Соати парламентӣ

Пешгирии ҷалби ҷавонон ба ташкилоти террористӣ вазифаи ҷомеаи шаҳрвандӣ низ ҳаст

№137 - 138 (3931 - 3932) 15.11.2018

DSC_9077Ҳаштуми ноябри соли ҷорӣ таҳти раёсати муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуҷаббор Азизӣ дар мавзӯи «Пешгирии ҷалби ҷавонон ба ташкилотҳои террористию экстремистӣ ва иҷроиши Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ­масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» соати парламентӣ доир гардид.

Абдуҷаббор Азизӣ изҳор дошт, ки ҷалби ҷавонон ба ташкилотҳои террористию экстремистӣ аз омилҳои хавфнок ва мушкилоти глобалии ҷомеа ба ҳисоб меравад ва танҳо тавассути муборизаи дастаҷамъона метавон онро решакан кард.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам ­Эмомалӣ ­Раҳмон аз минбарҳои гуногуни байналмилалӣ ва дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (22 декаб­ри соли 2017) иброз доштанд, ки «терроризм ватан, миллат ва мазҳаб надорад. Аз ин рӯ, «мубориза ба муқобили терроризм ва экстремизм фароҳам овардани фазои боварӣ, эҳтиром ба манфиатҳои якдигар ва муттаҳид шудани ҳамаи кишварҳои дунёро дар пешорӯи ин хатари умумӣ тақозо мекунад».

Бо ин мақсад, бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамкорӣ бо Созмони Милали Муттаҳид, Иттиҳоди Аврупо ва шарикони дигари рушд 2-3 майи соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе Конфронси байналмилалии сатҳи баланд дар мавзӯи «Муборизаи муштарак бо терроризму ифротгаройӣ ва тундгаройии хушунатомез» доир шуд, ки баҳои баланди байналмилалиро сазовор гардид.

Зимни вохӯриҳо бо интихобкунандагон вакилони Маҷлиси намояндагон хатари терроризму экстремизмро пайвас­та таъкид ва оид ба пешгирии он андешаронӣ мекунанд. Аз ин рӯ, аз роҳбарону намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дархост карда мешавад, ки назари хешро оид ба масъала иброз доранд.

Мансурҷон Умаров, муовини якуми раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон:

- Имрӯз, ки ифротгаройии динӣ дар аксари минтақаҳои олам ба таври бесобиқа авҷ гирифтааст, боиси густариши оммавии ақидаҳои экстремистию террористӣ ва сарчашмаи хатарзо барои амну суботи на танҳо як минтақа, балки тамоми ҷаҳон гардидааст.

Ҳаводиси солҳои охири Ховари Миёна, Африқои Шимолӣ, Афғонис­тон, Покистон ва дигар кишварҳои мусулмонӣ далели возеҳи оқибатҳои манфии афзоиши сатҳи ифротгаройии динӣ ва хурофотпарастӣ мебошад. Ҳоло, ки терроризм ва ифротгаройии хушунатомез ҷуғрофияи худро васеъ намудааст, хабари содир гаштани амалҳои террористӣ ҳар рӯз аз тамоми нуқтаҳои олам садо медиҳанд.

Новобаста аз озод гардидани минтақаҳои асосӣ аз зери тасарруфи ташкилоти террористии ба ном «Давлати исломӣ» дар Сурия ва Ироқ, паст шудани шиддати сафарбаршавии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба минтақаҳои даргир, кӯчиши майдони ҷанг ба Ҷумҳурии Исломии Афғонистон мушоҳида мегардад, ки дар сурати идома ёфтан ва вусъат пайдо кардан вазъи низомию сиёсӣ ва амниятӣ тағйир хоҳад ёфт. Дар шароити кунунӣ ин омил яке аз хатарҳои ҷиддӣ ва таҳдид ба амнияти миллии Тоҷикистон мебошад.

Барои аз байн бурдани ин раванди ниҳоят хавфнок ва таъмини боэътимоди амният зарур аст, ки заминаҳо ва омилҳои асосии зуҳури он муайян карда шаванд. Коршиносон бар он ақидаанд, ки омилҳои асосии густариши ин зуҳуроти номатлуб инҳоянд:

- раванди умумии баланд гардидани сатҳи диндории ҷомеа, таблиғу ташвиқи бесобиқаи арзишҳои диниву мазҳабӣ, инчунин, афзоиши таълимоти ибтидоии динӣ дар синни хурдсолӣ, ки мафкураи ҷавононро ба дингаройӣ моил месозанд;

- то як андоза канораҷӯйӣ намудани ниҳоду сохторҳои салоҳиятдор аз таъмин ва тарғиби ҳаёти дунявӣ, паст рафтани сатҳу сифати чорабиниҳои фаҳмондадиҳиву тарбиявӣ, бетарафӣ зоҳир намудани қисме аз аҳли илму зиё ва фарҳанг, ки дар натиҷа, дар мафкураи ҷавонон холигии ғоявиро ба вуҷуд оварда, ба пур кардани он бо идеологияи динии ифротӣ мусоидат мекунад;

- бо дарназардошти истифодаи васеи шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ аз ҷониби насли ҷавон, паҳнкунандагони идеологияи диниву ифротӣ ин имконияти мусоидро ба манфиатҳои худ васеъ истифода менамоянд;

- раванди муҳоҷирати меҳнатии шаҳрвандони тоҷик дар баробари доштани паҳлуҳои мусбат боиси он мегардад, ки муҳоҷирон дар муҳити бегона зери таъсири гурӯҳу шабакаҳои ифротӣ қарор гирифта, ба созмонҳои террористӣ ҷалб шаванд;

- новобаста аз татбиқ намудани чорабиниҳои мушаххас, ҳоло ҳам теъдоди муайяни ҷавонон дар кишварҳои исломӣ бо таҳсили ғайрирасмии динӣ фаро гирифта шудаанд, ки барои таблиғгарони созмонҳои террористӣ заминаи муносиб фароҳам месозад.

Тибқи таҳлилҳо, аз теъдоди умумии аъзои гурӯҳу ҳаракатҳои экстремистию террористӣ 424 нафарро шаҳрвандони аз 35 то 40 — сола, 367 нафарро аз 30 то 35 — сола, 917 нафарро аз 25 то 30 — сола, 696 нафарро аз 20 то 25 — сола ва 39 нафарро аз 17 то 20 — сола ташкил медиҳанд.

То сентябри соли 2018 шумораи умумии ҷангиёни ба ном «Давлати исломӣ» аз ҳисоби шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон 1899 нафарро ташкил медиҳад.

Мушкили дигар он аст, ки дар баробари ҷангиёни алоҳида, шумораи зиёди оилаҳо дар Сурияву Ироқу Афғонистон қарор доранд ва пас аз кушта шудани саробонашон бесоҳиб монда, занҳо аз даст ба даст гашта, кӯдакон зери таъсири ташкилотҳои террористӣ қарор мегиранд.

Омӯзиши раванди шомилшавии ҷавонон ба сафи ташкилотҳои террористӣ ва экстремистӣ нишон дод, ки аксарияти онҳо аз минтақаҳои зерини ҷумҳурӣ мебошанд:

- шаҳри Душанбе — 239 нафар;

- минтақаи Бохтари вилояти Хатлон — 253 нафар, аз ҷумла, ноҳияи Кушониён — 67, Қубодиён — 74, Шаҳритуз -76, Ҷ.Балхӣ — 36 нафар;

- минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон — 136 нафар, аз ҷумла, шаҳри Кӯлоб — 99, ноҳияи Фархор — 37 нафар;

- вилояти Суғд — 264 нафар, аз ҷумла, шаҳри Исфара — 111, Истаравшан — 84, Бӯстон — 12 ноҳияи Спитамен — 35, Конибодом — 22 нафар;

- ВМКБ: ноҳияи Ванҷ 37 нафар;

- НТМ — 328 нафар, аз ҷумла, шаҳри Ваҳдат — 128, Турсунзода — 39 нафар;

- ноҳияи Рӯдакӣ — 107 ва Шаҳринав — 54 нафар.

Барои интиқоли шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Сурия ва Ироқ асосан ҳудуди Туркия тавассути шаҳрҳои сеюм (Москва, Бишкек, Дубай ва Боку) истифода мешавад.

Дар натиҷаи амалӣ кардани чорабиниҳои тарғиботӣ 76 шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба гурӯҳҳои экстремистӣ ва террорис­тӣ алоқамандӣ доштанд, ба Ватан баргардонида, нисбат ба 51 нафар дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи мақомоти амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон» бо мақсади пешгирии ҷиноятҳо ва роҳ надодан ба ҳаракатҳои ғайриқонунӣ огоҳии расмӣ татбиқ карда, нисбат ба 1739 айбдоршаванда коф­туков эълон шудааст.

Дар Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумоти зиёд мавҷуд аст, ки аз кӯшишҳои доираҳои манфиатдори баъзе кишварҳо барои истифодаи ҳолати бавуқӯъомада дар амалӣ сохтани мақсадҳои ғаразнок гувоҳӣ медиҳанд. Онҳо ҷангиёни тоҷикро аз Ироқу Сурия ва кишварҳои дигар ба минтақаҳои наздисарҳадии Афғонис­тон интиқол дода, пойгоҳҳои нав эҷод месозанд. Қаблан ҷангиён аз ҷониби сарпарастони хориҷӣ таълиму тарбияи идеологӣ ва низомӣ гирифта, сипас, бо мақсади содир намудани амалҳои диверсионӣ ва террористӣ ба Тоҷикистон сафарбар мешаванд.

Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли ҷорӣ шаш гурӯҳи террористиро дастгир намуд, ки мақсади анҷом додани силсила­амалҳои террористиро дар объект­ҳои муҳими стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва миёни издиҳоми одамон доштанд. Аз ҷумла, дар арафаи ҷашни Иди Наврӯз гурӯҳи террористии ниҳоят хавфноки иборат аз 13 нафар дар шаҳри Душанбе ва атрофи он дастгир карда шуд. Аъзои он дар хориҷи кишвар тавассути шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ аз ҷониби мубаллиғони ТБТ «Давлати исломӣ» ҷалб гардида, бо хатсайрҳои «Москва — Дубай — Машҳад — Кобул» ва «Москва — Боку — Теҳрон — Кобул» ба ҶИА сафарбар гардида буданд.

Онҳо дар машқгоҳҳои Ташкилоти байналмилалии террористии «Давлати исломӣ» дар вилояти Нангарҳори ҶИА омодагии идеологӣ ва диверсионӣ гирифтаанд. Ду аъзои фаъоли гурӯҳ дар Ҷалолобод тарзи омодасозии таҷҳизоти таркандаи худсозро омӯхтаанд. Онҳо бо истифода аз шиносномаҳои қалбакии Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди ворид шудан ба Тоҷикистон гурӯҳи «хобидаи» террористиро созмон доданд.

Террористон вазифадор гардида буданд, ки атрофи пойгоҳи низомии 201 Федератсияи Россияро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз назар гузаронида, нуқтаҳои барои таркиш мусоидро муайян намоянд. Бо ин мақсад нақша доштанд, ки маводи кимиёвӣ дастрас ва таҷҳизоти худсози тарканда омода созанд. Аз ҷониби Кумитаи давлатии амнияти миллӣ 13 нафар алоқаманди гурӯҳи мазкур дастгир ва бо ҳукми суд ба муҳлатҳои гуногун маҳкум гардиданд.

Моҳи майи соли 2018 чор аъзои гурӯҳи дигари террористӣ дастгир шуд, ки аз ҷониби ташкилоти террористии Ҳизби наҳзати исломӣ дар пойгоҳҳои Пардис, Бумаҳен, Мозандарон ва Ароқи Ҷумҳурии Исломии Эрон омодагии диверсионӣ — террористӣ гирифта буданд. Онҳо мақсад доштанд, ки амалиёти диверсионӣ — террористиро баҳри ноором сохтани вазъият дар Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом диҳанд.

Узви дигари ҲНИ, собиқ муҳофизи Мирзо Зиёев низ дастгир гардид, ки бо супориши роҳбарони ин ҳизб ва хадамоти махсуси кишвари ба мо маълум барои анҷом додани амали террористӣ дар шаҳри Душанбе сафарбар гардида буд.

Вақтҳои охир ҳамкориҳои Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шарикони хориҷӣ аз кишварҳои дуру наздик самаранок гардидааст. Раванди мубодилаи ахбор дар самти муборизаи дастаҷамъона бо экстремизму терроризм ва экстрадитсияи террористони дастгиршуда ба кишварҳои ҳамдигар имкон дод, ки танҳо соли ҷорӣ 139 шаҳрванди ҷумҳуриро, ки дар алоқамандӣ бо ин ҷиноятҳо гумонбар буданд ё ин ки дар доираи парвандаҳои ҷиноятӣ мавриди ҷустуҷӯ қарор доштанд, ба Тоҷикистон истирдод карда, ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашем.

Ҳафиззода Шодӣ Хуршед,  сардори Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон:

- Президенти кишвар муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон пайвас­та аз рушди бемайлони таҳдидҳои терроризм ва экстремизм изҳори нигаронӣ намуда, таъкид менамоянд, ки терроризм, экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, харидуфурӯши одамон ва дар маҷмӯъ, ҷиноятҳои муташаккили фаромарзӣ, беш аз ҳарвақта авҷ гирифта, бо оқибатҳои даҳшатбору бераҳмонаи худ ба проблемаи ҷиддитарини инсоният дар асри бисту як табдил ёфтааст.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикис­тон бо дарназардошти оқибати хатарҳои муосир аз соли 2006 инҷониб бо қарорҳои дахлдори Суди Олии ҶумҳурииТоҷикистон фаъолияти 17 ташкилоти экстремистӣ-террористӣ ғайриқонунӣ эълон ва манъ карда шудааст.

Тавре аз таҳлилҳо бармеояд, хатари экстремизм ва терроризм, пеш аз ҳама, ба кишварҳое таҳдид мекунад, ки аксари шаҳрвандони онҳоро мусулмонон ташкил медиҳанд. Тоҷикистон ба ҷумлаи ин кишварҳо мансуб аст, зеро беш аз 98 фоизи шаҳрвандони он пайрави дини мубини ислом мебошанд. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Осиёи Миёна ягона кишваре мебошад, ки ҷанги шаҳрвандиро паси сар намуда, бо таҳдиду хатари экстремизму терроризм аз наздик шинос аст ва дар заминаи мазкур таҷрибаи калон ба даст овардааст.

Яке аз сабабҳои асосии пайдоиши ин ҳаракату равияҳо дар Тоҷикистон ин аст, ки дар давраи ҷанги шаҳрвандӣ ва бесарусомонӣ сафари ғайрирасмии гурӯҳи ҷавонони толибилми тоҷик барои гирифтани таълимоти динӣ ба давлатҳои Исломии Эрон, Покис­тон, Афғонистон ва Мисри Араб афзоиш ёфта, аз мадди назари ҳокимияти давлатӣ дур монда буд. Онҳо дар ин кишварҳо таълим гирифта, ба ҷараёнҳои бегона гаравиданд. Қисми зиёдашон ба паҳн намудани ақидаҳои тундрав аз ҷониби гурӯҳҳои иғвоангези ин мамлакатҳо ҷалб гардиданд.

Тибқи маълумот, ҳамагӣ 3755 шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаҳои таълимии динии давлатҳои хориҷи дуру наздик таҳсил мекарданд, ки дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз тарафи масъулини мақомоти дахлдори давлатӣ 3520 нафарашон баргардонида шуданд. Аммо ба ин нигоҳ накарда, ҳолатҳои дубора ба хориҷи кишвар баргаштани толибилмони тоҷик ҳанӯз ҳам ба мушоҳида мерасад. Айни замон 289 нафари дигар дар хориҷи кишвар таҳсили ғайриқонунии динӣ гирифта истодаанд.

Мутаассифона, қисме аз толиб­илмоне, ки дар хориҷи кишвар таҳсилоти динӣ гирифтаанд, имрӯзҳо ба ҳайси имомхатиб ва сархатиб дар масҷидҳои кишвар фаъолият мекунанд ва ба таври махфӣ бо ташкилотҳои ифротӣ ҳамкорӣ ва ақидаҳои тундрави онҳоро аз номи мазҳаби ҳанафӣ таблиғ менамоянд. Масалан, тайи солҳои 2016-2017 ва 9 моҳи соли ҷорӣ 22 сархатиби масҷидҳо бо ҷурми ҳамкорӣ бо ташкилотҳои террористӣ дастгир гардиданд, ки 12 нафари онҳо барои доштани робитаҳои зич бо ташкилоти террористии «Бародарони мусулмон», 9 нафар барои аъзо будан дар ташкилоти экстремистии «Салафия» ва 1 нафар барои аъзо будан дар ташкилоти террористии «Давлати исломӣ» айбдор дониста шудаанд.

Сабабу омилҳои дигаре, ки барои шомилшавиии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус, ҷавонон, ба ташкилотҳои байналмилалии террористӣ ва иштироки онҳо дар муқовиматҳои мусаллаҳонаи кишварҳои хориҷӣ мусоидат менамоянд, инҳоянд:

- ба таври зарурӣ иҷро нагардидани уҳдадориҳои падару модар дар таълиму тарбия фарзанд;

- аз тарафи шахсони мансабдор ва шаҳрвандон таъмин нагардидани талаботи моддаи 14 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар барои мубориза бар зидди терроризм», ки тибқи муқаррароти он шахсони мансабдор ва шаҳрвандон уҳдадоранд ба мақомоти амнияти давлатӣ ва ё мақомоти корҳои дохилӣ доир ба ҳодисаҳое, ки дар онҳо хусусиятҳои омодагӣ ба терроризм мушоҳида мешаванд ё аллакай содир гардиданд, фавран хабар диҳанд.

Вазъи ҷиноятҳои мансуб ба терроризм ва экстремизм дар ҷумҳурӣ аз он гувоҳӣ медиҳад, ки вақтҳои охир ташкилотҳои байналмилалии террористӣ ва экстремистӣ ҷиҳати зиёд намудани нуфуз ва аъзои худ бо истифода аз тамоми имконият кӯшиш ба харҷ дода истодаанд. Агар дар давоми соли 2015 дар миқёси ҷумҳурӣ аз тарафи ҷузъу томҳои Вазорати корҳои дохилӣ 228 (113 ҷавон) нафар аъзои ташкилотҳои террористӣ ва экстремистӣ дастгир шуда бошанд, пас дар давоми соли 2016 — 464 (225 ҷавон), 2017 — 372 (364 ҷавон) ва 9 моҳи соли 2018 — 273 (89 ҷавон) нафар дастгир шудаанд.

Таҳлили парвандаҳои ҷиноятӣ нишон медиҳад, ки беш аз 75 фоизи дастгиршудагон ҳангоми муҳоҷирати меҳнатӣ дар хориҷи кишвар ба созмону ташкилотҳои экстремистӣ ва террористӣ ҷалб гардидаанд ва синну соли беш аз 52 фоизи онҳо аз 18 то 30 — соларо дар бар мегирад.

Маҳз надоштани саводи динӣ ва дунявӣ боис гардидааст, ки ҷавонон зери таъсири таблиғоти идеологии созмонҳои террористӣ ва экстремистӣ қарор гирифта, ақидаи ботил ва андешаи таҳрифшударо ҳамчун таълимоти исломӣ ва ҷиҳод дар роҳи Ҳақ бипазиранд.

Бо дарназардошти хатару омилҳое, ки боиси шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ ва иштироки онҳо дар муқовиматҳои ҷангии хориҷи кишвар гардидааст, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи «Стратегияи муқовимат ба терроризм ва экстремизм барои солҳои 2016-2020» дар байни аҳолӣ гузаронидани як қатор чорабиниҳои пешгирикунӣ-профилактикӣ ва фаҳмондадиҳиро ба роҳ мондааст. Дар баробари ин, ибтидои соли 2018 аз ҷониби Вазорати корҳои дохилӣ Консепсияи ҳамкории милитсия бо ҷомеаи шаҳрвандӣ коркард ва тасдиқ гардид, ки тибқи он бо аҳолӣ, институтҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, аҳли зиё ва рӯҳониён ҳамкориҳои зич ба роҳ монда шудааст.

Маҳз ин тадбирҳо боис гардиданд, ки шомил шудани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористӣ ва экстремистӣ нисбат ба солҳои қаблӣ кам шавад. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки аз теъдоди умумии муайяншудагон дар солҳои 2016 — 2017 ҳамагӣ 99 нафар ва дар 9 моҳи соли 2018 танҳо 5 шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муқовиматҳои ҷангии хориҷи кишвар дар ҳайати ташкилотҳои террористӣ ва экстремистӣ ширкат варзидаанд.

Ҳамчунин, дар натиҷаи бурдани ташвиқот аз тарафи мақомоти корҳои дохилӣ 175 (соли 2018 — 75 нафар) шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба гумроҳӣ афтида, ба ташкилотҳои террористӣ ва экстремистӣ шомил шуда буданд, бо хоҳиши худ ба Ватан баргардонида шуданд.

Абдураҳим ­­Абдулҳаса­ниён, сар­дори Раёсати муқовимат ба терроризм, экстремизм ва назорати иҷрои қонунҳо дар самти амнияти миллии Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон:

- Мақомоти прокуратураи ҷумҳурӣ ҷиҳати муқовимат ба экстремизм ва терроризм, мубориза бар зидди созмонҳои фаромиллии ифротӣ дар ҳамбастагӣ бо дигар ниҳодҳои давлатӣ, аз ҷумла, субъектони бо терроризму экстремизм муборизабаранда мунтазам дар ҳудуди ҷумҳурӣ санҷишҳо гузаронида, натиҷаҳои онҳоро таҳлил ва ҷамъбаст карда, чораҷӯйӣ менамояд.

То ба имрӯз дар асоси аризаҳои прокурори генералӣ аз тарафи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 17 ҳизбу ҳаракат, равия ва созмони ташкилотҳои террористиву экстремистӣ эътироф гардида, фаъолияти онҳо дар қаламрави кишвар манъ карда шудааст, ки инҳо «Ал — Қоида», «Ҳизби исломии Туркистон» (собиқ Ҳаракати исломии Ӯзбекистон), «Ҳаракати толибон», «Ташкилоти бародарони мусулмон», «Тоҷикис­тони озод», «Ҳизб-ут-таҳрир», Ҷамъияти «Ансоруллоҳ», ҳаракати «Гурӯҳи 24», равияи динии «Салафия», «Давлати исломӣ», «Ҳизби наҳзати исломӣ» ва ғайра мебошанд.

Дар асоси қарори шӯро ва фармоиши якҷояи роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ соли 2015 ситоди ягона барои пешгирии шомилшавии шаҳрвандон ба ташкилотҳои фаромиллии террористӣ ва моҳи феврали соли 2016 ситоди алоҳида ҷиҳати муқовимат бо равияи экстремистии «Салафия» таъсис ёфт, зеро даъват ба «ҷиҳод» яке аз меҳварҳои калидии фаъолияти ин равия буда, садҳо шаҳрванди ҷумҳурӣ аввал аъзои он гардида, баъдан ба ҳайати ташкилоти террористии «Давлати исломӣ» шомил шудаанд. Дар натиҷаи фаъолияти ситодҳои номбурда то ба имрӯз зиёда аз 450 аъзои ташкилоти террористии «Давлати исломӣ» ва 750 нафар пайрави фаъоли равияи экстремистии «Салафия» дастгир ва ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шудаанд.

Инчунин, аз соли 2014 инҷониб 313 нафар иштирокчии муҳорибаҳои мусаллаҳона ва шахсоне, ки кӯшиши дар ин муҳорибаҳо иштирок кардан доштанд, ба Тоҷикистон баргардонида шуданд. Дар натиҷаи чораҳои андешида айни ҳол таъсири ақидаҳои равияи экстремистии «Салафия» дар ҷомеа ба таври чашм­рас коҳиш ёфтааст.

Мувофиқи маълумоти омории Сармаркази иттилоотӣ — таҳлилии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар 9 моҳи соли ҷорӣ 639 (соли 2017-923) ҷинояти хусусияти террористию экстремистидошта ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 31 фоиз камтар мебошад.

Таҳлили парвандаҳои ашхоси содиркунандаи ҷиноятҳои хусусияти террористию экстремистидошта нишон дод, ки аксарияти онҳо тарафдорони ташкилоти фаромиллии террористии ба ном «Давлати исломӣ» ва пайравони фаъоли равияи экстремистии «Салафия» мебошанд, ки ҷиноятҳои аз ҷониби қисми зиёди онҳо солҳои 2015 — 2016 содиргардида дар аввали соли ҷорӣ ошкор шудаанд. Аз ҷумла, аз аввали соли ҷорӣ нисбат ба 433 нафар барои шомил шудан ба ташкилоти фаромиллии террорис­тии ба ном «Давлати исломӣ» ва амсоли он, нисбат ба 165 нафар барои пайравӣ ба равияи экстремистии «Салафия» парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз ва мавриди тафтиш қарор дода шудааст.

Ҳолати дигари нигаронкунанда ин то ҳанӯз ғайриқонунӣ дар хориҷи кишвар ба таҳсилоти динӣ фаро гирифтани ҷавонон мебошад, зеро бархе аз онҳо баъди гирифтани «таълимот» ба ташкилотҳои террористӣ шомил гардида, дар муҳорибаҳои мусаллаҳона иштирок варзида истодаанд. То ба имрӯз барои иштирок дар амалиёти ҷангӣ оғоз гардидани парвандаҳои ҷиноятӣ нисбат ба беш аз 150 нафар, ки 77 нафари онҳо ҳоло дар кофтуков қарор доранд, тасдиқи ин гуфтаҳо мебошад.

Бо дастуру супоришҳои Пешвои миллат то ба ин дам дар маҷмӯъ зиёда аз 3400 шаҳрванди ҷумҳурӣ, ки дар давлатҳои хориҷӣ ба таҳсили ғайрирасмии динӣ машғул буданд, ба Ватан баргардонида шуданд.

Таҳлилҳои прокурорӣ нишон доданд, ки тахминан 85 дарсади тоҷикистониёни дар муҳорибаҳои мусаллаҳонаи кишварҳои хориҷӣ иштироккунанда собиқ муҳоҷирони меҳнатие мебошанд, ки аз ҳудуди Федератсияи Россия ба ин давлатҳо рафтаанд, зеро муҳоҷирони меҳнатӣ, чун қоида, аз рӯи синну сол ҷавон буда, саводи зарурии дунявӣ ва маърифати динӣ надоранд. Маҳз бо истифода аз ин омил гурӯҳҳои ифротгаро ҷавононро ба доми худ ва коми марг мекашанд.

Барои озодона анҷом додани расму оини динӣ дар кишвар ҳама шароит фароҳам аст. Аз ҷумла, теъдоди масҷидҳо аз 113 адади соли 1991 дар соли 2017 ба 4 ҳазор расидааст, мутаассифона, баъзе ходимони дин аз ин озодиҳо суиистифода намуда, масҷид­ҳоро ҳамчун минбари ташвиқи ғояҳои динии ғайрианъанавӣ ва паҳнкунии ақидаҳои ифротӣ истифода мебаранд. Онҳо ба фазои динии кишвар ғояву ақидаҳои барои мардуми мо бегонаро, ки моҳияти сиёсии ифротӣ доранд, ворид ва онро хеле осебпазир намуда, ба суботу оромии ҷомеа таҳдиди ҷиддӣ эҷод менамоянд. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки ақидаҳои ифротӣ дар байни мардум асосан аз ҷониби имомхатибон ва имомоне, ки таҳсилоти диниро дар хориҷи кишвар гирифтаанд, паҳн карда мешаванд. Дар се соли охир 21 нафар ходимони дин, ки аъзои фаъоли ҳизбу ҳаракатҳои экстремистӣ буданд, аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ошкор ва ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шудаанд.

Як қатор имомхатибони дигар бошанд, ҳангоми гирифтани таълимоти динӣ дар хориҷи кишвар пайрави равияи экстремистии «Салафия» гардида, ғояҳои ифротии онро дар байни намозгузорон ташвиқу тарғиб менамоянд.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки яке аз омилҳои паҳншавии ақидаҳои ифротӣ фаъолияти масҷид­ҳои ғайрирасмӣ мебошад. Солҳои охир дар натиҷаи чораҷӯйиҳо 1807 масҷиди ғайрирасмӣ ба ҷойҳои ҷамъиятиву иншооти иҷтимоӣ табдил дода шудаанд. Аммо, бояд гуфт, ки санҷишҳои гузаронидаи Прокуратураи генералӣ ҳолатҳои дар асл иҷро нагаштани қарорҳои раисони шаҳру ноҳияҳо дар бораи ба танзим даровардани масҷидҳои ғайрирасмӣ ва табдил додани биноҳои онҳо ба иншооти иҷтимоиро дар баъзе шаҳру ноҳия ошкор намуд. Ин ҳолат ба таври ҷиддӣ ҷоннок кардани фаъолияти мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатиро дар ин самт тақозо менамояд.

Зебунисо Ҷумъахонзода, муовини сардори Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ дар байни ноболиғон ва ҷавонони Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон:

- Таълиму тарбия, омӯхтани илму дониш ва аз худ намудани касбу ҳунар аз тарафи наврасону ҷавонон аз самтҳои муҳими сиёсати Давлат ва Ҳукумати ҷумҳурӣ ба ҳисоб меравад. Аз ин ҷост, ки таваҷҷуҳу ғамхории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин қишри ҷомеа сол аз сол зиёд мегардад. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» волидонро водор месозад, ки тамоми саъю кӯшишу имконияти худро ба тарбияи дурусти фарзандон равона намоянд ва барои донишандӯзӣ ва азхудкунии касбу ҳунар шароит муҳайё созанд.

Моҳияти қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ин, пеш аз ҳама, дар рӯҳияи худшиносиву худогоҳӣ, эҳтиром ба Ватан ва арзишҳои милливу умумибашарӣ тарбия кардани фарзандон ва ҳамчунин, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии онҳо мебошад.

Мақсад аз меъёрҳои муайянкардаи қонун ҷавобгар намудани волидайн ва масъулини тарбия нест, балки тавассути он масъулият, мақому манзалати падару модар бояд дар ҷомеа боло бурда шавад, то ҳар як падару модар фарзандро тавре тарбия намояд, ки ӯ ба номи пуршарафи онҳо ва миллати хеш иснод наорад.

Дар қонуни мазкур боби 4 ба уҳдадориҳои омӯзгор, мақомоти давлатӣ, муассиса ва дигар ташкилотҳое, ки масъалаҳои вобаста ба таълиму тарбияи кӯдакро ба зимма доранд, бахшида шудааст. Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, аз ҷумла, Вазорати корҳои дохилӣ, ки яке аз мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба танзими масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи кӯдак ба ҳисоб меравад ва дар робита ба ин як қатор нақшаву чорабиниҳоро таҳия ва амалӣ карда истодааст. Аз ҷумла, бо мақсади амалӣ намудани талаботи қонуни мазкур дар давоми нуҳ моҳи соли равон панҷ нақша — чорабинӣ, дар мувофиқа бо Вазорати маориф ва илм, Прокуратураи генералӣ, Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, кумитаҳои кор бо занон ва оила, ҷавонон ва варзиш, дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, оид ба гузаронидани вохӯриву суҳбатҳо дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ, миёна ва омӯзишгоҳҳои касбӣ — техникӣ бо донишҷӯёну хонандагон, падару модарон ва омӯзгорон баҳри пешгирии ҷинояткорӣ ва ҳуқуқвайронкунӣ, муноқишаҳои байни хонандагон, шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистӣ ва равияҳои динӣ, тарбияи онҳо дар рӯҳияи ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ ва инчунин, амалиёти шабона ва рӯзона дар бозорҳо, фурудгоҳҳо, ҷойҳои ҷамъиятӣ ва марказҳои дилхушӣ таҳия гардидааст.

Барои хонандагони душвортарбияи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Душанбе бо мақсади пешгирии ҷангҳои гурӯҳӣ — байнимактабӣ, тарбияи онҳо дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва ифтихори миллӣ, Нақша — чорабиниҳои фарҳангӣ — фароғатӣ таҳия шудааст, ки тибқи он ҷавонону наврасонро ба тамошои намоишномаҳои театрӣ, ҷойҳои таърихии Тоҷикистон ҷалб ва сафарбар менамоем.

Ҳамчунин, сафари кории ҷавонони гурӯҳи «Авангард» ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, навоҳии Рашт, вилоятҳои Суғду Хатлон бо мақсади пешгирии сатҳи ҷинояткорӣ, шомилшавии наврасону ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, ошноӣ пайдо кардан ба урфу одатҳои минтақаҳо ва барпо намудани маҳфили шеъру суруд, ба роҳ монда шуд.

Ба илова, моҳҳои январ ва октябри соли ҷорӣ аз ҷониби ҷавонони фаъол дар ҳайати гурӯҳи корӣ бо кумитаҳои ҷавонон ва варзиш, телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон дар шаҳрҳои Новосибирск, Тюмен, Бердск, Толятти, вилоятҳои Олтой ва Томски Федератсияи Россия бо донишҷӯён ва муҳоҷирони меҳнатӣ суҳбату вохӯриҳо гузаронида шуданд.

Дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ дар ҳудуди ҷумҳурӣ кормандони воҳид­ҳои кор бо ноболиғон ва ҷавонон 4102 рейду амалиёти муштарак таҳти унвони шартии «Наврас», «Оворагард» ва «Талбанда» гузаронида, аз ҷониби 13267 ноболиғ ҳуқуқвайронкуниҳои гуногунро ошкор намуданд.

Воқеан ҳам имрӯз вазъи ҷинояткорӣ дар байни ноболиғон ташвишовар аст. Дар нуҳ моҳи соли 2018 аз тарафи ноболиғон 734 ҷиноят содир гардидааст, ки нисбат ба соли гузашта 241 ҳолат ё 48,8 фоиз зиёд мебошад.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки сабабҳои асосии баландшавии сатҳи ҳуқуқвайронкунӣ дар баъзе шаҳру ноҳияҳо инҳоянд:

- сатҳи пасти ҳамкории мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба танзими масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи кӯдак ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоятӣ ва шаҳру ноҳияҳо;

- дар сатҳи зарурӣ ба роҳ намондани механизми иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд»;

- нокифоя будани корҳои тарбиявӣ дар муассисаҳои таълимӣ;

- ба таҳсил фаро нагирифтани ноболиғон баъди хатми синфи 9 дар дигар муассисаҳои касбӣ — техникӣ;

- дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доштани падару модар ва вогузор намудани тарбияи кӯдакон ба хешовандон;

- зиёдшавии теъдоди марказҳои компютерӣ ва кафе — интернетҳо дар назди муассисаҳои таълимӣ;

- дуруст ва аз рӯи меъёр истифода набурдани технологияи муосир (марказҳои компютерӣ, кафе — интернетҳо);

- таъсири оилаҳои носолим дар тарбияи ноболиғон ва ҷавонон;

- нокифоя будан, мақсаднок истифода набурдани толорҳо, майдончаҳо, машқгоҳҳои варзишӣ ва марказҳои фарҳангӣ — фароғатӣ дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ;

- бетарафӣ зоҳир намудани волидайн, омӯзгорон ва аҳли ҷомеа дар таълиму тарбияи насли наврас.

Роҳбарияти ВКД ва ҳайати шахсии он минбаъд низ вобаста ба ҳалли мушкилоти ноболиғон ва ҷавонон, пешгирии зуҳуроти номатлуб, ҳуқуқвайронкунӣ ва ҷинояткорӣ тамоми чораҳоро дар ҳамбастагӣ бо мақомоти манфиатдори ҳокимияти иҷроияи маҳаллии давлатӣ меандешад ва фаъолияти хешро дар самтҳои зикргардида ҷоннок менамояд.

Баракатулло ­Камолзода, сардори Раёсати назорати иҷрои қонунҳо оид ба ноболиғон ва ҷавонони Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон:

- Ҳафт сол муқаддам Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бо дарназардошти талаботи ҷомеа ва аҳамияти бузурги таълиму тарбияи насли наврас, ба муҳокимаи умумихалқӣ лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд»-ро пешниҳод намуданд, ки аз тарафи мардум дастгирии ҳамаҷониба ёфта, аз ҷониби мақомоти қонунгузор қабул гардид.

Таҳлилу санҷишҳо нишон медиҳанд, ки бо вуҷуди муддати зиёд мавриди амал қарор доштани қонуни мазкур, то ҳанӯз ҳолатҳои ба таври пурра ва дахлдор риоя накардани меъёрҳои он аз тарафи масъулин эҳсос мегардад, ки ин боиси коҳиш ёфтани сатҳи таълиму тарбияи насли наврас, аз таҳсил дур мондан, ба оворагардӣ ва талбандагӣ машғул шудан, ба ҳуқуқвайронкуниҳо, аз ҷумла, ҷиноят ва дигар амалҳои номатлуб даст задани онҳо, мешавад. Ҳолатҳои ҷойдошта дарвоқеъ нигаронкунанда мебошанд ва аз падару модарон, дигар муассисаву ташкилотҳои ваколатдор масъулияти бештарро вобаста ба иҷрои меъёрҳои қонунгузорӣ тақозо менамоянд.

Дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ аз ҷониби кормандони прокуратура бо тариқи назоратӣ ҳолати иҷрои қонуни мазкур 150 маротиба санҷида, 2801 вайронкунии қонун, аз қабили иҷро накардани уҳдадориҳо оид ба таълиму тарбия аз ҷониби падару модарон, омӯзгорон ва муассисаҳои таълимӣ, ошкор шуд. Аз ҷумла, на дар ҳама муассисаҳои таълимӣ назорати иштироки хонандагон дар раванди таълим аз тарафи падару модарон ва муассисаҳо ба таври дахлдор назорат мешавад, аз ин рӯ, ҳолатҳои муддатҳои дароз дар дарсҳо иштирок накардани хонандагон ҷой доранд. Ҳатто баъзе омӯзгорон ба ҷойи пешгирии қонунвайронкуниҳои хонандагон ба дарсҳо ҳозир нагаштани онҳоро рӯйпӯш менамоянд.

Ҳамчунин, дар рафти санҷишҳои прокурорӣ ҳолатҳои зиёди монеъ шудан ба гирифтани таҳсилоти ҳатмии асосӣ, иҷро накардани уҳдадориҳо оид ба таълиму тарбия аз ҷониби падару модарон, муносибати бераҳмона нисбат ба ноболиғон аз ҷониби омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ ошкор ва нисбат ба шахсони гунаҳкор парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз карда шуданд. Дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ кормандони прокуратура 98 ҳолати монеъ шудани падару модаронро ба гирифтани таҳсилоти ҳатмии асосӣ ошкор ва вобаста ба ин ҳолатҳо парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз намуданд.

Маҳз ҷой доштани чунин ҳолатҳо боиси пайдо шудани «пешволидерон» дар байни хонандагони муассисаҳои таълимӣ, ташкил намудани гурӯҳҳо ва доир намудани ҷанҷолу муштзаниҳо дар байни хонандагон ва ё ҷавонони маҳаллаҳо ва дар ин замина содир намудани ҷиноятҳои дараҷаҳои гуногун, аз қабили авбошӣ, одамкушӣ ва ғайра гаштааст. Аз ҷониби ноболиғон дар ин давра 78 адад ҷинояти авбошӣ ба қайд гирифта шудааст, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта 17 адад зиёд мебошад. Танҳо дар шаҳри Душанбе аз ҷониби ноболиғон 20 ҷинояти авбошӣ, аз ҷумла, чор адад гурӯҳӣ, рух дода, дар ду ҳолат задухӯрди хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ бо истифодаи яроқи сард содир шудааст. Ҳолатҳои зикршуда аз он шаҳодат медиҳанд, ки то ҳанӯз дар байни падару модарон ва муассисаҳои таълимӣ ҳамкорӣ ба таври дахлдор ба роҳ монда нашудааст.

Тавре ҳамагон огоҳанд, бо мақсади амалигардонии меъёрҳои қонуни зикршуда Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон № 835 аз 8 феврали соли 2017 «Дар бораи тадбирҳои иловагӣ оид ба иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ба тасвиб расида буд. Тибқи он ба таври мушаххас 10 вазорату идора, ки иҷрои меъёрҳои қонуни мазкур ба самти фаъолияташон мансуб мебошад, муайян ва уҳдадории таъмини онҳо ба зиммаашон вогузор шудааст. Аммо то ба ҳол на ҳама вазорату идораҳои дахлдор ҷиҳати дар сатҳи зарурӣ амалӣ намудани назорат ва иҷрои меъёрҳои қонун, ки ба онҳо вобаста шудааст, имкониятҳои мавҷударо пурра истифода бурдаанд. Аз ин рӯ, лозим аст, ки ҷиҳати иҷрои талаботи фармони марбута мутасаддиён масъулияти бештар эҳсос кунанд.

Вакилони Маҷлиси намояндагон Саидҷаъфар Усмонзода, Абдуҳалим Ғаффоров, Нуралӣ Риоев, Равшан Раҷабзода, Азизмуҳаммад Холмуҳаммадзода, Абдураҳим Холиқзода, Ҳилолбӣ Қурбонзода, Ҷӯрахон Маҷидзода фикру мулоҳиза иброз намуда, пешгирии ҷалби ҷавононро ба ташкилотҳои террористию экстремистӣ ва иҷрои муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд»-ро вазифаи муҳими мақомоти дахлдор ва ҷомеаи шаҳрвандӣ маънидод карданд.

Муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуҷаббор Азизӣ соати парламентиро ҷамъбаст карда, мақомоти прокуратура, амнияти миллӣ, корҳои дохилиро ба ҳамкории зич бо мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузори кишвар даъват намуд.

Дар охир қарору тавсияҳо оид ба масъалаи баррасишуда қабул гардиданд.

 Абдумаҷид МУРОДОВ, «Садои мардум».

Суратгир Неъматулло АЛИЕВ