«Паёми Пешвои миллат – қадами устувор дар ҷодаи рушд»

№3 (3640) 12.01.2017

DSC_0023Таҳти ҳамин унвон 6 январи соли 2017 бо иштироки кормандони Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон семинари омӯзишӣ баргузор шуд.

Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Насиба Содиқова роҷеъ ба муҳтавои Паёми Пешвои миллат суханронӣ карда, мулоҳизаҳояшро чунин иброз дошт:

- Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон (аз 22 декабри соли 2016) омили мусоидаткунандаи рушди ҷомеа буда, рӯйдоди сарнавиштсоз аст ва дар назди аҳли ҷомеа вазифаҳои муҳим мегузорад. Иҷрои саривақтии онҳо рушди устувори кишварро таъмин менамояд.

Тавре аз ин ҳуҷҷати муҳими сарнавиштсоз бармеояд, солҳои Истиқлолияти давлатӣ барои рушди устувори соҳаҳои иқтисодиёту иҷтимоиёт заминаи воқеӣ муҳайё гардид. Ҷумҳурии Тоҷикистон оқибатҳои фалокатбори муноқишаҳои дохилиро пушти сар карда, дар роҳи рушд қадамҳои устувор гузошт. Имрӯзҳо татбиқи ҳадафҳои стратегии миллӣ — таъмини истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва ҳифзи амнияти озуқаворӣ муваффақона амалӣ мешаванд.

Дар натиҷаи татбиқи яке аз онҳо — раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ рафтуомади доимии нақлиёти мусофиркашу боркаш миёни минтақаҳои кишвар ва давлатҳои ҳамсоя таъмин гардид.

Яке аз вазифаҳои асосии Ҳукумат дар солҳои наздик ба таври устувору доимӣ таъмин намудани истеъмолкунандагон бо неруи барқ аст, ки он бо роҳи афзун намудани ҳаҷми истеҳсол, истифодаи сарчашмаҳои алтернативии тавлиди неруи барқ, баланд бардоштани самаранокии идоракунии соҳа ва татбиқи лоиҳаҳои афзалиятноки сармоягузорӣ амалӣ карда мешавад. Ҳоло дар кишвар низоми ягонаи энергетикӣ ба вуҷуд омадааст. Ёдовар бояд шуд, ки солҳои охир 1300 мегаватт иқтидорҳои нав мавриди истифода қарор гирифтанд. Мамлакат аз ҷиҳати истеҳсоли «энергияи сабз», яъне неруи аз ҷиҳати экологӣ тоза, ба қатори шаш кишвари пешсафи сайёра шомил гардид.

Дар Тоҷикистон, ки кишвари аграриву саноатист, соҳаи кишоварзӣ асосан ашёи хом истеҳсол мекунад. Паёми Пешвои миллат ба масъулин вазифа гузошт, ки бо афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот теъдоди корхонаҳои коркардро ҳар чӣ бештар намуда, маҳсулотро дар шакли тайёр ба истеъмолкунандагони дохилӣ ва берунӣ пешкаш намоянд. Соҳаҳои иҷтимоӣ низ давоми солҳои Истиқлолияти давлатӣ рушду нумӯ ёфтанд. Сарфи назар аз ин, баланд бардоштани сатҳу сифати таълим дар ҳама зинаи таҳсил, тақвияти сатҳи азхудкунии фанҳои дақиқ, забонҳои хориҷӣ ва омӯзиши технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ, касбомӯзии шогирдонро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷумлаи масъалаҳои муҳими соҳа арзёбӣ карданд. Бо кадрҳои дорои таҳсилоти олии касбӣ таъмин намудани муассисаҳои таълимии деҳот бошад, ҳалли бетаъхирро тақозо менамояд.

Баланд бардоштани сифати рушди неруи инсонӣ аз вазифаҳои умдаи Ҳукумати ҷумҳурӣ маҳсуб меёбад ва диққати ҷиддӣ додан ба илм, маориф, тандурустӣ, фарҳанг, муҳити зист, шуғл ва ғайра имкон медиҳад, ки сатҳи баланди рушди инсонӣ таъмин гардад.

Насиба Содиқова дар идома роҷеъ ба моҳияти нуктаҳои дигари Паём — миллати солим – таҳкурсии ҷомеаи солим, ҷалби ҷавонон ва бонувон ба ҳаёти сиёсиву ҷамъиятӣ, татбиқи як қатор барномаҳои амалкунандаи мусоидатгари рушд, ривоҷи сайёҳӣ, ҳуқуқи инсон, мубориза бар зидди ҷинояткорӣ ва як қатор масъалаҳои дигар андеша баён кард.

 Абдумаҷид МУРОДОВ, «Садои мардум». Суратгир Неъматулло Алиев