шумор мераванд. Аз ин рӯ, фаъолият ва нақши Маҷлиси намояндагон дар таҳияи заминаҳои ҳуқуқии самтҳои номбурда низ бояд назаррас бошад.

Ҳамчунин, бояд таъкид намоям, ки мо — вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки функсияи асосиамон таҳия ва қабули қонун дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, бояд намунаи олии риояи бечунучарои қонунҳо, поквиҷдонӣ ва садоқат ба Ватану миллат бошем ва дар сафи пеши мубориза бо ҳама гуна кирдорҳои ғайриқонунӣ қарор бигирем.

Қодири ҚОСИМ,

муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон