Паёми Пешвои миллат – таҳрикбахши рушди соҳаи сайёҳӣ

№68 (4651) 22.05.2023

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша дар паёмҳояшон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ба соҳаи сайёҳӣ, ки яке аз соҳаҳои муҳим мебошад, таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамоянд.

Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатӣ «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ», ки 23-юми декабри соли 2022 ироа гардид, ба соҳаи сайёҳӣ дахл карда, ёдрас шуданд, ки дар панҷ соли охир беш аз 3,9 миллион нафар, аз ҷумла соли 2022 қариб 1 миллион нафар сайёҳ ба кишвари мо ворид гардидаанд. Дар ин давра барои пешниҳоди хизматрасонӣ ба онҳо беш аз 600 ва танҳо соли 2022-юм сад иншооти инфрасохтори сайёҳӣ мавриди истифода қарор дода шуд.

Инчунин, Сарвари давлат хотиррасон намуданд, ки «Тоҷикистон аз 1-уми январи соли 2022 оид ба ҷалби бештари сайёҳон ва сармоягузорони хориҷӣ барои шаҳрвандони 52 кишвари хориҷӣ иқдоми яктарафаи воридшавии бидуни раводид ҷорӣ намуд ва зарур аст, ки ин раванд ба таври самаранок амалӣ карда шавад. Инчунин, бо ин мақсад барои шаҳрвандони 126 давлати хориҷӣ пешниҳоди раводиди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби содакардашуда ҷорӣ гардидааст».

Дар ҳақиқат ба истифода додани иншооти инфрасохтори сайёҳӣ ва дигар ибтикору тадбирҳои дар соҳаи сайёҳӣ амаликардашуда муҳим ва саривақтӣ буда, дар рушди соҳаи сайёҳии кишвар кумак хоҳанд намуд.

Дар Паём барои таъмин намудани рушди минбаъдаи соҳаи сайёҳӣ Кумитаи рушди сайёҳӣ вазифадор карда шуд, ки корро барои зиёд кардани номгӯи хизмат­расониҳои сайёҳӣ, баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасониҳо дар соҳа, роҳандозии васеи сайёҳии табобатӣ, экологӣ ва кӯҳнавардӣ густариш бахшад.

Илова бар ин, Сарвари давлат оид ба дурнамои инкишофи соҳаи сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикис­тон зикр намуданд: «Бояд ба масъалаҳои самаранок ва бо сифати баланд татбиқ намудани лоиҳаҳои сармоя­гузории соҳа, идома додани бунёди инфрасохтори сайёҳии ба стандартҳои ҷаҳонӣ ҷавобгӯй, баланд бардоштани мавқеи байналмилалии кишвар, ташаккули бренди миллии фарогири имкониятҳои сайёҳӣ ва муаррифии он дар арсаи ҷаҳонӣ, инчунин, таъмини иқтидори кадрии соҳа диққати ҷиддӣ дода шавад».

Умед дорем, ки он дастуру супоришҳое, ки аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон бармеоянд, барои боз ҳам бештар рушд ёфтани соҳаи сайёҳии мамлакат мусоидат менамоянд.

Дилшод АЛИЕВ,

сармутахассиси Раёсати робитаҳои хориҷӣ, байнипарламентӣ, ташрифотӣ ва ташкили кори Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон