Паёми шодбошии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба муносибати Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

№144 (4884) 25.11.2024

photo_2024-11-23_18-53-1123 ноябри соли 2024, шаҳри Душанбе

Ҳамдиёрони азиз!

Боиси шарафмандии ҳар як тоҷику тоҷикистонист, ки халқи бузурги мо боз дар ростои як ҷашни муқаддасу пурифтихор — Рӯзи Парчами давлатӣ қарор дорад. Ба ин муносибат кулли шаҳрвандони мамлакати азизамонро, ки ҳамасола онро бо дастовардҳои арзишманд истиқбол мегиранд, самимона табрик мегӯям.

Барои халқи куҳанбунёду тамаддунофари тоҷик  вожаҳои дирафш, парчам ва ливо ҳамеша чун рамзи ватандорӣ, сарбаландӣ ва шуҷоату мардонагӣ ба ҳисоб мераванд.

Таърихан дар тамоми давраи ташаккулёбии давлатдории тоҷикон парчам ҳамеша дар сафи пеши мубориза қарор ­дошта, василаи муттаҳидкунанда, сарчашмаи неруву тавонмандӣ дар роҳи посдории дастовардҳо, созандагиву бунёдкорӣ ва сармояи ифтихори миллӣ мебошад.

Вақт собит намуд, ки Парчами давлатӣ дар вазъияти ниҳоят ҳассос — оғози марҳилаи нави давлати ҷавону тозаистиқлоли Тоҷикистон қабул гардид. Парчами давлатӣ ҳамаи моро дар майдони созандагии Ватан муттаҳид намуда, ҳисси миллӣ, ифтихори ватандорӣ ва худшиносиву худогоҳиро тавсеаву тақвият бахшид.

Воқеан, имрӯз дар ҷаҳони  муосир ҳар як давлати  мустақилу соҳибихтиёр тавассути парчами он муаррифӣ  мегардад. Аз ин рӯ, эҳтиром ва арҷ гузоштан ба Парчами давлатӣ маънои эҳтирому арҷгузорӣ ба арзишҳои  деринаи  таърихӣ ва фарҳангиву  маънавии миллӣ ва гузашта аз ин, эҳтироми миллат ва давлату давлатдорӣ мебошад, зеро Парчами давлатӣ дар баробари  Конститутсия, Нишони давлатӣ ва Суруди  Миллӣ  аз ҷумлаи  муқаддасоти милливу давлатӣ маҳсуб  мешавад.

Бори дигар ҳамаи Шумо, ҳамдиёрони азиз, сокинони сарбаланди пойтахт ва кулли ҳамватанони бурунмарзиамонро ба муносибати ин ҷашни пурифтихор самимона табрик гуфта, ба хонадони ҳар як сокини мамлакат сулҳу оромӣ, файзу баракат ва иқболу хушбахтӣ орзумандам.

Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ­муборак!