Паёми табрикотии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба муносибати Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

№138-141(4721-4724) 17.11.2023

16-уми ноябри соли 2023

400737704_224276170681952_4947976103240619363_nҲамдиёрони азиз!

Ин Рӯзи таърихӣ, бешубҳа, барои миллати тоҷик муқаддас буда, тавассути он мо эҳтиром ва арҷгузории бесобиқаи худро ба Президенти маҳбуби кишвар баён месозам.

Фаъолияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти бунёд ва таҳкими сулҳу субот, таъмини рушди иқтисодию иҷтимоӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии арзандаи сокинони кишвар ҳамчун асари мондагор дар саҳифаҳои таърихи миллати тамаддунофари тоҷик бо ҳарфҳои заррин нақш бастааст.

Бо ниятҳои нек кулли мардуми шарифи кишвари азизамонро ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муборакбод намуда, ба хонадони ҳар як сокини мамлакат хушбахтӣ, файзу баракат ва некуаҳволӣ, инчунин, ба Сарвари маҳбубамон тансиҳатӣ ва дар идомаи амалисозии рисолати бузурги давлатдориашон нерую бурдбориҳои нав таманно дорам.

www.majmilli.tj