Сатҳу сифати қонунгузорӣ яке аз масъалаҳои муҳими фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ маҳсуб меёбад ва аз ин ҷост, ки ҳар як давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёд ба он диққати аввалиндараҷа медиҳад. Қонуни босифат дар таъмини ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, манфиатҳои давлат, танзими муносибатҳои ҷамъиятӣ, кор ва фаъолияти мақомоти давлатӣ, ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ нақши муҳим дорад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳар сол дар паёмҳояшон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти таъмини сатҳу сифати қонунгузорӣ, риояи техникаи қонунгузорӣ, афзалияти ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд дар фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ, ба меъёрҳо ва принсипҳои ҳуқуқи байналмилалӣ мутобиқ гардонидани санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, таъмини волоияти қонун дар ҷомеа ва давлат таваҷҷуҳи хос зоҳир менамоянд.
Чунончи, Сарвари давлат дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии кишвар 30 апрели соли 2004 махсус таъкид карданд: «Таъмини воқеии ҳуқуқу озодиҳои инсон ба қабул ва амали қонунҳои дақиқу мушаххас ва бо якдигар мувофиқ алоқаманд аст. Бо дарки ин ҳақиқат аз байн бурдани мухолифати қонунҳо ва таъмини мутобиқати онҳо бо ҳамдигар, ки мутаассифона, дар амалияи қонунэҷодкунии мо ҳанӯз ҳам ҷой дорад, яке аз масъалаҳои хеле муҳиму ҷиддии мақомоти қонунгузор ба шумор меравад. Проблемаи дигаре, ки таваҷҷуҳи ҷиддиро тақозо мекунад, баланд бардоштани сифати қонунҳо мебошад. Зеро қонун санадест, ки аз нигоҳи мазмун ва тарзи баёни худ бояд дар сатҳи баланд қарор дошта бошад. Бинобар ин, Парламент ва Ҳукумати Тоҷикистон ҳангоми таҳияи лоиҳаи қонунҳо бештар ба масъалаҳои зикршуда бояд аҳамият диҳанд».
Президенти мамлакат, инчунин, дар Паёмашон, 16 апрели соли 2005, чунин зикр карданд: «Масъалае, ки ҳангоми қонунэҷодкунӣ ба мушоҳида мерасад ва ҳалли ҷиддии худро тақозо мекунад, ин таҳия ва пешниҳоди лоиҳаи қонунҳо ба забони давлатӣ, истифодаи якхелаи истилоҳоти ҳуқуқӣ, таъмини низоми мантиқии меъёрҳои қонун мебошад, ки дар маҷмӯъ сифати қонунҳоро муайян мекунад».
Қайд кардан бамаврид аст, ки баланд бардоштани сифати қонун аз забони он вобастагии қавӣ дорад, зеро бо риояи услуби расмии забони адабӣ, сода ва равону фаҳмо баён намудани забони санади меъёрии ҳуқуқӣ ва бо истифода аз калима ва ибораҳои оммафаҳм тартиб додани истилоҳоти он тафсири ҳархелаи меъёрҳоро истисно намуда, дар амал татбиқ кардани санади меъёрии ҳуқуқии дахлдорро осон мегардонад.
Аз ин лиҳоз, дар матни санади меъёрии ҳуқуқӣ истифода намудани забони гуфтугӯйӣ (лаҳҷавӣ ва шевагӣ), ифодаҳои маҷозӣ ва пуробуранг, мафҳумҳои (истилоҳоти) гуногуни ҳаммаъно, истифодаи калима ва истилоҳоти бегонаи ғайримаъмул дар сурати дар забони давлатӣ мавҷуд будани чунин калима ва истилоҳот, ибора ва таркибҳои норавшан, мулоҳизот, хитобу даъватҳои умумӣ, калимаҳои мураккаби ихтисоршуда (аббревиатура) ва истилоҳоти ғайримеъёрӣ норавост (моддаи 51 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ»).
Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар аз 30 апрели соли 2007 яке аз масъалаҳои муҳими соҳаи қонунгузорӣ — аз байн бурдани мухолифат миёни қонунҳо ва ба шароити имрӯза мутобиқ кардани онҳо таъкид шуд. Дар хусуси ин масъала Сарвари давлат иброз намуданд, ки ихтилофи байни асноди қонунгузорӣ дар амалияи ҳуқуқӣ ҳанӯз ҳам ба мушоҳида мерасад.
Мухолифат дар байни санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ сифати онҳоро коста гардонида, ҳангоми амалӣ намудан мушкилот ба амал меоварад. Аз ин лиҳоз, Сарвари давлат зимни суханрониҳояшон, бахусус, дар паёмҳо ба Маҷлиси Олии мамлакат, ба субъектони ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ ва ҳуқуқэҷодкунанда дастур медиҳанд, ки ҳангоми таҳия ва қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ҷиддӣ ва мулоҳизакор бошанд.
Дар робита ба ин, бояд зикр намуд, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳҳои бартараф намудани ихтилофот миёни санадҳои меъёрии ҳуқуқиро муқаррар менамояд. Аз ҷумла, мувофиқи моддаи 85 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» ихтилофоти байни санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ бо роҳҳои бо ҳам мутобиқ намудани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар ҷараёни таҳияи лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ворид намудани тағйиру иловаҳо ба санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунанда, қатъи амали санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ё боздоштани амали онҳо, қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқии нав, тафсири расмии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, мутобиқ намудани санадҳои меъёрии ҳуқуқии дохилидавлатӣ (ба истиснои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон) ба санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, бартараф карда мешаванд.
Дар Паём ба Маҷлиси Олии кишвар аз 25 апрели соли 2008 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таври ҷиддӣ ба масъалаи сифати қонунгузорӣ дахл карда, аз номувофиқатӣ ва мухолифат дар миёни қонунҳо изҳори нигаронӣ намуданд ва роҳҳои бартарафсозии онҳо ва ба ин васила баланд бардоштани сифати қонунҳоро таъкид карданд. Аз ҷумла, Сарвари давлат сареҳан иброз намуданд, ки «масъалаҳои номувофиқатӣ ва мухолифат дар миёни қонунҳо то ҳанӯз аз байн бурда нашудаанд. Барои бартараф намудани нуқсонҳои асноди қонунгузорӣ ва ба талаботи замон мутобиқ гардонидани онҳо Қонун «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» бояд мавриди таҷдиди назар қарор дода шавад».
Ҷиҳати иҷрои талаботи Паёми мазкур Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» (26 марти соли 2009) дар таҳрири нав қабул гардид, ки он муносибатро оид ба фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ танзим намуда, принсипҳои асосӣ, мафҳум ва намудҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, таносуби байни санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, тартиби умумии таҳия, қабул, интишор, амал, тафсир ва мураттабсозии онҳо, инчунин роҳҳои ҳалли ихтилофҳои ҳуқуқиро муайян намуд.
Бояд ёдовар шуд, ки дар заминаи рушди давлати миллӣ ва пайдоиши муносибатҳои нави ҷамъиятӣ, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бори аввал 13 ноябри соли 1998, маротибаи дуюм 8 декабри соли 2003 ва сеюм — 26 марти соли 2009 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» қабул гардид. Ҳар яке аз онҳо дар маҷмӯъ, дар рушду нумӯи қонунгузории кишвар, баланд гардидани сифати санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ саҳми муносиб гузоштанд ва рисолати таърихӣ иҷро намуданд. Маротибаи чорум Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» дар таҳрири нав 12 апрели соли 2017 аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид, ки онро 18 майи соли 2017 Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷонибдорӣ намуд ва 30 майи соли 2017 аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расид.
Он низ ба сиёсати ҳуқуқии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон асос ёфта, муносибатҳои ҷамъиятиро дар самти фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ танзим менамояд ва принсипҳои асосӣ, мафҳум, намуд, низом, таносуби байни санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, эътибори ҳуқуқӣ, тартиби умумии таҳия, экспертиза, қабул, интишор, баҳисобгирӣ, бақайдгирии давлатӣ, амал, тафсир, мураттабсозии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва роҳҳои ҳалли ихтилофоти ҳуқуқиро муайян мекунад.
Дар Паём (аз 25 апрели соли 2008) Сардори давлат иброз намуданд, ки «барои аз ҷиҳати илмиву амалӣ асоснок намудани қонунҳо, мукаммалу мушаххас гардонидани механизми татбиқи онҳо, инчунин мониторинги тамоми санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар назди Президент таъсис додани Маркази миллии қонунгузорӣ мувофиқи мақсад мебошад». Ҳамин тариқ, дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 марти соли 2009, таҳти №637 Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд. Он муассисаи давлатии илмию тадқиқотӣ ва иттилоотию таҳлилӣ мебошад, ки таъминоти ташкилию методологии таҳияи лоиҳаҳои санадҳои қонунгузорӣ, лоиҳаи қонунҳо, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, инчунин, консепсияҳои такмили қонунгузорӣ, гузаронидани мураттабсозӣ ва ташхиси қонунгузории амалкунанда, пешгӯии самаранокии қонунҳои қабулшаванда, гузаронидани тадқиқоти илмӣ дар соҳаи ҳуқуқ ва тайёр намудани кормандони илмии баландихтисосро амалӣ менамояд.
Пешвои миллат дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии кишвар аз 20 апрели соли 2011 ёдовар шуданд, ки дар кишварҳои мутараққӣ ва ҷомеаи мутамаддин инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯ ҷавҳари асосии сиёсати давлатро ташкил медиҳад. Вале амалӣ намудани ин ҳадафҳои олӣ бе қонунҳои муосири ҷавобгӯи талаботи ҷомеаи демократӣ ва танзимкунандаи фаъолияти бонизоми мақомоти давлатӣ ғайриимкон аст. Таъкид шуд, ки танзими ҳуқуқии муносибатҳое, ки дар раванди эъмори давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ ба вуҷуд меоянд, яъне, таъмини заминаҳои қонунии фаъолияти соҳаҳои гуногуни давлат ва ҳаёти ҷомеа, рисолати мақоми олии қонунгузори кишвар мебошад ва он қонунҳои ба меъёрҳои пазируфтаи умумибашарӣ мутобиқ ва ҷавобгӯи талаботи ҷомеаи шаҳрвандиро баррасӣ ва қабул менамояд.
Аз ин рӯ, Сарвари давлат изҳор намуданд, ки қонунҳои қабулшуда, пеш аз ҳама, ба таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, таҳкими муносибатҳои ҷамъиятӣ ва тартиботи ҳуқуқӣ, ҳифзи саломатии аҳолӣ, рушди соҳаи маорифу фарҳанг ва беҳдошти вазъи иқтисодии кишвар, аз ҷумла, фазои соҳибкорӣ, равона карда шудаанд.
Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар аз 22 декабри соли 2016, бо мақсади боз ҳам баланд бардоштани сифати қонунгузорӣ ва рушди минбаъдаи фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ ба Вазорати адлия, Прокуратураи генералӣ ва Маркази миллии қонунгузорӣ супориш дода шуд, ки Консепсияи сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҳия ва ба Ҳукумат пешниҳод намоянд. Дере нагузашта мутобиқи талабот «Консепсияи сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2028» таҳия ва бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 феврали соли 2018, таҳти №1005 тасдиқ карда шуд. Он яке аз барномаҳои сиёсӣ ва ҳуқуқие мебошад, ки ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва ҳифзи ҳуқуқи мамлакатро барои амалӣ намудани меъёру муқаррароти он ва сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар давраи солҳои 2018-2028 муайян менамояд. Ғайр аз ин, Консепсия ба пешгирӣ ва бартараф намудани ихтилофот, нуқсон ва такроршавӣ дар қонунҳо, мутобиқгардонии қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон, татбиқ ва такмили якхелаи забон ва истилоҳоти ҳуқуқӣ, дар маҷмӯъ, баланд бардоштани сифати қонунгузорӣ, мусоидат менамояд.
Дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 декабри соли 2018 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баробари дигар масъалаҳои муҳиму умдаи ҳаёти давлатии мамлакат, инчунин, оид ба такмили қонунҳо ва сатҳу сифати онҳо изҳори андеша намуданд. Сарвари давлат, иброз доштанд, ки «Рушди минбаъдаи ҷомеа тақозо менамояд, ки бо мақсади танзими ҳамаҷонибаи муносибатҳои ҷамъиятӣ қонунҳои амалкунанда мунтазам такмил дода шаванд. Чунин тарзи танзими ҳуқуқӣ имкон медиҳад, ки мақомоти ҳокимияти иҷроия фаъолияти худро асосан ба идоракунии давлатӣ равона созанд».
Бинобар ин, Сарвари давлат дар назди субъектҳои ҳуқуқэҷодкунанда, аз ҷумла, вакилони парламент, вазифа гузоштанд, ки сифати қонунҳои амалкунанда ва ба сатҳи рушди иқтисодиву иҷтимоии кишвар мутобиқ будани онҳоро мунтазам таҳлил ва лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии ба талаботи рӯз мувофиқро таҳия намоянд.
Ҳамин тавр, паёмҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба баланд бардоштани сатҳи таҳия ва қабули қонунҳо, ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунгузории амалкунанда мусоидат намуда, дар маҷмӯъ, ба таъмини сифати қонунгузорӣ мусоидат менамоянд.
Фирӯз САЙНОЗИМЗОДА, мушовири калони Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон