Боло бурдани сатҳи зиндагии мардум, дарки моҳияти хештаншиносӣ, дӯст доштани Ватан, эҳё гардидани арзишҳои фарҳангӣ ва миллӣ аз ҳадафҳое мебошанд, ки дар ҳар як Паёми Пешвои миллат мақому ҷойгоҳи калидӣ доранд ва ба масоили ободу зебо гардонидани кишвар, ҳалли масъалаҳои иҷтимоии аҳолӣ, пеш аз ҳама, дар соҳаҳои маорифу тандурустӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, бунёду таҷдиди роҳҳо, рушди деҳоту инфрасохтори сайёҳӣ ва инкишофи ҳунарҳои мардумӣ, баланд бардоштани некуаҳволии мардум ва шукуфоии меҳан нигаронда шудаанд.
Тоҷикистон ҳамчун кишвари рӯ ба инкишоф, бо роҳбарии Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муносибат бо давлатҳои дуру наздикро дар асоси дӯстиву эътимод, ҳусни ҳамҷаворӣ ва ҳамкории судманд таҳким бахшида, муваффақона пеш мебарад. Масалан, яке аз таҳаввулоти таърихие, ки соли 2018 ба вуқӯъ пайваст, барқарорсозии муносибатҳои дӯстӣ ва бародарӣ бо кишвари ҳамҷавор ва дӯст — Ӯзбекистон буд. Дар натиҷаи он, танҳо дар нуҳ моҳи соли гузашта зиёда аз 2,5 миллион нафар шаҳрванди ҳар ду кишвар ба дидори ҳамдигар расиданд. Ҳамкориҳо дар соҳаҳои тиҷорату иқтисод, гуманитарӣ ва ғайра низ бамаротиб афзуда истодаанд.
Рӯйдоди дигари таърихӣ ва фараҳбахш ба истифода супоридани нахустин агрегати Неругоҳи барқи обии «Роғун» буд, ки он рӯзи фаромӯшнашавандаро аҳолии ҷумҳурӣ бо фараҳу шодӣ ҷашн гирифт. Акнун ба истиқлолияти энергетикии кишвар, ки яке аз ҳадафҳои стратегӣ аст, боз ҳам наздиктар шудем.
Саноатикунонии босуръати кишвар ҳадафи чоруми стратегии мамлакат эълон шуд ва то соли 2030 ҳиссаи саноат дар Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба 22 фоиз расонда хоҳад шуд.
Албатта, боиси хушнудист, ки дар буҷети соли ҷорӣ нисбат ба соли гузашта ба соҳаҳои илму маориф – 14 дарсад, суғурта ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ – 9,5, тандурустӣ — 7,2 ва фарҳангу варзиш 17,3 дарсад бештар маблағ равона карда мешавад.
Инчунин, боиси ифтихор аст, ки ҳар сол мақоми занон дар ҷомеа баланд бардошта, барои фаъолияти онҳо имкониятҳои васеъ фароҳам оварда мешавад. Ҷудо намудани квотаҳо барои ҷавондухтарон, пешниҳоди грантҳо ва қарзҳои имтиёзнок барои бонувони соҳибкор аз ҷумлаи дастгириҳои ҳамешагии Ҳукумати кишвар дар ин самт мебошанд.
Ман ҳамчун зан ва модар, аз он мефахрам, ки дар давлати соҳибистиқлол, обод, орому осуда зиндагӣ ва фаъолият менамоям ва ба қадри тавон дар пешрафти он саҳм мегузорам.
Тавре Пешвои миллат дар Паём зикр намуданд: «Мо ба азму ирода ва масъулиятшиносии занон ҳамчун неруи бузурги ҷомеа эътимоди комил дорем. Баробари ин, медонем, ки зан модар аст, яъне ягона мавҷудест, ки инсонро ба дунё меорад ва ба ӯ ҳаёт мебахшад. Ба ин хотир, мо масъул ҳастем, ки ба ин мавҷуди офарандаи инсоният арҷ гузорем, ранҷу машаққат ва заҳмату хизматҳои ӯро қадр намоем».
Ҳамчунин, Пешвои миллат бо таассуф зикр карданд, ки фаъолияти баъзе аз муассисаву корхонаҳо, бахусус, муассисаҳои соҳаи тандурустӣ, маориф беҳбудӣ мехоҳад. Аз ҷумла, Сарвари кишвар вазъи омӯзиши забонҳои хориҷиро дар муассисаҳои соҳаи маориф ғайриқаноатбахш арзёбӣ намуданд.
Сарвари давлат махсус таъкид карданд, ки бо вуҷуди пешравӣ ҳоло низ баъзе камбудиҳо, аз ҷумла, дар масъалаи расонидани кумаки аввалияи тиббӣ, ки аз ҳисоби буҷет маблағгузорӣ мешавад, ба мушоҳида мерасад. Баъзе табибон аз соҳибони шахсони бемору корафтода барои расонидани хизматрасонӣ маблағ ва доруворӣ талаб мекунанд, ки ин хилофи қонунгузорӣ ва муносибатҳои неки инсонист.
Бояд дуруст дарк намуд, ки барои ҳалли муваффақонаи супоришҳои дар Паёми Президенти мамлакат зикршуда якдилӣ ва ташаббусу фидокории ҳар як шаҳрванди кишвар лозим аст, зеро ин ҳуҷҷати сарнавиштсоз танҳо ба беҳсозии зиндагонии халқ нигаронда шудааст.
Майрамбӣ ИВАЗОВА,
муовини мудири шуъбаи назорати Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон