Ҳамовозӣ ба Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Паёми Президент — таҳрикбахши тарбия дар рӯҳияи ватандӯстӣ

№54 (4637) 18.04.2023

Максудали УмарализодаДар ҷаҳони муосир, бинобар авҷ гирифтани рақобатҳои геополитикӣ, равандҳое ба вуҷуд омадаанд, ки бо роҳандозии он зиндагии орому осудаи аҳолии сайёра ба чолиш кашида мешавад.

Шоҳидем, ки дар 20 соли охир бартариҷӯӣ ва манфиатхоҳии кишварҳои абарқуд­рат якчанд кишвари африкоиву осиёиро ба чӣ ҳол овард. Пас аз инқилобҳои пай дар пай дар кишварҳои араб, аланга задани оташи ҷангҳои гуногун ва ноором шудани вазъи Ироқу Сурия ва дигар кишварҳо замина фароҳам шуд, ки гурӯҳҳои гуногуни террористӣ ба вуҷуд омада, ба сулҳу оромӣ хатар эҷод кунанд. Аз ҷумла, гурӯҳи террористии давлати исломӣ, ки дар Ироқу Сурия ба вуҷуд омадаву як муддат қисмате аз ин ду кишвари мустақилро зери назар дошт, гувоҳ аст. Мутаассифона, дар низоъҳо аз кишвари мо низ ҷавонони гумроҳшуда иштирок карда, бар зидди ҳукумати қонунии давлатҳои зикршуда ҷангиданд. Чунин ҷавонон шояд дар оилаҳои носолим ба воя расида, тарбияи дуруст нагирифта бошанд. Ғайр аз ин, асри XXI — ро рушди бо­суръати илму техникаву асри иттилоот мегӯянд. Инқилоби техникии асри мо аз як ҷиҳат, агар мушкилоти зиёди мардумро бартараф карда бошад, аз ҷониби дигар, ҷомеаи ҷаҳониро ба хатарҳои зиёд рӯ ба рӯ намуд. Аз ин ҷост, ки дар илми ҳуқуқ мафҳумҳои нав, аз қабили киберҷиноят, ҷиноятҳои бо истифода аз интернет содиршуда ва ғайра пайдо шуд. Имконоти васеи технологиву иттилоотӣ аксар вақт аз ҷониби гурӯҳҳои ҷиноятӣ суи­истифода шуда, ҷавонони зиёд бо истифода аз он ба доми фиреб меафтанд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба ин масъала дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр карданд: «Имрӯзҳо гурӯҳҳои террористиву эктремистӣ барои даъват ва ҷалб намудани шаҳрвандон ба сафҳои худ бо истифода аз технологияҳои муосири иттилоотӣ роҳу усулҳои навро истифода карда, ҷавонони камтаҷрибаву ноогоҳро бо ғояҳои тундгароӣ гумроҳ месозанд».

Бо зикри ин нукта Пешвои миллат ба мақомоти дахлдор дастур доданд, ки ҳамо­ҳангсозии фаъолиятро дар самти ошкор ва пешгирӣ намудани хавфу хатарҳои террористиву экстремистӣ вусъат бахшида, бо тақвияти корҳои фаҳмондадиҳӣ пеши роҳи гароидани ҷавононро ба равияҳои ифротгаро гирифта, онҳоро дар рӯҳияи садоқат ба халқу Ватан ва эҳтиром ба арзишҳои умумиинсонӣ тарбия намоянд.

Роҳбари давлат таъкид карданд: «…барои пешгирӣ намудани ҷиноятҳои хусусияти экстремистиву террористидошта ва ҷиноятҳое, ки бо истифодаи технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ содир карда мешаванд, зарур аст, ки Маркази ягонаи иттилоотӣ таъсис дода шавад».

Ҳамчунин, Роҳбари давлат бори дигар аз неруи созандаи Ватан будани ҷавонони Тоҷикис­тон ёдовар шуда, чунин гуфтанд: «Мо бо ҷавонони кишвари худ ифтихор дорем, зеро онҳо дар рушди давлат ва ободии Ватан фаъолона саҳм мегузоранд, марзу буми сарзамини аҷдодиро ҳимоя мекунанд, ватандӯсту ватанпараст, бонангу номусанд ва ба халқу давлати Тоҷикистон содиқ мебошанд.

Маҳз ҷавононанд, ки дар оммавигардонии варзиш нақши асосӣ дошта, ба шарафи пирӯзиҳои онҳо Парчами давлатии Тоҷикис­тони маҳбуби мо дар гӯшаҳои гуногуни дунё парафшонӣ мекунад».

Президенти мамлакат дастгириву ғамхорӣ, ҳаллу фасли мушкилоти ҳаёти ҷавононро таъкид намуда, зикр карданд, ки «истифодаи дурусту оқилона аз ин захираи стратегии миллӣ ба хотири ободиву пешрафти Ватан ва таъмини амнияту суботи ҷомеа аз ҷумлаи масъалаҳои муҳимтарине мебошанд, ки таҳти таваҷҷуҳи хосаи Ҳукумати мамлакат қарор доранд, зеро Тоҷикистон худ кишвари ҷавонон аст».

Бояд зикр кард, ки бо дас­туру супориш ва роҳнамоиҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон соли гузашта Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам ­Рустами ­Эмомалӣ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон» — ро таҳия намуданд, ки пас аз қабул аз ҷониби Маҷлиси намояндагон, ҷонибдорӣ аз тарафи Маҷлиси миллӣ ва имзо намудани Президенти кишвар мавриди амал қарор гирифт.

Қонун аз 5 боб ва 21 модда иборат буда, дар муқаддима чунин муқаррар шудааст: «Қонуни мазкур ҳадаф, принсипҳо ва самтҳои тарбияи ватандӯстӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, асосҳои ҳуқуқӣ ва ташкилии онро муқаррар карда, муносибатҳои вобаста ба ташкили заминаҳои ҳуқуқӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ, ташкилӣ, таъмин ва танзими фаъолиятро дар соҳаи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон муайян менамояд».

Бояд гуфт, ки қонуни мазкур таҷрибаи нав буда, қабули онро коршиносон ва ­ҷомеаи Тоҷикис­тон хуб пазируфтанд. Он яке аз муҳимтарин санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ аст, ки тартиби тарбияи ватандӯстии шаҳрвандонро танзим мекунад. Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз қабули «Барномаи миллии рушди ­иҷтимоии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022 — 2026» ва «Барномаи давлатии тарбияи ватандӯстӣ ва таҳкими ҳувияти миллии ҷавонони Тоҷикистон барои солҳои 2023 — 2027» ёдовар шуда, Кумитаи ҷавонон ва варзишро якҷо бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо барои қабули барномаҳои маҳаллии кор бо ҷавонон муваззаф намуданд.

Нуқтаи дигаре, ки дар Паём зикр шуд, хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар буд. Роҳбари давлат хизмати онро барои ҷавонон «мактаби ҷавонмардӣ» арзёбӣ карда, дар рӯҳияи ватандӯстиву ватанпарварӣ, худшиносиву худогоҳӣ тарбия намудани хизматчиёни ҳарбӣ ва барои онҳо муҳайё намудани шароити хуби хизмат, инчунин риояи талаботи оинномаҳои ҳарбиро муҳимтарин самти сиёсати мудофиавии кишвар гуфтанд.

Ҳар яки моро мебояд барои дар рӯҳияи худшиносиву худогоҳӣ тарбия намудани ҷавонони кишвар саҳм гузошта, бо ин роҳ дар рушди бомароми Ватани маҳбубамон — Тоҷикис­тони соҳиб­истиқлол саҳм гузорем. Ба гуфти Роҳбари давлат: «Ҳар яки мо бояд минбаъд низ мафҳумҳои «ватандӯстӣ» ва «рушд»-ро шиори кору фаъолияти ҳаррӯзаи худ қарор диҳем».

Мақсудалӣ УМАРАЛИЗОДА,

узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон