Дар ҳоле ки зиндагӣ бо ҳама буду набуд ва бурду бохташ дар маҷрои худ равона аст, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаи навбатии иқтисодӣ-иҷтимоии барои давраи миёнамуҳлат пешбинишударо дар шакли Паём ба қазовати мардум ва амалкарди Ҳукумати ҷумҳурӣ ироа намуд.
Паём алорағми тахмингӯйиҳои ҳангомаҷӯёни дохилию хориҷӣ, аз паёмҳои солҳои қаблӣ фарқ мекунад. Тафовут дар он аст, ки он пурра бо вазъи имрӯзаи сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии ҷумҳурӣ мувофиқат дорад. Паём барномаест, ки роҳҳои мушаххаси рушди кишварро дар шароити фишору халалэҷодкунии давлатҳои манфиатдор ба пешрафти иқтисодии Тоҷикистон ва мусоидати баъзе нерую ҳаракатҳои дохилӣ ба онҳо муайян кардааст. Тибқи он таваҷҷуҳи асосӣ барои минбаъд дар сатҳи устувор нигоҳ доштани рушди иқтисодиёти кишвар ва пешгирӣ намудани таъсири омилҳои манфии иқтисоди ҷаҳонӣ ба он, пешбурди сиёсати бомароми молиявӣ бо истифодаи имкониятҳое, ки ба шарофати пайвастани Тоҷикистон ба Созмони Умумиҷаҳонии Савдо ва дар натиҷаи ворид шудан ба низоми байналмилалии тиҷорат муҳайё мегарданд, зоҳир карда мешавад.
«Мо ба ҳеҷ ваҷҳ соҳибистиқлолӣ ва озодии давлатамонро ба ҳеҷ чиз иваз намекунем!»
Эмомалӣ РАҲМОН (Аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон. 26 апрели соли 2013)
Пӯшида нест, ки Давлату Ҳукумат пешрафти илму маорифро асос ва пойдевори рушду инкишофи тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа медонанд. Таваҷҷуҳи хосро метавон дар дилсӯзию ғамхориҳои Президенти ҷумҳурӣ ба кормандони соҳаи мазкур мушоҳида намуд. Дар зарфи даҳ соли охир дар мамлакат беш аз 1000 мактаби ҷавобгӯ ба талаботи меъёрҳои замони муосир бунёд гардид. Соли ҷорӣ маблағгузории соҳаи маориф дар ҳаҷми ду миллиарду 131 миллион сомонӣ пешбинӣ гардидааст, ки ин рақам дар муқоиса бо соли 2000-ум 57 баробар зиёд аст. Танҳо соли 2012 аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳо 248 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ бо 44 ҳазор ҷойи нишаст ба маблағи умумии 320 миллион сомонӣ ба истифода дода шуд.
С арвари ҷумҳурӣ бидуни шакку шубҳа ҷойгоҳи илму маориф, фарҳанг ва мақоми китобро ҳамчун сарчашмаи дониш нисбати дигар соҳаҳои ҳаёти ҷомеа боло мегузорад. Эъмори Китобхонаи миллӣ, ки бо шукӯҳу шаҳомати худ ягона аст ва дар ихтиёри ташнагони илму адаб, яъне аҳли зиё вогузоштани он собитгари ишораи болост. Бо ин амали хайрхоҳонаи Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон суннати китобдӯстию тамаддунпарвари миллати куҳанбунёди мо идомаи тоза пайдо кард.
Табиист, ки ин рақамҳо вобаста ба пешрафти иҷтимоии ҷомеа дар қиёс бо кишварҳои рушдкардаи ҷаҳонӣ чашмрас нестанд, вале панди бузургон аст, ки «пойро мувофиқ бо кӯрпа мебояд дароз кард». Имкониятҳои иқтисодии имрӯзаи ҷумҳурӣ дар он сатҳе қарор доранд, ки худамон дида истодаем ва, хушбахтона, ин сатҳ рӯ ба беҳбудӣ дорад. Чун ҳаракат ҷониби инкишоф аст, дар солҳои наздик мо ба қуллаи мурод, то ба сатҳи шоиста ва шароити мусоиди иҷтимоӣ бардоштани дараҷаи зиндагии ҳар шаҳрванд хоҳем расид.
Дар Паём инчунин таваҷҷуҳи асосӣ ба ҳифзи иҷтимоии ятимону бепарасторон ва маъюбону камбизоатон нигаронида шудааст. Зикр гардид, ки агар дар соли 2006 кӯмакҳои гуногун аз буҷети давлатӣ ба ин қишри ҷомеа 85 миллион сомониро ташкил дода бошад, ин рақам дар соли ҷорӣ ба 170 миллион расид. Яъне, дар ҳафт соли охир ин нишондиҳанда ду маротиба афзуд. Дар баробари ғамхориҳои гуногун барои кӯдаконе, ки аз саробон маҳрум шуда, дар таъминоти пурраи давлат мебошанд, ба андозаи 100 фоизи ҳадди ақалли музди меҳнат, яъне 105 сомонӣ нафақаи моҳона муқаррар карда шуд. Аз ҷониби Президент даъват гардид, ки шаҳрвандони ҷумҳурӣ кӯдакони бесаробонро ба фарзандӣ қабул кунанд, то ин гурӯҳ навозиши гарми падару модарро дар шароити хона эҳсос намоянд.
Бале, ин ғамхориҳо собит месозанд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳақиқатан давлати иҷтимоӣ мебошад, вале ҳар як шаҳрванди кишвар бояд дарк кунад, ки Ҳукумат бе дастгирии худи ҷомеа, хусусан аҳли зиё, дар роҳи пиёда намудани ислоҳоти иқтисодию иҷтимоӣ дучори мушкилот хоҳад шуд. Бар асари рӯз то рӯз ҷанбаи мураккабтар касб кардани сиёсати абарқудратҳо, дар роҳи пиёда намудани ниятҳои геополитикиашон, арзишҳои неку бад ончунон бо ҳам махлут шудаанд, ки давлатҳои кӯчактар дар ин домҳои фиребу найранги печида, асолату ҳувияти миллии худро фаромӯш намуда, теша бар решаи истиқлолияту озодиҳои худ зада истодаанд. Яке аз рукнҳои ин бозиҳои нави сиёсӣ маҳз заиф намудани мавқеи афроди худогоҳу худшинос ва ба ҷойи онҳо минбарнишин намудани тӯдаҳои аз сиёсати бузург дур мебошад. Ҳамин омил заминаи мусоидро баҳри пайдоиши қувваҳои тахрибкор, таблиғу густариши ғояҳои тундгаройӣ, хатарҳои экстремизму терроризм ва падидаҳои дигари номатлуб, заъфи маърифату маънавиёт дар ҷомеа фароҳам сохтааст. Маҳз ҳамин бозиҳоро ба инобат гирифта, Президенти ҷумҳурӣ бо як дарди ниҳонӣ, вале қотеъона чунин изҳор кард: «Мо ба ҳеҷ ваҷҳ соҳибистиқлолӣ ва озодии давлатамонро ба ҳеҷ чиз иваз намекунем!».
Мутаассифона, ҷумҳурии мо низ аз таъсири ин сиёсати ғайр дар канор намондааст ва бояд иқрор шуд, ки зиёии имрӯзаи тоҷик ҷойгоҳи худро дар ҷомеа таслими дигарон кардааст. Рӯҳонии имрӯзаи мо микрофон дар даст динро аз минбару меҳроби масҷид, аз ҷойгоҳи аслии тоату ибодат, насиҳату даъват ба сабру таҳаммул ба саҳнаи сиёсат кашидаю шиорпартойӣ дорад. Шоиру нависанда, олиму муаллим, профессору академики мо хомӯш бар ҳарфи ӯ, ки аз манфиати бегонагон маншаъ мегирад, гӯш мекунад. Устоди донишгоҳ аз он ки қадру манзалати суханаш дар назди донишҷӯ баробар бо як ҳарфи ҳамон мулло нест, хиҷолат намекашад.
Имрӯз пешқадамтарин зиёии ҷомеаи мо – рӯзноманигори мустақил, ки шахсияти комил ва аз тамоми паҳлуҳои ҳаёти ҷомеа бохабар аст, худ бехабар саҳифаи аввали рӯзномаю ҳафтаномаашро варақаи таблиғотии ҳамон мулло кардааст. Ин ҳама дар ҳамон сухани дардолуде, ки аз забони Президенти ҷумҳурӣ садо дод, эҳсос мегардид: «Ба умеди бегонагон нашавед!».
Гумон мекунам вақти он расидааст, ки зиёиёни кишвар ба иҷрои масъулияти нонавишта, вале бар дӯшашон таърихан гузошташуда, яъне нурбахшу ҳидоятгари роҳи имрӯзу фардои миллат, баргарданд. Танҳо эшон ҳастанд, ки арзишҳои аслии фитрӣ – маънавиёт ва фарҳангу маърифат, худшиносию худогоҳӣ, манфиатҳои миллиро дарк мекунанд ва танҳо бо кӯмаки онҳо метавон ба рушди ҳақиқии илму маориф, технология ва кашфиёти навтарини техникӣ, ки кафили бунёдкорӣ ва созандагии ҳар як ҷомеа мебошанд, расид ва ҳамқадам бо ҷомеаи ҷаҳонӣ пеш рафт. Вақти он расидааст, ки онҳо ба иҷрои рисолати шаҳрвандии худ, чуноне дар Паёми Президенти ҷумҳурӣ омадааст, инсонсозӣ ва гароиш додани ҷомеа сӯйи маънавиёти аслӣ, баргарданд.
Табиист, ки интиқодгарони Паёми навбатӣ боз ҳам пайдо хоҳанд шуд. Инҳо гурӯҳеанд, ки ҳамеша «гоҳ дар наъл мезананду гоҳ дар мех». Гоҳҳо аз набудани барномаи давлатии иқтисодӣ-иҷтимоӣ шиква мекунанд, чун аз ҷониби Сарвари давлат чунин барнома ироа шуд, ба «навохтан»-и мусиқии дигар мепардозанд. Аз ин чӣ бок? Ҳузури чунинҳо ҳам дар ҷомеа аз манфиат шояд холӣ набошад. Кӣ медонад, эҳтимол аз онҳо низ рӯзе ҳарфи муфид бурун ояд?
Аз ҳама асосаш бояд мо — ҳамагон дарк кунем, ки татбиқи ҳар барнома аз худи мардум вобаста аст. Аз якдилию тифоқиамон. Мо бояд дарк кунем, ки танҳо худамон, ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ якҷоя метавонем ҳаёти ободу озоди худро ташкилу таъмин намоем. Дигар ҳеҷ касе аз берун бароямон Ватани ободу гулгулшукуфонро бино нахоҳад кард. Ҳар иқдоме ки бо чунин ваъдаю шиор аз берун ҷониби мо майл мекунад, пушташ танҳо харобии мо ниҳон асту манфиати бегонагон. Таҷрибаи таърихӣ на як бору ду бор ин ҳақиқатро собит кардааст.
Пас, агар чунин аст, биёед, тамоми фарзандони ҳақиқии миллат дасти ҳам гирифтаву дар ҳошияи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар роҳи амалӣ намудани ин барномаи мукаммали иқтисодию иҷтимоӣ, бо нияти расидан ба фардои дурахшони кишвар, зиндагии босаодати ҳар як ҳамватан қадам ба сӯйи пеш ниҳем.
Икромиддини ҚАНОАТ