Шашуми феврали соли 2017 раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот Олим Салимзода бо Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Озарбойҷон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Аббосалӣ Каром оғлу Гасанов мулоқот намуд.
Олим Салимзода зикр кард, ки Парлумони Тоҷикистон ба рушд ва равнақи ҳамкориҳои гуногунҷанба бо Ҷумҳурии Озарбойҷон аҳамияти махсус зоҳир мекунад.
Хусусан, тайи солҳои соҳибистиқлолӣ равобити дӯстонаи кишварҳо инкишоф ёфтанд. Омили асосӣ ва пешбаранда дар ин раванд эътимоди байниҳамдигарии сарони ду кишвар, сафарҳои расмӣ ва мулоқотҳои пайвастаи онҳо ба шумор меравад.
Инчунин, ҷонибҳо қайд намуданд, ки гурӯҳҳои дӯстӣ ва ҳамкории парлумонҳои ҳар ду кишвар дар ин замина корҳои зиёдеро, пеш аз ҳама, дар самти тақвияти маҷмӯи қарордодиву ҳуқуқии ҳамкориҳои байнидавлатӣ ва мусоидати парлумонӣ барои таҳкими фаъолияти Комиссияи байнипарлумонӣ, махсусан дар бахши мавриди иҷро қарор гирифтани қарордод ва созишномаҳои имзошуда анҷом додаанд.
Тарафҳо, дар мавриди он ки имкониятҳо ҷиҳати густариши ҳамкориҳо ҳанӯз хеле зиёданд ва аз онҳо пурсамар бояд истифода бурд, ҳамфикр буданд.
Шуъбаи матбуоти Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон