Дар кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Пешниҳоди имтиёзҳо ба танзим медарояд

№89 (3569) 12.07.2016

DSC_0045Ҳаштуми июли соли ҷорӣ таҳти раёсати раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, ҳифзи сиҳатӣ, илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати байни ҷавонону занон дар ҷомеа Фарҳод Раҳимӣ ҷаласаи ин кумита баргузор гардид.

 Ба рӯзномаи ҷаласа ду масъала – Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ» шомил буд.

- Мақсади ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», пеш аз ҳама, аз такмили қонуни амалкунанда ва мутобиқ намудани санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи маориф ба низоми имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ иборат мебошад, — иброз дошт раиси кумита ва афзуд: — Тибқи иловаҳои пешниҳодшуда, минбаъд имтиҳонҳои дохилшавӣ ба муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ низ тавассути Маркази миллии тестӣ ба роҳ монда мешавад.

Фарҳод Раҳимӣ дар шарҳи масъалаи дуюми рӯзнома, минҷумла гуфт, ки ҳадафи ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ» дар сатҳи дахлдор танзим намудани масъалаи додани имтиёзҳо ба гурӯҳҳои муайяни шаҳрвандон ҳангоми дохилшавӣ ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, инчунин ба гурӯҳҳои имтиёздор шомил намудани шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки хизмати ҳарбиро адо намудаанд.

Аъзои кумита роҷеъ ба масъалаҳои рӯзнома фикру пешниҳодоти хешро иброз доштанд.

Хулосаҳои кумита оид ба масъалаҳои баррасишуда ба Иҷлосияи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардиданд.

 

Абдумаҷид МУРОДОВ,  «Садои мардум».  Суратгир А. Исоев