19-уми апрели соли 2025, шаҳри Душанбе
Ҳамдиёрони азиз!
Сокинони шарафманди пойтахт!
Шуморо ба муносибати Рӯзи пойтахти маҳбубамон — шаҳри Душанбе, ки имсол ба 19 апрел рост меояд, самимона табрик мегӯям.
Басо рамзист, ки Рӯзи пойтахтро дар фасли зебои баҳор ва айёми сабзу гулпӯш гардидани табиати нотакрори диёрамон таҷлил менамоем.
Боиси ифтихор аст, ки зери сиёсати созандаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва талошҳои пайвастаи сокинони заҳматпешааш шаҳри Душанбе имрӯз на танҳо маркази маъмурию сиёсӣ ва илмию фарҳангии мамлакат, балки ба меҳвари ваҳдату ҳамбастагии мардуми кишвар табдил ёфтааст.
Имрӯз шаҳри Душанбе бо татбиқи лоиҳаҳои бузурги сармоягузорию инноватсионӣ, бунёди корхонаҳои истеҳсолӣ, сохтмони иншооти муосири маъмурӣ, маданӣ, хизматрасонӣ ва шаҳрвандӣ ва азнавсозии инфрасохтор дар таъмини ҳадафҳои миллӣ ва пешрафту суботи мамлакат саҳми бориз мегузорад.
Боиси ифтихор аст, ки дар пойтахти азизи мо мунтазам чорабиниҳои муҳими сиёсӣ, илмию фарҳангиву варзишӣ дар сатҳи баланду хотирмон доир мегарданд ва аз таваҷҷуҳи торафт афзояндаи ҷаҳониён нисбат ба давлату миллати тоҷик ва таъриху фарҳанги куҳани он далолат медиҳад.
Аз ин рӯ, рисолати ҳар як сокини пойтахтро дар ободтару пешрафта гардонидан ва муаррифии шоистаи пойтахти азизамон бори дигар зикр карда, итминони комил дорам, ки сокинони бофарҳанги пойтахт онро бо муҳаббати хос ба ҷо меоранд ва дар таъмини ободии Душанбешаҳр саҳми арзишманди хешро мегузоранд.
Бо ибрози ниятҳои нек орзуи онро дорам, ки шаҳри Душанбе ба макони амалишавии орзую умедҳои ҳар яки шумо мубаддал гардад.
Рӯзи пойтахт муборак, ҳамдиёрони азиз!