Муҳокимаи парламентӣ

ПЕШРАФТ ВА МУШКИЛОТИ МИНТАҚАҲОИ ОЗОДИ ИҚТИСОДӢ

№70 (3550) 31.05.2016

26 майи соли 2016 таҳти раёсати муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафаралӣ Раҷабов «Вобаста ба истифодаи мақсадноки маблағҳои буҷетӣ, ки ба рушди минтақаҳои озоди иқтисодӣ равона гардидаанд», муҳокимаи парламентӣ баргузор гардид.

Ба он роҳбарону масъулони Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон,  Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарони минтақаҳои озоди иқтисодӣ даъват шуда буданд.

С. Раҷабов роҷеъ ба аҳамияти масъалаи ба муҳокимаи парламентӣ пешниҳодшуда гузориш дода, зикр намуд, ки дар асоси қарорҳои дахлдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон чор минтақаи озоди иқтисодӣ (МОИ) таъсис дода шудааст. Тайи солҳои 2011-2016 дар минтақаҳои озоди иқтисодии ҷумҳурӣ 63 ширкати ватанию хориҷӣ ба қайд гирифта шуда, айни замон 17 ширкат фаъо­лияти истеҳсолӣ, хизматрасонӣ ва содиротию воридотиро ба роҳ мондаанд. Ширкатҳои боқимонда ба корҳои сохтмонӣ ва ворид намудани таҷҳизоти техникӣ машғуланд.

Соли 2015 МОИ ба маблағи беш аз 197,3 млн. сомонӣ истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ, хизматрасонӣ ва фаъолияти содиротию воридотиро анҷом додаанд. Шумораи умумии ҷойҳои кории ташкилгардида дар ин минтақаҳо ба 1887 расидааст.

Ҳар сол аз ҳисоби Буҷети давлатӣ барои нигоҳдории ин минтақаҳо ва иҷрои корҳо, ба монанди таҳияи лоиҳаҳои сметавӣ, гузаронидани хати интиқоли қувваи барқ ва қубурҳои обгузаронӣ, сохтмони иншооти иҳотавӣ, сохтмони дидбонгоҳи гумрукӣ ва ҷиҳозонидани он бо таҷҳизоти муҳандисӣ-техникӣ, сохт­мони биноҳои маъмурӣ ва роҳҳои автомобилгарди ҳудуди минтақа  маблағ сарф  мешавад. Аз ин лиҳоз, назорати истифодаи мақсаднок ва шаффофу самараноки маблағҳои буҷетие, ки ба рушди минтақаҳои озоди иқтисодӣ равона мешаванд, таваҷҷуҳи бештарро аз ҷониби вазорату идораҳои марбута тақозо менамояд.

Муовини вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Умед Давлатзод роҷеъ ба масъалаи муҳокимашаванда муфассал суханронӣ кард. Номбурда, аз ҷумла иброз дошт, ки ҷиҳати амалисозии барномаҳо вобаста ба МОИ ва рушди минтақаҳо бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон аз 8 октябри соли 2012 таҳти №565 Фонди ҷумҳуриявии рушди минтақаҳои озоди иктисодӣ таъсис шудааст.

Зикр шуд, ки сармоягузории мустақим ба минтақаҳои озоди иқтисодии ҷумҳурӣ то моҳи апрели соли 2016 ба 859,1 миллион сомонӣ баробар шудааст. Айни ҳол дар Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» тибқи бизнес-нақша якчанд ширкатҳои азим лоиҳаҳои сармоягузориро ба маблағи беш аз 800,0 млн. доллари ИМА амалӣ намуда истодаанд, ки муҳлати анҷомёбии онҳо солҳои 2016-2018 муайян шудааст.

Соли 2015 аз ҳисоби андоз ва пардохтҳои гумрукӣ аз ҷониби субъектҳои МОИ ба Буҷети давлатӣ 10,7 млн. сомонӣ ворид гардидааст, аз ҷумла МОИ «Суғд» 9623,0 ҳазор сомонӣ, МОИ «Данғара» 1030,6 ҳазор сомонӣ, МОИ «Панҷ» 1,3 ҳазор сомонӣ ва МОИ «Ишкошим» 45,1 ҳазор сомонӣ.

-Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд»  соли 2008 дар ҳудуди 320 гектар таъсис шудааст. Ҳангоми таъсис дар ин ҳудуд 27 субъекти хоҷагидорӣ машғули фаъолият буданд. Айни замон дар ҳудуди минтақаи мазкур 24 субъекти минтақа ва 21 корхонаю ташкилот ва хоҷагиҳои деҳқонӣ, ки субъекти минтақа намебошанд, мутаносибан сертификати ҳуқуқи истифодабарии 26,4 гектар ва 89,52 гектар заминро доро мебошанд. Чунин ҳолат барои фаъолияти пурсамари минтақа мушкилот эҷод намуда истодааст. Мушкили дигаре, ки маъмурияти минтақаи мазкур ва субъекти он ҶДММ КМТТ «Таҷпроф» дар мактубҳои худ зикр намуданд, дукарата андозбандӣ шудани молу ашёи ватанӣ бо андоз аз арзиши иловашуда ҳангоми таҳвили моли истеҳсолшуда аз ҳудуди ҷумҳурӣ ба МОИ «Суғд» мебошад, ки мутаассифона ҳалли худро пайдо накардааст.

Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Ишкошим» мушкилиҳо дар ­масъ­а­­лаи гирифтани раводид барои соҳибкорони хориҷӣ ҷой доранд. Сохтмони инфрасохтори аввалиндараҷаи минтақа ва омодагии он барои фаъолияти соҳибкорӣ ба талабот ҷавобгӯй нест. Ҷиҳати суръат бахшидан ба ин корҳо зиёд намудани маблағгузорӣ зарур мебошад.

Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» корҳои лоиҳакашӣ ва сохтмони терминали роҳи оҳан, кашидани хати баландшиддати барқӣ аз НОБ-и «Сангтӯда-1» ба масофаи 7 км, гузаронидани хати об, сохтмони терминали гумрукӣ ва роҳҳои дохилӣ, ки бе онҳо субъект­ҳои бақайдгирифташудаи минтақа фаъолияти худро ба роҳ монда наметавонанд, маблағгузориҳои иловагиро талаб менамоянд. Мушкилот дар бақайдгириии шахсони ҳуқуқӣ, гирифтани раводид ва иҷозати кор барои соҳибкорон ва коргарони хориҷӣ низ ҷой доранд.

Муовини вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Меҳринамо Ҷонмаҳмадова дар робита ба масъалаи мавриди баррасӣ зикр намуд, ки солҳои 2011-2015 аз ҳисоби Буҷети давлатӣ барои сохтмону азнавсозии инфрасохтори аввалиндараҷаи минтақаҳои озоди иқтисодӣ 20,7 миллион сомонӣ, аз ҷумла ба МОИ «Ишкошим» — 3,6 млн. сомонӣ, МОИ «Панҷ» — 3,8 миллион сомонӣ, МОИ «Суғд» — 2,5 миллион сомонӣ ва МОИ «Данғара» — 10,9 миллион сомонӣ равона гардидааст. Соли 2016 ба ин мақсад дар буҷет 4,3 миллион сомонӣ, аз ҷумла барои МОИ «Суғд» — 700 ҳазор сомонӣ, МОИ «Данғара»  — 1,2 миллион сомонӣ, МОИ «Ишкошим» — 1,2 миллион сомонӣ ва МОИ «Панҷ» — 1,2 миллион сомонӣ пешбинӣ шудааст. Маб­лағҳои мазкур асосан барои азнав­созии биноҳои маъмурӣ, сохтмони девори иҳотавӣ, хати об, гузаргоҳ ва дидбонгоҳи гумрукӣ, сохтмон ва барқарорсозии роҳҳои автомобилгарди минтақаҳо, бунёди иншооти аввалиндараҷа ва ғайра равона шудаанд. Дар баробари ин, солҳои 2011-2015 аз ҳисоби Буҷети давлатӣ барои нигоҳдории маъмурияти минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар маҷмӯъ 5,0 миллион сомонӣ равона гардид. Соли ҷорӣ ба ин мақсад дар маҷмӯъ 1,1 миллион сомонӣ пешбинӣ гардидааст.

Дар ин давра (аз соли 2011 то соли 2016) аз ҳисоби Буҷети давлатӣ барои нигоҳдории маъмурият ва ташкили инфрасохтори минтақаҳои озоди иқтисодӣ 31,1 миллион сомонӣ пешбинӣ ва равона шудааст.

Дар асоси маълумоти пешниҳодгардидаи Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, айни замон дар минтақаҳои озоди иқтисодӣ шумораи умумии субъект­ҳое, ки дар қайди мақомоти андоз мебошанд, 47 адад, аз ҷумла дар МОИ «Суғд» — 26, МОИ «Данғара» — 20 ва МОИ «Панҷ» -як ададро ташкил медиҳад. Боиси қайд аст, ки аз шумораи умумии субъектҳои дар минтақаҳои озоди иқтисодии бақайдгирифташуда на ҳамаи онҳо ба фаъолият оғоз намудаанд.

Сараудити Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳмадзода Файзалӣ Зардак зимни суханронии хеш иттилоъ дод, ки Палата фаъолияти молиявию хоҷагидории Муассисаҳои давлатии Маъмурияти минтақаҳои озоди иқтисодии (МД МОИ) Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз моҳи июли соли 2013 то моҳи августи соли 2015 мавриди санҷиш қарор додааст. Санҷишҳои аудиторӣ собит сохт, ки дар ин давра Маъмурияти минтақаҳои озоди иқтисодӣ ҷиҳати амалигардонии фаъолияти хеш ба як қатор муваффақиятҳо ноил гардида, баробари ин, ҳангоми истифодабарии маблағгузориҳои буҷетӣ дар баъзе ҳолат ба камбудиҳо роҳ додаанд.

Дар натиҷаи таҳлили фаъолияти молиявию хоҷагидории МД МОИ «Данғара» муайян гардид, ки ҷиҳати нигоҳдории муассисаи мазкур солҳои 2013-2015 дар Буҷети давлатӣ ҳар сол 400,0 ҳазор сомонӣ пешбинӣ гардида, маблағгузориҳо дар солҳои 2013-2014 дар ҳаҷми пурра ва дар ҳашт моҳи соли 2015 ба андозаи 266,6 ҳазор сомонӣ ё 66,7 фоиз амалӣ шудааст. Барои сохтмонҳои асосӣ бошад, маблағгузориҳо дар маҷмӯъ 3400,0 ҳазор сомониро ташкил додааст. Дар натиҷаи санҷиши дурусти истифодабарии маблағгузориҳо зарари молиявӣ ба маблағи 45809 сомонӣ муайян шуд, ки он асосан аз ҳисоби изофанависии корҳои сохтмонӣ ва маблағи камҳисобгардида ва рӯйпӯшнамудаи андозҳо ба амал омадааст.

Ҷиҳати нигоҳдории МД МОИ «Суғд» дар солҳои 2013-2015 ҳар сол 200,0 ҳазор сомонӣ пешбинӣ гардида, маблағгузорӣ дар солҳои 2013-2014 дар ҳаҷми пурра ва дар ҳашт моҳи соли 2015 ба андозаи 166,6 ҳазор сомонӣ ё 58,3 фоиз амалӣ шуд. Барои сохтмонҳои асосӣ маблағгузориҳо дар маҷмӯъ 1900,0 ҳазор сомониро ташкил додааст. Таҳлил зарари молиявиро ба маблағи 29570,52 сомонӣ муайян намуд, ки он аз ҳисоби хароҷоти ғайриқонунии пулӣ, изофанависии корҳои сохтмонӣ ва иҷораи амволи давлатӣ ба амал омадааст.

Дар МОИ «Ишкошим» ҷиҳати нигоҳдории муассисаи мазкур солҳои 2013-2015 дар Буҷети ҷумҳуриявӣ ҳар сол 300,0 ҳазор сомонӣ пешбинӣ гардида, маблағгузориҳо дар солҳои 2013-2014 дар ҳаҷми пурра ва дар ҳашт моҳи соли 2015 ба андозаи 190,36 ҳазор сомонӣ ё 63,4 фоиз амалӣ шудааст. Барои сохтмонҳои асосӣ бошад, маблағгузориҳо дар маҷмӯъ 3400,0 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Дар натиҷаи санҷиш зарари молиявӣ ба маблағи 46776,56 сомонӣ ошкор ва аз он 42502,0 сомонӣ ба буҷет барқарор карда шуд. Бояд қайд намуд, ки аз давраи таъсис то ба давраи санҷишӣ дар ҳудуди МД МОИ «Ишкошим» ягон субъект ба қайд гирифта нашуда буд.

Ҷиҳати нигоҳдории МД МОИ «Панҷ» дар солҳои 2013-2015 ҳар сол маблағи 200,0 ҳазор сомонӣ пешбинӣ гардида, маблағгузориҳо давоми ду соли гузашта дар ҳаҷми пурра ва дар ҳашт моҳи соли 2015 ба андозаи 118,5 ҳазор сомонӣ ё 59,3 фоиз амалӣ шудааст. Барои сохтмонҳои асосӣ бошад маблағгузориҳо дар маҷмӯъ 3400,0 ҳазор сомониро ташкил додааст. Дар ин муассиса аз ҳисоби хароҷоти ғайриқонунии пулию молӣ ва изофанависии иҷрои корҳо ба маблағи 40566,4 сомонӣ зарар ошкор ва барқарор карда шуд.

Дар маҷмӯъ, зимни санҷиш дар минтақаҳои озоди иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон зарари молиявӣ ба маблағи 162722,5 сомонӣ ошкор ва 147995,4 сомонӣ ба буҷет барқарор шуд.

Вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаи мавриди баррасӣ ба шахсони масъул  савол дода, посух гирифтанд.

Дар поёни ҷаласа, бо назардошти таклифу пешниҳодоти баён­гардида, қарор ва тавсияҳои парламентӣ қабул шуданд.

  Бурҳониддин КАРИМЗОДА,

«Садои мардум»