Паёми табрикии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба муносибати Ҷашни Тиргон

№85 (4825) 01.07.2024

шаҳри Душанбе, 30-юми июни соли 2024

Ҳамдиёрони арҷманд!

Сокинони пойтахт!

Дар ин рӯзи фараҳбахш мехоҳам ҳамаи шуморо ба муносибати ҷашни бостонӣ — Тиргон табрик намоям.

Тиргон яке аз ҷашнҳои аҷдодони мо маҳсуб ёфта, онро давоми нуҳ рӯз бо шукӯҳу шаҳомат таҷлил менамуданд. Он дар фасли ҷамъоварии ҳосили кишоварзон фаро расида, дар баробари ҷашнҳои Сада, Наврӯз ва Меҳргон иди мавсимии деҳқонон маҳсуб меёбад.

Ҳамаи он нафароне, ки ба киштукор ва кишоварзӣ машғуланд, бояд ҳар порчаи замини худро самаранок истифода намуда, дар таъмини бозори истеъмолӣ саҳми созгор гузоранд.

Бори дигар ҳамаи шуморо, ҳамватанони гиромӣ, ба Ҷашни Тиргон табрик намуда, ба хонадони ҳар яки шумо файзу баракат ва рӯзгори обод таманно дорам.

Ҷашни Тиргон муборак бошад!