Пешсаф, созанда, бунёдкор

№148 (4888) 28.11.2024

People's_Democratic_Party_of_Tajikistan_logo.svgСӣ сол муқаддам Ҳизби халқии демок­ратии Тоҷикистон таҳти сарварӣ ва раҳнамоиҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба майдони сиёсат чун ҳизбе қадам ниҳод, ки ба мардуми шарифу заҳматкаши тоҷик такя дошт ва эълон кард, ки ҷонибдори давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мебошад.

Сӣ сол дар назди таърих муддати тӯлонӣ нест, вале роҳи бошарафона тайнамудаи ҳизби мо тайи ин муддат тӯлонию пурпечутоб, пурифтихор ва ибратомӯз аст. Имрӯз, саҳифаҳои таърихи ҳизбамонро варақгардон намуда, бори дигар шоҳиди он мегардем, ки танҳо бо дуруст ба роҳ мондани корҳои фаҳмондадиҳӣ, таблиғотию оммафаҳмонӣ ва ба дили халқ роҳ ёфтан метавон дурри мақсуд ба даст овард. Бояд зикр намуд, ки Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон аз оғози фаъолият то ба имрӯз ҳамеша манфиатҳои халқу миллатро ҳифзу ҳимоя менамояд, омодаи хизмат ба халқу Ватан аст. Аз нахустин рӯзҳои фаъолияташ ҳизби мо роҳи адолату ҳақиқатро пеш гирифта, дар доираи талаботи Конс­титутсияи Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, қонунҳои конститутсионӣ, қонун­гузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, санад­ҳои байналмилалии ҳуқуқие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф намудааст, Оиннома ва Барномаи ҲХДТ фаъолият менамояд.

 Боиси зикри хос аст, ки тавсияю дастурҳои саривақтӣ ва аз лиҳози сиёсӣ пураҳамияти поягузори ҲХДТ, Пешвои миллат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон имконият фароҳам меоварад, ки намояндагони қишрҳои мухталифи ҷомеа шомили сафи он гардида, дар амалигардонии сиёсати пешгирифтаи роҳбарияти давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон ширкати созандаю фаъо­лона дошта бошанд.

Сафи ҳизб дар заминаи ҷалби неруҳои зеҳнии ҷомеа пайваста пурраю мустаҳкам мешавад. Дар сохторҳои идории ҳизб мутахассисони болаёқати дорои дониши амиқу ҷаҳонбинии васеъ ва ба ҳизбу давлат содиқ ба кор фаро гирифта мешаванд. Интихоб ва таъини кадр дар ташкили фаъолияти сохторҳои ҳизбӣ ­масъалаи усулӣ ва калидӣ мебошад.

 Ҳаёти ҷомеа бо ҲХДТ, ки рӯ ба рӯ бо тазодҳои ҳаёти иҷтимоӣ гом мебардорад, мувофиқи талаботи вазъи баамаломада фаъолият мебарад.

Ҷаҳонишавӣ, ҷангу хунрезиҳо дар ин ё он гӯшаи олам, норасоии обу ғизо, тағйир­ёбии иқлим, тақсимоти ҷаҳон ва ғайра аз ҳар як аъзои ҳизб ҳушёрии сиёсиро талаб менамояд.

Дар айни ҳол ҷамъият масоили дигари марбути инкишофу тараққиётро пешорӯи ҲХДТ меорад. Аз ин лиҳоз, Сарвари дурандеши ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дарки амиқи моҳияти тараққиёти босуръати дунёи зуд тағйирёбанда, бахусус, дар ҷомеаи Тоҷикистон, дар назди ҳизбиён вазифа гузош­танд, то фаъолияти ҳизбро дар асоси талаботи давру замон ба роҳ монанд. Ислоҳоти фарогир дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти сиёсию иҷтимоии кишвар ва ҳизб аз ҳидояту супоришҳои Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон сарчашма мегиранд.

Ба сохторҳои ҳизбӣ кадрҳои ҷавони болаёқат ҷалб карда шуданд, ки дар радифи сиёсатмадорони ботаҷриба кору фаъолият намуда, аз таҷрибаю малака ва дониши сиёсии онҳо баҳравар гашта, бо истифода аз усулу васоити ҳозиразамони пешбурди кор фаъолияти ҳизбро ба сатҳу сифати нав бароварданд.

Раванди интихоботҳо ба парлумони ҷумҳурӣ ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ дар шумули нишондиҳандаи асосиест, ки натиҷаи фаъолияти созмонҳои ҳизбро дар маҳалҳо ва умуман, бурдубохти ҲХДТ-ро баръало таҷассум мекунад. Арқому далелҳо собит менамоянд, ки дар ҳамаи интихоботҳо ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ оғоз аз соли 2000 намояндагони ҲХДТ ҳамеша дастболо гашта, беш аз 70 фоизи мандатҳои вакилиро соҳиб шуданд. Чунин муваффақият дар интихоботи намояндагони халқ ба маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ низ ба даст омад. Ин дастоварди муҳими сиёсӣ шаҳодати боло рафтани обрӯю нуфузи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар ҷомеаи Тоҷикистон мебошад, ки он натиҷаи дуруст ба роҳ мондани фаъолияти ҳизбӣ мебошад.

Назария ва ғояҳои асосноку дурандешонаи пешниҳоднамудаи Раиси ҲХДТ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бобати дуруст интихоб намудани стратегия ва тактикаи фаъолияти ҳизбӣ, инчунин, дарки амиқи моҳияти ҳизби сиёсӣ аз ҷониби роҳбарони ташкилотҳои болоию поёнӣ ва дастгирии ҳаматарафаи аксари мардуми Тоҷикистон омили асосии он аст, ки дар марҳилаи кӯтоҳи таърихӣ ҲХДТ ба неруи пурқуввати сиёсии ҷомеаи навини мо табдил ёфт.

Дар парлумони кишвар фраксияи ҲХДТ таъсис ёфта, аъзои ҳизб дар доираи салоҳият на танҳо дар эҷоди қонун фаъолияти пурсамарро ба роҳ монданд, балки дар самтҳои мухталифи ҳаёти иҷтимоӣ фаъолияти назаррас доранд.

ҲХДТ таҳти роҳбарии хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон тавассути роҳандозии фаъолияти доманадору пурсамар исбот намуд, ки он дар низоми сиёсии ҷомеаи Тоҷикистон ба яке аз омилҳои муҳими таъсиррасонии сиёсӣ ва неруи пешбари ҷомеаи навини тоҷикон табдил ёфтааст.

Баробари ин, Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон бо мақсади таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ба хиради баланди сиёсӣ, сифатҳои ҳамида ва маънавиёти баланди аъзои худ такя намуда, донишу таҷриба ва маҳорати онҳоро баҳри амалӣ гардонидани ғояҳои сиёсӣ ва ҳадафҳои барномавии ҳизб сафарбар менамояд. Ҳамчунин, ба таҳкими истиқлолияти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ мусоидат мекунад, ҷиҳати амалӣ намудани ин ҳадафҳои олӣ фаъолияти гус­турдаеро пеш мебарад, ҷонибдори озодандешӣ, озодии сухану матбуот ва бисёрҳизбӣ аст. Инсон ва қадру манзалати онро аз ҳама боло медонад.

Ин орзую ормонҳои наҷиб, ки пешрафту шукуфоии Тоҷикистони азизи мо аз онҳо вобастагии зиёд дорад, аз ҷониби табақаҳои мухталифи ҷомеа — ҳам зиёиёни пешқадаму ҳам барзгарони диловар, ҳам кишоварзону ҳам сохтмончиён ҳамраъйӣ ва ҳамовозии амиқ пайдо намудааст.

Тавассути ҷаҳду талошҳои Раиси ҲХДТ муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон обрӯи Тоҷикистони азиз дар арсаи байналмилалӣ рӯз ба рӯз болотар меравад. Тӯли қариб се даҳсолаи охир дар саросари кишварамон дигаргуниҳои куллӣ, ободкорию созандагиҳо ва пешравиҳои назаррас рух доданд. Истиқлолияти энергетикӣ ва амнияти озуқаворӣ ба даст оварда шуд. Тоҷикистони азиз аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳо ёфт. Ҳазорҳо коргоҳу заводу фабрикаҳо, нақбу пулҳо, иншооти дигари иҷтимоию хизматрасонӣ сохта ба истифода супурда шуданд, ки саросар аз файзи дастону дили поки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам ­Эмомалӣ ­Раҳмон аст. Вақт нишон дод, ки Сарвари давлати Тоҷикис­тонро қавлу амал як аст. Ҷаҳон дар симои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тоҷик ва Тоҷикис­тонро шинохт, ба садояш гӯш андохт ва садои меҳру некхоҳӣ, озодандешию адолатҷӯӣ ва ваҳдату якдилиро шунид.

 Пешниҳоду таклифҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз тарафи ҷомеаи ҷаҳонӣ хуш ва гарму самимӣ истиқбол мешавад.

30-солагии ҲХДТ ба 30-юмин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ва дар ин замина эълон гардидани «Соли маърифати ҳуқуқӣ» рост омадааст, ки ин ҳам фоли нек буда, аз ҳар як аъзои ҳизб талаб менамояд, ки боз ҳам фаъолтар, зираку ҳушёртар бошему ба Ватану миллати хеш содиқона ва софдилона хизмат намоем.

Ҳар як аъзои ҲХДТ-ро зарур аст, ки маърифати ҳуқуқии хешро баланд бардорад, дар кору зиндагӣ намунаи ибрати дигарон бошад, бо меҳнати ҳалолу бунёдкорона садоқати худро ба Ватан – Модар, ба фарзанди фарзонаю ҷонфидои миллати тоҷик, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ба муқаддасоти Ватан собит намояд.

Фаромӯш набояд кард, ки масъулияти ҳизбӣ, рисолати инсонӣ ва қарзи фарзандии ҳар яки мо аз он иборат аст, ки Тоҷикис­тони зебою озод, дилрабою мутараққиро ба насл­ҳои оянда ба мерос гузорем.

С. МАТРОБИЁН,

М. ШОДИЁН,

Ф. НАҶМИДДИНИЁН,

вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон