21 -уми марти соли 2025 ш. Душанбе
0Ҳамватанони азиз!
Сокинони фарҳангдӯсти пойтахт!
Дар ин рӯзҳои зебои баҳорӣ ҳамаи мардуми шарифи Тоҷикистон ва кулли ҳамватанони бурунмарзиамонро бо фарорасии Наврӯзи оламафрӯз самимона табрик менамоям.
Наврӯз бузургтарин ва куҳантарин ойини ниёгони соҳибфарҳанги мо буда, дар давоми беш аз шаш ҳазор сол ҳамчун рамзи оғози сол, айёми баробаршавии шабу рӯз ва эҳёи табиат ҷашн гирифта мешавад.
Расму ойинҳои наврӯзӣ дар худ падидаҳои волои инсондӯстию покизасириштиро таҷассум менамояд, ки барои шинохти ҳуввияти миллӣ ва ташаккули фарҳанги ахлоқии ҷомеаи башарӣ мусоидат мекунад.
Дар рӯзҳои наврӯзӣ мардуми мо анъанаҳои неки инсондӯстиро аз қабили аёдати ятимону маъюбон, падару модарон ва хайру саховат ба шахсони ниёзмандро анҷом медиҳанд.
Барои мо тоҷикон ва дигар мардумони ҳавзаи наврӯз боиси ифтихори бузург аст, ки ин ҷашни бостонӣ ба Рӯйхати мероси ғайримоддии фарҳанги ҷаҳонӣ шомил гардида, аз соли 2010 инҷониб ҳамчун иди байналмилалӣ дар ҳамаи кишварҳои дунё ҷашн гирифта мешавад.
Ҷаҳонӣ гардидани Наврӯз моро водор месозад, ки суннатҳои ахлоқиву маънавӣ ва хусусиятҳои пурарзиши ин ҷашни бузурги миллиро, ки хоси мардуми тоҷик аст, бештар риоя ва ҳифз карда, ба ҷаҳониён ба таври шоиста муаррифӣ намоем.
Бори дигар фарорасии Соли нави аҷдодӣ – Наврӯзи байналмилалиро ба тамоми сокинони кишвар, кулли тоҷикону форсизабонони ҷаҳон ва мардумони ҳавзаи тамаддуни Наврӯзӣ самимона табрик гуфта, орзуи онро дорам, ки сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистони соҳибистиқлоламон ҷовидон бошад.
Ҷашни фархундаи Наврӯзи байналмилалӣ муборак бошад, ҳамватанони азиз!