шаҳри Душанбе, 15 июни соли 2024
Ҳамватанони азиз!
Сокинони Душанбешаҳр!
Мову Шумо дар арафаи таҷлили иди саиди Қурбон, ки яке аз суннатҳои мубораки дини мубини ислом ба ҳисоб меравад, қарор дорем.
Дар робита ба ин тамоми сокинони шарафманди кишвари соҳибистистиқлоламонро сидқан табрику таҳният мегӯям.
Муҳимтарини анъанаи неки ин иди муқаддас тарғиби андешаҳои наҷиби сулҳу дӯстӣ ва инсонпарварӣ, таҷассуми иттиҳоду ҳамбастагии мусулмонон тавассути кумак ба ҳамдигар ва гирифтани дасти эҳтиёҷмандону ятимон ва барҷомондагон аст.
Дар ин хусус аҷдодони бузурги мо низ дар таълимоти ахлоқиашон ишораҳо кардаанд ва маънии дину дунёро дар накӯкорӣ ва саховату покназарӣ дидаанд.
Боварӣ дорем, ки мардуми шарифи Тоҷикистон, аз ҷумла сокинони пойтахти кишвар, дар баробари адои оинҳои муборак ва маросими маънавӣ, дар роҳи тарбияи ахлоқии ҷавонону наврасон, анҷом додани амалҳои хайру савоб ва корҳои созандагиву ободонӣ, ки анъанаҳои неки мардуми мо ба ҳисоб мераванд, беш аз пеш саъю талош менамоянд.
Бори дигар ҳамаи Шуморо бо иди Қурбон самимона муборакбод намуда, ба хонадони ҳар як сокини мамлакат сулҳу оромӣ, файзу баракат ва иқболу хушбахтӣ таманно дорам.
Иди саиди Қурбон муборак бошад, ҳамдиёрони азиз!