Проблема ва мулоҳиза

Партовҳои сахти маишӣ таъсири онҳоро ба муҳити зист чӣ тавр бояд кам кард?

№142 (3779) 30.11.2017

коллаж Ҳар сол дар шаҳрҳои мамлакат беш аз 2 миллион тонна партовҳои сахти маишӣ ва сохтмонӣ ҷамъ мешаванд, ки ин ҳадди охир нест, онҳо рў ба афзоиш доранд.

Дар шаҳрҳои ҷумҳурӣ 85,6 фоиз, шаҳракҳо — 67,3 ва деҳот 3,6 фоизи сокинон ба ҷамъоварӣ ва кашонидани партовҳои сахти маишӣ дастрасӣ доранд. Набудани сохтори муайян барои ҷамъоварию нест кардани партовҳо дар навоҳии кўҳистон мушкилоти ҷиддиро ба миён овардааст. Дар натиҷа, сокинони деҳот партовҳоро ба ҳар ҷое, ки рост омад, мепартоянд, аз ҷумла, ба ҷўю дарёҳо.

Бино ба маълумоти Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ», ҷамъшавии партовҳои сахти маишӣ ба ҳар сари аҳолӣ, дар минтақаҳои гуногуни мамлакат дар давоми сол аз 0,9 м3 то 2,0 м3-ро ташкил медиҳад. Инчунин, қайд кардан бамаврид аст, ки на дар ҳама партовгоҳ тарозу ва ё минтақаи қабули партов мавҷуд аст. Ҳисобу китоби ҳаҷми партовҳои ҷамъшударо дар шаҳру ноҳияҳо КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ анҷом медиҳанд. Манбаи партовҳо асосан се сарчашма — аҳолӣ, ташкилоту муассисаҳо ва он чӣ ки дар ҷараёни гузарондани корҳои ободонию санитарӣ боқӣ мемонад, мебошанд.

Ҳаҷми партовҳои маиширо Агентии омори назди ­Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ба ҳисоб мегирад ва тибқи маълумоти ин мақом, афзоши ҳаҷми ҷамъшавии партовҳои маишӣ дар ҷумҳурӣ соли 2015 нисбат ба соли 2013-ум 6,2 фоизро ташкил дод. Ин нишондиҳанда вобастагии афзоиши имконияти аҳолӣ ва рушди бахши истеҳсолиро нишон медиҳад. Аммо ҷоиз ба зикр аст, ки нишондодҳои мазкур ҳолати воқеиро таҷассум намекунанд, зеро на дар ҳама минтақаи кишвар низоми баҳисобгирӣ роҷеъ ба ҷамъшавӣ ва ҷойгиркунонии партовҳои сахти маишӣ вуҷуд доранд.

Афзоиши теъдоди аҳолии мамлакат, васеъ шудани ҳудуди шаҳру ноҳияҳо ва танзим нашудани истифодаи замин дар партовгоҳҳо ба он оварда мерасонад, ки ҳудудҳои санитарӣ-ҳимоявии партовгоҳҳо ба киштзор ва ҷойи истиқомат табдил ёбанд. Дар баъзе шаҳру ноҳияҳо чунин ҳолат зарурати ташкили партовгоҳҳои навро ба миён меорад. Дар шароити камзаминии ҷумҳурӣ ҷудо кардани ҷой барои партовгоҳ мушкилоти ҷиддӣ ба ҳисоб меравад.

Эътироф бояд кард, ки дар деҳот барои нигоҳдории партов ҷойи махсус мавҷуд нест. Дар натиҷа, ҷўю дарёчаҳо дар бисёр деҳаҳо ифлос ва истифодаи оби онҳо зараровар гардидааст. Ҳамчунин, партови зиёди дар ҳавлию гўшаю канори деҳот ҷамъшуда муҳити зистро ифлос карда, манбаи касалиҳои сироятӣ гаштаанд.

Барои банақшагирии фаъолият нисбат ба коркард ва нест кардани партовҳо ба ­навъҳо ҷудо кардани онҳо зарур аст. Мутаассифона, дар кишвар ­муайян кардани ҳаҷм ва таркиби партовҳо, аз ҷумла коғаз, картон, шиша, пластмасс, металл, партовҳои электронӣ ғайриимкон аст.

Бо рушди технологияи электронӣ ва иннноватсия, партовҳои электронӣ афзоиш ёфтааст. Таъсири ин навъи партовҳо ба муҳити зист бештар аст. Тибқи тадқиқоте, ки дар Аврупо гузаронидаанд, суръати афзоиши партовҳои электронӣ нисбат ба партовҳои маишӣ се маротиба баланд аст. Давоми як сол дар ҷаҳон қариб 50 миллион тонна партови электронӣ ҷамъ мешавад, ки ҳиссаи бузургтарини он ба Амрико ва Чин рост меояд. Тибқи маълумоти мавҷуда, батарейкаи телефони мобилӣ, ки аз истифода баромадааст, ҳангоми ба муҳит афтиданаш 400 литр об ва 20 метри квадратӣ заминро заҳролуд менамояд.

Бино ба натиҷаи назарпурсии зерсох­торҳои КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ», дар 15 — 20 соли охир таркиби партовҳои сахти маишӣ хеле тағйир ёфтааст. Партови дар маҳаллаҳо, корхонаю муассисаҳо ҷамъшударо бе он ки ба навъҳо ҷудо кунанд, ба партовгоҳҳои шаҳрӣ ва ё ноҳиявӣ интиқол медиҳанд. Баъзе намудҳои партовро, ба мисли зарф­ҳои об (баклашкаҳо), металлҳои ранга ва сиёҳ, зарфҳои шишагин, одамони алоҳида ҷамъоварӣ карда, ба нуқтаҳои коркард месупоранд. Чунин нуқтаҳо аксаран аз тарафи шахсони инфиродӣ ташкил шуда, зимни коркарди партов дар онҳо меъёрҳои экологӣ риоя намешаванд.

Соли 2012 дар шаҳри Хуҷанд Муассисаи саҳомии «Коғази тоҷик» таъсис ёфт, ки дар он аз партовҳои маишӣ картон ва намудҳои гуногуни маҳсулоти бандубаст истеҳсол мекунанд. Дар пойтахти ҷумҳурӣ дар доираи лоиҳаи «Идораи партовҳои сахти маишии шаҳри Душанбе» як қатор корҳо анҷом ёфтанд. Дар натиҷа, вазъи ҷамъоварии партовҳои сахти маишӣ, нуқтаҳои партов­партоӣ ва интиқоли партов ба партовгоҳи шаҳрӣ беҳтар гардид. Дар шаҳрҳои Хуҷанд, Турсунзода, Қўрғонтеппа ва Норак азнав­созии партовгоҳҳо, дар шаҳри Хуҷанд ба ҷойи партовгоҳи куҳна бунёди иншооти нави дорои системаи ба навъҳо ҷудокунӣ ва коркарди партовҳо оғоз ёфтааст.

Чанде пеш дар шаҳри Тошкенти Ҷумҳурии Ўзбекистон перомуни «Технологияи нави ҳозиразамон дар идораи партовҳои сахти маишӣ: ҷабҳаҳои ҳуқуқӣ, технологӣ ва сарчашмаи маблағгузориҳо» суҳбати гирди миз баргузор гардид. Дар он, хусусан, баромади намояндаи Ҷумҳурии Беларус дар мавзўи «Сохтмони корхонаҳо оид ба коркарди партовҳои сахти маишӣ» ҷолиб буд. Барои ҷумҳурии мо низ таҷрибаи онҳо бояд қобили дастгирӣ бошад. Мутахассисони беларусӣ маълумоти заруриро пешниҳод карданд, ки он ба Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе расонида мешаванд.

Ёздаҳуми октябри соли ҷорӣ дар ҷаласаи Иҷлосияи чоруми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум «Дар бораи тасдиқи Созишномаи кафолатӣ (№46795) байни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд оид ба лоиҳаи «Идоракунии партовҳои сахти маишии ноҳияи Ёвон» қарор қабул шуд. Мақсад коркарди партовҳои сахти маишӣ, баланд бардош­тани сифати хизматрасонӣ, беҳтар намудани вазъи санитарию экологии шаҳрак мебошад.

Ҷоиз ба зикр аст, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи партовҳои истеҳсолӣ ва истифодаи он» ҷамъоварӣ, муҳофизат, истифода, интиқол тавассути нақлиёт, безараргардонӣ, гўр кардани партовҳоро ба танзим медарорад. Ба ғайр аз ин, дар қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи муҳити зист», «Оид ба таъмини амнияти санитарӣ-эпидемиологии аҳолӣ», «Дар бораи сарватҳои зеризаминӣ», «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъо­лият», «Дар бораи мақомоти ­худидоракунии шаҳрак ва деҳот», «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон», «Дар бораи таъмини амнияти экологии нақлиёти автомобилӣ», Кодекси замин, кодексҳои об, ҷангал, ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, ҷиноятӣ ва дигар санадҳои меъёриии ҳуқуқӣ муносибат бо партовҳои сахти маишӣ муайян гардидааст.

Аз ин рў, татбиқи муқаррароти санадҳои зикршуда бояд аз ҷониби сохторҳои марбута таҳти назорати қатъӣ қарор дода шавад.

 Баҳром АБДУАЛИМОВ,

муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба энергетика, саноат,

сохтмон ва коммуникатсия,

Б. КАРИМЗОДА,

«Садои мардум»