Паёми табрикии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба муносибати Иди Саиди Фитр

№40 (4936) 31.03.2025

Рустами Эмомали30-юми марти соли 2025, шаҳри Душанбе

Ҳамватанони азиз!

Сокинони маърифатпарвари пойтахт!

Анҷоми моҳи мубораки Рамазон ва фарорасии иди саиди Фитрро ба кулли мардуми шарифи кишвар ва ҳамватанони бурунмарзиамон самимона табрик мегӯям.

Боиси хушбахтист, ки бо шарофати Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва пешбурди сиёсати инсондӯстонаю фарҳанг­парваронаи Роҳбари давлатамон — Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мардуми кишвар ба эҳёи суннату анъанаҳои неки ниёгони худ шарафёб гардид.

Ба ҳукми анъана даромадааст, ки сокинони ҷумҳурӣ дар давоми моҳи шарифи Рамазон ва айёми мубораки иди Фитр бештар ба амалҳои хайр, ба монанди аёдати падару модар, беморону азодорон, кумак ба ятимону маъюбон ва оилаҳои ниёзманд, инчунин, ба дигар корҳои хайру савоб машғул мешаванд.

Боиси қаноатмандист, ки сол то сол мардуми кишвари мо моҳияти қо­нунгузориро дар самти танзими ­анъана ва ҷашну маросим пурратар дарк намуда, дар рӯзҳои ид ба исроф­корӣ ва зиёдаравӣ роҳ намедиҳанд.

Мардуми сарбаланди мо, аз ҷумла соҳибкорону ашхоси саховатманди диёр, дар арафаи ин иди муборак корҳои созандагию бунёдкориро вусъат дода, бо бунёду обод кардани роҳу инфрасохтор, манзилҳои истиқоматӣ, корхонаю коргоҳҳои истеҳсолӣ ва дигар иншооти ҳаётан муҳим дар таъмини ҳадафҳои рушди миллӣ саҳмгузор мегарданд.

Мо бояд дар баробари ҳифзи арзишҳои муқаддаси миллӣ, ки дар тӯли асрҳо ба мо мерос боқӣ мондааст, дар тарбияи наслҳои созандаву ободкор заҳмат кашем ва баҳри рушди босуботи дурахшони давлату миллат номбардори шоистаи таъриху тамаддуни башарии худ бошем.

Бори дигар фарорасии иди саиди Фитрро ба ҳамаи шумоён табрику таҳният гуфта, ба аҳли ҳар як хонадони кишвар саломатию хушбахтӣ, ризқи фаровон ва ба Ватани азизамон – Тоҷикистон рушди бесобиқаро орзу менамоям.

Иди Рамазон муборак бошад, ҳамдиёрони азиз!