Мувофиқи муқаррароти Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар низоми мақомоти олии ҳокимияти давлатии мамлакат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мавқеи махсус ва ҳалкунанда дорад, зеро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар як вақт Сарвари давлат ва ҳокимияти иҷроия (Ҳукумат) буда, ҳомии Конститутсия ва қонунҳо, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, кафили истиқлолияти миллӣ, ягонагӣ ва тамомияти арзӣ, пойдориву бардавомии давлат, мураттабии фаъолияти мақомоти давлатӣ ва ҳамкории онҳо, риояи шартномаҳои байналмилалии Тоҷикистон мебошад. Аз ин лиҳоз, самтҳои фаъолияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон васеъ буда, ҳама бахшро фаро мегирад. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аксар салоҳиятро тавассути санадҳои ҳуқуқӣ амалӣ менамоянд.
Мувофиқи моддаи 22 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ», Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси Конститутсияи кишвар ва дигар санадҳои қонунгузории мамлакат дар доираи салоҳият фармон мебарорад ва амр медиҳад.
Санади меъёрии ҳуқуқии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шакли фармон бароварда мешавад.
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯйи хусусият ба ду гурӯҳ ҷудо мешаванд: меъёрии ҳуқуқӣ ва ғайри меъёрии ҳуқуқӣ. Гурӯҳи якум дар низоми санадҳои меъёрии ҳуқуқии мамлакат мавқеи махсусро ишғол менамояд. Он санади меъёрии ҳуқуқие мебошад, ки хусусияти умумиҳатмӣ дорад, меъёрҳои ҳуқуқиро муқаррар мекунад ва муносибатҳои муҳими ҷамъиятиро ба танзим медарорад. Фармони меъёрии ҳуқуқидоштаи Президент аз рӯйи қувваи ҳуқуқӣ ба санади зерқонунӣ мутааллиқ буда, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон эътибори ҳатмӣ дорад. Масалан, фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 августи соли 2012, таҳти №1313 «Дар бораи тадбирҳои тақвият бахшидани сатҳи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва зиёд намудани маоши амалкунандаи вазифавии кормандони муассисаҳо, ташкилотҳои соҳаи иҷтимоӣ, андозаи нафақа ва стипендия» ва аз 6-уми феврали соли 2018, таҳти №1005 «Дар бораи Консепсияи сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2028» аз ҳамин қабиланд.
Дар асоси қонунгузории мамлакат, санадҳои меъёрии ҳуқуқии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 10 рӯзи пас аз имзо шудан (ба ғайр аз санадҳо ва ё муқаррароти алоҳидаи онҳо, ки дорои маълумоти сирри давлатӣ ва маълумоти дигари бо қонун ҳифзшаванда мебошанд,) баъди интишори расмӣ эътибори ҳуқуқӣ пайдо мекунанд.
Тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ (аз 30 майи соли 2017, № 1414) сарчашмаи расмии интишори санадҳои меъёрии ҳуқуқии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзномаҳои «Ҷумҳурият» ва «Садои мардум», инчунин Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷмӯи қонунҳои ҷумҳурии Тоҷикистон, Феҳристи ягонаи давлатии санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб мераванд.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ, мақомоти назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки миллии Тоҷикистон, Маҷлисҳои вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, раисони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва шаҳри Душанбе, Маҷлисҳои вакилони халқи шаҳру ноҳия ва раисони шаҳру ноҳия, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот дар асоси фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои иҷро дар доираи салоҳият санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ қабул менамоянд.
Дар баробари фармонҳои хусусияти меъёрии ҳуқуқидошта, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин фармонҳое қабул менамояд, ки онҳо ғайри меъёрии ҳуқуқӣ мебошанд. Моҳият ва хусусияти фарқкунандаи ин навъи фармонҳо дар он аст, ки онҳо қоидаҳои нави рафторро муқаррар намекунанд ва хусусияти фардӣ доранд. Ба ин гурӯҳи фармонҳои Президент ба вазифа таъин намудан ва аз вазифа озод кардан, мукофотонидани шаҳрвандон бо мукофотҳои давлатӣ, нишону медалҳо, унвонҳои фахрӣ, ба шаҳрвандӣ қабул кардан ва аз шаҳрвандӣ маҳрум намудан, паноҳгоҳи сиёсӣ додан, бахшиши ҷазо ва монанди онҳо шомил мешаванд.
Ҳамчунин, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи салоҳияташ санади ғайри меъёрии ҳуқуқиро дар шакли амр қабул мекунад, ки иҷрои он низ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳатмӣ мебошад. Амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, чун қоида, хусусияти инфиродӣ ва ба муносибатҳои мушаххас ва шахсони муайян тааллуқ доранд. Амрҳои Президент қарорҳоеанд, ки барои ҳалли масъалаҳои хусусияти таъҷилӣ ва ташкилидошта, масъалаҳои кадрию кории ба Дастгоҳи иҷроияи Президент тааллуқдошта бароварда мешаванд. Аз ин рӯ, амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади амалӣ гардонидани таъмини вазифаҳои идоракунии таъҷилӣ бароварда шуда, дорои хусусияти иҷроиявию амрдиҳӣ мебошанд ва ба санадҳои ғайри меъёрии ҳуқуқӣ тааллуқ доранд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои дигар салоҳиятҳое низ мебошад, ки Конститутсия муқаррар намудааст. «Салоҳиятҳое, ки Конститутсия ба Президент додааст, имконият медиҳад, ки ӯ дар раванди ҳаёти сиёсию иқтисодии кишвар таъсири ҷиддӣ расонад. Аз ин рӯ, дар ҳама давру замон Президент кафили боэътимоди пойдории сохти конститутсионӣ ба шумор меравад» (Ватанзода М. «Президент – ҳомии Конститутсия ва қонунҳо». «Садои мардум». №134-136, 16. 11. 2017).
Барои амалӣ намудани салоҳият Президент дорои санадҳои президентии зиёд мебошад, ки табиати ҳуқуқии онҳо дар қонун муқаррар нагардидааст. Ба ғайр аз фармонҳо ва амрҳо, санадҳои меъёрӣ ва ғайримеъёрии зиёде дар салоҳияти Президент мавҷуданд, ки хусусияти ҳуқуқтатбиқнамоӣ доранд. Онҳо бо роҳҳо ва шаклҳои гуногун ифода мешаванд ва дорои номҳои намунавии расмӣ мебошанд. Ин гуна санадҳо барои ноил шудан ба оқибатҳои муайяни ҳуқуқӣ ва натиҷаи онҳо ба ҳалли масъалаҳои мушаххаси ҳуқуқӣ равона шудаанд.
Яке аз санадҳои муҳим ва асосии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мебошад, зеро он фарогири масъалаҳои вобаста ба рушду нумӯи илму маориф, иқтисодиёт, иҷтимоиёт, ҳуқуқ, ташаккул ва рушди қонунгузорӣ, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, дар маҷмӯъ, масъалаҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷии давлат мебошад.
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии кишвар ҳамчун падидаи нав ҳамқадами Парламенти касбии Тоҷикистон мебошад ва он дар натиҷаи ислоҳоти конститутсионии соли 1999 ва ворид намудани тағйиру иловаҳо ба моддаҳои 69 ва 55-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо тариқи раъйпурсии умумихалқӣ (аз 26 сентябри соли 1999) қабул гардид, рӯйи кор омад.
Дар асоси сархати якуми моддаи 69 ва қисми сеюми моддаи 55-и Конститутсияи мамлакат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Паём «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» дар ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баромад менамояд. Ҷиҳати амалӣ намудани меъёрҳои конститутсионии мазкур бори нахуст 27-уми апрели соли 2000 дар шаҳри Душанбе Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Паём «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» дар ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баромад карданд. Дар он Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҷеъ ба вазъи ҳаёти сиёсии ҷомеа, масъалаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ, тартиботи ҳуқуқӣ ва мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, сиёсати хориҷӣ, дар маҷмӯъ ҳадафҳои стратегӣ ва пешомади чанд соли наздики кишвар, назари худро баён намуданд.
Имрӯз, дар маҷмӯъ мақому манзалат ва нуфузу эътибори институти Паёми Президент ба мақоми олии қонунбарор дар дигар мамлакатҳои ҷаҳон низ боло меравад. Аз ҷумла, дар таърихи сиёсии давлати ба мо дӯсту ҳамсоя – Ӯзбекистон Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев бори нахуст бо Паём дар назди Парламенти миллии Ӯзбекистон баромад намуд. Ӯ 22-юми декабри соли 2017 зимни ироаи Паём махсус зикр кард: «Имрӯз ҳамаи мо иштирокчии воқеаи муҳими сиёсӣ дар ҳаёти давлатамон мебошем. Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон бори аввал бо Паём ба Парламенти мамлакат – Олий Маҷлис баромад мекунад». Ҳатто Президенти давлати аз ҷиҳати сиёсӣ ва иқтисодӣ пешрафтаи Франсия то соли 2008 ҳуқуқи мустақилона муроҷиат кардан бо Паём ба Парламентро надошт ва он танҳо ба таври хаттӣ пешниҳод карда мешуд. Баъди ворид гардидани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Франсия, дар давраи президентии Никола Саркози, ба Сарвари давлат ҳуқуқи баромад кардан дар назди вакилони Парламенти мамлакат дода шуд. Худи Саркози аз ин ҳуқуқ соли 2009 ҳангоми сар задани буҳрони иқтисодии ҷаҳонӣ истифода бурд. Президенти Ҷумҳурии Франсия Франсуа Олланд ҳар ду палатаи Парламенти Франсияро баъди акти террористие, ки 13-уми ноябри соли 2015 содир гардид, дар шаҳри Версал ҷамъ овард.
Президенти 25-уми Франсия Эммануел Макрон 3-юми июли соли 2017 аввалин бор бо Паём дар назди ҳар ду палатаи Парламент дар шаҳри Версал баромад намуд ва хостори он шуд, ки ҳар сол дар назди Парламент баромад кунад. Дар робита ба ин, Эммануел Макрон дар китобаш бо номи «Инқилоб» қайд менамояд, ки мехоҳад институти президентиро дар давлати Франсия «бо ҳамаи бузургиаш» барқарор созад.
Дар хусуси Паёми Президент ба Парламент мақолаву асарҳои зиёди илмиву оммавии ҳуқуқшиносон, сиёсатшиносон, таърихшиносони ватанию хориҷӣ ва дигар мутахассисон ба нашр расидаанд, ки самтҳои гуногуни табиати сиёсӣ ва ҳуқуқии онро инъикос намудаанд. Ҳамчунин, дар байни олимони ҳуқуқшинос ва мутахассисон роҷеъ ба табиати ҳуқуқӣ ва оид ба он, ки оё Паёми Президент ба Парламент ба сифати санади ҳуқуқии Президент баромад менамояд ё не, андешаҳо мухталифанд. Дар робита ба ин академик Фозил Тоҳиров зикр менамояд, ки Паёми Президент «хусусияти ҳатмӣ-ҳуқуқӣ» дорад.
Дар тақвияти андешаи академик Фозил Тоҳиров зикр кардан бамаврид аст, ки иҷрои дастуру супоришҳо ва талаботе, ки аз Паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии кишвар бармеоянд, барои мақомоти давлатӣ, худидоракунии шаҳрак ва деҳот, шахсони мансабдор, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ҳатмӣ мебошад, чунки дастуру супоришҳо ва талаботе, ки аз Паём бармеоянд, баҳри танзими муносибатҳои ҷамъиятӣ, рушди соҳаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, ҳуқуқӣ, фарҳангӣ ва ғайра равона мегарданд.
Профессор А. Диноршоев қайд мекунад, ки Паёми Президент санади конститутсионие мебошад, ки «барои мақомоти ҳокимияти давлатӣ хусусияти ҳатмӣ дорад». Ба андешаи Б. Гадоев низ: «Паёми Президент ба Маҷлиси Олӣ санади конститутсионӣ-ҳуқуқӣ мебошад».
Олими рус Э. Кочетов Паёми Президент ба Парламентро аз қонун боло медонад ва зикр менамояд, ки «Паём санади конститутсиониест, ки эътибори олии ҳуқуқӣ дорад ва аҳамияти он аз қонун боло меистад». Дар робита бо ин, Г. Грищенко мувофиқи мақсад мешуморад, ки оид ба Паёми Президент қонуни махсус қабул ва вазъи ҳуқуқии он муқаррар карда шавад.
О. Сериков бошад, менигорад, ки Паёми Президент ба Парламент ҳамчун сарчашмаи ҳуқуқ амал менамояд. Ӯ зикр мекунад, ки «Паёми Президентро танҳо ба Конститутсия муқоиса кардан мумкин аст».
Бояд зикр намуд, ки имрӯзҳо дар асоси Паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии кишвар баҳри танзими муносибатҳои ҷамъиятӣ санадҳои меъёрии ҳуқуқии зиёд қабул карда мешаванд. Аз ҷумла, бо мақсади иҷрои талаботи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» (аз 22-юми декабри соли 2017) қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мораторий ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ», «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2018», «Оид ба ворид намудани тағйир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва ғайра қабул ва мавриди амал қарор дода шуданд. Аз ин рӯ, Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии мамлакат сарчашмаи муҳими санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, дар рушду нумӯи қонунгузории кишвар нақши махсус дорад.
Ҳамин тавр, Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҳамчун падидаи неку муҳими давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёд, инчунин санади ҳуқуқии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон арзёбӣ мегардад.
Фирӯз САЙНОЗИМЗОДА, мушовири калони Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон