Дар Паёмашон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ», ки 22-юми декабри соли 2017 дар Ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа гардид, ба масоили ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, минҷумла иброз доштанд: «Бо мақсади танзими хизматрасониҳои пардохтӣ, осон ва шаффоф гардонидани амалиёт, кам намудани истифодаи пули нақд дар муомилот ва вусъат бахшидани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ тадбирҳои зарурӣ амалӣ шуда истодаанд».
Воқеан, бо мақсади рушди низоми ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ ва вусъат бахшидани истифодаи воситаҳои электронии пардохтӣ ҳангоми ҳисоббаробаркуниҳо дар мамлакат Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ» аз 30-юми ноябри соли 2018 таҳти №565 ба тасвиб расид. Мувофиқи қарори зикршуда вазорату идораҳо, корхонаю муассисаҳои давлатие, ки хизматрасониҳои пулакиро пешниҳод мекунанд, муваззаф гардиданд, ки то 1-уми апрели соли 2019 дар баробари ҳисоббаробаркунии нақдӣ ба таври ҳатмӣ қабули ҳаққи ҳамаи намудҳои хизматрасониро аз аҳолӣ тариқи ғайринақдӣ тавассути воситаҳои электронии пардохтӣ таъмин созанд. Илова бар ин, дар қарори зикргардида масъалаи марҳила ба марҳила маҳдуд кардани ҳисоббаробаркуниҳо бо пули нақд дар муомилоти пулии кишвар таъкид ба амал оварда шуд.
Ҳамин тариқ, дар миқёси кишвар барои татбиқи самарабахши Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ» чораҳои зарурӣ андешида шуда, аз ҷумла ташкилотҳои қарзии молиявӣ якҷо бо вазорату идораҳо ва корхонаю муассисаҳои давлатӣ имкони пардохт намудани як қатор хизматрасониҳои давлатиро ба таври ғайринақдӣ таъмин кардаанд.
Сарвари давлат дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26-уми декабри соли 2018 бори дигар ба масъалаи ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ дахл карда, зарур донистанд, ки «амалияи ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ дар муомилоти пулии кишвар вусъат бахшида, ин тартиб соли 2019 дар пардохти хизматрасониҳо ва низоми савдо ба таври васеъ ҷорӣ карда шавад».
Бо назардошти рушди муносибатҳои ҷамъиятӣ ва техникаю технология зарурат ба амал омад, ки пардохти ҳаққи хизматрасониҳои давлатӣ пурра тариқи ғайринақдӣ сурат гирад. Бинобар ин, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23-юми декабри соли 2022 роҳандозӣ намудани пардохти ҳаққи хизматрасониҳои давлатиро тариқи ғайринақдӣ масъалагузорӣ карда, бо мақсади мусоидат ба рушди бахши молиявӣ лозим шумориданд, ки «пардохти ҳамаи андозҳо ва боҷҳои давлатӣ барои додани иҷозат ва иҷозатномаҳо, ҷаримаҳо, маблағи суғуртаи ҳатмии давлатӣ, хизматрасониҳои коммуналӣ ва дигар намудҳои хизматрасонии давлатӣ пурра ба таври ғайринақдӣ ба роҳ монда шавад».
Дар натиҷа, ҷиҳати иҷрои талаботи Паёми зикргардида Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ» аз 22-юми июни соли 2023 таҳти №586 ба имзо расид. Ин санади меъёрии ҳуқуқӣ фарогири 7 банд буда, тибқи банди 1-уми он аз 1-уми августи соли 2023 пардохти андозҳо, боҷҳои давлатӣ барои додани иҷозат ва иҷозатномаҳо, пардохтҳои дигари ҳатмӣ ба буҷет, ҷаримаҳо, маблағи суғуртаи ҳатмии давлатӣ, хизматрасониҳои тиббӣ, хизматрасониҳои коммуналӣ, намудҳои дигари хизматрасониҳои давлатӣ, инчунин қабули маблағҳо (хизматрасониҳои музднок) ғайринақдӣ амалӣ карда шуда, аз ҷониби вазорату идораҳо, ташкилотҳои давлатӣ ва ташкилотҳои қарзии молиявии кишвар ба таври нақдӣ қабул намудани пардохти хизматрасониҳои музднок манъ гардид.
Роҳандозӣ намудани низоми пардохтҳои ғайринақдӣ саривақтӣ ва тақозои замон буда, пеш аз ҳама, ҷиҳати ғанӣ гардонидани буҷети давлатӣ, пешгирӣ намудани омилҳои коррупсионӣ ва коҳиш додани таъсири омилҳои инсонӣ заминаи мустаҳкам хоҳад гузошт, ҳамчунин, боиси аз байн бурдани навбатпоӣ дар назди бонку бонкоматҳо барои пардохти хизматрасониҳои коммуналию намудҳои дигари хизматрасониҳои давлатӣ ва гирифтани пули нақд, сарсону саргардониҳо, муҳимтар аз ҳама, боиси сарфаи вақту хароҷоти иловагӣ мегардад.
Ҳамин тавр, Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ» зарурат ба амал овард, ки қонунгузории амалкунандаи кишвар дар самти ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ такмил дода шавад. Дар натиҷа, ба як қатор санадҳои қонунгузорӣ тағйиру иловаҳо ворид карда шуданд. Чунончи:
– Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» (аз 13-уми ноябри соли 2023 таҳти №1985);
– Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нотариати давлатӣ» (аз 13-уми ноябри соли 2023, № 1989);
– Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» (аз 13-уми ноябри соли 2023, № 1995);
– Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ» (аз 13-уми ноябри соли 2023, № 1996);
– Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон» (аз 13-уми ноябри соли 2023, № 2001);
– Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет» (аз 13-уми ноябри соли 2023, № 2005);
– Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи боҷи давлатӣ» (аз 13-уми ноябри соли 2023, № 2006);
– Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизматрасониҳои давлатӣ» (аз 13-уми ноябри соли 2023, № 2007);
– Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳо ба он» (аз 13-уми ноябри соли 2023, № 2008).
Бо мақсади вусъат бахшидани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи моддаи 58-и Конститутсияи мамлакат бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ лоиҳаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру илова ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуд. Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 13-уми декабри соли 2023 қонунҳои зикршударо баррасӣ ва қабул кард, ки дар назар аст онҳо тибқи тартиби муқаррарнамудаи Конститутсияи кишвар баъди ба имзо расидан аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва пас аз як моҳи интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шаванд.
Ҳамчунин, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ қабул ва ба санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунандаи ҷумҳурӣ тағйиру иловаҳои дахлдор ворид карда шуданд.
Дар ҷаҳони муосир интернет дар рушди соҳаҳои гуногуни ҳаёти кишвар, хусусан инкишофи низоми ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ, нақши муҳим дорад. Аз ин лиҳоз, Сарвари давлат дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23-юми декабри соли 2022 Хадамоти алоқаро вазифадор намуданд: «… якҷо бо ширкатҳои дар соҳа фаъолияткунанда барои беҳтар намудани сифати хизматрасониҳо, паст кардани арзиши хизматрасониҳои алоқаи мобилӣ ба интернет ва дастрас гардонидани интернети баландсуръат дар тамоми минтақаҳои кишвар, аз ҷумла шаҳру ноҳияҳои дурдаст, тадбирҳои заруриро роҳандозӣ намояд».
Хулоса, паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» замина ва омили муҳими рушди ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ маҳсуб мешаванд.
Фирӯз САЙНОЗИМЗОДА,
корманди Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ