Чанде пеш бо ташаббуси Кумитаи миллӣ оид ба аҳолӣ ва рушди назди Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, дар ҳамкорӣ бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шӯрои ҳамоҳангсозии байнисоҳавӣ оид ба «Ҳаракати глобалии тақвиятбахшии (васеъкунии) ғизо» таҳти раёсати муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайринисо Юсуфӣ дар мавзӯи «Пешравии Тоҷикистон дар самти таъмини устувори аҳолӣ бо ғизои солим» конфронс баргузор гардид. Дар он роҳбарон ва намояндагони вазорату идораҳои ҷумҳурӣ, ташкилотҳои байналмилаливу минтақавӣ иштирок намуданд.
Хайринисо Юсуфӣ иброз намуд, ки беҳсозии вазъи ғизову ҳифзи саломатии аҳли ҷомеа ва пешгирии воридоти маҳсулоти пастсифату зиёновар дар мадди назари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад ва ҷиҳати паст кардани сатҳи камбизоатӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ, мусоидат ба рушди устувори кишоварзӣ, таҳияи модели устувори истеъмолоту истеҳсолот тадбир андешида мешавад. Барои мисол метавон гуфт, ки ҷиҳати таъмини амният ва бехатарии озуқаворӣ тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №595 аз 29 декабри соли 2017 Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфт.
ҳамчунин, таъмини амнияти озуқаворӣ ва паст кардани сатҳи камбизоатӣ дар доираи «Стратегияи миллии рушд то солҳои 2030» ва «Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020» аз ҳадафҳои асосии Ҳукумати мамлакат мебошанд.
Дар баробари ин, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути стратегия ва барномаҳо, аз ҷумла, «Стратегияи миллии солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2020», «Стратегияи ғизо ва фаъолнокии ҷисмонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2024», «Барномаи миллии ташаккули тарзи ҳаёти солим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи солҳои 2011-2020», «Барномаи беҳтар намудани таъминоти аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо оби тозаи нӯшокӣ барои солҳои 2008-2020», «Стратегия оид ба дурнамои минбаъдаи пешгирӣ ва назорати бемориҳои ғайрисироятӣ ва осеббардорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2023» иқдомоти зиёдеро амалӣ кард.
Инчунин, муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саида Умарзода, сардори Намояндагии Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустии СММ дар Тоҷикистон Игор Поканевич, сардори Намояндагии Хазинаи кӯдакони СММ дар Тоҷикистон Лучияно Калестини, сардори Раёсати омори демографӣ, шуғли аҳолӣ ва иҷтимоии Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон А. Қулов, сардори Раёсати ташкили хизматрасониҳои тиббӣ ба модарону кӯдакон ва танзими оилаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Раҳматуллоев ва дигарон маърӯза карда, андешаҳои ҷолиб баён доштанд.
Шариф АТОБУЛЛОЕВ,
«Садои мардум»