Дар ҷаҳони муосир коррупсия зуҳуроти номатлуб ва барои ҷомеа хавфнок буда, дар рушди босуботи иқтисодию иҷтимоии давлатҳо ва риояи ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд монеаҳои ҷиддӣ эҷод менамояд. Аз ин лиҳоз, дар паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои муборизаи мунтазам бо ҳуқуқвайронкуниҳо ва ҷиноятҳои коррупсионӣ, иқтисодии хусусияти коррупсионидошта ва ҷиноятҳои ба андоз алоқаманд ба мақомоти дахлдор, бахусус, мақомоти назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дастуру супоришҳо дода мешаванд.
Дар иртибот ба созмон ёфтани Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия (10 январи соли 2007) Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон ба Маҷлиси Олӣ аз 30-юми апрели соли 2007 ёдовар шуда иброз доштанд, ки «ҷиҳати таъмини истифодаи самараноки маблағҳои давлатӣ, таъмини шаффофияти фаъолияти назоратӣ, бартараф намудани тафтишҳои молиявии дубора ва такрори вазифаҳо, беҳтар намудани мубориза бо коррупсия Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия таъсис ёфт». Дар ин замина, Сарвари давлат Ҳукумати кишварро муваззаф намуданд, ки ҷиҳати бо фаъолияти сохтори навтаъсис мутобиқ гардондани қонунгузории амалкунанда чораҳои зарурӣ андешида, онҳоро ба баррасии парламент пешниҳод намояд.
Ҳамин тавр, бобати мушаххас намудани самтҳои фаъолияти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» (аз 20-уми марти соли 2008, таҳти №374) ва дигар санадҳои қонунгузорӣ қабул гардид.
Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24-уми апрели соли 2010 тариқи қонунгузорӣ пешгирӣ кардани омилҳои коррупсионӣ тавассути гузарондани экспертизаи зиддикоррупсионии қонунҳо, баланд бардоштани сифати қонунҳо ва татбиқи самарабахши онҳо махсус таъкид мешавад. Инчунин, Сарвари давлат дар ҳамин Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти сатҳи ҷиноятҳои коррупсионӣ зарур донистанд, ки ҷиҳати пурзӯр намудани мубориза бар зидди коррупсия санади меъёрии ҳуқуқии дахлдор таҳия ва қабул карда шавад. Дар натиҷа, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи экспертизаи зиддикоррупсионии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» таҳия ва ҷонибдорӣ шуда, 28-уми декабри соли 2012, таҳти № 925 имзо гардид. Қонуни мазкур фарогири 3 боб ва 17 модда буда, асосҳои ҳуқуқӣ ва ташкилии гузарондани экспертизаи зиддикоррупсионии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқиро дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа танзим менамояд.
Ҷиҳати тақвият додани ҷараёни муқовимат ба коррупсия 30-юми апрели соли 2010, таҳти №864 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои иловагии тақвияти муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба имзо расида, бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2-юми сентябри соли 2010, таҳти №431 «Нақшаи чорабиниҳо оид ба таъмини иҷрои тадбирҳои иловагии тақвияти муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2012» тасдиқ карда шуд. Ҳамзамон, 14-уми декабри соли 2010, таҳти №968 бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Шурои миллии муқовимат ба коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфт.
Дар алоқамандӣ ба қабул гардидани санадҳои меъёрии ҳуқуқии зикршуда ва таъсис ёфтани Шурои миллии муқовимат ба коррупсия Роҳбари давлат дар Паёмашон ба Маҷлиси Олӣ аз 20-уми апрели соли 2011 қайд намуданд, ки «бо дарназардошти муҳимияти масъала соли гузашта (соли 2010) бо фармонҳои Президенти Тоҷикистон тадбирҳои иловагии тақвияти муқовимат ба коррупсия қабул гардида, Шурои миллии муқовимат ба коррупсия таъсис дода шуд, ки дар асоси санадҳои зикршуда масъулияти пешгирӣ ва мубориза бо коррупсия дар соҳаҳои мухталиф ба зиммаи роҳбарони аввали вазорату идораҳо ва мақомоти давлатӣ гузошта шудааст.
Ҳоло зарур аст, ки иҷрои санадҳои мазкур ва дигар чораҳои дар ин самт пешбинигардида сари вақт таъмин карда шавад, то ки натиҷаи онҳо дар ҷомеа эҳсос гардад. Илова бар ин, таъкид месозам, ки дар кори мубориза бо коррупсия ғайр аз мақомоти давлатӣ ҳар як фарди ҷомеа низ бояд саҳмгузор бошад».
Қобили ёдоварист, ки Созмони Милали Муттаҳид 31-уми октябри соли 2003 Конвенсия бар зидди коррупсияро қабул кард. Ҷумҳурии Тоҷикистон ба конвенсияи мазкур 25-уми сентябри соли 2006 имзо гузошт ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон онро тасдиқ намуд. Бинобар ин, Тоҷикистони соҳибистиқлол уҳдадориҳое, ки аз Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид бар зидди коррупсия бармеоянд, иҷро менамояд. Дар ин иртибот, Сарвари давлат дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба (20-уми апрели соли 2011) махсус таъкид доштанд, ки «Созмони ҳамкории иқтисодӣ ва рушд саҳми Тоҷикистонро дар иҷрои уҳдадориҳое, ки аз Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид доир ба мубориза бар зидди коррупсия бармеоянд, мусбат арзёбӣ намудааст».
Тибқи тартиби муқарраршуда бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26-уми январи соли 2008, таҳти №34 «Стратегияи мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008-2012» ба тасвиб расид.
Бинобар ба охир расидани муҳлати «Стратегияи мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008-2012» дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26-уми апрели соли 2013 таҳия ва пешниҳод кардани «Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020» масъалагузорӣ шуд. Дар ин замина, Сарвари давлат таъкид карданд, ки «пешгирӣ ва мубориза бар зидди коррупсия дар оянда низ ҳамчун яке аз самтҳои аввалиндараҷаи сиёсати ҳуқуқии давлат боқӣ мемонад».
Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30-юми августи соли 2013 таҳти №1504 «Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020» тасдиқ гардид. Ин стратегия ҳамчун санади барномавии дурнамои миёнамуҳлати сиёсати давлат дар самти муқовимат ба коррупсия, ҷиҳати паст намудани шиддат ва сатҳи коррупсия дар мамлакат нақши муҳим бозид.
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии мамлакат 26-уми декабри соли 2018 бори дигар вобаста ба масъалаи мубориза ба муқобили коррупсия сухан намуданд ва дар назди субъектҳои муқовимат ба коррупсия вазифаҳои нав гузошта, ҳамзамон, дар таҳрири нав таҳия намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия»-ро таъкид карданд. Дар натиҷа, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба коррупсия» 7-уми августи соли 2020 таҳти №1714 аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон имзо шуд.
Бояд қайд намуд, ки дар давраи амалисозии «Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020» барои паст кардани шиддати коррупсия ва баланд бардоштани обрӯю нуфузи кишвар дар арсаи байналмилалӣ заминаи мусоид фароҳам оварда шуд.
Инчунин, бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3-юми августи соли 2021 таҳти №222 «Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» қабул гардид.
Қобили тазаккур аст, ки таъмини ҳифзи иҷтимоии кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар хизматчиёни ҳарбии кишвар дар меҳвари сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати мамлакат қарор дорад. Дар асоси Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 23-юми декабри соли 2022 аз 1-уми марти соли 2023 музди меҳнати амалкунандаи кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, хизматчиёни ҳарбӣ 25 фоиз ва дигар кормандони ин мақомот 20 фоиз зиёд карда шуд. Ҳамзамон, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 28-уми декабри соли 2023 супориш доданд, ки аз 1-уми январи соли 2024 музди меҳнати амалкунандаи хизматчиёни ҳарбӣ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар кормандони ин мақомот 40 фоиз зиёд карда шавад.
Дар заминаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 28-уми декабри соли 2023 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон намудани соли 2024» аз 30-юми декабри соли 2023 таҳти №668 қабул гардид. Мақсади асосии фармони мазкур аз баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, тарғиби арзишҳои демократӣ, мустаҳкам намудани институти ҳуқуқи инсон, муносибати эҳтиромона бо он, баланд бардоштани мақоми қонун, тарбияи шаҳрвандон дар рӯҳияи эҳтиром нисбат ба он ва таъмин намудани волоияти қонун, ташаккул додани низоми устувори рафтори ҳуқуқӣ, оштинопазирӣ нисбат ба ҳама гуна ҳуқуқвайронкунӣ ва ногузир будани масъулияти ҳуқуқӣ, ҳамоҳангсозии фаъолияти тамоми субъектҳои тарғиб ва ташвиқи ҳуқуқӣ, ташкил намудани механизми самараноки ҳамкории давлат ва ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар самти баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон мебошад.
Зимнан, бояд гуфт, ки мақомоти назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ҳамчун мақоми ҳифзи ҳуқуқ, ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқӣ ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони мамлакат саҳм мегузорад.
Фирӯз САЙНОЗИМЗОДА,
корманди Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон,
номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ