Ҳамқадаму ҳамнафаси миллату давлат
Имрӯз вақти он расидааст, ки аз Иҷлосияи шашуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, яъне аз даъвати шашуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, натиҷагирӣ намоем. Ин марҳалаи фаъолияти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба замони дигаргуниҳои куллӣ дар ҷаҳон ва кишвари азизамон рост омад.
Ҷаҳон дар ибтидои садаи XXI, воқеан, пешгӯинашаванда гардида, ба сари фарзанди одам мушкилию печидагиҳои зиёди фарҳангӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ, ҳуқуқӣ ва динӣ овард, ватани иддае аз мардумони оламро ноорому истиқлолияти давлатии онҳоро осебпазир намуд. Вале моро зарур аст, ки аз ин хатарҳо ва таҳдидҳо наҳаросида, баръакс, роҳҳои табдил додани онҳоро ба имкониятҳои нав ва мусоид барои пешрафти миллат ва давлати худ пайдо намоем. Зеро замона имрӯз танҳо ба халқҳое шароити арзандаи зиндагӣ фароҳам месозад, ки қудрати илмии табдил додани бадиҳоро ба некиҳо доранд.
Имрӯз яқин аст, ки мардуми Тоҷикистон таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ин имтиҳонҳои сангину мураккаби замон сарбаландона гузашта истодааст ва оянда низ хоҳад гузашт. Мо дигар ҳуқуқи иштибоҳ кардан надорем. Зеро мардуми Тоҷикистон аз мо интизориҳои зиёд дорад ва мо дар назди наслҳои гузашта, имрӯза ва оянда масъул мебошем.
Дар давраи ҳисоботӣ давлати Тоҷикистон таҳти роҳбарии Президенти муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба самти рушди устувор қадамҳои ҷиддӣ гузошт. Ба шарофати сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ мо заминаҳои ҳуқуқии Истиқлолияти давлатии хешро таҳким бахшидем ва барои кору зиндагии мардум шароити беҳтар фароҳам сохтем. Акнун имкон дорем, ки дастовардҳои истиқлолиятро боз ҳам афзун намоем ва кишварамонро ба сатҳи сифатан нави рушд барорем.
Маҷлиси намояндагон дар давоми даъвати шашум фаъолияти хешро бо назардошти ин таҳаввулоти таърихӣ роҳандозӣ намуд. Ва ман фикр мекунам, ки фаъолияти мо-чӣ аз нигоҳи қонунгузорӣ, чӣ намояндагӣ ва чӣ муносибатҳои байнипарламентӣ-ба талаботи парламенти касбӣ комилан ҷавобгӯ буд. Мо донишу таҷрибаи андӯхтаи хешро барои ташаккули қонунгузории Тоҷикистони нав равон кардем. Ба соҳаҳое бештар таваҷҷуҳ намудем, ки базаи қонунгузории онҳо куҳна шуда буд ё аслан вуҷуд надошт. Ва ҳамин тавр, мо дар бунёди таҳкурсии низоми ҳуқуқии Тоҷикистони асри бисту як саҳми шоиста гузоштем.
Дар давраи ҳисоботӣ кӯшишу дониш ва таваҷҷуҳу таҷрибаи вакилон бештар ба татбиқи авлавиятҳои стратегие, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ифтитоҳи даъвати шашуми Маҷлиси намояндагон ва паёмҳои ҳарсолаи хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз доштаанд, равона шуда буданд. Парламенти тоҷик дар баробари иҷрои вазифаҳои касбӣ корҳои муҳиме ҷиҳати амалишавии сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ташаккули давлат ва ҷомеаи демократии Тоҷикистон анҷом дод. Бовар дорам, натиҷаҳои даъвати шашум дар ояндаи наздик ва ҳамчунин, дур мавриди пажӯҳиши амиқ ва ҳаматарафаи олимону сиёсатмадорон ва коршиносону рӯзноманигорони соҳа қарор хоҳанд гирифт. Ва дар миёни далелу ҳуҷҷатҳое, ки онҳо истифода мебаранд, албатта, маҳсули заҳмати мо — қонунҳо, қарорҳо, созишномаҳо, шартномаҳо ва амсоли инҳо хоҳанд буд.
Мусаллам аст, ки ҳар як қонуни қабулшуда бо гузашти вақт заҳмати моро равшан ва пурҷило муаррифӣ менамояд. Зеро қонун ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ баъди ба воқеияти ҳаётӣ ворид шудан ва дар рӯзгори мардум таъсир расонидан арзиш ва аҳамияти бештар касб менамояд.
Бо тақозои замон қонунҳои конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо ворид намудани тағйироту иловаҳо нахустин маротиба дар таърихи парламенти касбии тоҷик дар таҳрири нав ба табъ расонда шуданд. Онҳо шаффофияти максималӣ ва демократисозии минбаъдаи раванди интихоботро таъмин ва истифодаи пурсамарро барои шаҳрвандон муҳайё менамоянд.
Тағйироту иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 майи соли 2016 марҳалаи нави рушди фазои ҳуқуқии кишвар буд, ки дар он ҳуқуқу озодиҳои инсон тавсеа ёфта, муқаддастарин институти сиёсӣ — Пешвои миллат мақоми конститутсионии худро соҳиб шуд. Фикр мекунам, тағйиру иловаҳо ба Конститутсия ва қабули Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат», қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзиму ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак» дар таҳрири нав дар афкори ҷамъиятӣ таҳаввулоти амиқ ба вуҷуд оварданд ва бо арзише, ки имрӯзҳо дар рӯзгори мардумамон касб намудаанд, шубҳае нест, ба китобҳои таърихи мактабиёну донишҷӯён ворид мешаванд.
Бояд гуфт, ки, ҳамчунин, қабули қатъномаи Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар бораи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об — барои рушди устувор, солҳои 2018-2028», ки дар пайи ташаббуси навбатии Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сурат гирифт ва дастёбӣ ба ду ҳадафи стратегии давлатамон: расидан ба истиқлолияти энергетикӣ ва раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ дар ҳамин давра муяссар гаштанд. Илова бар ин, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2018 барои аз кишвари аграриву саноатӣ ба саноативу аграрӣ табдил додани Тоҷикистонро ҳадафи чоруми стратегӣ, яъне саноатикунонии босуръати кишварро эълон карданд. Дар иртибот ба ин ҳадаф Маҷлиси намояндагон дар баробари қабули як силсила қонунҳои зарурӣ дар ин самт «Стратегияи рушди саноат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030»-ро тасдиқ кард, ки бомаром татбиқ шуда истодааст.
Ин ҳама гувоҳи онанд, ки Маҷлиси намояндагон тайи ин муддат ҳамқадаму ҳамнафаси миллату давлати хеш буд ва дар замони дигаргуниҳои бузурги иқтисодиву сиёсӣ фаъолияти шоистае роҳандозӣ намуд.
Дар баробари вазифаи асосии хеш – баррасӣ ва қабули қонунҳо вакилон ҳамкориҳои судмандро бо институтҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва мардуми кишвар анҷом доданд. Ҳамчунин, дар ҷараёни даъвати шашум вакилони Маҷлиси намояндагон ба ҳал намудани масъалаҳои мушаххасе, ки интихобкунандагон ҳангоми мулоқотҳо бо онҳо дар миён гузошта буданд, таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуданд. Гувоҳи ин гуфта садҳо дархости вакилист, ки онҳо ба мақомоти дахлдор фиристодаанд.
Мусалламан, дар пушти ин рақамҳо кори мушаххас, манфиатҳои шаҳрвандон ва давлат истодаанд, ки афзоиши эътимоди сокинони мамлакатро ба мақоми олии қонунгузор бозгӯӣ мекунанд.
Ин ҷо сафарҳои вакилонро ба шаҳру ноҳияҳои мамлакат ва дидору гуфтугӯҳои мустақими онҳоро ба мардум зикр накарда наметавонам. Дар ин мулоқотҳо вакилон ба интихобкунандагони хеш нуктаҳои муҳимтарини паёмҳои солонаи Президенти Тоҷикистон, стратегияҳои миллӣ ва барномаҳои давлатиро шарҳу эзоҳ доданд, ба пурсишҳои сершумори онҳо посухи мушаххас гуфтанд.
Корҳои хеле муҳиме, ки ҷиҳати таҳкими муносибатҳои дӯстона бо парламентҳои давлатҳои ҷаҳон ва созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ анҷом дода шуданд, низ қобили зикр мебошанд. Мо итминон дорем, ки таҳким бахшидани робитаҳои байнипарламентӣ ба тақвияти бештари сиёсати хориҷии кишварамон мусоидат хоҳад кард.
Мутаассифона, на ҳамаи он корҳоеро, ки дар нақша доштему барои анҷом доданашон дар давоми даъвати шашум талош кардем, ба сомон расонда тавонистем. Баъзан фурсат даст надод, баъзан сабабҳои дигар ҳам буданд. Вале умед дорем, ки ҷавҳари касбият дар Маҷлиси намояндагон боқӣ мемонад, тақвият меёбад. Ва ин ҷавҳар дар даъвати оянда давомат ва масъулиятро ҷиҳати иҷрои корҳои анҷомнаёфта ва корҳои нави дигар таъмин хоҳад намуд.
25 сол муқаддам ибораи гӯшнавози «Маҷлиси Олӣ» ба афкору гуфтор ва зиндагии мо ворид гашт. 27-уми феврали соли 2000, яъне расо 25 сол пеш, нахустин интихобот ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифт. Ин ду санаи муҳимро бо дили лабрези фараҳу ифтихор ба якояки шумо — вакилони кунунӣ, инчунин, ба вакилони панҷ даъвати пешин ва ҳамаи интихобкунандагони гиромиамон табрик мегӯям. Президенти мамлакатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи ҳар як даъвати Маҷлиси намояндагон ҳузури муборак доштанд ва ҳар сол дар ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ Паёми навбатии хешро ироа менамуданд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ифтитоҳи иҷлосияи даъвати панҷуми Маҷлиси намояндагон ёдовар шуданд: «Ба хотири таҳкими сулҳу ваҳдат, таъмини риояи ҳуқуқи шаҳрвандон, густариши равандҳои демократӣ, таъмини рушди устувору бомароми соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, инчунин, ҷиҳати мустаҳкам намудани пояҳои давлатдорӣ ва таҳияву қабули қонунҳо дар асоси ислоҳоти конститутсионӣ парламенти касбиро таъсис додем».
Мусалламан, таъсиси парламент дар ҳар як кишвар рӯйдоди бунёдии таърихӣ ба шумор меравад. Таҷрибаи ҷаҳонӣ нишон медиҳад: парламент дар мамолике пурқувват аст, ки ҳам иқтидори давлат ва ҳам нуфузи ҷомеа рӯ ба афзоиш мебошанд. Ва баръакс, бе парламенти пурқувват ҷомеа шаҳрвандӣ, давлат мустаҳкам ва ҳокимият халқӣ буда наметавонанд.
Моҳиятан, Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таърихи Тоҷикистон нахустин институти ҳақиқии демократӣ гашт, парламенте шуд, ки дар он қонунҳо бори аввал ошкоро ва коршиносона эҷод, баррасӣ, таҳрир ва қабул шуданд. Маҷлиси намояндагон ба маркази ҳаёти сиёсии кишвар табдил ёфт. Солномаи парламентаризми ватанӣ бахши арзишмандтарин ва сабақомӯзи таърихи навини Тоҷикистон маҳсуб мешавад.
Маҷлиси намояндагон баръало нишон дод, ки печидатарин қазияро ба чаҳорчӯби раванди муътадили сиёсӣ ворид ва ҳал кардан мумкин аст. Ва баръакс, сарпечӣ аз баррасии масоили доғ, ки ҷомеаро ба ташвиш овардаанд, метавонад оқибати ногувор дошта бошад. Тавре Пешвои миллат таъкид намуданд, мо — ворисони миллати куҳанбунёди фарҳангии ориёием, ҳар мушкилӣ ва печидагиро метавонем бо лаҳни мулоим, муколамаи солим ва эҳтироми ақидаҳо ҳал намуда, дар ҳамаи ҳолатҳои мушкил имкониятҳои нави таърихиро барои худ пайдо намоем.
Ба назари мо, бартарии бузурги Давлати Тоҷикистон дар баробари баъзе давлатҳо дар шароити буҳронии солҳои охири ҷаҳон маҳз ҳамин кори бамаслиҳати Ҳукумати кишвар бо Маҷлиси намояндагон маҳсуб мешавад. Дар Тоҷикистон Ҳукумат бо парламент шарики якдигаранд, дар байни онҳо конфронтатсияи сунъӣ, ки эродгирҳои мо мехоҳанд, вуҷуд надорад, ин ду шохаи ҳокимият мисли механизми ягона фаъолият мекунанд.
Ин ҷо ҳамаи қарорҳо, бахусус оид ба масъалаҳои калидӣ, дар асоси муколама, машварат ва баррасии вакилони Маҷлиси намояндагон бо мутахассисони вазоратҳо ва идораҳои марбута қабул мегарданд. Ба аксари лоиҳаи қонунҳое, ки Ҳукумат барои қабул ба Маҷлиси намояндагон мефиристад, дар сурати зарурат аз тарафи вакилон низ ҳамаи тағйиру иловаҳои дахлдор ворид карда мешаванд. Баҳсҳои корӣ зиёданд, гоҳо сифати кори вазоратҳои алоҳида мавриди муҳокимаи шадид қарор мегирад. Вале дар мубоҳиса бо Ҳукумат мо ҳамеша ҳадафи муштарак дорем, ки он бунёди Тоҷикистони пешрафта — Тоҷикистоне ҳаст, ки мутобиқ ба Конститутсияи худ бояд, воқеан ҳам, давлати иҷтимоӣ бошад, дар он барои ҳар як шаҳрванд шароити шоистаи зиндагӣ фароҳам бошад.
Ва сарфи назар аз он ки санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ аз ҷониби кадом субъекти ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ омода ва барои қабул пешниҳод шуданд, онҳо иродаи интихобкунандагони моро ифода менамуданд ва масъулияти қабул кардани онҳо маҳз бар дӯши мо вогузор буд. Ва ман ифтихор дорам, ки Маҷлиси намояндагон зимни анҷом додани ин рисолат дар баландии масъулияти таърихии худ қарор дошт.
Воқеан, вакилӣ ё худ фаъолияти қонунгузорӣ таҷрибаест, ки бисёриҳо орзуи онро мекунанд. Вале дар ҷараёни кор дар парламент мо ҳама хуб дарк намудем, ки барои вакили ҳақиқии мардумӣ шудан пирӯзӣ дар интихобот кам будааст. Бояд вижагиҳои сершумори фаъолияти парламентиро пурра омӯзӣ ва ҳамарӯза тамоми талаботи кори пурмасъулияти вакилиро риоя намоӣ. Аксари мо бори нахуст натанҳо вижагиҳои кори ниҳоят мураккаби қонунгузорӣ, балки ҳунари нозуки сухангӯӣ ва баҳси нозуки парламентиро аз бар кардем. Чунин таҷриба, тавре медонем, якбора ва ба осонӣ андӯхта намешавад, вале он барои рушди минбаъдаи ҷомеа ва давлати мо ниҳоят зарур аст. Шояд аз ин рӯст, ки теъдоди зиёде аз вакилони мо такроран вориди интихобот мешаванд ва сарбаландона ба ин толори барои мо азиз бармегарданд.
Дар иртибот, ба он вакилони даъвати кунунӣ, ки таҷрибаи пурарзиши тӯли солҳо андӯхтаи хешро дигарбора ва бедареғ дар хидмати парламенти тоҷик қарор додан мехоҳанд, самимона барор мехоҳам.
Боз ҳам таъкид мекунам: дар ин марҳила аз ҳама муҳимтар на ҳизбҳоянд ва на номзадҳо, муҳимтар аз ҳама интихобкунандагон, шаҳрвандони давлатамон мебошанд. Ҳамин интихобкунандагонанд, ки ба номзадҳои шоиста ваколат медиҳанд, то мушкилоти мубрами мардумро осон кунанд, то мамлакатамон аз ҳар ҷиҳат соҳибистиқлол гардад, то зиндагиву кор дар Тоҷикистон роҳату бехатар шаванд.
Ҳамаи ҳизбҳои сиёсӣ ва номзадҳои алоҳида бояд дар назди Тоҷикистони азиз камоли масъулият эҳсос намоянд. Ва дастоварди асосии интихобот бояд боварии интихобкунандагон ба натиҷаи он бошад.
Ин ҳама солҳо, яъне ин панҷ сол, ки, бешубҳа, давраи беҳтарин дар корномаи касбиям маҳсуб мешаванд, ман ҳар рӯз эътимоду дастгириҳои Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва вакилони Маҷлиси намояндагонро амиқ эҳсос мекардам ва гиромӣ медоштам. Барои эътимод ва дастгириҳои бузург, ки нисбати ман зоҳир шуданд, ба Пешвои муаззами миллат сидқан миннатдорӣ баён мекунам.
Ба ҳамкасбони арҷмандам низ барои заҳмати пурсамару фидокорона дар давраи ҳисоботӣ, барои эҳтиром ба анъанаҳои неки парламентӣ ва барои омодагӣ ҷиҳати идомаи хизмат ба хотири пешрафти давлату миллат изҳори сипос менамоям.
Фикр мекунам, яке аз ҷиҳатҳои ба худ хоси даъвати шашум ин буд, ки мо — вакилон тавонистем якдигарро бишнавем, ба андешаҳои якдигар эҳтиром гузорем ва мубоҳисаи касбиву коршиносонаро ба анъана табдил диҳем.
Ҳоло фурсатест, ки барои татбиқи чунин гузариши мушкил, вале дар айни замон хеле зарур, ба самти касбияти воқеӣ изҳори таҳсину сипос намоям. Умед дорам, фаъолияти муттафиқонаи мо дар ҳамаи шаклу навъҳо, бидуни шубҳа, ба тақвияти демократияи намояндагии тоҷик мусоидат хоҳад намуд. Зеро мо дар қабули қарору қонунҳо ҳамеша таносуби дурусти адолатро дар мизони манфиати давлати миллии хеш, халқи Тоҷикистон ва ояндаи давлатдориамон ба ҳадди эътидол риоя намудем. Ва ин нуктаи муҳими дарёфти адолат кори на ҳар фарди алоҳида, балки натиҷаи маҳсули ҳамдигарфаҳмии парламенти касбӣ буд, ки маро аз натиҷаи худ дар тамоми рӯзгори ояндаам қаноатманд медорад.
Ва якчанд ҷумлаи комилан самимӣ унвонии кормандони Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон гуфтаниям, ки ин ҳама солҳо ҳамроҳи мо – вакилон буданд. Имрӯз ин дастгоҳ бо роҳбарии Абдуҷаббор Сатторзода як мақоми давлатии дорои сохтори муназзам ва касбӣ мебошад, ки тамоми тақозои парламентро — ҳам дар қонунгузорӣ ва ҳам дар иқдомҳои дигари мо таъмин менамояд. Барои барпо кардани садҳо мулоқоти расмӣ, чорабинии кумитаву комиссияҳо, муҳокимаҳо ва хонишҳои парламентӣ, мизҳои гирд, семинарҳо, конфронсҳо ва монанди инҳо шароити мусоид фароҳам овардааст. Ин муҳити солими эҷодӣ ва ин шароити хуби корӣ, ки мо ба онҳо одат кардаем ва як чизи ҳатмӣ мепиндорем, низ маҳсули заҳмати кормандони дастгоҳ мебошанд.
Аз шумо – кормандони Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон барои заҳматҳои шабонарӯзӣ як ҷаҳон сипос!
Дар урфият мегӯянд, ки ҳар кор оғозу анҷом дорад, ин ҳақиқати бебаҳс аст. Вале инсон, бо вуҷуди ин ҳама, ба оғозу фарҷомҳо муносибати яксон надорад. Ин лаҳза дар ҳаёти сиёсӣ ва ҷамъиятии банда як нуктаи анҷоми фаъолияти даврӣ маҳсуб мегардад. Рӯзҳо, моҳҳо ва солҳо мегузаранд, табиат борҳо зиндаю пажмурда мегардад, парламент ва ҳайати вакилон низ бо мурури замон тағйир меёбанд, вале мусаллам аст, ки ин рӯзгори фаъолияти якҷояи мо ҳамчун як саҳифаи дурахшони қонунгузории давлатамон бо қонунҳои мондагори худ дар ёди аҳли назар боқӣ хоҳад монд.
Парламенти касбӣ тавассути шумо ба макони, воқеан, муқаддасе табдил ёфт, ки ҳамаи хоҳишу армонҳои фардӣ ва манфиатҳои гурӯҳӣ берун аз дари ӯ монда, ғояи ҳукмрон ва муттаҳидкунанда танҳо манфиати халқ ва ободии давлати Тоҷикистон буд.
Умед дорам, шумо аз ин ба баъд ҳам дар амалӣ шудани орзуҳои мардуми кишвар бо таҳаммул, иродаи қавӣ ва ҳадафмандона рафтор хоҳед кард.
Қодири ҚОСИМ,
муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон