Шонздаҳуми феврали соли 2018 таҳти раёсати Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев Иҷлосияи чордаҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум баргузор гардид.
РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Тибқи маълумоти пешниҳодгардида, аз 31 нафар аъзои Маҷлиси миллӣ 31 нафар дар толор иштирок доранд.
Баҳри дақиқ намудани шумораи ширкаткунандагон аз шумо, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, хоҳиш менамоям, ки бо истифода аз системаи электронӣ аз қайд гузаред. Дар толор 31 нафар аъзои Маҷлиси миллӣ ҳузур доранд.
Дар Иҷлосияи чордаҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ – Намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раисони Суди конститутсионӣ, Суди Олӣ, Суди Олии иқтисодӣ, прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Бонки миллии Тоҷикистон, раиси Палатаи ҳисоб, директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндагони воситаҳои ахбори омма, ки ба иҷлосия даъват гардидаанд, ҳузур доранд.
Мутобиқи моддаи 20 Дастури Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Иҷлосияи чордаҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷумро кушода эълон менамоям.
(Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон садо медиҳад).
РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Мутобиқи моддаи 25 Дастури Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон зарур аст, ки ҳайати котиботи Иҷлосияи чордаҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷумро интихоб намоем. Лоиҳаи қарор оид ба масъалаи зикршуда ба шумо пешниҳод гардидааст. Нисбат ба он таклифҳои иловагӣ бошанд, марҳамат изҳор намоед. Чӣ гуна пешниҳод доред?
Бо дарназардошти пешниҳоди баёнгардида, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи котиботи Иҷлосияи чордаҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум»- ро ба овоз мемонам.
Қарор қабул гардид.
Ҳамин тариқ, ба ҳайси раиси котибот муҳтарам Абдураҳмонзода Саидбурҳони Саидраҳмон ва аъзои котибот муҳтарам Раҳмонова Наргис Шарифовна ва Неъматзода Қурбонмурод Ҳақризо интихоб гардиданд. Аз ҳайати котибот хоҳиш менамоем, ки ҷойҳои худро ишғол намоянд.
РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Ба мо лозим аст, ки рӯзномаи Иҷлосияи чордаҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷумро баррасӣ ва тасдиқ намоем. Лоиҳаи қарор иборат аз 19 масъала ба шумо пешниҳод гардидааст. Нисбат ба он таклиф ё пешниҳод доред?
Ба овоз мемонам.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзномаи Иҷлосияи чордаҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум» бо дарбаргирии масъалаҳои зерин ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид:
1. Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон»
2. Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон»
3. Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
4. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ғалла ва маҳсулоти коркарди он»
5. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи зотпарварӣ»
6. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мораторий ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ»
7. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйир ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон»
8. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон»
9. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру илова ба Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон»
10. Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба иваз намудани номи шаҳрҳои Қӯрғонтеппа ва Сарбанд, ноҳияи Бохтар, шаҳраки Восеъ ва деҳаи Қурбоншаҳиди ноҳияи Восеъ, деҳаҳои Шота Руставели, Тошохур ва Будинободи ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон»
11. Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Нақшаи чорабиниҳои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 22 декабри соли 2017»
12. Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз вазифаи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд намудани Абдураҳимзода Д. Р.»
13. Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз вазифаи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд намудани Абдулҳақов Маҳмадали»
14. Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз вазифаи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд намудани Ализода Н. И.»
15. Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз вазифаи судяи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд намудани Исматзода Раҳмат»
16. Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судяи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Абдураҳимзода Д. Р.»
17. Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Абдулҳақов Маҳмадали»
18. Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Ализода Н. И.»
19. Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ҳисоботи прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи назорати риояи дақиқ ва иҷрои якхелаи қонунҳо дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2017».
РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Ба баррасии масъалаи аввал — Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» оғоз мебахшем. Сухан оид ба ин масъала ба раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният муҳтарам Раҳмон Озода Эмомалӣ дода мешавад. Марҳамат.
РАҲМОН Озода Эмомалӣ:
- Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз ҷониби як гурӯҳ вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 31 январи соли 2018 қабул намудааст. Мақсад аз ворид кардани тағйиру иловаҳо мутобиқ намудани меъёрҳои қонуни конститутсионии мазкур ба муқаррароти Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Мувофиқи тағйиру иловаҳо, салоҳияти раисон ва судяҳои судҳои иқтисодӣ ҳангоми баррасии парвандаҳои иқтисодӣ дар асоси эътирозу шикоятҳо ва зимни баррасии парвандаҳо оид ба муфлисшавӣ мукаммал гардонида, назорати иҷрои санадҳои судӣ ба судяҳо вогузор карда мешавад.
Тағйиру иловаҳо барои такмили қонуни конститутсионии амалкунанда ва таъмини иҷрои санадҳои судӣ мусоидат менамоянд.
Қонуни конститутсионии мазкур ба меъёрҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои амалкунанда ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофкардаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ мебошад ва аз шумо хоҳиш менамоям, ки онро ҷонибдорӣ намоед.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.
РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Ба баррасии масъалаи навбатӣ — Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» шурӯъ менамоем. Сухан оид ба масъалаи зикршуда ба раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳамоҳангсозии фаъолияти Маҷлиси миллӣ бо Маҷлиси намояндагон, ҳокимияти иҷроия, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, воситаҳои ахбори омма ва робитаҳои байнипарламентӣ муҳтарам Имомзода Муҳаммадюсуф Саидалӣ дода мешавад. Марҳамат.
ИМОМЗОДА Муҳаммадюсуф Саидалӣ:
- Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи як гурӯҳ вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 7 феврали соли 2018 қабул намудааст.
Он бо мақсади мутобиқ намудан ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, талаботи имлои забони тоҷикӣ, бартараф кардани ихтилофоти қонунгузорӣ ва мукаммал намудани раванди шаклгирии низоми ҳуқуқӣ таҳия ва пешниҳод гардидааст. Аз ҷумла, ба қонуни конститутсионӣ се моддаи нав — моддаи 1 дар ишораи 1 вобаста ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаи 4 дар ишораи 1 оид ба мақом ва ваколатҳои мушоҳидони миллӣ ва моддаи 4 дар ишораи 2 оид ба мақом ва ваколатҳои мушоҳидони байналмилалӣ ворид карда шуд.
Ба қонуни конститутсионӣ ворид намудани тағйиру иловаҳо оид ба мақом ва ваколатҳои мушоҳидони миллию байналмилалӣ, бо Конститутсия мутобиқ намудани ҳуқуқи интихобкунандагон ва ҳуқуқи интихоботии шаҳрвандон, манъ кардани ҳама гуна иштироки мустақим ва ё ғайримустақими давлатҳо ва созмонҳои хориҷӣ, шахсони ҳуқуқӣ ва шаҳрвандони хориҷӣ дар маблағгузорӣ ва дигар намуди дастгирии моддии маъракаи интихобот, пуррасозии ваколатҳои Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ ва дуруст намудани шакли пур кардани бюллетенҳои интихоботӣ аз қонуни конститутсионӣ духӯрагиҳоро дур сохта, ба шаффоф ва демократӣ баргузор гардидани интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат хоҳад намуд.
Ба мақомоти ҳизбҳои сиёсӣ, ки номзадҳоро пешбарӣ кардаанд, худи номзадҳо ва прокурор додани ҳуқуқ барои ба суд муроҷиат намудан нисбати қарорҳои комиссияҳои интихоботӣ, ба шаҳрванд додани ҳуқуқи шикоят ҳангоми ба рӯйхат дохил нашудан, нодуруст ба рӯйхат дохил шудан ё аз рӯйхат баровардан, муайян намудани муҳлати дастрас намудани бюллетенҳои интихоботӣ ба комиссияҳои интихоботӣ меъёрҳое наве мебошанд, ки ба лоиҳаи қонуни конститутсионӣ ворид карда шуда, ихтилофоти қонунгузориро аз байн мебаранд.
Ҳамчунин, ба қонуни конститутсионӣ меъёрҳои дигари нав оид ба манъ намудани ба ҳабс гирифтан, дастгир кардан, маҷбуран овардан, кофтуков кардани номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бе розигии Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ, ба истиснои дастгир шудан дар ҷойи содири ҷиноят, оид ба қатъи ваколатҳои шахсони боэътимод, оид ба натиҷаи пешакӣ ва ниҳоии интихобот, оид ба шурӯъ намудани Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа баъд аз интихобот, ворид карда шуданд.
Дар маҷмӯъ, тағйиру иловаҳо ба қонуни конститутсионӣ, қабл аз ҳама, ба ҳимояи ҳуқуқи интихобкунандагон, шаффофияти баргузории интихобот ва таъмини амнияти фазои интихоботии кишвар равона шудаанд.
Қонуни конститутсионии мазкур ба меъёрҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои қонунгузорӣ ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофкардаи Тоҷикистон мухолифат надорад ва аз шумо хоҳиш менамоям, ки онро ҷонибдорӣ намоед.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.
РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Ба баррасии масъалаи навбатӣ — Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» оғоз мебахшем. Сухан оид ба ин масъала ба Имомзода Муҳаммадюсуф Саидалӣ дода мешавад. Марҳамат.
ИМОМЗОДА Муҳаммадюсуф Саидалӣ:
- Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Имомзода Муҳаммадюсуф ва як гурӯҳ вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 7 феврали соли 2018 қабул намуд.
Он мақсади мутобиқ намудан ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, талаботи имлои забони тоҷикӣ, бартараф намудани ихтилофоти қонунгузорӣ ва мукаммал намудани раванди шаклгирии низоми ҳуқуқӣ таҳия ва пешниҳод гардидааст. Бо ин мақсад аз 59 моддаи қонуни конститутсионии амалкунанда ба 47 моддаи он тағйиру иловаҳо ворид карда шуд. Аз ҷумла, дар матни қонуни конститутсионӣ калимаҳои «ин Қонун», «статуси», «Системаи», «акт» ва «нозирон» мувофиқан ба калимаҳои «Қонуни конститутсионии мазкур», «мақоми», «Низоми», «санад» ва «мушоҳидон» иваз карда шуда, моддаи 55 дар таҳрири нав таҳия гардид, ки муҳтавояш чунин аст:
«Натиҷаи пешакии интихоботи аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагонро Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ аз тариқи воситаҳои ахбори омма дар муддати 24 соати баъди ба охир расидани интихобот эълон мекунад.
Натиҷаи ниҳоии интихоботи аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон бо қарори Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ тасдиқ гардида, дар муддати на дертар аз ду ҳафтаи баъди ба охир расидани интихобот бо рӯйхати аъзои интихобшудаи Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон дар матбуот чоп карда мешавад».
Дар моддаи 81 қисми дуюм бо мазмуни зерин илова карда шудааст:
«Фаъолияти мушоҳидони миллӣ баъди бо қарори комиссияҳои ҳавзавии дахлдори интихобот тасдиқ гардидани рӯйхати онҳо оғоз ёфта, пас аз эълон гардидани натиҷаи пешакии интихобот қатъ мегардад».
Дар моддаи 12 қонуни конститутсионӣ, ки ба ваколатҳои Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ бахшида шудааст, банди 11 бо мазмуни зайл илова карда шудааст: «тартиби муайян намудани сатҳи донистани забони давлатиро аз ҷониби узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагон муқаррар мекунад».
Дар моддаи 33, ки шаҳрвандони ҳуқуқнадоштаро барои номзад шудан ба аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон муайян менамояд, сархатҳои дуюм, сеюм ва чорум бо мазмуни зерин илова карда шудааст:
«- шаҳрвандоне, ки забони давлатиро намедонанд;»
«- шаҳрвандоне, ки дар ҳудуди ҷумҳурӣ камтар аз 7 соли охир истиқомат доранд — барои номзад ба аъзои Маҷлиси миллӣ;»
«- шаҳрвандоне, ки дар ҳудуди ҷумҳурӣ камтар аз 5 соли охир истиқомат доранд — барои номзад ба вакили Маҷлиси намояндагон».
Дар маҷмӯъ, тағйиру иловаҳои пешниҳодгардида дар баробари мутобиқкунонӣ ба қонунгузории кишвар, инчунин бевосита ба ҳимояи ҳуқуқи интихобкунандагон, кафолати иҷтимоӣ ва сиёсии номзад ба узвияти Маҷлиси миллӣ ва вакилии Маҷлиси намояндагон, ҷоннок намудани фаъолияти комиссияҳои интихоботӣ ва шаффоф баргузор намудани интихобот равона шудаанд.
Қонуни конститутсионии мазкур ба меъёрҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои қонунгузорӣ ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофкардаи Тоҷикистон мухолифат надорад ва аз шумо хоҳиш менамоям, ки онро ҷонибдорӣ намоед.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.
РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Масъалаи навбатӣ — Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ғалла ва маҳсулоти коркарди он» ба шумор меравад. Сухан оид ба ин масъала ба раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ, шуғли аҳолӣ ва экология муҳтарам Гулмаҳмадзода Давлатшоҳ Қурбоналӣ дода мешавад. Марҳамат.
Гулмаҳмадзода Давлатшоҳ Қурбоналӣ:
- Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ғалла ва маҳсулоти коркарди он» бо тартиби истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 13 декабри соли 2017 қабул намудааст.
Он асосҳои ҳуқуқӣ, ташкилӣ, иқтисодии муомилоти ғалла, маҳсулоти коркарди он, талабот оид ба сифати ғалла, тайёр кардани ғаллаи озуқавӣ ва тухмиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд. Қонун аз 6 боб ва 34 модда иборат буда, боби 1- уми он мафҳумҳои асосӣ, таснифоти ғалла, қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ғалла ва маҳсулоти коркарди он, вазифаҳои қонуни мазкур, субъектҳои хоҷагидоре, ки ба муомилоти ғалла ва маҳсулоти коркарди он машғуланд, принсипҳои асосии ташкили фаъолият дар соҳаи муомилоти ғалла, ҳуқуқу уҳдадориҳои субъектҳои хоҷагидорӣ ва бақайдгирии миқдору сифати ғалларо дар бар мегирад.
Боби 2 хусусиятҳои муомилоти ғалла ва маҳсулоти коркарди он, кишт ва истеҳсоли ғалла, нигоҳдорӣ ва хизматрасонӣ, фурӯши ғалла, воридоту содироти он ва истифодаи партовҳои ғалларо ба танзим медарорад.
Принсипу усулҳои танзими давлатии муомилоти ғалла, салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба танзими муомилоти ғалла, ваколатҳои мақомоти ваколатдори давлатӣ, ваколатҳои мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар соҳаи мазкур, шаклҳои дастгирии давлатӣ ва самтҳои дастгирии давлатии муомилоти ғалла дар боби 3 пурра дарҷ гардидаанд.
Бобҳои 4, 5 ва 6 таъмини сифати ғалла, бамеъёрдарории талабот нисбат ба сифати ғалла, экспертиза ва арзёбии сифати ғалла, маҳсулоти коркарди он ва бақайдгирии давлатии гигиении он, сертификатсияи сифати ғалла, талабот нисбат ба бехатарии ғалла, назорати давлатии муомилоти ғалла, захираҳои давлатӣ ва ташаккули захираҳои давлатии ғалла, ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи қонуни мазкур, аз эътибор соқит донистани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ғалла» ва тартиби мавриди амал қарор додани қонуни мазкурро ба танзим медароранд.
Қонун ба меъёрҳои конститутсионӣ ва қонунҳои амалкунанда мутобиқ аст. Аз шумо хоҳиш менамоям онро ҷонибдорӣ намоед.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ғалла ва маҳсулоти коркарди он» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.
РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Ба баррасии масъалаи навбатӣ — Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи зотпарварӣ» оғоз менамоем. Сухан аз рӯи ин масъала ба муҳтарам Гулмаҳмадзода Давлатшоҳ Қурбоналӣ дода мешавад. Марҳамат.
ГУЛМАҲМАДЗОДА Давлатшоҳ Қурбоналӣ:
- Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи зотпарварӣ» бо тартиби истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби вакилони Маҷлиси намояндагон пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 13 декабри соли 2017 қабул намудааст.
Баҳри мукаммалгардонӣ ба моддаи 7-уми қонуни амалкунанда сархатҳои нави 11,12 ва 13 илова шудааст, ки тибқи он ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи зотпарварӣ мушаххас гардидаанд.
Моддаи 8-уми қонуни амалкунанда дар таҳрири нав ифода гардида, вазифаҳо оид ба ташкили фаъолият дар соҳаи зотпарварӣ ва кафолатҳо ба корхонаҳои (хоҷагиҳои) зотпарварӣ мушаххас шудаанд.
Ба моддаи 24 қисми 1 илова карда шудааст, ки мутобиқи он ба вуҷуд овардани зотҳои нав (авлодҳо, кроссҳо) ва беҳтар намудани сифати зотҳои мавҷуда бо тартиби муқаррарнамудаи қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби субъектони соҳаи зотпарварӣ амалӣ карда мешавад. Илова бар ин, ба як қатор моддаҳои қонуни амалкунанда тағйиру иловаҳои дахлдор ворид карда шудааст, ки онҳо хусусияти муайянкунанда, мутобиқкунанда ва таҳрирӣ доранд.
Қонун ба меъёрҳои конститутсионӣ ва қонунҳои амалкунанда мутобиқ мебошад. Аз шумо хоҳиш менамоям онро ҷонибдорӣ намоед.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи зотпарварӣ» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.
РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Ба баррасии масъалаи навбатӣ — Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мораторий ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ» шурӯъ менамоем. Сухан оид ба ин масъала ба раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисодиёту коммуникатсия муҳтарам Амирзода Раҳмоналӣ Амир дода мешавад. Марҳамат.
АМИРЗОДА Раҳмоналӣ Амир:
- Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мораторий ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ» бо тартиби истифодаи ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 7 феврали соли 2018 қабул намудааст.
Он асосҳои ҳуқуқии татбиқи мораторий ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолиро муайян намуда, тартиби татбиқи мораторияро муқаррар ва ҳуқуқу манфиатҳои қонунии шаҳрвандонро ҳифз менамояд. Инчунин, барои дастгирии давлатии соҳибкории истеҳсолӣ, таъмини барномаҳои қабулшудаи давлатӣ дар самти истеҳсоли маҳсулоти ивазкунандаи воридот, ташкили ҷойҳои нави корӣ, таҳкими иқтидори саноатию содиротии ҷумҳурӣ, бартараф намудани санҷишҳои беасосу такрорӣ равона гардида, фароҳам овардани фазои мусоид барои соҳибкориву сармоягузориро таъмин менамояд.
Қонун ба меъёрҳои конститутсионӣ, қонунҳои амалкунанда ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, мутобиқ мебошад. Аз шумо хоҳиш менамоям онро ҷонибдорӣ намоед.
Раис: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Аз шумо хоҳиш менамоям баҳри дар амал татбиқ намудани қонуни мазкур таваҷҷуҳи махсус зоҳир намоед, зеро он аз ташаббуси бевоситаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 декабри соли 2017 сарчашма гирифтааст.
Имрӯз бояд ҳар яки мо дарк намоем, ки бе дастгирии давлатии соҳибкорӣ ва ҳамкорӣ бо соҳибкорон ба рушди воқеӣ ноил шудан имконнопазир мебошад. Чунонки мушоҳида мешавад, дар мамлакатҳои пешрафта тавассути дастгирӣ ва тавсеаи соҳибкории хурду миёна рушду тараққӣ кардаанд. Бинобар ин, бояд ҷиҳати дастгирии пешниҳоди Сарвари давлат тамоми кӯшиши аз дастамон меомадаро ба харҷ диҳем ва ба ин васила, дар пешрафти Ватани азизамон саҳми муносиб гузорем.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мораторий ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.
РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Ба баррасии масъалаи навбатӣ — Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйир ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон» оғоз менамоем ва суханро ба муҳтарам Амирзода Раҳмоналӣ Амир медиҳем. Марҳамат.
АМИРЗОДА Раҳмоналӣ Амир:
- Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйир ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо тартиби истифодаи ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 27 декабри соли 2017 қабул намудааст.
Он бо мақсади таъмини қисми даромади Буҷети давлатӣ, иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии давлатӣ ва маблағгузории бунёди иншооти муҳими аҳамияти стратегидошта қабул гардидааст.
Мутобиқи тағйири ба сархати сеюми моддаи 252 Кодекси андози амалкунанда воридшуда, муҳлати аз байн бурдани андоз аз истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард аз 1 январи соли 2018 ба 31 декабри соли 2020 тамдид карда мешавад.
Қонун ба меъёрҳои конститутсионӣ, қонунҳои амалкунанда ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, мутобиқ мебошад. Аз шумо хоҳиш менамоям онро ҷонибдорӣ кунед.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйир ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.
РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Ба баррасии масъалаи навбатӣ — Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон» оғоз менамоем. Сухан аз рӯи ин масъала ба муҳтарам Амирзода Раҳмоналӣ Амир дода мешавад. Марҳамат.
АМИРЗОДА Раҳмоналӣ Амир:
- Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо тартиби истифодаи ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 7 феврали соли 2018 қабул намудааст.
Он бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳое, ки аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 декабри соли 2017 бармеояд, қабул гардидааст. Тибқи қонуни мазкур, ба кодекси амалкунанда моддаи нави 21, ки тартиби мавриди амал қарор додани санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи андозро муайян месозад, илова карда шудааст. Дар баробари ин, ба моддаи 34 кодекси амалкунанда қисми нави 6 илова карда шудааст, ки тибқи он, минбаъд гузаронидани санҷиши андоз танҳо дар маҳалли ҷойгиршавии (суроғаи) шахси ҳуқуқӣ ва (ё) маҳалли фаъолияти андозсупоранда амалӣ карда мешавад, ба истиснои ҳолатҳое, ки субъекти санҷидашаванда барои санҷишгар утоқи кориро таъмин карда натавонад.
Ба қисми 1 моддаи 81 кодекси амалкунанда ҷумлаи дуюм илова карда шудааст, ки тибқи он, санадҳо ва қарорҳои мақомоти андоз, ки бар хилофи талаботи кодекси мазкур ҳисоб, таҳия ва қабул гардидаанд, инчунин, ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии андозсупорандагонро маҳдуд ё манъ менамоянд, эътибори қонунӣ надоранд. Илова бар ин, қонуни мазкур масъалаҳои аз байн бурдани ихтилофот дар қонунгузорӣ, имтиёзҳо барои истеҳсоли либосҳои шакли ягонаи мактабӣ ва томактабӣ, воридот ва таҳвили минбаъдаи автомашинаҳои нав, таҷҳизоти истеҳсолию технологӣ, таҷҳизоти ҳозиразамони ташхису табобат, воридоти технологияву таҷҳизот ва маҳсулоти истеҳсолот барои таъминоти соҳаи парандапарвариро фаро гирифтааст.
Қонун ба меъёрҳои конститутсионӣ, қонунҳои амалкунанда ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, мутобиқ мебошад. Аз шумо хоҳиш менамоям онро ҷонибдорӣ намоед.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.
РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Ба баррасии масъалаи навбатӣ — Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру илова ба Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон» оғоз бахшида, суханро ба муҳтарам Амирзода Раҳмоналӣ Амир медиҳем. Марҳамат.
АМИРЗОДА Раҳмоналӣ Амир:
- Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру илова ба Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо тартиби истифодаи ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 7 феврали соли 2018 қабул намудааст.
Он бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳое, ки аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 декабри соли 2017 бармеоянд, қабул гардидааст. Тибқи ин қонун, ба моддаи 345 кодекси амалкунанда бандҳои нави 14, 15, 16, 17, 18 ва 19 илова шудааст, ки мутобиқи онҳо воридоти ашё (фурнитура) барои истеҳсоли либосҳои мактабӣ дар корхонаҳои дӯзандагӣ, воридоти техникаи таъиноти кишоварзӣ, маҳсулоту лавозимот барои истеҳсоли доруворӣ, ки номгӯйи онҳоро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд, аз пардохти боҷи гумрукӣ озод карда мешаванд.
Ҳамчунин, тибқи қонуни мазкур, воридот ва таҳвили минбаъдаи автомашинаҳои нав, таҷҳизоти истеҳсолию технологӣ, таҷҳизоти ҳозиразамони ташхису табобат, воридоти технологияву таҷҳизот ва маҳсулоту истеҳсолот барои таъминоти соҳаи парандапарварӣ аз боҷи гумрукӣ озод карда мешаванд.
Қонун ба меъёрҳои конститутсионӣ, қонунҳои амалкунанда ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, мутобиқ мебошад. Аз шумо хоҳиш менамоям онро ҷонибдорӣ намоед.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру илова ба Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.
Раис: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Ба баррасии масъалаи навбатӣ — лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба иваз намудани номи шаҳрҳои Қӯрғонтеппа ва Сарбанд, ноҳияи Бохтар, шаҳраки Восеъ ва деҳаи Қурбоншаҳиди ноҳияи Восеъ, деҳаҳои Шота Руставели, Тошохур ва Будинободи ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон» оғоз менамоем. Сухан оид ба масъалаи зикршуда ба раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳамоҳангсозии фаъолияти Маҷлиси миллӣ бо Маҷлиси намояндагон, ҳокимияти иҷроия, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, воситаҳои ахбори омма ва робитаҳои байнипарламентӣ муҳтарам Имомзода Муҳаммадюсуф Саидалӣ дода мешавад. Марҳамат.
ИМОМЗОДА Муҳаммадюсуф Саидалӣ:
- Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳамоҳангсозии фаъолияти Маҷлиси миллӣ бо Маҷлиси намояндагон, ҳокимияти иҷроия, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, воситаҳои ахбори омма ва робитаҳои байнипарламентӣ Пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешниҳоди Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон «Оид ба иваз намудани номи шаҳрҳои Қӯрғонтеппа ва Сарбанд, ноҳияи Бохтар, шаҳраки Восеъ ва деҳаи Қурбоншаҳиди ноҳияи Восеъ, деҳаҳои Шота Руставели, Тошохур ва Будинободи ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон» — ро, ки таҳти №29 аз 20 январи соли 2018 ворид гардидааст, мавриди баррасӣ қарор дод.
Таклиф ба миён гузошта шудааст, ки номи шаҳри Қӯрғонтеппа ба шаҳри Бохтар, шаҳри Сарбанд ба шаҳри Левакант, ноҳияи Бохтар ба ноҳияи Кӯшониён, шаҳраки Восеи ноҳияи Восеъ ба шаҳраки Ҳулбук, деҳаи Қурбоншаҳиди деҳоти «Гулистон»-и ноҳияи Восеъ ба деҳаи Меҳробод, деҳаи Шота Руставелии деҳоти «Ситораи Сурх» — и ноҳияи Ёвон ба деҳаи Саргаҳ, деҳаи Тошохури деҳоти ба номи Ҳасан Ҳусейнови ноҳияи Ёвон ба деҳаи Боғдара ва деҳаи Будинободи деҳоти ба номи Гулсара Юсуфоваи ноҳияи Ёвон ба деҳаи Зарриндашт иваз карда шаванд.
Шаҳри Қӯрғонтеппа 11 августи соли 1937 дар соҳили чапи дарёи Вахш ташкил ёфта, масоҳати умумиаш 24,57 (зиёда аз 24 ҳазор) км2 буда, маркази маъмурии вилояти Хатлон ба ҳисоб меравад. Масофаи байни шаҳри Қӯрғонтеппа то шаҳри Душанбе 100 километр ва аҳолии шаҳр 105403 нафарро ташкил медиҳад.
Бинобар маълумоти сарчашмаҳои хаттӣ ва археологӣ, Қӯрғонтеппа дар аҳди Кӯшониён — асрҳои I то IV ба вуҷуд омада, Левакант ном доштааст. Дар охирҳои асри VIII ва ибтидои асри IX аз тарафи арабҳо тасарруф ва талаву тороҷ мешавад. Дар асри XIII он аз тарафи муғулҳо забту ба харобазор табдил ёфтааст ва аз асри XVI рӯ ба тараққӣ ниҳодааст. Номи ҳозираи шаҳр дар маълумоти таърихӣ ба асри XVII рост меояд. Дар асри XIX ва аввалҳои асри XX Қӯрғонтеппа деҳаи назарногири аз маркази аморат дурафтода, аз биноҳои пастаки похсагӣ иборат буда, ягона мавзеи назаррасу ҷолиби он теппаи марказии байни наҳрҳои «Ҷӯйбор»-у «Ҷӯи Хонум» ҳисоб меёфт.
Вақте номи шаҳрро ба забон меорем, пеш аз ҳама, теппаи таърихии он пеши назар меояд. Воқеан, ин теппа дар маркази шаҳр, дар мавзеи басо хушманзар — байни ду наҳри калони «Ҷӯйбор»-у «Ҷӯи Хонум», ки асрҳо боз ҷорианд, ҷойгир шудааст. Андешаи он ки теппаи «Қӯрғон» ба таври сунъӣ бунёд ёфтааст, шубҳаовар ва аз ҳақиқати таърихӣ дур набуда, он батадриҷ, давра ба давра бунёд ёфта, ба шакли имрӯзааш расидааст.
Дар шаҳри Қӯрғонтеппа корхонаҳои саноатии хурду калони шакли моликияташон гуногун, муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, миёнаи касбӣ ва таҳсилоти олӣ, макотиб ва толору майдончаҳои варзишӣ, муассисаҳои фарҳангиву фароғатӣ, тиббӣ, марказҳои гуногуни савдову хизматрасонӣ фаъолият доранд ва ба аҳолӣ хизмат мерасонанд. Инчунин, дар шаҳри Қӯрғонтеппа 1100 гектар замини корам вуҷуд дошта, 35 хоҷагии деҳқонӣ фаъолият менамояд.
Шаҳри Сарбанд зодаи даврони соҳибистиқлолии кишвар буда, дар қисмати ҷанубии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар водии зарнисори Вахш ҷойгир мебошад. Он бо қарори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 феврали соли 1996, №247 дар ҳайати вилояти Хатлон аз ҳисоби хурд кардани ноҳияҳои Бохтар ва Куйбишев (ҳозира Абдураҳмони Ҷомӣ), бо маркази маъмуриаш дар шаҳри Калининобод, таъсис дода шудааст.
То 2 феврали соли 1996 шаҳри Сарбанд бо номи шаҳри Калининобод арзи вуҷуд дошта, ба ҳайати шаҳри Қӯрғонтеппа дохил мешуд ва яке аз шаҳрҳои тараққикардаи саноатии ҷумҳурӣ ба шумор мерафт. Соли 1996 ба ҳайати шаҳри навтаъсиси Сарбанд деҳоти «Гулистон», деҳаҳои Булакдашт, Туятоши шаҳраки Бӯстонқалъаи ноҳияи Бохтар ва деҳаи Зағертути деҳоти ба номи Калинини ноҳияи Куйбишев дохил карда шуданд.
Таърихи шаҳр ба сохтмони канали магистралии барои обёрии водии Вахш (солҳои 1930-1932) сохташуда зич алоқамандӣ дорад. Солҳои сиюми асри гузашта дар мавзеи ҳозираи шаҳри Сарбанд сохтмони зарбдори обёрии водии Вахш бо номи «Вахшстрой» оғоз гардида, на танҳо ба ободии шаҳри имрӯзаи Сарбанд, балки тамоми водии зарнисори Вахш замина гузошт.
Пас аз оғози сохтмони Неругоҳи барқи обии «Сарбанд» (20 июни соли 1960) ва ба кор даромадани он (соли 1963) сохтмони шаҳр ҳамчун шаҳри саноатӣ оғоз гардид. Махсусан баъди сохта шудани Заводи нуриҳои азотии Вахш (ҳозира Корхонаи муштараки «Тоҷиказот»), ки яке аз калонтарин корхонаҳои саноатии ҷумҳурӣ ба шумор меравад, Сарбанд ҳамчун шаҳри химикҳо дар ҷумҳурӣ ва берун аз он шинохта шуд.
Масоҳати шаҳр 131,09 км2 ва аҳолии он 42902 нафар мебошад. Масофаи байни шаҳр то маркази вилоят 17 км ва то маркази ҷумҳурӣ 118 километрро ташкил медиҳад. Сарбанд асосан шаҳри саноатӣ буда, шумораи корхонаҳои саноатии он имрӯз 27 ададро ташкил медиҳанд.
Заводи нуриҳои азотии Вахш нахустин корхонаи бузурги кимиёвии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, соли 1967 бо ду хатти технологии истеҳсоли аммиак ва карбамид фаъолияти худро оғоз кард.
Дар шаҳри Сарбанд 95 хоҷагии хурду калони деҳқонӣ, муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва миёнаи касбӣ, макотиб ва толору майдончаҳои варзишӣ, муассисаҳои фарҳангиву фароғатӣ, тиббӣ ва марказҳои гуногуни савдову хизматрасонӣ фаъолият доранд ва ба аҳолӣ хизмат мерасонанд.
Ноҳияи Бохтар 16 ноябри соли 1980 ташкил шуда, масоҳаташ 556 км2 мебошад ва дар он 231893 нафар аҳолӣ зиндагӣ мекунанд. Масофа аз маркази ноҳия то шаҳри Душанбе 110 км ва то истгоҳи роҳи оҳани шаҳри Қӯрғонтеппа 30 км мебошад.
Дар ноҳия 3 шаҳрак, 5 деҳот, 34 корхонаи саноатӣ ва 9 ташкилоти сохтмонӣ, нақлиётӣ, ҷамъияти матлубот, корхонаи коммуналӣ, 4 хоҷагии давлатӣ ва 1861 хоҷагии деҳқонӣ (фермерӣ), 63 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, мактаби президентӣ барои хонандагони болаёқат, мактаб — интернати ғайридавлатӣ барои кӯдакони ятиму бепарастори Хазинаи хайрияи байналмилалии кӯдакон «Озодӣ» ва беморхонаҳо мавҷуд буда, ба аҳолӣ хизмат мерасонанд.
Шаҳраки «Восеъ»-и ноҳияи Восеъ яке аз калонтарин шаҳрак дар ноҳия ба шумор рафта, соли 1961 бо номи Шӯрои ҷамоати «Пойтуғ» таъсис ёфтааст ва соли 1963 бо ташкил шудани ноҳияи Восеъ маркази ноҳия ба номи Восеъ гузошта мешавад.
Аз шаҳраки Восеъ то пойтахти ҷумҳурӣ 165 километр роҳ мебошад. Шаҳрак аз 3444 хоҷагӣ ва 23587 нафар аҳолӣ иборат буда, масоҳати умумии он 284 гектар мебошад. Шаҳраки Восеъ бо шарофати сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯз ба рӯз рушд карда, зиндагии мардум сол то сол хубтару беҳтар шуда, махсусан дар соҳаҳои сохтмон, меъморӣ ва шаҳрсозӣ ба комёбиҳои назаррас ноил гардидааст. Дар шаҳрак тӯли солҳои истиқлолият даҳҳо иншооти маъмурию тиббӣ, таълимию фарҳангӣ ва варзишӣ бунёд ёфта, симои онро дигаргун гардонидааст. Дар ин ҷо корхонаҳои хурду калони саноатӣ, муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва миёнаи касбӣ, толору майдончаҳои варзишӣ, муассисаҳои фарҳангиву фароғатӣ, тиббӣ ва марказҳои гуногуни савдову хизматрасонӣ мавҷуд буда, ба аҳолӣ хизмат мерасонанд.
Тағйир додани номи шаҳраки Восеъ ба номи Ҳулбук ба сокинони маҳал таъсири мусбат гузошта, рӯҳияи ободсозӣ ва бунёдкории онҳоро баланд бардошта, ба рушди минбаъдаи ҳаёти фарҳангӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодии шаҳрак бетаъсир нахоҳад монд.
Деҳаи Қурбоншаҳиди деҳоти «Гулистон»-и ноҳияи Восеъ дар аввали асри XX ташкил ёфта, аз шаҳри Душанбе дар масофаи 157 км ҷойгир мебошад. Шуғли асосии сокинони деҳа кишоварзӣ буда, дорандагони дигар касбу корҳо низ дар он ҷо зиндагӣ мекунанд. Деҳаи мазкур дар мавзеи хеле қулай — дар маркази маҳаллаҳои ҳудуди деҳот ҷойгир буда, аз даромадгоҳи он дарёи Сурхоб ҷорӣ аст.
Деҳа ҳусни зебо ва диққатҷалбкунанда дошта, аз маркази он Шоҳроҳи бузурги абрешим (шоҳроҳи Душанбе-Хоруғ) мегузарад.
Деҳаи Қурбоншаҳид аз 1176 хоҷагӣ ва 10148 нафар аҳолӣ иборат буда, дар он муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, марказҳои саломатӣ, осорхона, бозори «Ҳулбук», корхонаҳои саноатӣ, китобхона ва марказҳои хизматрасонии гуногун мавҷуд мебошанд, ки ба аҳолӣ хизмат мерасонанд. Дар маркази деҳаи Қурбоншаҳид яке аз ёдгориҳои таърихии халқи тоҷик, қасри шоҳони Хатлонзамин — «Қалъаи Ҳулбук» ҷойгир буда, дар паҳлуяш осорхона фаъолият дорад.
Деҳаи Шота Руставели яке аз деҳаҳои куҳанбунёди деҳоти «Ситораи Сурх»-и ноҳияи Ёвон буда, таърихи 46 — сола дорад. Масофаи байни деҳа то маркази вилоят 126 километрро ташкил медиҳад.
Шумораи умумии аҳолии деҳа 3549 нафарро ташкил дода, майдони умумии заминҳои корами он ба 890 гектар баробар аст. Сокинони деҳа ба парвариши пахта, ғалла ва дигар маҳсулоти кишоварзӣ машғул мебошанд.
Дар деҳа 22 хоҷагии деҳқонӣ, як муассисаи таълимӣ, се осиёб, панҷ нуқтаи савдо ва чор масҷиди панҷвақта мавҷуд аст, ки мардум аз онҳо истифода мебаранд.
Шота Рустовели ибораи ғайритоҷикӣ мебошад ва иваз намудани номи деҳа аз талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бармеояд. Деҳаи мазкур дар сарҳади даромадгоҳи ноҳия воқеъ гардидааст, аз ин хотир ба номи куҳанбунёд ва қадимии тоҷикӣ — Саргаҳ номидани он ба мақсад мувофиқ мебошад.
Деҳаи Будинобод яке аз деҳаҳои калони деҳоти ба номи Гулсара Юсуфоваи ноҳияи Ёвон мебошад. Дар он 2120 нафар шаҳрванд дар 233 хоҷагӣ сукунат доранд.
Дар гузашта заминҳои атрофи деҳа дашти фарохдоман буда, дар он гиёҳу буттаҳои ба хушкӣ тобовар мерӯид. Дар даштҳои атрофи деҳа парандаи зебою хушхони будина хеле зиёд буда, мардуми гирду атроф ва даҳҳо сокини ноҳияҳои дурдасти шимоли мамлакат ба ин даштҳо омада, хайма зада, будина шикор мекарданд. Мардуми деҳа то обёрӣ шудани даштҳои ташналаб ба чорводорӣ машғул буданд. Аз кадом сол Будинобод ном гирифтани деҳа маълум нест. Соли 1968 баъди ҷорӣ шудани оби нақби Ёвон дар заминҳои гирду атрофи деҳа мардум ба пахтакорӣ машғул шуданд. Аз ҳисоби чӯпонбачаҳо, мисли Саттори Ҷаббор, Чӯпон Одинаев ва дигарон устодони пахта ба воя расидаанд.
Имрӯз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон имконияти ислоҳ намудани камбудию норасоиҳо дар номгузорӣ намудани деҳаю маҳаллаҳо фароҳам омадааст ва мақсад аз иваз намудани номи деҳа, худшиносии миллӣ, тарғиби афкори ҷомеаи навин ва тозагии забони давлатӣ мебошад.
Бо дарназардошти хусусиятҳои ҷуғрофӣ, боғҳои зебои бунёдгардида ва заминҳои ҳосилхези зироатҳои кишоварзӣ пешниҳод гардидааст, ки номи деҳаи Будинобод ба Зарриндашт иваз карда шавад.
Деҳаи Тошохур яке аз деҳаҳои куҳанбунёди деҳоти ба номи Ҳасан Ҳусейнови ноҳияи Ёвон буда, соли 1929 ташкил шудааст. Масофаи он то маркази вилоят 98 километрро ташкил медиҳад.
Ба гуфти сокинони деҳаи Тошохур, қаблан деҳаро Боғдара меномиданд, ки айни ҳол ин боғ тахмин ду километр болотар аз деҳа дар домани кӯҳ мавҷуд мебошад. Номи деҳа заминаи ҷуғрофӣ дошта, дар доманаи кӯҳистон ҷойгир мебошад.
Шумораи умумии аҳолии деҳа 749 нафарро ташкил дода, майдони умумии заминҳои корами деҳа ба 518 гектар мерасад, ки сокинони деҳа дар он ба парвариши чорво ва зироаткорӣ машғуланд. Дар деҳа бунгоҳи саломатӣ, осиёб, нуқтаи савдо, масҷиди панҷвақта ва чашмаҳои оби нӯшокӣ мавҷуд аст, ки мардуми деҳа аз онҳо истифода мебаранд.
Дар маҷмӯъ, зарурати иваз намудани номи шаҳру ноҳияҳо, шаҳраку деҳаҳои зикршуда ин тозагии забони давлатӣ, арҷгузорӣ ва худшиносии миллӣ, инчунин тибқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», бо забони тоҷикӣ номгузорӣ намудани мавзеъҳои кишвар баҳри тарғиби афкори ҷомеаи навин мебошад.
Пешниҳоди мазкур мутобиқи моддаҳои 18 ва 19 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тартиби ҳалли масъалаҳои сохти маъмурию ҳудудии Ҷумҳурии Тоҷикистон» таҳия гардида, ба дигар қонунҳои ҳамин муносибатҳоро танзимкунанда мухолифат надорад. Маълумоти зарурӣ тибқи Номгӯйи ҳуҷҷатҳо оид ба ҳалли масъалаҳои сохти маъмурию ҳудудӣ аз ҷониби маҷлисҳои вакилони халқи шаҳрҳои Қӯрғонтеппа ва Сарбанд, ноҳияҳои Бохтар, Восеъ ва Ёвон, вилояти Хатлон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.
Кумита пешниҳодро оид ба иваз намудани номи шаҳри Қӯрғонтеппа ба шаҳри Бохтар, шаҳри Сарбанд ба шаҳри Левакант, ноҳияи Бохтар ба ноҳияи Кӯшониён, шаҳраки Восеи ноҳияи Восеъ ба шаҳраки Ҳулбук, деҳаи Қурбоншаҳиди деҳоти «Гулистон» — и ноҳияи Восеъ ба деҳаи Меҳробод, деҳаи Шота Руставелии деҳоти «Ситораи Сурх» — и ноҳияи Ёвон ба деҳаи Саргаҳ, деҳаи Тошохури деҳоти ба номи Ҳасан Ҳусейнови ноҳияи Ёвон ба деҳаи Боғдара ва деҳаи Будинободи деҳоти ба номи Гулсара Юсуфоваи ноҳияи Ёвон ба деҳаи Зарриндашт қобили дастгирӣ меҳисобад ва аз шумо хоҳиш менамоям, ки онро ҷонибдорӣ намоед.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба иваз намудани номи шаҳрҳои Қӯрғонтеппа ва Сарбанд, ноҳияи Бохтар, шаҳраки Восеъ ва деҳаи Қурбоншаҳиди ноҳияи Восеъ, деҳаҳои Шота Руставели, Тошохур ва Будинободи ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.
РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Масъалаи навбатӣ — лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Нақшаи чорабиниҳои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 22 декабри соли 2017» ба шумор меравад.
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Ба маълумоти шумо мерасонам, ки 19 январи соли 2018 Қарори Шӯрои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба тасвиб расонидем. Бо дарназардошти он ки масъалаҳои дар он бамиёнгузошта аз салоҳияти Шӯрои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон берун аст, зарур донистем, ки он ба Иҷлосияи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад, то ки ҳукми Қарори Маҷлиси миллиро бигирад. Зеро чорабиниҳое, ки дар доираи нақшаи мазкур амалӣ карда мешаванд, ҷумҳуриро фаро гирифта, ҳамчунин, таҳияи тағйиру иловаҳоро ба қонунҳои амалкунанда дар таҳрири нав ба миён меоранд. Илова бар ин, дар доираи нақшаи мазкур баргузории муҳокимаҳои парламентӣ оид ба фаъолияти соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ, ҷараёни иҷрои қонунҳо ва барномаҳои давлатӣ низ ба нақша гирифта шудааст. Ҳамкорӣ бо маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ ва такмили фаъолияти Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ аз ҷумлаи вазифа ва чорабиниҳои ба ин нақша воридгардида мебошанд.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Нақшаи чорабиниҳои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 22 декабри соли 2017» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.
РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Ба баррасии масъалаи навбатӣ – лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз вазифаи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд намудани Абдураҳимзода Д. Р. оғоз мебахшем. Сухан оид ба ин масъала ва баъзе масъалаҳои минбаъда ба Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ — Намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ватанзода Маҳмадалӣ Маҳмадулло дода мешавад. Марҳамат.
ВАТАНЗОДА Маҳмадалӣ Маҳмадулло пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қироат менамояд:
- Мутобиқи банди 8 моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, пешниҳод дар бораи аз вазифаи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд намудани Абдураҳимзода Дилором Рустам ирсол мегардад.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз вазифаи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд намудани Абдураҳимзода Д. Р.» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.
РАИС: — Масъалаи навбатӣ — лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз вазифаи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд намудани Абдулҳақов Маҳмадалӣ» мебошад. Сухан ба Ватанзода Маҳмадалӣ Маҳмадулло дода мешавад.
Ватанзода Маҳмадалӣ Маҳмадулло пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро қироат менамояд:
- Мутобиқи банди 8 моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, пешниҳод дар бораи аз вазифаи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд намудани Абдулҳақов Маҳмадали ирсол мегардад.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз вазифаи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд намудани Абдулҳақов Маҳмадалӣ» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.
РАИС: — Масъалаи навбатӣ лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз вазифаи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд намудани Ализода Н. И.» мебошад. Сухан ба муҳтарам Ватанзода Маҳмадалӣ Маҳмадулло дода мешавад.
Ватанзода Маҳмадалӣ Маҳмадулло пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро қироат менамояд:
- Мутобиқи банди 8 моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, пешниҳод дар бораи аз вазифаи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд намудани Ализода Набӣ Искандар ирсол мегардад.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз вазифаи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд намудани Ализода Н. И.» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.
РАИС: — Масъалаи навбатӣ — лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз вазифаи судяи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд намудани Исматзода Раҳмат» аст. Сухан ба муҳтарам Ватанзода Маҳмадалӣ Маҳмадулло дода мешавад.
Ватанзода Маҳмадалӣ Маҳмадулло пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро қироат менамояд:
- Мутобиқи банди 8 моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, пешниҳод дар бораи аз вазифаи судяи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд намудани Исматзода Раҳмат ирсол мегардад.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз вазифаи судяи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд намудани Исматзода Раҳмат» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.
РАИС: — Масъалаи навбатӣ — лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судяи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Абдураҳимзода Д. Р.» аст. Сухан ба муҳтарам Ватанзода Маҳмадалӣ Маҳмадулло дода мешавад.
Ватанзода Маҳмадалӣ Маҳмадулло пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро қироат менамояд:
- Мутобиқи банди 8 моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, пешниҳод дар бораи судяи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Абдураҳимзода Дилором Рустам ирсол мегардад.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судяи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Абдураҳимзода Д. Р.» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.
Абдураҳимзода Дилором Рустам дар ҳузури аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси судяи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон савганд ёд кард.
Масъалаи навбатӣ — лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Абдулҳақов Маҳмадалӣ» мебошад. Сухан ба муҳтарам Ватанзода Маҳмадалӣ Маҳмадулло дода мешавад.
Ватанзода Маҳмадалӣ Маҳмадулло пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро қироат менамояд:
- Мутобиқи банди 8 моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод дар бораи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Абдулҳақов Маҳмадали ирсол мегардад.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Абдулҳақов Маҳмадалӣ» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.
РАИС: — Масъалаи навбатӣ — лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Ализода Н. И.» мебошад. Сухан ба муҳтарам Ватанзода Маҳмадалӣ Маҳмадулло дода мешавад.
Ватанзода Маҳмадалӣ Маҳмадулло пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро қироат менамояд:
- Мутобиқи банди 8 моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод дар бораи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Ализода Набӣ Искандар ирсол мегардад.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Ализода Н. И.» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.
РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Ба баррасии масъалаи ниҳоии рӯзнома – лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ҳисоботи прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи назорати риояи дақиқ ва иҷрои якхелаи қонунҳо дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2017» оғоз менамоем. Сухан оид ба ин масъала ба прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмон Юсуф Аҳмадзод дода мешавад. Марҳамат.
Раҳмон Юсуф Аҳмадзод, прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон:
- Муҳтарам Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, ҳозирини гиромӣ!
Мақомоти прокуратура дар соли 2017 фаъолиятро дар асоси Конститутсия, қонунҳо, дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, қарорҳои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумат ва Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда, корҳои муайянро ба анҷом расонид.
Ҷиҳати иҷрои қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 феврали соли 2017, №316 «Оид ба ҳисоботи прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Нақшаи чорабиниҳои дахлдор қабул карда шуд.
Дар ин раванд, бо дарназардошти нақши ҳалкунанда доштани кадрҳо, ба ҷобаҷогузорӣ, баланд бардоштани малакаи касбӣ, пешгирии қонунвайронкуниҳо ва риояи интизоми меҳнат дар байни кормандон диққати хоса дода шуд.
Дар соли 2017-ум 26 нафар мутахассиси ҷавон ба мақомот ба кор қабул гардида, 144 (156) нафар корманд бо рутбаҳои дараҷавии навбатӣ сарфароз, 764 (675) нафар ҳавасманд гардонида шуданд.
Бо мақсади баланд бардоштани сатҳи дониш ва малакаи касбӣ 440 нафар корманд ба машғулиятҳо ва 99 нафар ба таҷрибаомӯзӣ ҷалб гардида, дар хориҷи кишвар 48 нафар дар семинарҳо, конфронсҳо ва курсҳои такмили ихтисос ширкат варзиданд.
Бо дастгирии Ҳукумати мамлакат ҷиҳати беҳтар намудани шароити манзилии кормандон ва таъминоти моддию техникии мақомот тадбирҳои зарурӣ андешида шуда истодаанд.
Соли гузашта дар шаҳри Душанбе бинои истиқоматии 54 ҳуҷрадор барои кормандони мақомот бо иштироки бевоситаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди истифода қарор гирифт.
Инчунин, 18 автомашинаи хизматӣ, 3 автомашинаи криминалистӣ, 100 адад компютер ва техникаи гуногуни криминалистӣ харидорӣ шуд, ки ин бешубҳа, ба беҳтар намудани фаъолият мусоидат намуд. Чунончӣ, вобаста ба иҷрои дақиқ ва якхелаи қонунҳо аз тарафи прокуророн 5267 (5168) санҷиш гузаронида, дар рафти онҳо 47911 (40704) қонунвайронкунӣ ошкор ва ҳуқуқҳои 147336 (94918) нафар шаҳрванд барқарор карда шуданд.
Баҳри бартараф намудани қонуншиканиҳои ошкоршуда 19788 (17777) санади эътиноии прокурорӣ татбиқ ва аз натиҷаи баррасии онҳо 30935 (28760) нафар ба ҷавобгарии интизомӣ, моддӣ ва маъмурӣ кашида шуда, 2728 (2506) парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардид.
Бо дахолати прокуророн 505 млн. (429 млн.) сомонӣ зарар барқарор карда шуд, ки нисбат ба соли 2016-ум 76 млн. сомонӣ ё 15 % зиёд буда, 236,5 млн. сомонии он ба манфиати давлат рӯёнида шудааст.
Ба таъмини фазои ягонаи ҳуқуқӣ дар кишвар диққати аввалиндараҷа дода шуда, ба 14 санади қабулнамудаи роҳбарони вазорату идораҳо ва 671 (504) қарори раисони шаҳру ноҳияҳо эътироз оварда шуд.
Баррасии саривақтӣ ва ҳамаҷонибаи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ таҳти назорати қатъӣ қарор гирифта, барои роҳ додан ба қонуншиканиҳо дар ин самт 917 нафар ба ҷавобгарии интизомию маъмурӣ кашида, 29 парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуд.
Бо дахолати прокуророн 110 млн. сомонӣ қарзи музди меҳнат пардохт, барои роҳ додан ба қонуншиканиҳо дар ин самт 140 нафар ба ҷавобгарии интизомию маъмурӣ кашида, 15 парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуд.
Новобаста аз ин, то 1 январи соли 2018 қарзи ташкилоту муассисаҳо аз музди меҳнати кормандон 28,4 млн. сомониро ташкил медиҳад (вилояти Суғд — 10,3 млн. сомонӣ, вилояти Хатлон — 5,1 млн. сомонӣ, ВМКБ — 429,6 ҳазор сомонӣ ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ — 10,3 млн. сомонӣ).
Дар робита ба ворид гардидани тағйиру иловаҳо ба Қонуни ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» назорат пурзӯр гардида, бо дахолати прокуророн 563 (633) нафар ба ҷавобгарии маъмурӣ ва 363 (165) нафар ба ҷавобгарии интизомӣ кашида шуд.
Назорати риояи қонунгузорӣ дар бораи ҳифзи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ва пешгирии воридоти маҳсулоти пастсифат, бахусус маҳсулоти хӯрока, пурзӯр карда шуда, ҳолатҳои зиёди ворид намудан ва ба фурӯш баровардани маҳсулоти гӯштӣ, шириниҳо, бозичаҳои кӯдакона ва дигар маҳсулоти ғайристандартӣ ошкор гардид. Дар натиҷаи санҷишҳо дар ин самт 85 (115) нафар шахси масъул ба ҷавобгарии интизомӣ кашида, 1446 (1312) парвандаи маъмурӣ ва 181 (164) парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуд.
Соли 2017 бо дахолати прокуророн 49,7 млн. сомонӣ ҳаққи истифодаи қувваи барқу об ситонида, ба судҳо 38 аризаи даъвогӣ ба маблағи 24,6 млн. сомонӣ пешниҳод ва нисбат ба шахсони гунаҳгор 68 парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуд.
Назорати риояи қонунгузории замин дар давраи ҷамъбастӣ пурзӯр, қонуншиканиҳои зиёд ошкор карда, мавриди чораандешӣ қарор дода шуданд. Вобаста ба ин, 2179 (2099) санади эътиноӣ татбиқ ва 3 115 (3091) нафар ба ҷавобгарии интизомию маъмурӣ кашида, 876 (889) парвандаи ҷиноятӣ оғоз ва 6368 (11436) га қитъаи замин ба ҳолати аввала баргардонида шуд.
Санҷишҳои прокурорӣ нишон медиҳанд, ки ҳангоми таҳия ва иҷрои шартномаҳои саҳмгузорӣ доир ба бунёди биноҳои истиқоматии баландошёна аз ҷониби баъзе саҳмгузорони асосӣ ба дағалона поймол намудани ҳуқуқҳои шаҳрвандон, аз ҷумла риоя накардани муҳлати ба истифода додани биноҳо, ба якчанд нафар фурӯхтани як ҳуҷра ё нуқтаи савдо роҳ дода мешавад. Вобаста ба ин қонуншиканиҳо парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз ва ҳуқуқи даҳҳо нафар шаҳрванд барқарор карда шуд.
Мавриди зикр аст, ки қонунгузории амалкунанда вобаста ба танзими муносибатҳо оид ба бунёди манзилҳои истиқоматӣ дар асоси шартномаҳои саҳмгузорӣ ба такмил ниёз дорад. Дар натиҷаи фаъолияти номуназзами баъзе муассисаҳои бонкӣ имконияти баргардонидани пасандозҳои аҳолӣ аз ҷониби онҳо аз даст рафта, сабаби расонидани зарари калон ба мизоҷон гардидааст. Дар соли 2017 ба мақомоти прокуратура 174 муроҷиат вобаста ба барнагардонидани маблағҳои пулӣ аз ҷониби бонкҳо ворид гаштааст (аз ин 27 адад қонеъ гардида, ба 147 адади дигар моҳияти қонун фаҳмонида шудааст).
Ҳифзи ҳуқуқи соҳибкорон шарти муҳими рушди иқтисодиёт ва болоравии сатҳи зиндагии аҳолӣ маҳсуб ёфта, таҳти назорати доимии прокуратура қарор дорад.
Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки санҷишҳои такрориву пай дар паи фаъолияти соҳибкорон то ҳол идома дошта, аз 190 ҳазор санҷиши дар соли сипаришуда гузаронидаи мақомоти санҷишӣ 31 ҳазораш ғайринақшавӣ ва 21 ҳазори дигар такрорӣ мебошанд. Барои гузаронидани санҷишҳои ғайриқонунӣ 77 нафар корманди мақомоти назоратию санҷишӣ ба ҷавобгарии интизомию маъмурӣ кашида шуданд.
Ҷиҳати пешгирӣ намудани дархостҳои беасос аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ масъалаи гузаронидани санҷишҳои андоз дар фаъолияти соҳибкорон дар ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ мавриди муҳокима ва чораандешӣ қарор гирифт.
Риояи қонунгузории андоз ва ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои андозсупорандагон таҳти назорати доимии прокурорӣ қарор дорад. Дар ин самт баҳри бартараф намудани қонунвайронкуниҳо 2991 (2750) санади эътиноии прокурорӣ татбиқ, 2519 (2560) нафар шахси масъул ба ҷавобгарии интизомию маъмурӣ кашида, 82 (80) парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст.
Вобаста ба пинҳон кардани андозҳо ба маблағи 14 млн. сомонӣ 7 парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуд. Бо дахолати прокуророн 222 (235,7) млн. сомонӣ ба буҷет ворид карда, ҷиҳати рӯёнидани қарзи андоз ба судҳои иқтисодӣ ба маблағи 24 млн. сомонӣ 40 даъво пешниҳод шудааст.
Барои риоя накардани талаботи қонунгузории гумрук 365 (370) нафар ба ҷавобгарии интизомӣ ва маъмурӣ кашида, 59 (47) парвандаи ҷиноятӣ оғоз шудааст.
Бо дарназардошти нақш ва аҳамияти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ба таъмини риояи он диққати ҷиддӣ дода, бо натиҷаи санҷишҳои он 524 (348) нафар шахси масъул ба ҷавобгарии интизомӣ кашида, 2213 парвандаи маъмурӣ ва 490 парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуд. Бояд қайд кард, ки сатҳи ҷинояткорӣ дар байни ноболиғон дар ҷумҳурӣ кам гардидааст.
Мубориза бо коррупсия ҳамчун самти афзалиятноки назорати прокурорӣ маҳсуб ёфта, вобаста ба ташвиқу тарғиби қонунгузорӣ, ташаккули мафкураи зиддикоррупсионӣ ва фазои оштинопазир бо ин зуҳурот дар байни аҳолӣ ва коллективҳои меҳнатӣ 734 вохӯриву суҳбат гузаронида шуд. Инчунин 850 (763) парвандаи ҷиноятӣ вобаста ба ҷиноятҳои коррупсионӣ ва иқтисодии хусусияти коррупсионидошта оғоз ва мавриди тафтиш қарор дода шуд.
Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Вазъи ҷинояткорӣ дар ҷумҳурӣ тамоюли болоравӣ дорад. Соли сипаришуда 22 018 (21 756) ҷиноят ба қайд гирифта шудааст, ки назар ба соли 2016-ум 1,2 фоиз зиёд буда, кушодашавии онҳо 88,3 фоизро ташкил медиҳад. Бо дарназардошти таҷрибаи пешқадами дигар давлатҳо, аз ҷониби Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2017 лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи асосҳои фаъолият оид ба пешгирии ҷиноятҳо» таҳия ва ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардид.
Аз тарафи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ 4 тоннаву 447 кг (3 тоннаву 426 кг) маводи нашъадор аз муомилоти ғайриқонунӣ дарёфт ва мусодира шудааст, ки ин нисбат ба соли 2016-ум 1021 кг ва ё 29,8 % зиёд мебошад.
Дар натиҷаи дуруст ба роҳ мондани корҳои фаҳмондадиҳӣ ва профилактикӣ шумораи шахсони гирифтори бемории нашъамандӣ назар ба соли 2016-ум 270 (6928/7198) нафар кам гаштааст.
Ҷиҳати пешгирии ҷинояткорӣ тадбирҳои зарурӣ андешида шуда, ба унвони роҳбарони ниҳодҳои давлатӣ ва ташкилоту корхонаҳо 9 690 пешниҳод оид ба бартараф намудани сабабу шароити ба ҷинояткорӣ мусоидаткунанда ирсол карда, дар байни аҳолӣ 1423 суҳбату вохӯрӣ гузаронида шуд.
Вазъи риояи қонунгузорӣ ва пешгирии ҷинояту ҳуқуқвайронкуниҳо 15 маротиба дар ҷаласаҳои ҳайати мушовараи Прокуратураи генералӣ ва 40 маротиба дар ҷаласаҳои ҳайати мушовараи прокуратураҳои вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва нақлиёти Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Бо ин мақсад имкониятҳои Шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ хуб истифода гардид. Дар ҷаласаҳои он масъалаҳои мубрами пешгирӣ ва мубориза бо ҷинояткорӣ бо иштироки масъулини мақомоти ҳифзи ҳуқуқи мамлакат баррасӣ шуданд.
Таъмини риояи қонун ва ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон дар раванди тафтиши пешакӣ ҳамеша дар мадди назари прокуророн қарор дорад. Бо ин мақсад прокуророн назоратро бо 20 445 (20173) парвандаи ҷиноятӣ амалӣ намуда, дар натиҷаи омӯзиши парвандаҳо ба муфаттишон 4 500 (3937) дастури хаттӣ дода, баҳри бартараф намудани қонунвайронкуниҳо ва сабабу шароити ба содиршавии онҳо мусоидатнамуда 641 (718) пешниҳод оварданд.
Воҳидҳои тафтишотии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ пешбурди 11180 (11515) парвандаи ҷиноятиро ба итмом расонида, 10 202 (9517) парвандаро ба суд ирсол намуда, дар рафти тафтиши пешакӣ ба маблағи 508,2 млн. сомонӣ зарар ошкор ва 209 млн. сомониро (ба манфиати давлат 97 млн. сомонӣ) барқарор карданд.
Экстремизм ва терроризм, аз ҷумла, шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистию террористӣ чун пештара аз зумраи таҳдидҳои ҷиддӣ ба амнияти давлат ва оромиву субот дар ҷомеа боқӣ мемонад. Ҷиҳати муаррифии иқдомот ва дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти пешгирии экстремизм ва терроризм соли гузашта дар шаҳри Душанбе суҳбати гирди миз дар мавзӯи «Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016-2020: Нақша ва дурнамои он» гузаронида шуд.
Дар раванди назорати қонунӣ будани санадҳои судӣ бо парвандаҳои ҷиноятӣ прокуророн дар баррасии 10043 (9123) парвандаи ҷиноятӣ айбдоркунии давлатиро дастгирӣ намуда, ба қабули санадҳои қонунию асосноки судӣ ва таъмини адолати судӣ мусоидат намуданд. Ҳамчунин, баҳри бекор ва ё ба қонун мутобиқ намудани санадҳои судӣ 451 эътироз (35 хусусӣ, 165 кассатсионӣ, 251 назоратӣ) оварда, 376 эътироз баррасӣ ва 291 адад ё 77,4 фоизи он қонеъ карда шуд.
Кормандони мақомот, инчунин дар баррасии 5969 (5409) парвандаи гражданӣ, иқтисодӣ, оилавӣ ва маъмурӣ иштирок намуда, ба санадҳои судӣ 94 (103) эътироз оварданд.
Ба судҳои умумӣ ва иқтисодӣ ба манфиати давлат ва ҷамъият ба маблағи 258,8 (328,2) млн. сомонӣ 913 (693) даъво пешниҳод карда шуд.
Прокуророни ҳарбӣ дар Қувваҳои Мусаллаҳ, дигар қӯшунҳо ва сохторҳои ҳарбӣ 808 (857) санҷиш гузаронида, ҷиҳати бартараф намудани қонуншиканиҳо 1995 (1848) санади эътиноӣ татбиқ намуда, дар натиҷаи баррасии онҳо 1152 (1005) нафар шахси масъул ба ҷавобгарии интизомӣ, моддӣ ва маъмурӣ кашида шуда, 146 (140) парвандаи ҷиноятӣ оғоз ва 5,5 (4,5) млн. сомонӣ зарари расонидашударо барқарор намуданд.
Ҷиҳати роҳандозӣ намудани ҳамкории судманди байналмилалӣ, алалхусус дар самти мубориза ба муқобили ҷинояткории фаромиллӣ ва ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандони ҷумҳурӣ дар хориҷи кишвар, корҳои муайян ба сомон расиданд. Соли 2017 бо прокуратураҳои генералии ҷумҳуриҳои Арманистон, Украина, Беларус ва ӯзбекистон созишномаҳо оид ба расонидани ёрии ҳуқуқӣ ба имзо расонида, лоиҳаи созишномаҳо бо прокуратураҳои давлати Қувайт, Шоҳигарии Арабистони Саудӣ ва Ҷумҳурии Австрия таҳия ва барои мувофиқа ирсол карда шуданд.
Ҳамчунин, лоиҳаҳои созишномаҳо дар бораи ёрии мутақобилаи ҳуқуқӣ вобаста ба парвандаҳои ҷиноятӣ, истирдоди ҷинояткорон ва боздоди маҳкумшудагон таҳия ва тавассути Вазорати корҳои хориҷӣ барои баррасӣ ва мувофиқа ба 59 кишвари хориҷӣ фиристода шудааст.
Соли гузашта ҷиҳати пешгирии низоъҳо дар сарҳад ва убури ғайриқонунии он, қочоқи молу маҳсулот, воситаҳои нашъадор, прекурсорҳо ва бо мақсади рушди ҳамкорӣ дар самти мубориза бо терроризм ва экстремизм дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд ҷаласаи муштараки ҳайати мушовараи прокуратураҳои генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон доир ва дар натиҷаи он қарорҳои дахлдор қабул гардид.
Ташвиқу тарғиби қонунҳо воситаи муҳими баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон маҳсуб меёбад. Кормандони прокуратура дар байни коллективҳои меҳнатӣ ва маҳали зисти аҳолӣ 14369 (12923) вохӯрию суҳбат гузаронида, тавассути воситаҳои ахбори омма 2546 (2346) маротиба (аз ҷумла тариқи матбуот 816 (841), телевизион 1035 (946) ва радио 617 (559) маротиба) баромад намуданд.
Дар Прокуратураи генералӣ ва прокуратураҳои поёнӣ қабули ҳаррӯзаи шаҳрвандон ба роҳ монда шудааст. Соли гузашта аз ҷониби роҳбарият 13895 (8913) нафар ва прокуророн 6642 (6990) нафар шаҳрванд қабул гардидаанд.
Ба мақомот 39172 (34635) муроҷиат ворид гардидааст, ки нисбат ба соли 2016-ум 4537 адад зиёд буда, аз афзоиши боварии мардум ба баррасии воқеъбинонаи муроҷиатҳои онҳо аз ҷониби прокуророн шаҳодат медиҳад.
Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Мақомоти прокуратура ҷиҳати таъмини волоияти қонун, тартиботи ҷамъиятӣ, мубориза бар зидди ҷинояткорӣ ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд дар мамлакат фаъолияти худро дар оянда боз ҳам хубтар ба роҳ мемонад.
РАИС: — Аз рӯи масъалаи мазкур сухан ба раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният муҳтарам Раҳмон Озода Эмомалӣ дода мешавад. Марҳамат.
РАҲМОН Озода Эмомалӣ:
- Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, ҳозирини гиромӣ!
Мутобиқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қонунгузории ҷумҳурӣ, прокурори генералӣ дар назди Президенти мамлакат ва Маҷлиси миллӣ масъул буда, ҳар сол дар бораи ҳолати назорати риояи дақиқ ва иҷрои якхелаи қонунҳо дар кишвар ҳисобот медиҳад.
Ҳоло ҳисоботи прокурори генералӣ пешниҳоди мо, аъзои Маҷлиси миллӣ, гардид. Аз ҳисобот бармеояд, ки соли 2017 мақомоти прокуратура баҳри таъмини волоияти қонун, ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, манфиатҳои давлат ва ҷомеа, мубориза бо ҷинояткорӣ корҳои муайянро ба анҷом расонидааст. Мақомоти прокуратура ҳолатҳои хариду фурӯши қитъаи замин, хариду фурӯши ғайрирасмии асъор, қочоқи маводи мухаддир, риоя накардани муқаррарот оид ба танзими анъана ва ҷашну маросим ва ғайраро ошкор карда, дар ин бобат чораҳои қонунӣ андешидааст. Кумита ҳисоботро мавриди омӯзиш қарор дода, дар маҷмӯъ, фаъолияти мақомоти прокуратураро мусбат арзёбӣ менамояд.
Дар баробари ин, ҷиҳати беҳтар намудани фаъолияти мақомоти прокуратура бояд дар баъзе самтҳо корро тақвият дода, барои боз ҳам беҳтар намудани риояи қонунҳо чораҳои мушаххас андешида шаванд.
Масалан:
1. Бо мақсади таъмини волоияти қонун тавсия дода мешавад, ки ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ беҳтар ба роҳ монда, ба мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, бахусус ҷиноятҳои терроризм ва экстремизм, муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир, савдои одамон, хариду фурӯш, худсарона ишғол намудани қитъаҳои замин ва дигар ҷиноятҳо, эътибори ҷиддӣ дода шавад.
2. Назорати прокурорӣ ҷиҳати пешгирӣ намудани воридшавии молу маҳсулоти пастсифат, қалбакӣ, бахусус маҳсулоти хӯроквории барои саломатии инсон хатарнок, ҷоннок карда, оид ба ҳар як ҳолати ворид гардидани молу маҳсулот тадбирҳои қонунӣ андешида шавад.
3. Назорати иҷрои қонунгузории замин аз тарафи мақомоти давлатӣ, инчунин шахсони алоҳида, пурзӯр карда шуда, баҳри пешгирӣ намудани қонуншиканиҳо чораҷуйӣ сурат гирад. Дар робита ба ин, ба худсарона ва ғайриқонунӣ ишғол намудани заминҳои корами обӣ диққати махсус дода шавад.
4. Санҷиши гурӯҳҳои кории Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон дод, ки баъзе мақомоти давлатӣ парвандаҳоро бо дағалона вайрон кардани муҳлати тафтишот баррасӣ менамоянд. Ҳамчунин, ҳолатҳои вайрон кардани талаботи моддаи 161-уми Кодекси мурофиавии ҷиноятӣ, яъне риоя нашудани тобеияти тафтишотии парвандаҳо низ ба назар мерасад. Бинобар ин, назорат дар ин самт пурзӯр карда шавад.
5. Дар самти назорати риояи дақиқ ва иҷрои қонунгузории бонкӣ низ то ҳол камбудиҳо ба назар мерасанд. Ин ҳолат ба суиистифодаи мансаб аз ҷониби кормандони бонк ва дигар ташкилоти қарзӣ шароит фароҳам оварда, ба фаъолияти бонкӣ ва бозори молиявӣ таъсири манфӣ мерасонад. Лозим аст, ки фаъолият дар ин самт ҷоннок карда шавад.
6. Фаъолият дар самти назорати риояи қонунҳо ҳангоми иҷрои қарорҳои судӣ аз ҷониби иҷрочиёни суд низ ба тақвиятбахшӣ эҳтиёҷ дорад, зеро таҷриба нишон медиҳад, ки қарорҳои мазкур иҷро намегарданд ва ё муҳлати иҷрои онҳо дағалона вайрон карда мешавад.
7. Бобати пешгирӣ намудани ҳодисаҳои худкушӣ ва сӯиқасд ба он чораҳои зарурӣ андешида, якҷо бо мақомоти дахлдор баҳри бартараф кардани омилҳои он корҳои фаҳмондадиҳӣ роҳандозӣ карда шавад.
8. Вақтҳои охир ҷинояткорӣ дар байни ҷавонон ва ноболиғон тамоюли зиёдшавӣ дорад. Аз ин рӯ, рафти иҷро ва татбиқи пурраи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» мунтазам мавриди санҷиш қарор дода, ҳамкорӣ бо мақомоти масъули соҳа, аз ҷумла комиссияҳои ҳуқуқи кӯдак, ба роҳ монда шавад.
9. Соли 2016 муҳлати «Барномаи давлатии мубориза бо ҷинояткорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008-2015» ба анҷом расид, бинобар ин, масъалаи омода ва амалӣ намудани барномаи нав мавриди баррасӣ қарор дода шавад.
Бо дарназардошти нукоти зикргардида, мақомоти прокуратураро зарур аст, ки фаъолиятро дар соли 2018 тақвият бахшида, дар партави дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба натиҷаҳои назаррас ноил гардад.
РАИС: — Сухан ба муҳтарам Раҳимӣ Фарҳод, раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, ҳифзи сиҳатӣ, илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати байни ҷавонону занон дар ҷомеа, дода мешавад. Марҳамат.
РАҲИМӢ Фарҳод:
- Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, ҳозирини гиромӣ!
Ҳисоботи прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Раҳмон Юсуф Аҳмадзод, оид ба назорат ва иҷрои якхелаи қонунҳо паҳлуҳои васеи ҳаёти иҷтимоию иқтисодии кишварро фаро гирифта, гувоҳӣ медиҳад, ки мақомоти прокуратура дар амри ҳифзи шаъну шарафи шаҳрвандони кишвар ва рушду тараққии давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона, волоияти қонуну тартибот нақши арзанда дорад.
Далелҳое, ки ҳоло ба самъи аъзои Маҷлиси миллӣ пешниҳод гардиданд, дар баробари нишон додани фаъолияти мақомоти прокуратура, ҳамчунин хулоса оид ба назорати татбиқи қонунҳо дар кишвар аст ва он ҳар як шаҳрванди кишварро бетараф намегузорад ва водор менамояд, ки дар самти бартараф намудани камбудиву қонуншиканиҳо саъю талош намояд.
Аз муҳтавои суханронӣ бармеояд, ки новобаста ба чораҳои андешида, то ҳанӯз камбудӣ ва қонуншиканиҳо дар ҳаёти иҷтимоӣ ба назар мерасанд. Аз ҷумла, дар соҳаҳои тандурустӣ, маориф, сиёсати ҷавонон, инчунин дар роҳи татбиқи амалии қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» камбудию норасоиҳо сабаби асосии қонуншиканиҳо гардидааст ва масъулону мутасаддиёнро зарур аст, ки ҷиҳати минбаъд роҳ надодан ба қонуншиканиҳо чораҳои зарурӣ андешанд.
Масъалаҳои дар ҳисобот инъикосшуда муҳиманд ва мехостам бо истифода аз фурсати муносиб якчанд пешниҳоди худро доир ба беҳтар гардидани фаъолияти мақомоти прокуратура баён намоям.
Талаботи ҷаҳони зудтағйирёбанда пайваста ташкилу такмил додани воҳидҳои сохторӣ ва дақиқ намудани вазифаҳои мақомоти прокуратураро дар самтҳои дахлдори назорати прокурорӣ тақозо менамояд. Айни замон, дар назди мақомоти прокуратура иҷрои вазифаҳои азиму масъулиятнок — назорати риояи дақиқ ва иҷрои якхелаи қонунҳо дар кишвар бо мақсади ҳифзи мустақилият ва соҳибихтиёрии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳуқуқи иҷтимоию иқтисодӣ, сиёсӣ ва дигар ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, асосҳои сохтори демократии ҳокимияти давлатӣ, вазъи ҳуқуқии мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, дигар мақомоти давлатӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, динӣ, ҳизбҳои сиёсӣ ва дигар сохторҳои ғайридавлатӣ, таъмини мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкунӣ ва ҷинояткорӣ, ҳамчунин дигар масъалаҳои муҳим истодаанд, ки баҳри ҳалли онҳо андешидани чораҳои зерин мувофиқи мақсад аст:
- таҷдиди назар намудан ва мукаммалсозии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ вобаста ба вазъи ҳуқуқӣ, ваколат ва фаъолияти мақомоти прокуратура;
- такмили механизми назорат аз рӯи иҷрои қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ;
- такмили ваколатҳои прокурор ҳангоми назорат аз болои қонунӣ будани қарорҳои судӣ бо парвандаҳои гражданӣ, оилавӣ ва маъмурӣ, инчунин васеъ кардани ваколатҳои прокурор ҳангоми баррасии парвандаҳои иқтисодӣ;
- баланд бардоштани обрӯю нуфузи мақомоти прокуратура ва ба роҳ мондани самтҳои афзалиятноки назоратии он, аз ҷумла диққати махсус додан ба таъмини риояи ҳуқуқҳои шаҳрвандон ба меҳнат ва пардохти саривақтии музди меҳнат, замин, манзил, ҳифзи саломатӣ, ҳифзи иҷтимоии гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ — ноболиғон, маъюбон, нафақахӯрон, шахсони корношоям, муҳоҷирон, инчунин ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандон ба муҳити зист, ҳифзи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ва дигар ҳуқуқҳои иҷтимоии шаҳрвандон;
- роҳандозӣ намудани тарзу усулҳои самараноки интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои соҳибихтисоси дорои донишу малакаи хуб, донандаи забонҳои хориҷӣ ва технологияҳои муосир;
- ҷорӣ намудани низоми электронии назорат ва баҳисобгирии ҳодисаҳо, ҳуқуқвайронкуниҳо ва ҷиноятҳо, муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ;
- такмил додани ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти прокуратура бо мақомоти дигари ҳифзи ҳуқуқ, мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ оид ба пешгирии ҷинояткорӣ ва ҳуқуқвайронкуниҳо.
Боварии комил дорем, ки мақомоти прокуратураи ҷумҳурӣ дар оянда низ вазифаҳои ба зиммааш гузоштаро бо ҳисси баланди масъулият ба иҷро мерасонад.
РАИС: - Сухан ба муҳтарам Амирзода Раҳмоналӣ Амир, раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисодиёту коммуникатсия, дода мешавад. Марҳамат.
АМИРЗОДА Раҳмоналӣ Амир:
- Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, ҳозирини гиромӣ!
ҳисоботи прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Раҳмон Юсуф Аҳмадзод паҳлуҳои фаъолияти Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сохторҳои онро фарогир буда, собит менамояд, ки аз ҷониби мақомот кори зиёди судманд ба сомон расонида шудааст. Яке аз масъалаҳои муҳиме, ки дар ҳисобот инъикос гардид, терроризм ва экстремизм маҳсуб меёбад, ки оиди дар ҷомеаи ҷаҳонӣ торафт доман паҳн кардани он Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори нигаронӣ намуда, қайд карда буданд: «…муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир яке аз сарчашмаҳои маблағгузории терроризми байналмилалӣ ва нооромиҳо ба шумор меравад».
Ҳамчунин, Пешвои миллат дар Паём аз афзоиши омилҳои коррупсионӣ дар вазорату идораҳои давлатӣ ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ изҳори ташвиш намуда, диққати сохторҳои мақомоти давлатӣ ва аҳли ҷомеаро ба масъалаи пешгирӣ ва пурзӯр намудани мубориза бо коррупсия ҷалб намуданд.
Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз бо далелҳои муътамад аз ҷиноятҳои содиршуда сухан ронданд.
Тибқи иттилоъ, аз шаҳри Ваҳдат 152 нафар шаҳрванд ба ҷиноятҳои характери экстремистию террористидошта даст задаанд. Аксарияти онҳо солҳои 2010-2013 ба муҳоҷирати меҳнатӣ ба Федератсияи Россия рафта, 85 фоизашон фирефтаи гурӯҳҳои ҷинояткор гардидаанд ва баъдан ба воситаи Туркия ба Ироқу Сурия сафар намуда, дар ҳайати гурӯҳи террористии Давлати исломии Шому Ироқ дар ҷангҳо иштирок намудаанд. Аз ҷумлаи онҳо 37 нафар дастгир шуда, 23 нафар ба ҳалокат расидааст. Ғайр аз ин, 24 нафар толибилм, ки дар муассисаҳои таълимии динии хориҷӣ ғайрирасмӣ таҳсил мекарданд, дар натиҷаи андешидани чораҳои дахлдор ба Ватан бозпас оварда шудаанд.
Аз ҷониби Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва прокуратураи шаҳри Ваҳдат нисбати 36 нафар шаҳрванди ба гурӯҳҳои экстремистӣ -террористӣ алоқаманд парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз гардидааст. Гарчанде Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри мубориза бо терроризм ва экстремизм, иҷрои талаботи қонунгузорӣ оид ба озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ кори зиёд ба сомон расонида бошад ҳам, зарур аст, ки бо дарназардошти вазъи мавҷудаи хатарҳои экстремистию террористӣ ҷиҳати пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ташкилоти байналмилалии террористӣ ва иштироки онҳо дар муқовиматҳои мусаллаҳонаи кишварҳои хориҷӣ, инчунин ба Ватан бозгардонидани ҷавонони дар марказҳои экстремистию террористӣ таълимгиранда тадбирҳои иловагӣ андешад. Ҳамчунин, ниҳоят муҳим аст, ки ба шабакаҳои интернетӣ, сомонаҳои дорои маълумоти экстремистию террористӣ, ки бо ҳамлаҳои пайвастаи иттилоотӣ ба тафаккур ва ҷаҳонбинии аҳли ҷомеа, алалхусус ҷавонон, таъсири манфӣ мерасонанд, назорати доимии прокурорӣ пурзӯр карда шавад.
Бовар дорем, ки Прокуратураи генералӣ омӯзиш ва таҳлили сабабу омилҳои пайдоиши ин зуҳуроти нанговарро тақвият бахшида, ҷиҳати пешгирии паҳншавии маводи мухаддир, коррупсия, шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои экстремистию террористӣ, дар ҳамкорӣ бо мақомоти дахлдор, тадбирҳои зарурӣ меандешад.
Ҳисоботи прокурори генералӣ гувоҳӣ медиҳад, ки соли 2017 мақомоти прокуратура баҳри таъмини волоияти қонун, ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон, риояи дақиқ ва иҷрои якхелаи қонунҳо, пешгирии ҷинояткорӣ, махсусан ҷиноятҳои хусусияти террористӣ ва экстремистидошта, корҳои зиёд ба анҷом расонидааст. Натиҷаи таҳлилу хулосабарориҳо нишон медиҳад, ки эътиқод ва боварии мардум ба фаъолияти Прокуратураи генералӣ ва дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бештар гардидааст ва ин боварию эътимод ба таъмини волоияти қонун мусоидат менамояд.
РАИС: — Сухан ба муҳтарам Файзуллозода Зафар Хайрулло, муовини раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ, шуғли аҳолӣ ва экология, дода мешавад. Марҳамат.
ФАЙЗУЛЛОЗОДА Зафар Хайрулло:
- Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Ҳисоботи прокурори генералӣ барои мо — раисони шаҳру ноҳияҳо дар робита ба ҳолати риоя ва иҷрои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба замин ва сохтмон басо таваҷҷуҳовар аст, зеро, қабл аз ҳама, моро зарур аст, ки ҳамчун узви Маҷлиси миллӣ, ҳомии қонуну қонуният бошем.
Гузашта аз ин, масъалаи мазкур борҳо боиси нигаронии Сарвари давлат гардидааст. Ҷаноби Олӣ пайваста таъкид менамоянд, ки ҳолатҳои қонунвайронкунии замин, аз қабили таври дахлдор ба роҳ намондани назорат аз ҷониби мақомоти салоҳиятдори соҳа, мусоидат ва иштироки шахсони мансабдор дар амалҳои ғайриқонунӣ, аз рӯи таъинот истифода набурдани замин, худсарона ишғол намудани он пешгирӣ ва бартараф карда шавад.
Бо ин мақсад, барои дар маҳалҳо ошкор намудани камбудию норасоӣ ва қонуншиканиҳо ба прокурори генералӣ миннатдорӣ изҳор намуда, пешниҳод менамоям, ки назорати прокурориро дар фаъолияти мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо оид ба тақсимоти замин тақвият бахшида, диққати асосиро ба пешгирии хариду фурӯш ва худсарона ишғол кардани қитъаҳои замин ва қарорҳои ғайриқонунӣ қабулнамудаи мақомоти салоҳиятдор равона сохта, ташкили кори комиссияҳои ҷамъиятии назди ҷамоатҳо ва дурустии фаъолияти онҳоро таъмин намоянд.
Масъалаи дигар бартараф кардани сохтмонҳои ғайриқонунӣ мебошад. Бояд гуфт, ки ба ҳолати аввала баргардонидани заминҳои худсарона ишғолкардаи шахсони воқеӣ аз ҷониби мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, агар аз як тараф, ба хароҷоти буҷетӣ таъсир расонад, аз ҷониби дигар, норозигии шахсони воқеиро нисбат ба сиёсати давлат ба миён меорад, зеро тибқи талаботи қонунгузорӣ, қитъаҳои замини худсарона ишғолшуда бе ҷуброни хароҷоте, ки дар муддати сохтмон ва истифодабарӣ шаҳрванд сарф кардааст, ба ҳолати аввала баргардонида мешавад.
Аз ин лиҳоз, хуб мебуд, ки дар ҳамкорӣ бо мақомоти дар боло зикргардида, то саршавӣ ва ба итмом расидани сохтмонҳои ғайриқонунӣ пеши роҳи қонуншиканӣ гирифта шавад. Дар ин ҷода фаъолияти нозирони минтақавии маҳалҳо низ бояд назаррас бошад, то ки ин амалҳо боиси норозигии сокинон нагардад. Лозим ба ёдоварист, ки масъалаи мақсаднок ва самаранок истифодабарии замин, риояи санадҳои меъёрии ҳуқуқии вобаста ба замин мунтазам дар ноҳияи Қубодиён зимни маҷлисҳои машваратии назди раиси ноҳия ва Шӯрои ҳамоҳангсозии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ мавриди баррасӣ қарор дода мешавад.
Ҳозирини гиромӣ! Ба мо маълум аст, ки бо кӯшишу талошҳои пайгиронаи бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ташаббуси глобалии Тоҷикистон — Даҳсолаи байналмилалии амал «Об-барои рушди устувор, 2018-2028» аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид ҷонибдорӣ ёфт. Соли 2018 дар айёми таҷлили Ҷашни байналмилалии Наврӯз ва Рӯзи ҷаҳонии об — 22 март татбиқи ин ташаббус расман оғоз мегардад.
Дар ин замина, пешниҳод менамоям, ки мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон назорати прокурориро оид ба риояи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи об, бахусус Кодекси оби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи оби нӯшокӣ ва таъмини он», тақвият бахшида, бо таҳияву татбиқи амалҳои прокурорӣ ҷиҳати таъмини аҳолӣ бо оби нӯшокӣ, ҳифзи муҳити зист ва амнияти санитарӣ — эпидемиологӣ, мусоидат намояд.
Итминони комил дорам, ки ҳамкории мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимиятӣ давлатӣ бо мақомоти прокуратура дар ин ҷода ба манфиати кор буда, баҳри таъмини волоияти қонун, ҳуқуқу озодиҳои инсон, тартиботи ҷамъиятӣ, пешгирии қонуншиканиҳо, бартараф намудани камбудиҳо, истифодаи оқилона, мақсаднок ва самараноки замин равона карда мешавад.
РАИС: — Сухан ба муҳтарам Шораҳматов Раҳмон Шоабдуллоевич, узви Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, ҳифзи сиҳатӣ, илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати байни ҷавонону занон дар ҷомеа, дода мешавад. Марҳамат.
ШОРАҲМАТОВ Раҳмон Шоабдуллоевич:
- Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, ҳозирини гиромӣ!
Аз ҳисоботи прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон маълум гардид, ки фаъолияти мақомоти прокуратура барои таъмини волоияти қонун, тартиботи ҳуқуқӣ ва мубориза бо ҷинояткорӣ назаррас буда, гувоҳи дараҷаи баланди касбияти кормандони он ва хидмати содиқона мебошад.
Соли сипаришуда, мувофиқи хулосагирии мақомот, дар соҳаи маориф ва илм кирдорҳои номатлуб аз тарафи омӯзгорон ба қайд гирифта шудааст, ки хеле таассуфовар аст. Ҳодисаҳои номатлуби дар ҳисоботи прокурори генералӣ қайдгардида ба номи бузурги омӯзгор номуносиб аст.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи маорифро омили муҳимтарини таҳкими давлат ва наҷоти миллат ҳисобида, инсонҳои аз илму дониш баҳраварро шахсони бохирад, бомаърифат ва бофарҳанг арзёбӣ намудаанд. Бо мақсади пешгирии ҷиноят зарур меҳисобем, ки риояи қонунгузорӣ дар соҳаи маориф, махсусан дар самти ташхиси дурусти ҳолати равонии омӯзгорон ҳангоми ба кор қабул намудан густариш дода шавад. Ҳамчунин, корҳои фаҳмондадиҳиро вобаста ба масъалаҳои қонунгузорӣ ва ҳодисаҳои номатлуб на танҳо дар миёни хонандагону омӯзгорони муассисаҳои дахлдор, балки дар муассисаҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва волидони хонандагон тақвият бахшидан зарур мебошад.
Илова бар ин, нақши хонавода дар тарбияи фарзанд хеле калон аст, зеро волидайн созандагони шахсияти кӯдак маҳсуб меёбанд. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» масъулияти асосиро ба зиммаи оила, ба ибораи дигар хонавода, вогузор намудааст. Агар волидайн тарбияи кӯдакро масъалаи сода шуморида, дар он саҳлангорӣ намоянд, аз кӯдак рафтори дуруст, тани солим, ахлоқи ҳамидаро набояд умедвор шуд.
Аз ҳисоботи прокурори генералӣ бармеояд, ки соли сипаришуда шумораи санадҳои эътиноии прокурорӣ оид ба ҳолатҳои бартараф намудани қонунвайронкуниҳо ва чораҳои муҷозотӣ дар ин самт зиёд гардидааст. Соли гузашта дар шаҳри Исфара се ҷинояти коррупсионӣ, иқтисодии характери коррупсионидошта нисбат ба се нафар омӯзгор ошкор ва чораҳои муҷозотӣ андешида шуд.
Сатҳи содиршавии ҷиноятҳо дар байни ноболиғон дар кишвар коҳиш ёфта бошад ҳам, чор ҷиноят дар шаҳри Исфара аз ҷониби ноболиғон ба қайд гирифта шудааст. Нисбат ба ҳолатҳои бақайдгирифташуда дар ҳамбастагӣ бо Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара чораҳои таблиғотӣ анҷом дода шудааст ва тадбирҳои иловагии пешгирӣ ва бартараф намудани қонуншиканиҳо идома дорад.
Пешниҳод менамоям, ки мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои ноболиғону ҷавонон, баланд бардоштани сифати таълиму тарбия, масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд ва пешгирии ҷинояткорӣ дар байни ноболиғону ҷавонон назорати прокурориро тақвият бахшида, дар ҳамбастагӣ бо мақомоти дахлдор корҳои фаҳмондадиҳӣ ва ташвиқотию тарғиботиро васеъ ба роҳ монад. Умед дорам, ки соҳаи маориф, ки яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоӣ маҳсуб меёбад, бо дастгирии мақомоти прокуратура, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамбастагии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ба пешравиҳои қабили мулоҳиза ноил мегардад.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ҳисоботи прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи назорати риояи дақиқ ва иҷрои якхелаи қонунҳо дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2017» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.
РАИС: - Сухан ба раиси котибот муҳтарам Абдураҳмонзода Саидбурҳони Саидраҳмон дода мешавад. Марҳамат!
АБДУРАҲМОНЗОДА Саидбурҳони Саидраҳмон:
- Муҳтарам Раис! Ба котиботи Иҷлосияи чордаҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум пешниҳод ё барқияе ворид нашудааст.
РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Масъалаҳои рӯзномаи Иҷлосияи чордаҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум баррасӣ шуданд. Доир ба тартиби баррасии масъалаҳо дар иҷлосия пешниҳод, таклифу эродҳо бошанд, марҳамат иброз намоед. Аз номи Раёсат ба раисони кумитаҳо, аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳозирини арҷманд ва онҳое, ки дар баргузории иҷлосия ва баррасии масъалаҳо бо мо ҳамкории муфид доштанд, миннатдорӣ иброз менамоям.
Дар пеш ҳамаи мову шуморо 25 — солагии Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамчунин Рӯзи Модар, ки ба ҳар яки мову шумо муқаддасанд, интизор аст. Аз фурсати муносиб истифода бурда, шумо ва хизматчиёни ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо як ҷаҳон орзуҳои нек дар арафаи Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Модар таҳният гуфта, тани сиҳат, хушбахтиву рӯзгори обод ва баҳри рушду такомули кишвари азизамон муваффақиятҳои беназир таманно менамоям.
Бо ҳамин Иҷлосияи чордаҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷумро пӯшида эълон менамоям.
(Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон садо медиҳад).
Самариддин АСОЕВ,
Абдумаҷид МУРОДОВ,
Сайфиддин СУННАТӢ,
«Садои мардум».
Суратгир Неъматулло АЛИЕВ