Паёми шодбошии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба муносибати Cоли нави мелодии 2025

№№1 (4897) 02.01.2025

photo_2024-12-31_14-25-151-уми январи соли 2025

Ҳамватанони азиз!

Сокинони муҳтарами пойтахт!

Ҳамаи шумо — мардуми сарбаланди мамлакат ва ҳамватанони бурунмарзиамонро ба муносибати фарорасии Соли нави мелодии 2025 таҳният гуфта, ба хонадони ҳар яки шумо саломатӣ, бахту иқболи нек ва пешравию ободӣ таманно менамоям.

Соли 2024 бо вуҷуди мураккабу ҳассос боқӣ мондани вазъи сиёсии ҷаҳон ва таъсири манфии омилҳои беруна, мо бо такя ба сиёсати оқилонаю дурбинонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва азму талоши қавии мардуми кишвар дар амалисозии сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ ба як қатор дастовардҳои назаррас ноил шудем.

Боиси қаноатмандист, ки соли 2024 дар саросари мамлакат, аз ҷумла дар пойтахти азизамон шаҳри Душанбе, корҳои созандагию бунёдкорӣ вусъати тоза касб намуда, дар натиҷаи меҳнати софдилонаи сокинони сарбаланд садҳо иншооти муҳими истеҳсоливу иҷтимоӣ ва маишиву хизматрасонӣ бунёд гардиданд, ки боиси рушди устувори иқтисоди миллӣ ва беҳтар намудани шароити зисти мардум гардид.

Итминони комил дорам, ки мардуми ватандӯсту созандаи тоҷик дар соли нави 2025 низ ба хотири ояндаи дурахшону ободи кишвари маҳбубамон дучанд заҳмат кашида, бо ташаббусҳои созандаи хеш дар пешрафту шукуфоии диёрамон саҳмгузор мешаванд.

Бо ҳамин нияту орзуҳои нек бори дигар ҳамаи сокинони ҳимматбаланду қавииродаи кишварамонро бо фарорасии Соли нави мелодии 2025 сидқан табрик гуфта, ба Тоҷикистони биҳиштосоямон сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ояндаи дурахшон орзумандам.

Соли нави мелодӣ муборак бошад, ҳамватанони азиз!