Аъзои Маҷлиси миллӣ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат» — ро якдилона ҷонибдорӣ карданд
Ҳаждаҳуми декабри соли 2015 таҳти раёсати Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев Иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум баргузор шуд.
РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Мувофиқи маълумоти пешакӣ, аз 32 нафар аъзои Маҷлиси миллӣ 32 нафар дар толор иштирок доранд. Бо мақсади бори дигар дақиқтар намудан аз аъзои Маҷлиси миллӣ хоҳиш менамоем, ки бо истифода аз системаи электронӣ аз қайд гузаред. Марҳамат.
Ҳоло дар толор 32 нафар аъзои Маҷлиси миллӣ иштирок доранд.
Дар Иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, мушовири калони бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ, раисони Суди конститутсионӣ, Суди Олӣ, Суди Олии иқтисодӣ, Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Бонки миллии Тоҷикистон ва намояндагони воситаҳои ахбори омма ҳузур доранд.
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Мутобиқи моддаи 20 Дастури Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷумро кушода эълон менамоям.
(Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон садо медиҳад).
РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Мутобиқи моддаи 25 Дастури Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мо лозим аст, ки котиботи Иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷумро интихоб намоем.
Лоиҳаи қарор оид ба ин масъала манзури шумо гардидааст, ки тибқи он раиси котибот Аҳмадзода Раҷаббой, аъзои котибот Сафарзода Хайрулло Амиралӣ ва Чошбаев Мурзабай Абилакимович пешниҳод шудаанд.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи котиботи Иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум»-ро ба овоз мемонам.
Қарор қабул шуд.
Аз ҳайати котибот эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки ҷойҳои худро ишғол намуда, ба кор шурӯъ намоянд.
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Ба мо лозим аст, ки рӯзномаи Иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷумро баррасӣ ва тасдиқ намоем. Лоиҳаи қарор оид ба ин масъала ба шумо пешниҳод гардидааст. Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзномаи Иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум»-ро ба овоз мемонам.
Қарор қабул шуд.
Ба рӯзномаи Иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум масъалаҳои зерин ворид шуданд:
1.Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат»
2.Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ»
3.Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
4.Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
5.Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
6.Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини нафақаи хизматчиёни ҳарбӣ»
7.Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
8.Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди терроризм»
9.Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ»
10.Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти волонтёрӣ»
11.Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор»
12.Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи намунаҳои саноатӣ»
13.Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи роҳҳои автомобилгард ва фаъолияти роҳдорӣ»
14.Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи алоқаи барқӣ»
15. Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз вазифаи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд намудани Лутфуллозода Ш.»
16.Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Лутфуллозода Ш.»
17. Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз вазифаи судяи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд намудани Исматзода Р.»
18.Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судяи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Исматзода Р.»
19. Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз вазифаи судяи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд намудани Камолзода Р.»
20.Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судяи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Камолзода Р.»
21.Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сохтор, рӯйхати вазифаҳо, шумораи кормандони Дастгоҳи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сметаи хароҷоти Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2016».
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Ба баррасии масъалаи аввали рӯзномаи иҷлосия – Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат» ҳусни оғоз мебахшем. Оид ба ин масъала сухан ба раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳамоҳангсозии фаъолияти Маҷлиси миллӣ бо Маҷлиси намояндагон, ҳокимияти иҷроия, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, воситаҳои ахбори омма ва робитаҳои байнипарламентӣ муҳтарам Имомзода Муҳаммадюсуф Сайдалӣ дода мешавад. Марҳамат.
Имомзода Муҳаммад-юсуф Сайдалӣ: — Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, ҳозирини гиромӣ!
Ба таърихи навини Тоҷикистони соҳибистиқлол санаи 9-уми декабри соли 2015 ҳамчун рӯзи воқеан фаромӯшнопазир ва дорои аҳамияти бузурги таърихиву сиёсӣ ва мафкуравӣ ворид шуд, чунки дар ин рӯз Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат»-ро қабул кард.
Дар ин қонун сухан аз муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, шахсияте меравад, ки дар бунёди давлати миллӣ, ташаккули миллат, истиқлоли сиёсиву давлатӣ, эҳёи расму ойин ва анъанаҳои фарҳангӣ, аз як кишвари дар вартаи нобудӣ қарордошта ба давлати рӯ ба инкишоф расонидани Тоҷикистон, дар маркази ғояи миллӣ қарор додани идеяи зиндагисози Ваҳдати миллӣ нақши калидӣ дорад. Таърих гувоҳ аст, ки чунин шахсиятҳо аҳён — аҳён рӯи саҳнаи сиёсат меоянд ва дар соҳаҳои муҳими ҳаёти мардум — иқтисоду иҷтимоъ, илму фарҳанг, рӯҳия ва ахлоқу маънавияти миллатҳову кишварҳо дигаргуниҳои куллӣ ба амал меоранд.
Аз ин нуктаи назар, он ақида, ки дар давраҳои мушкили таърих шахсиятҳое ба арсаи сиёсат омада, сарнавишти миллатҳо ва давлатҳоро куллан тағйир медиҳанд, ягон тобиши асотириву метафизикӣ надошта, асоси устувори илмӣ доранд ва бояд махсус таъкид кард, ки чунин равиши андеша ба падидаҳое чун авторитаризму шахсиятпарастӣ ҳеҷ муносибате надоранд.
Агар мақсади қонун расмияти ҳуқуқӣ бахшидан ба воқеият бошад, пас воқеияти 24 соли охири мавҷудияти Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибистиқлол дар харитаи сиёсии ҷаҳон исботи он ҳақиқат аст, ки Эмомалӣ Раҳмон дар дилу дидаи мардуми Тоҷикистон ҳамчун сарвари хирадманду дурандеш, дар паи саодати мардум собитқадаму заковатманд, бунёдгузори давлати миллӣ ва наҷотбахши миллат, раҳнамои фардои зиндагии шоиста ва ба таври хулоса — Пешвои воқеии миллат кайҳо эътироф шудааст ва санади мазкур ҳамин ҷойгоҳи табиӣ ва рисолати таърихии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро рӯи сафҳаи қонун дарҷ мекунад. Таври дигар, яъне қонуни мазкурро муҳаббатномаи халқ ба фарзанди сазовори худ биномем, заррае муболиға нахоҳад шуд.
Ҳозирини арҷманд!
Мехостам оид ба ҷанбаҳои арзишӣ, иҷтимоиву фарҳангии аҳамияти қабули ин санад чанд сухан бигӯям. Падида ё мақоми Пешвои миллӣ барои Тоҷикистони муосир нав аст, аммо дар собиқаи таърихии аксар кишварҳои дунё бо шаклу муҳтавои гуногун дучор меояд. Он дар ҷомеаҳои муосири демократӣ, дар кишварҳои пешрафтаи олам низ арзи вуҷуд мекунад. Аз назари сиёсату маърифат, зуҳури як лидери умумимиллӣ ва пешвои эътирофшудаи давлатӣ тақозои раванди давлатсозӣ дар марҳилаҳои душвори ин ё он давлат буда, на фақат дар гузашта, балки дар ҷаҳони муосир низ бунёд ва рушди кишварҳои пешрафтаи демократии ҷаҳон бо номи шахсиятҳои фавқулода бузурги ҳамон давлатҳо решапайванд аст.
Бинобар ин, аз нигоҳи ҳуқуқӣ расмикунонии эътирофи рисолати ин шахсиятҳо ҳаргиз сифату арзишҳои демократии ҷомеа ва давлатҳоро коҳиш намедиҳад, баръакс, боиси иттиҳоду ҳамбастагии бештари мардум дар роҳи расидан ба идеалҳои миллӣ мегардад. Ба тариқи хеле сода бигӯем, агар табибе маризеро аз марг раҳонад, ӯро табиби наҷотбахш меноманд.
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, ҳозирини гиромӣ!
Хосияти дигари муҳими қонун ҳамин аст, ки бояд бунёди мустаҳками маънавӣ дошта бошад, ба ҷуз муносиботи муҳими иҷтимоӣ, инчунин рӯҳияву маънавият ва унсурҳои муҳими равониву эстетикӣ ва ахлоқии мардумро мадди назар бигирад. Аз ин нуктаи назар, қонуни мазкур бо табиати маънавии мардум ва арзишҳои зеҳниву башардӯстонаи он комилан созгор аст.
Хизматҳои таърихии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушди ин миллату ин сарзамин аз корномаҳои Куруш, ки бори нахуст аз ҳуқуқи инсон сухан гуфт, аз амирони сомонӣ, ки сарфи назар аз фишори араб истиқлолияти мулкро устувор намуданд, заррае кам нест. Таърихи давлатдориҳои ҷаҳони муосир кам намунаҳое медонад, ки шахсиятҳои миллӣ ба хотири наҷоти кишвар ҷони ширини хешро ба гарав ниҳода бошанд.
Сабаби асосии маҳбубияти Эмомалӣ Раҳмон мардумӣ будани афкору мулоҳиза, мардумӣ будани фитрату завқу салиқа ва мардумӣ будани дунёи ботинии ӯст. Ӯ аз миёни халқ рӯидааст ва ҳама ниёзҳояш бо ниёзҳои мардум тавъаманд. Ӯ фарзанди ин сарзамин аст ва хизматҳояш ба ин сарзамин фарзандвор, холисонаву содиқона ва дар заминаи муҳаббат ва ормонҳои миллист.
Давлатсозӣ, фароҳам овардани шароит барои ташаккули миллат, таъмини истиқлоли сиёсиву гуманитарӣ, ба вуҷуд овардани имиҷи Тоҷикистон ҳамчун як кишвари дорои таърихи куҳан, бунёди давлати иҷтимоӣ, демокративу ҳуқуқбунёд ва дунявӣ — ин ҳама корномаҳое ҳастанд, ки бо фаъолияти созандаи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон марбут мебошанд.
Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, ҳозирини гиромӣ!
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат», ки аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст, рӯзи 15 декабри соли 2015 дар ҷаласаи Кумита мавриди омӯзишу ҷонибдории ҳамаҷониба қарор гирифт.
Қонуни мазкур бо риояи талаботи моддаҳои 6, 27, 31, 58 — уми Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон бо арзи эҳтиром ба пешниҳоду дархости шаҳрвандони ҷумҳурӣ, бо эътирофи моддаи 21-уми Эъломияи умумии ҳуқуқи башар, мувофиқ ба муқаррароти моддаҳои 1, 19 ва 25-уми Паймони байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ дар такя ба таҷрибаи давлатҳои демократӣ,
- бо мақсади таҳкими давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёду дунявӣ, ягона, пойдории сулҳу ваҳдат, ба наслҳои оянда боқӣ гузоштани Тоҷикистони ободу соҳибистиқлол, пос доштани анъанаву суннатҳои миллии давлатдорӣ;
- ба хотири арҷгузорӣ ба хизматҳои таърихии фарзанди фарзонаи миллат Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қабул гардидаст.
Қонун аз муқаддима ва 16 модда иборат аст. Тарзу усули таҳияи қонун, ҷобаҷогузории моддаҳо, мазмуну муҳтаво ва мантиқ, самтҳои объекти танзими ҳуқуқӣ, бандубаст ва имлои забон, дар маҷмӯъ — техникаи қонунгузорӣ пурра риоя шудааст.
Дар муқаддима мақсад ва муҳтавои қонун оварда шудааст. Нуқтаи муҳим ва марказии ин ҳадаф — пойдорӣ ва бардавомии давлати соҳибистиқлоли демократии Тоҷикистон аст, ки бо роҳи қадршиносӣ аз хизматҳои таърихии фарзанди содиқу вафодори халқ ифода ёфтааст. Моддаҳои қонунро аз назари мазмун ва муҳтаво ба чор гурӯҳ тасниф кардан мумкин аст:
I. Моддаҳои дорои мазмуну муқаррароти умумӣ: ба ин гурӯҳ моддаҳои 1, 2, 14, 15 ва 16 дохил мешаванд.
Дар моддаи 1 масъалаҳои назариявии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, мафҳум, аломатҳои сиёсӣ, вазифаҳо ва рисолати таърихии ба анҷомрасонидаи ӯ муайян шудааст. Дар ин модда Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо арҷгузорӣ аз хизматҳои таърихиаш дар назди халқу Ватан ба сифати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат шинохта шудааст.
Дар қисми 2 моддаи мазкур Пешвои миллат ҳамчун падидаи сиёсӣ ва ҳуқуқӣ, рамзи пойдориву бардавомии давлатдории мустақили тоҷикон, сулҳу ваҳдати миллӣ ва кафили рушди босуботи ҷомеаи Тоҷикистон шинохта шудааст, ки ин яке аз нуктаҳои арзишманди қонун маҳсуб мегардад.
Моддаи 2 ба сифати мавзӯи танзими қонун маҷмӯи масъалаҳоеро, ки бо қонуни мазкур танзим карда мешаванд, муайян менамояд. Дар моддаи 14, ки аз ду қисм иборат аст, сарчашмаҳои маблағгузорӣ ва масъалаҳои таъмини фаъолияти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муқаррар шудааст.
Моддаи 15 ҷавобгарии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро барои риоя накардани талаботи қонуни мазкур ва моддаи 16 тартиби мавриди амал қарор додани қонунро муайян намудааст.
II. Моддаҳои муайянкунандаи мақоми ҳуқуқӣ ва рамзҳои маънавию тарбиявии Пешвои миллат: ба ин гурӯҳ моддаҳои 3, 4 ва 11 бахшида шудаанд.
Қисми 1 моддаи 3 муайян менамояд, ки вобаста ба хизматҳои бузурги таърихиаш Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат дорои чунин салоҳиятҳо мебошад:
« — ба халқи Тоҷикистон, мақомоти давлатӣ ва шахсони мансабдор оид ба масъалаҳои муҳими сохтори давлатӣ, амнияти кишвар, сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ муроҷиат намояд, ки ба инобат гирифтани онҳо барои мақомоти давлатӣ ва шахсони мансабдори давлатӣ ҳатмӣ мебошанд;
- дар ҷаласаҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, иҷлосияҳои Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, маҷлисҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷаласаҳои Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок карда, оид ба масъалаҳои баррасишаванда суханронӣ намояд;
- дар ҳолати ба вуҷуд омадани буҳрони сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ барои ҳалли онҳо мусоидат намуда, машварату маслиҳат диҳад».
Дар моддаи 4 ба хотири арҷгузорӣ аз хизматҳои содиқонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат дар назди Ватан, таъсиси орден ва ҷоизаи давлатӣ бо номи Пешвои миллат пешбинӣ шудааст.
Дар моддаи 11 бунёди осорхона, китобхона ва бойгонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат ҳамчун сарвати миллӣ муқаррар гардидааст.
III. Моддаҳои бахшида ба дахлнопазирӣ ва амният
Моддаҳои 5 ва 8 ба дахлнопазирӣ ва амнияти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат бахшида шудаанд. Мавҷудияти чунин меъёрҳо дар ҳама қонунҳои давлатҳои демократӣ нисбати собиқ Роҳбарони давлат, яъне Президентҳо дида мешавад. Пешвои миллат мутобиқи моддаи 5 дар давраи иҷрои ваколатҳои хизматиаш ҳуқуқи дахлнопазирӣ дорад.
IV. Моддаҳои ташкилӣ ва таъминотии фаъолияти Пешвои миллат
Моддаҳои 6, 7, 9, 12 ва 13 ба корҳои ташкилӣ ва таъмини фаъолияти Пешвои миллат бахшида шудаанд. Дар ин моддаҳо таъмини фаъолияти Пешвои миллат ва таъсиси Дафтардорӣ (моддаи 6), таъминоти алоқа (моддаи 7), вазъи иқтисодӣ ва иҷтимоӣ (моддаи 9), хизматрасониҳои нақлиётӣ (моддаи 10), тиббӣ, табобатию истироҳатӣ (моддаи 12), нафақа ва суғуртаи иҷтимоӣ (моддаи 13) муайян шудаанд.
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ! Кумита Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат»-ро ҳамаҷониба ва якдилона ҷонибдорӣ намуда, эҳтиромона хоҳиш менамояд, ки пешниҳоди моро дастгирӣ намоед.
РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ! Ба Имомзода Муҳаммадюсуф Сайдалӣ савол доред? Кӣ хоҳиши сухан кардан дорад?
Ҳоло ман мулоҳизаҳоямро оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ассосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат» манзури шумо менамоям.
(Суханронии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев таври алоҳида дар саҳифаи дуюм ба нашр расидааст).
РАИС: — Ҳоло сухан ба узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, директори Муассисаи таълимии давлатии «Мактаби президентӣ барои хонандагони болаёқати шаҳри Хоруғ» Матобшоева Арамбегим Бозоровна дода мешавад.
Матобшоева Арамбегим Бозоровна: — Муҳтарам Раис ва аъзои Маҷлиси миллӣ, ҳозирини гиромӣ!
Дар ҷаласаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат» дар таҳкими ваҳдату истиқлолияти давлат ва рушди давлатдории муосири миллӣ нақши бузург мебозад.
Бо ифтихори бузург бояд гуфт, ки ҳанӯз аз рӯзи нахустини Раҳбари давлат интихоб гардидан Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аллакай Пешвои миллати тоҷик буданд ва мардуми Тоҷикистон ба он кас эътимод ва боварӣ дошт. Рисолати таърихии ин шахсияти бузурги олами сиёсат аввалан хости Худост ва баъдан миллати тоҷик ӯро дар раванди кору пайкораш ва хизматҳои шоёну беназираш дар ин марҳалаи сарнавиштсози таърихи миллат ва давлати тоҷикон ба ин мақоми олӣ интихоб намудааст. Бебаҳс аст, ки Пешвои миллат будани фарзанди фарзонаи миллати тоҷик, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон худ воқеияти бузурги таърихӣ ва талаби замони муосир аст.
Азхудгузаштанҳо сарсупурдагӣ, ҷоннисориҳо ва фидокориҳои ин абармарди арсаи сиёсат барои Ватану миллат, барои сулҳу субот, барои зиндагии осоишта ва беҳбудӣ ёфтани рӯзгори мардуми тоҷик дар таърих бесобиқа аст.
Мехоҳам таъкид созам, ки расидан ба ин мақоми олӣ барои Сарвари давлат осону ҳамвор набуд, аммо фитрати азалӣ, устуворию ҷасорати беандозаи шахсию иродаи қавии сиёсӣ, меҳру муҳаббати бузург ба миллату Ватани хеш боис шуд, ки ин шахсияти нексиришту накукор ин мақоми баландро аз ҷониби миллати тоҷик бо пуштибонии ҳамаҷониба мушарраф гардиданд.
Ба андешаи ман, ботини поку нияти холис, муҳаббати самимӣ ба халқу Ватани худ яке аз сарчашмаҳои асосии дастовардҳои азими Роҳбари давлат дар арсаи сиёсату давлатдорӣ мебошанд, зеро зимни савгандёдкунӣ дар Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин изҳор дошта буданд: «Агар лозим шавад, ба ивази ҷони худ сулҳу ваҳдатро ба Тоҷикистони азиз бозмегардонам ва то даме ки як гурезаи тоҷик дар хориҷ умр ба сар мебарад, ором зиндагӣ нахоҳам кард».
Бузургтарин хидмати Ҷаноби Олӣ, пеш аз ҳама, дар он таҷассум мегардад, ки сарфи назар аз авзои мураккабу печида ва пурмоҷаро тавонист давлатдории тоҷиконро, ки киштии ғарқшудаистодаро дар уқёнуси пурталотум мемонд, аз нобудӣ наҷот бахшад ва миллатро, ки ҳазорсолаҳо дар орзуву ормони соҳиб шудан ба давлати озоду мустақили худ буд, ба мурод расонад.
Аз коми оташи ҷанги шаҳрвандӣ берун кашидани мамлакат, бозовардани мардум ба кишвари бумиашон дурандешӣ, шуҷоату матонат, сабру тамкин, иродаи қавӣ ва масъулияти бузургро тақозо менамуд. Ин вазифаи басо вазнину мушкил буд, аммо Ҷаноби Олӣ ин рисолати таърихиро сарбаландона анҷом дод. Роҳбари давлат дар кӯтоҳтарин вақту замон ниҳодҳои фалаҷгаштаи давлатиро аз нав эҳё намуда, сохти конститутсиониро барқарор сохт.
Ғояҳои оштии миллӣ, расидан ба сулҳу субот ва Ваҳдати миллӣ аз рӯзи нахустини Сарвари давлат интихоб шудан барои ин бузургмарди сиёсати ҷаҳонӣ шиори кору пайкор гаштанд. Натиҷаи хидмати беназири ин шахсияти нотакрор аст, ки имрӯз мардуми тоҷик дар фазои сулҳу субот ва Ваҳдати миллӣ зиндагии оромона пеш мебаранд ва аз ин Сарвари давлату Пешвои миллат пайваста шукргузорӣ менамоянд.
Дар ин радиф тамоми хурду бузурги мардуми Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон низ ҳамеша даст ба дуо мебардоранд, ки давлати тоҷикон устувор ва Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша Сарвару Пешвои муаззами ин давлату миллат бошад.
Маҳз ба шарофати сиёсати дурандешона ва хиради волои ин шахсияти барҷаста роҳ ба сӯи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон барои ҳамеша боз гашт ва вилоят аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳо ёфт. Ҳатто давлати соҳибқудрати Иттиҳоди Шӯравӣ бо тамоми тавоноиву имкониятҳояш натавониста буд ин мушкилиро аз миён бардорад. Ҳоло шабу рӯз мошинҳо дар ин роҳ дар равуоанд.
Хидматҳои Ҷаноби Олӣ барои мардуми тоҷик, аз ҷумла сокинони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар ҳама соҳаҳои ҳаёт ниҳоят зиёд аст ва миёни онҳо тафовут гузоштан ҳеҷ имкон надорад, зеро ҳамаи ин хидматҳо бузургу беназиранд.
Ҳарчанд дар он солҳои душвор вазъият дар дигар минтақаҳо нисбатан ба эътидол омада бошад ҳам, ҳанӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон авзоъ хеле хавфнок буд ва дар ин ҳол касе ҷуръат надошт, ки ба он ҷо сафар кунад. Ҷаноби Олӣ, сарфи назар аз ҳамаи хавфу хатарҳои ҷиддӣ, бо ҷасорати ба худ хос, бо дилу нияти нек ба сафари Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон иқдом намуд. Маҳз паю қадами мубораки Роҳбари давлат ба ин гӯшаи дурдасти Тоҷикистони маҳбуб сулҳу салоҳ ва сарҷамъӣ овард.
Тоҷикони боихлосу шукргузори кӯҳистон эътимоди комил доранд, ки сарнавишту тақдири халқ ба хайру баракат ва нияту аъмоли Сарвари мамлакат – Пешвои миллат алоқамандии зич дорад ва мо насли имрӯзаи миллати куҳанбунёди тоҷик, Худои мутаъолро шукру сипоси беандоза мекунем, ки пас аз ҳазор соли интизории тӯлонӣ моро Сарвари аз лутфу марҳамати Илоҳӣ ва тамоми хислатҳои неки инсонӣ ба арзонӣ баҳраварро ато намудааст.
Маҳз бо шарофати роҳбарии хирадмандонаву дастгирии ҳамарӯзаи Сарвари давлат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳақиқат «Асри XXI асри рушду тараққиёти Бадахшон» гардида, ин диёри дурдасти паси кӯҳҳои як вақтҳо касногузари олам, имрӯз ба паҳнои тиҷорати байналмилалӣ ва «Дарвозаи тиллоии Тоҷикистон»-и азиз табдил ёфтааст. Аз ин рӯ, тамоми мардуми хирадпешаву сипосгузори «Боми Ҷаҳон» ҳамеша дуогӯянд, ки:
«Илоҳо, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ба бахти мо, мардуми Бадахшон доимо сиҳату саломат, сарбаланду сарфароз ва ҳамеша Сарвару Пешвои мо – тоҷикон бошанд».
Бо чунин нияти нек мо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат»-ро ҷонибдорӣ намуда, аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро даъват мекунем, ки ин Қонуни муҳими сарнавиштсозро дастгирӣ намоед.
РАИС: - Сухан ба Қаҳор Маҳкамов, собиқ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешавад.
Қаҳор МАҲКАМОВ: — Муҳтарам Маҳмадсаид Убайдуллоевич! Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, ҳозирини гиромӣ!
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат», ки ба Президенти давлатамон муҳтарам Эмомлаӣ Раҳмон тааллуқ дорад, ба Қонуни таърихӣ табдил ёфт. Зиёда аз 1000 сол пеш, дар давраи Сомониён, таҳти роҳбарии Исмоили Сомонӣ ташаккули халқи тоҷик анҷом ёфт. Баъд асрҳо паси ҳам гузашта рафтанд, аммо тоҷикон то асри XX дигар давлати худро надоштанд. Вақте ки Давлати Шӯравӣ таъсис ёфт, Тоҷикистон як шохаи ин давлат шуд. Дар муддати 68 сол Тоҷикистони Шӯравӣ ҳамчун ҷумҳурии иттифоқӣ дар ҳайати Иттифоқи Шӯравӣ рушд ёфт, тараққӣ кард. Дар ин муддат заводу фабрикаҳои хурду калон ба кор даромаданд, ҳазорҳо гектар замин аз қамишзор тоза ва обёрӣ шуд. Миқдори аҳолӣ афзуд. Душманони ҳаёти нав чашми дидани пешравиҳои Тоҷикистони Шӯравиро надоштанд, ғоратгарӣ ва одамкушӣ мекарданд. Мардуми ҷумҳурӣ бо дастгирии дӯстон душманонро нест кард. Солҳои минбаъда дар кишвар Неругоҳи барқи обии «Норак», Заводи алюминий, Комбинати кимиё ва даҳҳо корхонаҳои дигар ба кор шурӯъ намуданд. Сохтмони Неругоҳи барқи обии «Роғун» оғоз шуд.
Дар замони шӯравӣ камбудиҳо низ ҷой доштанд. Ҷумҳуриҳои шӯравӣ бе иҷозати Марказ ҳуқуқи бо хориҷа ҳамкорӣ карданро надоштанд.
Дар охири соли 1991 кишварамон соҳибистиқлол гардид. Душманони дохилӣ ва хориҷӣ, ки соли 1990 ба мақсади худ нарасида буданд, дар шарқ ва ҷануби кишвар бесарусомонӣ ба вуҷуд оварданд. Ҷанги бародаркушӣ бошад, то соли 1997 давом кард.
Мутахассисон ва коргарони таҷрибадор ҷумҳуриро тарк намуданд. Дар муассисаҳо, заводу фабрикаҳо ғоратгарӣ сар шуд ва дар муддати кӯтоҳ кишварамон ба кишвари аз ҳама камбизоат мубаддал гашт. Мамлакат бесоҳиб монд, ҳифзи миллату давлат зери суол буд.
Толеи баланди мардуми Тоҷикистон будааст, ки моҳи ноябри соли 1992 дар шаҳри Хуҷанд Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро Сарвари давлат интихоб намуд. Ӯ аз байни мардуми заҳматкаш баромада, қадри одаму тақдири миллатро ба қалбаш пайваст. Аз рӯзи аввал ҳамаи дониш ва қувваташро барои қатъ намудани ҷанги шаҳрвандӣ, бозгардонидани гурезаҳои иҷборӣ ба мамлакат, таҳкими сулҳу ваҳдати миллӣ сарф намуд. Барои ҳалли ин масъалаҳо Эмомалӣ Раҳмон ҷони худро дареғ надошта, чандин маротиба ба сафари хавфнок равона шуд. Ӯ хешро ҳамчун тимсоли некӣ нишон дод.
Дар солҳои аввали кориаш Эмомалӣ Раҳмон имкон надошт, ки ҳаматарафа ба рушди кишвар машғул шавад. Баъди ором гаштани вазъият Президенти мамлакат ба эъмори давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд ва рушди ҳамтарафаи он шурӯъ намуд. Ҳоло Тоҷикистонро 150 давлати дунё мешиносанд ва аксари онҳо бо мо ҳамкорӣ доранд.
Ҳамаи мо шоҳид ҳастем, ки бо роҳбарии Эмомалӣ Раҳмон ҳазорҳо километр роҳҳои замонавӣ, нақбҳо, роҳи оҳани Қӯрғонтеппа – Кӯлоб, хатҳои нави интиқоли неруи барқ, иншооти фарҳангӣ, китобхона ва осорхонаи миллӣ, мактабҳо, хонаҳои кӯдакон, манзилҳои ҳозиразамон қомат рост намуданд. Даҳҳо корхонаҳои нав бо технологияи навтарин ба кор шурӯъ намуданд, сохтмону барқарорсозии НБО-и «Роғун», роҳи оҳани Душанбе – Ёвон давом дорад.
Пойтахти давлатамон соҳиби майдони зебое шуд, ки номи Исмоили Сомониро дорад. Хизматҳои бузургу беназири Ҷаноби Олӣ бебаҳо ҳастанд. Барои ҳамин ҳам ман аз сидқи дил ҷонибдори ин қонун ҳастам.
Ба Пешвои миллатамон Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон умри дароз, тансиҳатии бардавом ва пурқувватӣ орзу дорам.
Ташаккур.
РАИС: — Ҳоло сухан ба узви Маҷлиси миллӣ, раиси ноҳияи Қубодиён Абдураҳмонзода Саидумрон Назар дода мешавад.
Саидумрон НАЗАР: — Муҳтарам Раис, Раёсат ва ҳозирини гиромӣ!
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат», ки аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардидааст, қонуни хеле муҳим, саривақтӣ ва барои халқу давлати тоҷикон дорои аҳамияти бузурги сиёсиву иҷтимоӣ мебошад.
Тавре ҳамагон огоҳӣ дорем, дар қонуни мазкур дар бораи ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ додани унвони Пешвои миллат сухан меравад. Воқеан, таърихи навини кишвар, дастовардҳои халқу давлати тоҷикон, хусусан истиқрори сулҳу ваҳдат ва мустаҳкамшавии пояҳои давлатдорӣ ва боло рафтани обрӯву нуфузи давлату миллатамон танҳову танҳо бо ном, кору пайкор ва саъю талошҳои пайгиронаи Роҳбари давлати тоҷикон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иртиботи қавӣ дорад. На танҳо дар таърихи куҳанбунёди халқи мо, балки дар таърихи аксари халқҳои дунё чунин шахсиятро ба мисли Роҳбари давлати тоҷикон, ки ҳастиву зиндагии худро барои саодати халқу шукуфоии сарзаминаш бахшида бошад, пайдо кардан мушкил аст.
Ҷанги шаҳрвандии таҳмилшуда ба сари халқи мо, хусусан, ба сари мардуми водии Вахш, фоҷиаҳои вазнинтаринро овард. Ҳазорон нафар кушта, даҳҳо ҳазор хонаву дар сӯхта ва наздик ба як миллион нафар ба Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва кишварҳои дигар фирорӣ шуданд. Аммо бадбахтии мудҳиштар он буд, ки ба кишвари тоҷикон хатари ба пораҳо тақсим шудан ва аз байн рафтан таҳдид мекард.
Ана дар ҳамин лаҳза, яъне моҳи ноябри соли 1992, дар шаҳри Хуҷанд Иҷлосияи тақдирсози XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир шуд, ки дар он ба бахти тоҷикону Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид. Ӯ дар нахустин суханрониаш боҷасорат изҳор дошт: «То охирин гурезаро ба Ватан барнагардонам, осуда буда наметавонам!».
Дар он лаҳзаҳое, ки саросари кишвари тоҷиконро нооромиву садои тиру туфанг фаро гирифта буд, ӯ аз минбари баланди ин иҷлосия қотеъона гуфт: «Ман ба Тоҷикистон сулҳ меорам!».
Сарвари давлати тоҷикон ба қавли худ ҷавонмардона вафо кард. Ӯ ҷони худро дар хатар гузошта, ба минтақаҳои ноороми дохилу хориҷи кишвар барои гуфтушунид бо собиқ мухолифини тоҷик сафар кард, фирориёнро ба Ватан бозгардонд, ба Тоҷикистон сулҳу ваҳдат овард, кишварро обод ва дилҳоро шод кард.
Таҷрибаи сулҳофаринии Роҳбари давлати мо дар ҷаҳони ноороми имрӯза моҳияти боз ҳам бештар пайдо мекунад. Хусусан истифодаи таҷрибаи баргардонидани гурезаҳо ба Ватан барои мамлакатҳои ҷангзада хеле муҳим мебошад. Бояд зикр намуд, ки имрӯз дар ҷаҳон даҳҳо миллион одам ҳамчун гуреза дар хориҷи кишвар умр ба сар мебаранд ва ба ҳеҷ як роҳбари кишваре муяссар нагардидааст, ки мисли Роҳбари давлати мо фирориёнро ба марзу буми худ бозпас гардонида бошад.
Вазнинии ҷанги шаҳрвандӣ бештар ба сари мардуми водии Вахш рост омад. Гуруснагӣ, авҷи бемориҳои сироятӣ, фавти кӯдакон, ба сари мардуми ноҳияҳои Панҷ, Қумсангир, Ҷалолиддини Румӣ, Ҷиликӯл, Қубодиён, Шаҳритуз, Носири Хусрав ва дигар ноҳияҳо мушкилии зиёд овард. Як муддати муайян кору таҳсил дар фикри касе набуд. Ба ояндаи неку равшан ягон умед дар дилҳо намонда буд. Аз ин ҷост, ки Сарвари давлати тоҷикон ҷиҳати барқарор намудани инфрасохтори ин минтақа таваҷҷуҳи хос зоҳир намуд, тамоми фирориён ба маҳали зисташон баргардонида, хонаҳояшон барқарор карда шуд. Дар он солҳо 75 ҳазор гектар замини аз номи Президент тақсимшуда мардуми кишварро хӯронду пӯшонд ва аз гуруснагӣ наҷот дод.
Талошу ҷонбозиҳои Эмомалӣ Раҳмон буд, ки тифлони гаҳвораи солҳои навадуми асри XX имрӯз ҷавонони саодатманди асри нав ва созандагони Ватан гардида, дар бисёр кишварҳои дунё бо заковату дониши худ муаррифгари Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошанд.
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Набояд пиндошт, ки масъалаи Пешвои миллат як масъалаи куҳна буда, ба ҷомеаҳои анъанавӣ ва ғайридемократии асрҳои гузашта дахл дорад, зеро аз назари илми сиёсат зуҳури лидери умумимиллӣ ва пешвои эътирофшудаи давлатӣ як зарурати бисёр муҳими давлатдорӣ буда, на танҳо дар гузаштаи дур, балки дар таърихи ҷаҳони муосир низ ҳастию бунёди аксари давлатҳои пешрафтаву демократии ҷаҳон ба номи шахсиятҳои алоҳида вобаста аст.
Чунин шахсиятҳо дар марҳалаҳои асоситарини таърихи давлатҳои худ зуҳур карда, на танҳо масъалаи буду набуд, балки роҳи минбаъдаи рушди ин кишварро муайян намудаанд. Масалан, таъриху давлатдории Амрикои демократӣ ба номи Ҷорҷ Вашингтон, Фаронса ба номи Шарл де Гол, Ҷумҳурии халқии Хитой бо Мао Тседун, Туркия бо Камол Отатурк пайвастагии зич доранд. Дар кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил бошад, касе наметавонад нақши калидии Владимир Путинро дар наҷоту эҳёи давлатдории Федератсияи Россия ва ё нақши Нурсултон Назарбоевро дар ташаккули давлатдории миллии қазоқҳо инкор намояд. Эътирофи хидмат ва ҷойгоҳи табиӣ ва воқеии ин шахсиятҳо ҳаргиз давлатҳои зикршударо аз арзишҳои демократӣ маҳрум накардааст.
Пешвои миллати мо яке аз чеҳраҳои шинохтаи дунёи сиёсат буда, сазовори обрӯ ва эҳтироми давлатҳову созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ гардидааст. Ӯ ҳамчун Роҳбари эътирофшуда ва маҳбуби тоҷикон ва форсизабони дунё барои ба ҳам наздикшавии тоҷикон ва форсизабонҳои дунё саъю талоши зиёд бар харҷ медиҳад.
Дар бораи фаъолияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон устоди Донишгоҳи ховаршиносии Панҷоби Ҷумҳурии Исломии Покистон, профессор Офтоби Асғар чунин гуфтааст: «Аллома Иқбол интизор буд ва умед мекашид, ки аз Мовароуннаҳр боз нафаре пайдо хоҳад шуд, ки тамоми форс –тоҷик ва даризабононро аз нав дар Шарқ муттаҳид менамояд. Имрӯз ман мегӯям, ки он нафар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон аст…».
Зикр кардан бамаврид аст, ки Донишгоҳи Кембриҷи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико рӯйхати чеҳраҳои таърихиро тартиб додааст. Ин рӯйхат тибқи барномаи махсус бо пажӯҳиш аз сӯи олимон тартиб дода шуда, дар он номҳои шахсони таърихии ҷаҳон, ба монанди Исои Масеҳ, Наполеон Бонапарт, Паёмбари ислом Муҳаммад(с), Уилям Шекспир, Авраам Линколн ва дигарон ҷой дода шудаанд. Боиси ифтихори мо, тоҷикон аст, ки дар ин феҳрист исми Эмомалӣ Раҳмон – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон низ сабт шудааст.
Ҳамчунин номи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаҳони ислом дар қатори 500 нафар шахсони маъруф ҷой дода шудааст.
Ҳозирини гиромӣ!
Вазъи ҷаҳони имрӯза хеле ноорому номусоид аст. Ҳадафҳои манфиатҷӯёнаи баъзе давлатҳои абарқудрат, раванди тезутунди ҷаҳонишавӣ, авҷ гирифтани терроризм ва дигар ҷараёну гурӯҳҳои номатлуби замон моро ҳушдор медиҳанд, ки ҷиҳати боз ҳам тақвият бахшидани сулҳу ваҳдат, якпорчагии марзу буми худ таҳти роҳбарии хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон боз ҳам самимонаву содиқона, бо азму талоши бесобиқа кору пайкор намоем.
Мо боварӣ дорем, ки дар ин даврони пуртазоду хатарзо Пешвои миллат халқу давлати моро ба сӯи ояндаи шукуфон, ба манзили саодат ва соҳили мурод роҳнамоӣ хоҳад кард.
Мо ба донишу заковат, ақлу хирад ва қуввату тавони Пешвои худ, Роҳбари худ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боварии комил дорем.
Итминони комил дорам, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат» аз ҷониби тамоми аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона ҷонибдорӣ хоҳад ёфт.
Ташаккур барои таваҷҷуҳатон!
РАИС: — Сухан ба узви Маҷлиси миллӣ, муовини сардухтури беморхонаи клиникавии № 1-уми шаҳри Хуҷанд Аминҷонова Саодат Сайфинаҷотовна дода мешавад.
АМИНҶОНОВА Саодат Сайфинаҷотовна: — Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, ҳозирини гиромӣ!
Ҷойи ҳеҷ шакку шубҳа нест, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбариву раҳнамоии хирадмандона, кору пайкори ҷавонмардона ва иқдому амалҳои ибратбахши созандаю омӯзанда Тоҷикистони тозаистиқлоли ба гирдоби ҷанги дохилӣ мубталошудаи моро аз ин вартаи фалокатбор берун кашид ва бо меҳнату заҳмати пайвастаи бедареғ, хизмати софдилонаи шабонарӯзӣ ба нафъи халқу Ватан истиқлолияти воқеии онро дар тамоми ҷабҳаҳои ҳаёти ҷомеа таъмин намуд.
Истеъдоди фавқулодаи давлатдорӣ, маҳорати камназири сиёсатмадорӣ ва ҷидду ҷаҳди хастанопазири пайвастаи ӯ барои тадриҷан ба давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона табдил ёфтани Тоҷикистон замина фароҳам овард. Ин ҳама кӯшишу ғайрат, азму талош барои бунёди Тоҷикистони ободу сарсабз ва рӯзгори ободу осудаи мардум ба халқи Тоҷикистон ҳамвора рӯҳу илҳоми тоза мебахшад ва барои пешрафти минбаъдаи мактабу маориф, илму фарҳанг, иқтисодиёту саноат, тандурустӣ ва дар маҷмӯъ барои баланд шудани сатҳи рӯзгору некуаҳволии мардуми мамлакат ҳамаҷониба мусоидат мекунад.
Хидматҳои беназири Президенти Тоҷикистон инчунин дар роҳи барпо кардани сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ, пойдор ва устувор намудани пояҳои давлатдории миллӣ бо таваҷҷуҳ ба гузаштаи пурифтихор, ҳифз кардани тамомияти арзӣ ва таъмини ягонагии халқи Тоҷикистон, сарфи назар аз миллату нажод, забон ва дину оин муҳим ва қобили мулоҳиза арзёбӣ мешавад.
Дар таърихи давлатдории навини тоҷикон Эмомалӣ Раҳмон на танҳо дар таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ, таъмини бақою ҳастии имрӯзу фардои Тоҷикистон, балки барои эҳё кардани арзишҳои волои фарҳанги миллӣ хизматҳои шоиста кардааст.
Маълум аст, ки дар солҳои ҷанги таҳмилии дохилӣ мактабу маориф, илму фарҳанг ва соҳаи тандурустӣ ба мушкилоти сахт мувоҷеҳ гардиданд. Дар чунин шароити буҳронӣ бо ташаббуси Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сиёсати нави маорифу фарҳанг ва ҳифзи сиҳатии мардум ба вуҷуд оварда шуд, ки ба гиромидошти гузаштаи пурифтихор, ҳифзи анъанаҳои неки мавҷуда ва бунёди ояндаи дурахшон нигаронида шудааст. Сарвари давлати тоҷикон дар суҳбату мулоқот ва суханрониҳои худ зарурати маърифатнокии ҷомеаро таъкид мекунад ва донишмандонро ба омӯзиши амиқи таъриху тамаддуни миллати бостонии тоҷик даъват менамояд.
Илова бар ин, худи ӯ низ ба омӯзишу таҳқиқи гузаштаи пурифтихори миллат таваҷҷуҳ зоҳир карда, баъзе саҳифаҳои дурахшони ибратбахшу маърифатомӯзи таъриху забону фарҳанги миллатро манзури хонандагон мегардонад, ки китобҳои «Тоҷикон дар оинаи таърих», «Аз Ориён то Сомониён», «Имоми Аъзам: рӯзгор, осор ва афкор» ва номгӯйи зиёди таълифоти гуногунмавзӯъ гувоҳи ин гуфтаҳост.
Бояд гуфт, ки Президенти мо, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ба соҳаи тандурустӣ, сиҳатии ҷомеа таваҷҷуҳ ва ғамхории махсус зоҳир мекунад. Беҳуда нест, ки соли 2015 «Соли оила» эълон шуд. Сиҳатию саломатӣ, пеш аз ҳама, аз муҳити оила сарчашма мегирад. Маҳз падарону модарон ба фарзандони худ тарзи зиндагии солимро нишон медиҳанду ҳифзи саломатиро талқин мекунанд.
Дар давраи роҳбарии Президенти муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон садҳо биноҳои соҳаи иҷтимоӣ, аз ҷумла беморхонаҳо ва марказҳои тандурустӣ бунёд ёфтанд, ки нишонаи ғамхории ӯ ба соҳаи тандурустӣ мебошанд.
Президенти мамлакат вобаста ба солимии оила чунин таъкид намуданд: «Мо бояд ҳамеша дар ёд дошта бошем, ки нишонаи солим будани оила ва камолоти ҷомеа, пеш аз ҳама, муносибати ғамхорона ба зан-модар, зан — мураббии фарзандон ва нигоҳдорандаи чароғи хонадон аст».
Бинобар ин, хеле бамаврид буд, ки 9 декабри соли 2015 Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат»-ро қабул намуд.
Ҷаноби Олӣ аслан аз рӯзи нахустини Роҳбари давлат таъин шуданашон Пешвои миллат буданд ва инро мардуми бошарафи Тоҷикистон ҳамеша эътироф мекард ва ӯ имрӯз низ ин рисолатро иҷро менамояд. Махсусан мардуми вилояти Суғд, ки имрӯзҳо дар пайравӣ ва пуштибонӣ аз сиёсати пешгирифтаи созанда ва хирадмандонаи Роҳбари кишвар, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кор ва фаъолият менамоянд, пешниҳоди Пешвои миллат эътироф гардидани ин шахсияти бузурги олами сиёсатро бо рӯҳбаландии бузург истиқбол намуданд ва ин иқдомро саривақтӣ меҳисобанд.
Бори дигар изҳор менамоям, ки Эмомалӣ Раҳмон Пешвои арзандаи миллат аст. Аз ин рӯ, мо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат»-ро пурра ҷонибдорӣ мекунем ва аз аъзои Маҷлиси миллӣ хоҳишмандем, ки онро ҷонибдорӣ намоянд.
Аз таваҷҷуҳатон сипосгузорам.
РАИС: — Ҳоло сухан ба узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Бунёди байналмилалии «Хубони порсигӯ» Бобобекова Меҳринисо дод мешавад.
Меҳринисо БОБОБЕКОВА: — Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, ҳозирини арҷманд!
Бароям камоли ифтихор аст, ки ин лаҳзаҳои таърихӣ дар баррасиву ҷонибдории Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат» андешаҳоямро иброз медорам.
Қонуни мазкур ифодагари иродаи воқеии мардуми Тоҷикистон, ормони ҳазорсолаи тоҷикони ҷаҳон ба ҳисоб рафта, ҳамчунин боиси хушнудии дӯстону тарафдорони мо, ки ҷонибдори сулҳу субот ва ободиву озодӣ, пешрафту гулгулшукуфии кишвари азизамон мебошанд, ба ҳисоб меравад.
Дар ҷаҳони пуртазоди имрӯз қабули ин қонун бори дигар соҳибтамаддун ва қадршинос будани миллати тоҷикро барои ҳифзи дастовардҳои бузурги даврони истиқлолият, таҳти роҳбарии фарзанди баруманду сиёсатмадори муқтадир Президенти кишвар, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон собит месозад, ки ӯ дар шароити ниҳоят душвору мураккаби сиёсиву иқтисодии минтақа ва ҷаҳон бо ҷиддияту саҳму талош ва заковати нотакрор Тоҷикистонро чун узви ҷомеаи ҷаҳонӣ бо камоли масъулият муаррифӣ менамояд.
Мусаллам аст, ки пас аз ҳазорсолаҳо, моҳи сентябри соли 1991 офтоби бахт ба рӯи мардуми тоҷик хандиду соҳибистиқлол шуд, вале ин неъмати Худодод ҳанӯз ба комҳо нарасида, мувоҷеҳи фоҷиаи миллӣ ва даргириҳои байниҳамдигарӣ, боиси ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ гардид, ки дар натиҷаи ин кашмакашиҳои бемаънӣ Тоҷикистон ба гирдоби нобасомониҳо кашида шуд ва таҳдиди маҳвшавии миллати тоҷик, аз байн рафтани якпорчагӣ ва аз харитаи ҷаҳон нест шудани давлате ба унвони Тоҷикистон ба миён омад. Зулматистони ваҳму парешонӣ, ҳайрату сарсонӣ, ҷаҳлу нодонӣ, низоъ ва ниқор, ваҳшату куштор фазои Тоҷикистонро фаро гирифт ва боварӣ ба имрӯзу фардоро аз дилу дидаи мардум зудуда сохт.
Ҷанги хонумонсӯз хисороти азиме ба тамоми кишвар ворид кард, ки дар ниҳояти он ба мамлакат беш аз 7 миллиард доллари ИМА зарар оварда, як миллион ҳамватанони мо фирориву гуреза ва беватану дар ба дар шуданд. Зиёда аз 600 ҳазор нафар ғурбатнишини кишвари ҷангзада ва бенавои Ҷумҳурии Исломии Афғонистон гардиданд. Он рӯзгори сангину мудҳиш ҳанӯз ҳам аз хотираҳо нарафтаанд.
Хушбахтона, раҳми Парвардигори мо омад ва Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 16 ноябри соли 1992 дар шаҳри Хуҷанд ин раванди фоҷиабори миллатро бо интихоби Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боздошт, ки онро оғози бунёди давлати соҳибистиқлол метавон гуфт.
Дар симои Сарвари навини худ мардуми азияткашидаву ноумед шахсеро дид, ки ба фармудаи Саъдии Шерозӣ:
Болои сараш зи ҳушмандӣ,
Метофт ситораи баландӣ
ва ин ситораи иқболи мардуми тоҷик дурахшиду қутбнамои роҳи ҷомеа гардид.
Ҷавонмарде ба арсаи таърих ворид гашт, ки бо иродаву матонат, истодагариву ҷоннисорӣ, азхудгузарӣ андешаву гузашт ва пешниҳодҳои хирадмандонаву фозилона на танҳо сарзамини тоҷиконро аз харобиву маҳвшавӣ эмин нигоҳ доштаву имрӯз онро ба ҷаннати воқеӣ табдил дода, шуълаи муҳаббати мардумро нисбат ба Ватану ватандорӣ ва арҷгузорӣ ба арзишҳои муқаддаси миллӣ фурӯзон сохт, балки ба ҷаҳониён формулаи сулҳи нодирро муаррифӣ намуд. Собиқ Муншии умумии Созмони Милали Муттаҳид Кофи Аннан ба Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон чунин баҳо додааст: «Президенти Тоҷикистон намунаи ибрати аз зӯроварӣ даст кашидану ҳалли зиддияти дохилимиллиро нишон дод, дар ҳалли муноқишаҳои дохилӣ ин саҳми арзандаи Тоҷикистон дар таърихи эҷоди сулҳ буда, барои бисёр мамлакатҳои дигар сулҳи Тоҷикистон сабақи беназир аст».
Сарвари кишварамон бо назари тозаву амиқ ва дурбинонаи хеш баробари эҳё намудан ва танзим бахшидан ба анъанаҳои миллӣ ҳамчунин огоҳона падидаҳои даврони демократиро дарк карданд ва ба густаришу дастгирии ҷомеаи шаҳрвандӣ мусоидат намуданд. Ҳанӯз дар оғози истиқлолият Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ» қабул шуда, бо ташаббуси Президенти кишвар Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон қабул шуд ва Шӯрои ҷамъиятӣ таъсис ёфт, ки сарварии онро бевосита худашон ба уҳда гирифтанд ва аз созмонҳои ҷамъиятӣ, ақаллиятҳои миллӣ ва аҳзоби сиёсӣ пуштибонӣ намуданд ва роҳро барои фаъолияти ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон густурда карданд.
Падидаи дигар ин аст, ки баробари эҳё ва зинда кардани ному осори бузургони илму маърифат, густариш ва арҷ гузоштану таваҷҷуҳ ба забону таъриху фарҳанги ниёгонамон, инчунин ҳар сол дар арафаи Ҷашни байналмилалии Наврӯз Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон бо зиёиёни кишвар вохӯрӣ мегузаронанд, ки он чун анъанаи нек барои баланд бардоштани қадру қимати сухану фарҳанг буда, бо ифодаи шоир Ибни Ямин:
Аввал аз болои курсӣ бар замин омад сухан,
Ӯ суханро боз боло бурду бар курсӣ нишонд.
Воқеан, Ҷаноби Олӣ бо таъкидҳои «Зиёиён равшангарони роҳи миллатанд», «Фарҳанг ҳастии миллат аст»,«Забон бақои миллат аст», «Забон дар паноҳи давлат ва давлат дар паноҳи забон аст» хизмати таърихиро ба ҷо оварданд.
Баланд бардоштани мақому манзалати занон, таваҷҷуҳи хоса ва дастгирии насли ҷавон, бозёфт ва қадршиносии истеъдодҳои нодир, ғамхориву парастории кӯдакон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки бо ташаббуси Сарвари ғамхори миллат қабул шудаву амалӣ мегарданд, ба хотири ташаккули инсони комили ҷомеа, соҳибватаниву дорои нангу номус ва дар рӯҳияи ифтихори миллӣ ва масъулиятшиносӣ тарбия ва ба камол расонидани насли солими ҷомеа, барои зиндагии шоиста ва саодати мардуми Тоҷикистони озоду демократӣ ва ҳуқуқбунёду дунявӣ мебошад, ки ҳама хизматҳои шарафмандона, содиқона ва фарзонаи Президент, Сарвари муаззаму муътабари тоҷикон чун хӯшае аз хирмани дастовардҳои даврони истиқлолият мебошанд.
Корнамоӣ ва қаҳрамонии фарзанди барӯманди тоҷикро ба сад номаву дафтар наметавон гуфт, танҳо бояд зикр намуд, ки дар таърихи давлатдории тоҷикон Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шахсияти нотакрору беҳамтост.
Хизматҳои барҷаста ва наҷотдиҳанда, созандаву оқилонаи ӯ дар соҳаи сиёсати давлатӣ, низоми ҳуқуқӣ, шаклгирии иқтисодиёти миллӣ, адолати иҷтимоӣ, рушди фарҳангу маънавиёти дирӯзу имрӯз, ки эътимоди мардуми кишварро ба даст овардааст, аз ҷониби сиёсатмадорони ҷаҳонӣ эътироф гардидааст.
«Истиқлолият ба Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон – ин сиёсатмадори дараҷаи ҷаҳониро дод. Имрӯз ӯ машҳуртарин фарзанди Тоҷикистон ва тамоми тоҷикони ҷаҳон аст»,- бо ҷиддияту маҳбубият таъкид карда буд Қаҳрамони миллии Афғонистон Аҳмадшоҳи Масъуд.
Мо, сокинони шаҳри Душанбе аз он мефахрем, ки ин шаҳри хурраму зебо ба маркази чорабиниҳои муҳими илмиву фарҳангӣ ва сиёсӣ табдил ёфта, фирдавси рӯи замин гаштааст, ки ин ҳама маҳз бо кӯшиш, дастгирӣ ва заковату завқи зебопарастии Сарвари кишвар вобаста аст, ки имрӯз Душанбе воқеан Бухорои шарифу каъбаи шони тамоми тоҷикони дунё гардидааст.
Қонун ин вазифа ва масъулияти миллати тоҷик аст, зеро тамоми сифатҳои Пешвои миллат – таҳкимбахши ваҳдату якпорчагӣ, созандагиву бунёдкорӣ, сулҳу субот дар кишвар, адлу заковат, муҳаббат ва ғамхорӣ ба халқу миллат, таъмини зиндагии озоду шоистаи мардум дар гуфтор ва рафтори Ҷаноби Олӣ ҳувайдост, ӯ арзандатарин Пешвои миллат аст:
Бо дастури раҳнамо Ватан обод шуд,
Арвоҳи гузаштагони мо ҳам шод шуд.
Бо меҳр кушуд раҳи вафо бар дили халқ,
Шаҳномаи бахти тоҷикон эҷод шуд.
Ин шаҳномаи бахт, сулҳи пойдор, ваҳдати устувор ва ободиву озодии тоҷикон буда, ба қавли Бурҳониддин Раббонӣ «Тоҷикон хуштолеанд, ки чунин Сарвар чун Эмомалӣ Раҳмонро доранд».
Ман мутмаинам, ки аъзои Маҷлиси миллӣ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат» — ро бо масъулияту сарбаландӣ ҷонибдорӣ мекунанд.
Аз таваҷҷуҳатон сипосгузорам.
РАИС: — Сухан ба узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, сарвари литсейи №3- юми деҳоти Ворухи шаҳри Исфара Шораҳматов Раҳмон Шоабдуллоевич дода мешавад. Марҳамат.
Шораҳматов Раҳмон Шоабдуллоевич: — Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, ҳозирини гиромӣ!
Пешниҳод гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат» саривақтӣ ва зарурӣ мебошад. Бояд зикр намуд, ки қонуни пешниҳодгардида раъю пешниҳоди мардумро воқеияту расмият бахшид, ки то ин замон низ Президенти кишвар дар байни мардум ҳамчун пешво эътироф гардида буд. Бояд таъкид намуд, ки таърихи навини тоҷикон, махсусан таърихи зиёда аз 20 соли охир бо номи Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва амалу фаъолияташ тавъам аст. Замоне, ки Эмомалӣ Раҳмон зимоми қудратро ба даст гирифт, кишвар дар оташи ҷанги шаҳрвандӣ месӯхт. Низоми ҳокимияту қонуният дар кишвар фалаҷ шуда, бародар бародарро мекушт, мардум аз гуруснагӣ ҷон медоданд, ҳарфи қонуну адолатро силоҳ мезад. Нафароне, ки Тоҷикистонро ба ин роҳ мувоҷеҳ карда буданд, аз чунин вазъ истифода намуда, нақшаи тақсими Тоҷикистон ва аз байн бурдани онро аз харитаи ҷаҳон дар сар мепарвариданд. Дар чунин замони пуршӯр, ки умед ва боварӣ ба оянда дар зеҳни мардум аз байн рафта буд, Эмомалӣ Раҳмон масъулияти роҳбарии кишварро ба уҳда гирифт.
Воқеан, замони душвор буд ва аксаран аз роҳбар будан дар чунин вазъ истиҳола мекарданд ва намехостанд худро дар хатар гузоранд. Ҳанӯз дар Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар Қасри Арбоб баргузор шуд, Эмомалӣ Раҳмон қасам ёд кард, ки то охирин нафас барои таъмини сулҳу суботи кишвар ва ба Ватан баргардонидани фирориёни ҷанги шаҳрвандӣ иқдом хоҳад кард ва аввалин кореро, ки анҷом дод, ба Ватан бозгардонидани гурезаҳои иҷборӣ буд.
Ёдовар мегардам, ки сарварии ҷомеаро пазируфтан дар он лаҳзаҳои бисёр ҳассосу номуайян иқдоми саҳлу сода набуд, зеро Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавриде мегузашт, ки ҳукумати қонунӣ воқеан вуҷуд надошт ва мамлакат дар гирдоби нобасомониҳо қарор дошт.
Эмомалӣ Раҳмон баробари Сарвари давлат интихоб шудан эълон намуд, ки: «Баҳри истиқрори сулҳ дар Тоҷикистон ва бозгашти ҳамаи гурезаҳо ман тайёрам ҷони худро нисор кунам».
Ҳамин тавр, халқи Тоҷикистон бо сарварии Президенти худ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз имтиҳоноти садоқат ва талош барои суботу оромӣ сарбаландона гузашт. Муқовимати сиёсиро бо ризоияту таҳаммул ба анҷом расонида, мисоли камназири ҳалли мусолиҳатомези ҷанги шаҳрвандиро ба ҷаҳониён нишон дод.
Пас аз ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарварии Эмомалӣ Раҳмон дурнамои рушди кишварро ба нақша гирифт ва зина ба зина кишвар дар ҳама самтҳо ба пешравӣ ноил гардид.
Дар давраи зиёда аз 20 соли роҳбарии Эмомалӣ Раҳмон асосҳои давлатдории навин фароҳам омаданд ва ҳамаи аркони давлатдорӣ: Нишон, Парчам, Суруди Миллӣ, Артиши миллӣ, асъори миллӣ шакл гирифтанд. Ҳамчунин се ҳадафи стратегӣ, аз ҷумла раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, расидан ба истиқлолияти энергетикӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ муайян шуданд. Ҳоло ҷумҳуриамон дар ин самтҳо ба дастовардҳои зиёд ноил гардидааст.
Ҳамчунин дар самти сиёсати хориҷӣ кишвар ба муваффақияти зиёд ноил гардид, ки бешак, дар ҳар яки онҳо низ саҳми бевоситаи Эмомалӣ Раҳмон намоён аст. Ба як силсила ташкилотҳои молиявии ҷаҳонӣ: Бонки Рушди Осиё, Бонки Исломии Рушд, Хазинаи байналмилалии асъор, ҳамчунин зиёда аз 50 созмони байналмилалӣ Тоҷикистон пазируфта шуд. Кишвари моро зиёда аз 150 кишвари ҷаҳон ба расмият шинохтанд, ки ҳамаи ин натиҷаи талошҳои Роҳбари давлат аст.
Президент Эмомалӣ Раҳмон дар мақолаи худ «Сулҳ -маънии таърихи мо» зарурати фарҳанги сулҳро дар бақову ҳастии миллатамон таъкид менамоянд: «Фарҳанги сулҳ самараи мувофиқати сентименталии тарафҳо нест, вай дар шароити фавқулода мураккаб ба даст оварда мешавад. Дар ҷамъияти мо ҳанӯз низоми ҳамафарогири сулҳи миллӣ, масалан, ба монанди аксари кишварҳои Аврупо, ки дар онҳо нақши асосиро низоми мураккаби иқтисод, сиёсат ва фарҳанг иҷро мекунад, бунёд наёфтааст».
Дастгирӣ ёфтани иқдомҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид далели равшани он аст, ки давлату давлатдории Тоҷикистон, Президенти ташаббускори онро имрӯз ҷаҳон эътироф мекунад ва ба он арҷ мегузорад. Мардуми тоҷик аз ин ифтихорманд аст ва рӯҳу илҳоми тоза гирифта, барои созандагиҳои нав иқдом дорад.
Мардуми шарафманди вилояти Суғд заҳматҳои шабонарӯзии Роҳбари кишварро дар роҳи сулҳу субот, ободию шукуфоии кишвар қадр менамоянд, ба онҳо арҷ мегузоранд. Махсусан, сохтани роҳу нақбҳо, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, ки мушкилоти асосии мардуми вилоят буд, маҳз бо ташаббус ва заҳмати Роҳбари давлат ҳалли худро ёфт. Коре, ки Иттиҳоди Шӯравии абарқудрат ва ҳукумати вақт натавонистанд дар 70 сол анҷом диҳад, Роҳбари муаззами мо дар тӯли якчанд сол анҷом доданд. Имрӯз вилояти Суғд 24 соат дар шабонарӯз, 12 моҳ дар сол ба пойтахти кишвар ва дигар минтақаҳои он пайваст аст, рафтуо таъмин, шабакаҳои тиҷоратӣ мустаҳкам ва рафоқату дӯстӣ байни мардуми кишвар пойдор гардид.
Кору амалҳое, ки дар ду даҳсолаи охир барои давлатдорию миллатсозӣ иҷро шудаанд, баробар ба садсолаҳо мебошанд. Ҳамин аст, ки Эмомалӣ Раҳмон дар дилу дидаи мардум ҳамчун Пешвои миллат эътироф гардида, маҳбубият пайдо намуданд. Танҳо қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат» ба он ҷомаи расмӣ мепӯшонад. Воқеан, Эмомалӣ Раҳмон шоистаи Пешвои миллат аст.
Аз ин рӯ, мо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат»-ро пурра ҷонибдорӣ намуда, эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки онро ҷонибдорӣ намоед.
Ба диққататон ташаккур!
РАИС: — Сухан ба узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Ҷамоати деҳоти Фрунзеи ноҳияи Ҷалолуддини Румӣ Насимов Абдурасул Нишанкулович дода мешавад. Марҳамат.
Насимов Абдурасул Нишанкулович: — Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, ҳозирини гиромӣ!
Ба хотири он ки ман Ватанамро, халқамро, Президентамро дӯст медорам, кӯшиш мекунам, бо забони давлатӣ ҳарф занам.
Ба сифати Пешвои миллат пазируфта шудани Президенти мамлакат, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як воқеияти комилан табиист, зеро ба касе пӯшида нест, ки дар табиат кулли мавҷудот меҳвар дорад.
Дар атрофи Офтоб сайёраҳо ва дигар ҷирмҳои осмонӣ ҷойгир буда, Офтоб онҳоро ҷониби худ ҷазб мекунад ва онҳо низ дар навбати худ ҷониби Офтоб майл доранд.
Мардуми Тоҷикистон, бахусус ӯзбектаборони кишвар ҳам, ниёзманди Офтобе буданд, ки ба онҳо нуру зиё ва гармӣ бахшад.
Сардии ноумедию парокандагиро дар қалби онҳо об созад, онҳоро ҷониби худ ҷалб намояд ва аз парешонӣ нигаҳ дорад.
Ин Офтоб Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аст, ки имрӯзҳо бар сари мо — тоҷикону ӯзбекон ва дигар миллатҳои сокини Тоҷикистон борони нуру зиё ва файзу баракат аз марҳамати Худованд фурӯ мерезад.
Мардуми тоҷику ӯзбек, махсусан аҳли суннат ва ҷамоат подшоҳро чун сояи Худо дар рӯи замин мепарастанд ва гиромӣ медоранд.
Тавре ки Шамсиддин Шоҳин мефармояд:
Онҳо, ки зи бахт подшоянд,
Ақлу кулу сояи Худоянд.
Дар таърих оммаи халқ нақши муборизро дорад, вале барои ба як маҷро даровардани он мақоми ашхоси алоҳида хеле бузург аст, зеро агар ҷомеа дар атрофи як шахсият муттаҳид нашавад, он тадриҷан рӯ ба парокандагӣ ва нобудӣ меорад. Бинобар ин, пирӯзии ҷомеа ба иттифоқи он ва дар атрофи пешвои ягона муттаҳид шуданаш марбут аст.
Мардуми тоҷику ӯзбек аз қадимулайём дар як сарзамин зиндагӣ намуда, дину оин ва фарҳанги ягона онҳоро муттаҳид менамояд.
Аз рӯзҳои аввали роҳбариаш Эмомалӣ Раҳмонро ин ду халқи куҳанбунёд -тоҷикону ӯзбекҳо дӯст дошта, барои ҳифзи анъанаҳои миллӣ ва рушду инкишофи кишвар дар атрофи эшон муттаҳид гардидаанд.
Пӯшида нест, ки имрӯз низ дар шароити ҷаҳонишавии тамаддунҳо, зиддиятҳои динию мазҳабӣ, мо ниёз ба пешвои воқеӣ дорем, ки дар тамоми ҳолатҳо раҳнамои мо бошад. Дар таърихи на чандон дур, роҳи тайкардаи 24-солаи Тоҷикистон, мардум афтодаву хеста, гоҳҳо ба нокомиву дасисаҳо рӯ ба рӯ шуда, бо мадади фарзонагонаш аз ин вазъияти ногувор раҳоӣ ёфтанд.
Онҳо хуб фаҳмиданд, ки дӯсташон кисту душманашон кист, дар мушкилтарин ҳолатҳо кӣ дасти пурмеҳру садоқаташро бар сари онҳо ниҳод.
Барои ҳамин ба сифати Пешвои миллат пазируфтани Эмомалӣ Раҳмон амри воқеии таърихи имрӯзаи мост, зеро на танҳо мардуми тоҷик, балки аҳолии ғайритоҷики Тоҷикистон низ ӯро чун шахсияти дардошнои мардум кайҳо эътироф кардаанд ва аз хизматҳои софдилонаву холисонаи Президенти муҳтарами мо дар ҳаққи мардуми ӯзбекзабону туркмантабор ва қирғиззабон ба хубӣ огоҳанд.
Эмомалӣ Раҳмон рисолати таърихии худро дар назди халқу Ватанаш ба ҷо овард, чунки таҳти сарварии Ҷаноби Олӣ Тоҷикистон ба як давлати мустақилу устувор табдил ёфт.
Имрӯз мо, мардуми ғайритоҷик, хоса ӯзбекзабонон, дар баробари тоҷикон Эмомалӣ Раҳмонро ҳамчун наҷотбахши давлату миллат, кафили сулҳу ваҳдат, эҳёгари фарҳанги миллӣ, бунёдгузори мактаби давлатдории муосири миллӣ эътироф намуда, ҳамеша омодаем, ки барои шукуфоии кишвар, ҳимояи музаффариятҳои Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар атрофи Президенти мамлакат, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муттаҳид шуда, кору пайкор намоем.
Ташаккур!
РАИС: — Ҳоло сухан ба узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Ҷамоати шаҳраки Мирзо Турсунзодаи ноҳияи Рӯдакӣ Дадаҷонова Саёҳат Мамаюсуповна дода мешавад.
Дадаҷонова Саёҳат Мамаюсуповна: — Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, ҳозирини гиромӣ!
Ман имрӯз худро хеле сарфарозу сарбаланд эҳсос мекунам, ки ҳамчун як зани деҳотӣ ба сифати узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ин минбари бонуфуз мавқеи худро дар баррасии масъалаҳои қонунгузории кишвар баён менамоям. Сазовор шудан ба ин мақоми баланд боиси ифтихор ва ҳам масъулияти бузург аст ва ман инро натиҷаи сиёсати хирадмандонаи Ҷаноби Олӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба баланд бардоштани мақоми занон дар ҷомеа медонам. Ин эҳсоси эҳтироми на танҳо ман, балки ҳамаи бонувони кишвар ба муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, зеро яке аз иқдомоти аввалини Сарвари давлат тасвиби фармон аз 3 декабри соли 1999 «Оид ба баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа» буд.
Акнун мехоҳам назари хешро оид ба ҷонибдории Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат» баён кунам. Нуктаи назари ман оид ба ин қонун хеле мусбат аст. Фикр мекунам, ки дар таҳияи он каме дермонӣ ҳам шудааст, зеро агар даст рӯйи қалб гузошта, сидқан иқрор шавем, Сарвари давлат кайҳо ҳамчун Пешвои миллат, як шахсияти маъруфи сиёсӣ ва дорои истеъдоди бузурги сафарбар намудани мардум ба ҳадафҳои бузурги зиндагӣ эътироф шудаанд. Хизматҳои ин абармарди арсаи сиёсат ба пиру ҷавони мамлакат маълуманд, ба қавли дигар, ин кас дар дилу дидаи мардум ҷой гирифтаанд.
Таърихи башарият шахсиятҳои зиёдеро медонад, ки дар ҷараёни бунёди давлатҳо нақши ҳалкунанда бозидаанд. Аксар миллатҳои мутамаддинро бо зикри шахсиятҳои бузургаш мешиносанд. Эмомалӣ Раҳмон низ аз қабили ҳамин гуна шахсиятҳост. Ин марди шариф дар даврае ба сари ҳокимият омад, ки аслан ҳокимият набуд, ҳама харобу валангор, мардум парешон ва ноумед буданд. Бо эҳсоси дилсӯзӣ ба мардум ва муҳаббату эҳтироми самимона ба Ватан ҷонфидоӣ кард, ҳамаро сарҷамъ намуд ва роҳи сарнавишти халқу Ватанро ҳамвор сохт.
Имрӯзҳо ҳар сокини баору номуси кишвар дар симои Эмомалӣ Раҳмон шахсияти беназири таърихӣ, фарзанди бонангу номуси халқ, таҷассумгари олитарин сифатҳои инсонӣ, хираду шуҷоат, раҳму шафқат ва соҳиби қобилияти нотакрори ваҳдатофариро мебинанд ва бо ин сифатҳои волои инсонии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтихор мекунанд.
Дар Тоҷикистони имрӯзаи мо соҳае нест, ки рушду тараққиёти он ба ташаббусҳои ин марди шариф вобастагӣ надошта бошад. Ҳатто мухолифони давлат сулҳу ваҳдати бо азияту машаққатҳои тӯлонӣ бадастомадаро натиҷаи ҷонбозиҳои Эмомалӣ Раҳмон эътироф мекунанд. Танҳо ба хотир овардани солҳои пурошӯби навадуми асри гузашта кифоя аст, ки ҷасорату матонат ва далериву шуҷоати ин абармард ба исбот бирасад. Ӯ ягона намояндаи мардумӣ буд, ки бо фикри наҷоти халқ ва андешаи нигоҳ доштани ин марзу буми таърихӣ ба майдони мубориза баромад ва бо такя ба хиради азалии мардуми шарафманди тоҷик ба ободсозии вайронаҳо ва бунёди давлатдории миллӣ шурӯъ кард.
Ҳисси ифтихори мо боз аз он ҷиҳат баланд мегардад, ки муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳалли масъалаҳои гуногуни муҳити зист, иқтисод ва амнияти минтақа ва ҷаҳон борҳо аз минбари баланди Созмони Милали Муттаҳид бо ташаббусҳо суханронӣ намуда, Тоҷикистонро ҳамчун кишвари ҳамтақдири ҷомеаи ҷаҳонӣ муаррифӣ кардааст.
Маҳз дар даврони сарварии Эмомалӣ Раҳмон тамоми сохторҳои давлатдории миллӣ устувор шуда, беҳтарин анъанаҳои фарҳангии миллатамон таҷдид гардид. Ҳоло мо соҳиби Парчами давлатӣ, Нишони давлатӣ, Суруди Миллӣ, артиши миллӣ, асъори миллӣ, сарҳадоти мустаҳкам ва иқтисодиёти пешраванда ҳастем.
Шароити зиндагии сазовор барои ҳар як тоҷикистонӣ, рушди соҳаҳои фарҳангу маориф ва тандурустӣ, тарбия намудани мутахассисон аз ҳисоби занону ҷавонон, тарбияи насли наврас дар рӯҳияи ватанпарастӣ, пос доштани муқаддасоту арзишҳои миллӣ, дӯст доштани меҳан ва миллат, ғамхорӣ нисбати табақаҳои ниёзманди ҷомеа, аз ҷумла ятимону бепарасторон – дар ин ҳама дигаргуниҳо саҳми Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бениҳоят бузург аст.
Як хислати муҳими шахсияти Эмомалӣ Раҳмон ҳамин аст, ки ба фарҳангу маданияти аҷдодон таваҷҷуҳ зоҳир намуда, беҳтарини онҳоро ба шароити имрӯза мувофиқ мегардонад. Масалан, ҷамоати шаҳраки Мирзо Турсунзодаи ноҳияи Рӯдакӣ, ки ман дар он ҷо зиндагиву фаъолият мекунам, маҳз бо ташаббуси бевоситаи Сарвари давлат номгузорӣ шудааст. Ба қавли шоир, бузургонро бузургон зинда медоранд.
Эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат»- ро ҷонибдорӣ намоед.
Ташаккур!
РАИС: — Сухан ба узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, директори идоракунандаи Корхонаи воҳиди давлатии «Ширкати Алюминийи Тоҷик» Ҳомидзода Абдураҳмон дода мешавад. Марҳамат.
Абдураҳмон ҲОМИДЗОДА: Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷумлаи роҳбароне мебошанд, ки шахсияти он кас пеши назари мардум ташаккул ёфтааст. Роҳбари давлат роҳеро тай намудаанд, ки пур аз печутоб, пур аз хатар, пур аз ифтихор, пур аз меҳру муҳаббат ва пур аз муваффақияту комёбиҳост. Аз ин лиҳоз, барои пеши назар овардани симо, шахсият ва ҷойгоҳи Президенти кишвар, қабл аз ҳама, роҳи паймуда ва хизматҳои таърихии Ҷаноби Олиро бояд дарк намуд.
Сиёсати созандагию бунёдкориро Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои аввали ба роҳбарӣ расидан пеша намуданд. Он ҳангом Ҳукумати Тоҷикистон барои созандагию бунёдкорӣ маблағ ва техникаву таҷҳизоти кофӣ надошт. Бо вуҷуди он азму иродаи Эмомалӣ Раҳмон устувор буд. Самимияти олӣ, ҳисси ватандӯстиву инсондӯстӣ ва раъиятпарварии ӯро ҷомеаи ҷаҳонӣ низ хуш пазируфт. Аз он рӯзҳо сар карда, татбиқи рисолати созандагиву ободкории Сарвари давлат оғоз ёфт. Нахустин лоиҳаҳои бузурги сохтмоние, ки татбиқи амалиашон дар он солҳои барои иқтисодиёти Тоҷикистон басо мушкилу сангин ибтидо ёфт - бунёди роҳи оҳани Қӯрғонтеппа- Кӯлоб, неругоҳҳои барқи обии «Сангтӯда- 1» ва «Помир-1», қитъаҳои роҳи Шкев — Зиғар, Шоҳон — Зиғар ва Мурғоб — Кулма — Қаросуи шоҳроҳи Душанбе — Кӯлоб- Қалъаи Хумб — Хоруғ – Мурғоб — сарҳади Ҷумҳури Халқии Хитой ва нақби мошингарди «Истиқлол» буд.
Бояд зикр кард, ки дар масири роҳи оҳан тӯли ду- се моҳ пулҳои азим сохта шуданд, ки дар замони собиқ давлати абарқудрати Иттиҳоди Шӯравӣ сохтмони онҳо ду- се сол идома меёфт.
Нуҳуми сентябри соли 1999 дар шаҳри Душанбе парда аз рӯи пайкараи бошукӯҳи Исмоили Сомонӣ, ки рамзи пойдорию устувории давлатдории тоҷикон ва ваҳдату ягонагӣ аст, бардошта шуд. Минбаъд дар арафа ва рӯзҳои таҷлили иду ҷашнҳои пурифтихори давлатию миллӣ сохтмону навсозии иншооти сершумори ба истилоҳ «иншооти ҷашнӣ» ба ҳукми анъана даромад.
Авҷи тозаи бунёдкорию созандагӣ дар Тоҷикистони навин ба даврони пас аз соли 2000 ё худ ба оғози асри XXI рост омад. Тоҷикистони соҳибистиқлол дар роҳи татбиқи се ҳадафи стратегии худ- таъмини истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ ва бо ҳамин роҳ баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум бо қадамҳои устувор пеш меравад. Давлати ҷавони мо сол то сол ба пешравиҳои мунтазам ноил мешавад. Мо ба мақсади таъмини истиқлолияти иқтисодӣ, пеш аз ҳама, истиқлолияти энергетикӣ ва аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳонидани Тоҷикистон, ба ҳалли як қатор табдирҳои муҳим, аз ҷумла эҳёи соҳаҳои саноату энергетика, кишоварзӣ, роҳсозӣ, сохтмони пулҳо ва нақбҳои мошингард муваффақ гардидем.
Аз ҷумла бунёду барқарорсозии иншооти ҳаётан муҳими кишвар — неругоҳҳои хурду миёнаи барқи обӣ, хатҳои интиқоли неруи барқ, роҳу пулҳо ва нақбҳои мошингард ба чор сӯйи олам, ҳазорон мактабу шифохонаҳо ва дигар иншооти соҳаҳои маориф, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва илму фарҳанг, иншооти маъмурӣ ва тиҷоративу хизматрасонӣ ва ҳамчунин биноҳои бисёрошёнаи истиқоматӣ аз рушди босуботу бонизоми Тоҷикистони соҳибистиқлол гувоҳӣ медиҳанд.
Барои рушду инкишоф додани соҳаи сохтмон ва меъморӣ аз ҷониби Сарвари давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мантазам шароити мусоид фароҳам оварда мешавад. Бо дастгирии бевоситаи Сарвари давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон марҳила ба марҳила нақшаҳои генералии шаҳру ноҳияҳои кишвар, бо дарназардошти талаботу дастовардҳои муосир, аз нав таҳия ва барои бо низоми муайян бунёд гардидани бинову иншооти хуштарҳу замонавӣ ва кӯчаҳои васеъ, хиёбонҳои зебо шароит фароҳам оварда мешавад.
Ободии Ватан ва осоиши мардум аз ҳар яки мо фаъолияти шабонарӯзӣ ва кори содиқонаву софдилона мехоҳад. Биноан, бо истифода аз захираву имкониятҳо корҳои оғозгардида бояд барои торафт беҳтар гардонидани сатҳу сифтаи зиндагии мардуми кишвар бомаром идома ёбанд.
Боиси ифтихор аст, ки имрӯз арзу ниёз ва меҳру садоқати металлургҳои шаҳри Турсунзодаро низ ба самъи шумо, ҳозирини муҳтарам, мерасонам. Аҳли заҳмати Корхонаи воҳиди давлатии «Ширкати Алюминийи Тоҷик» хеле пештар аз қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат» андешаҳои худро дар ҳафтаномаи корхона- «Алюминийи Тоҷикистон» нашр ва қабули чунин қонуни тақдирсозро тақозо намуданд.
Қонуни мазкур дар байни коллективи меҳнатии Корхонаи воҳиди давлатии «Ширкати Алюминийи Тоҷик» садоқату рӯҳбаландии бузургро ба вуҷуд оварда, чун ормони мардум пазируфта шуд. Садҳо номаҳои сипос, зангҳои телефонӣ далели якдилӣ ва ҳамраъйии умум мебошанд.
Аҳли заҳмати Корхонаи воҳиди давлатии «Ширкати Алюминийи Тоҷик» боз аз он ифтихор доранд, ки соли 1993 бори аввал дар ҷумҳурӣ акси Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро дар саҳни корхона баланд бардоштанд. Синфи коргар ҳиссиёти наҷиби ояндабинӣ дорад. Онҳо ҳанӯз соли 1993 дарк карда буданд, ки танҳо ин абармарди поктинат метавонад кишвари моро аз даргириҳо, кулфату шиканҷаҳо раҳо намояд. Ташрифу боздидҳои минбаъдаи Сарвари давлат ба корхона роҳи ояндаи корхона, буду набуди онро маълум намуд. Металлургҳо ҳамеша аз он миннатпазиранд, ки Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон корхонаро шиноснома ва сарвати миллии Тоҷикистон эълон намуданд. Ин дар он замоне буд, ки силоҳбадастон ва душманони миллат тарҳи нобудшавии корхонаро кашида буданд.
Ман аз он ҳам ифтихор дорам, ки дар рӯзи нахустин ташрифи Сарвари давлат ба корхона шоҳиди мулоқоти эшон бо аҳли заҳмат будам. Сарвари давлат дар айёми дар муҳосираи иқтисодӣ қарор доштани корхона ба дили металлургҳо шарораи умед бахшиданд. Мо ҳанӯз дар ёд дорем, Сарвари давлат гуфта буданд: «Ин корхона ифтихори саноати кишвар хоҳад шуд».
Баъдан, зимни чандин мулоқоту сафарҳои корӣ Ҷаноби Олӣ аҳамияти иқтисодӣ ва сиёсии корхонаро зикр карда, онро ба сарпарастии худ гирифтанд. Металлургҳои шаҳри Турсунзода Сарвари давлатро сарпараст ва ҳомии худ медонанд. Бо саъю талоши Ҷаноби Олӣ баҳсҳои экологӣ, мушкилоти бунбасти коммуникатсионӣ аз байн рафт. Аҳли меҳнати корхона хуб дарк мекунанд, ки обрӯ ва эътибори корхона, шаҳри саноатии Турсунзода бо ҳидояти Сарвари давлат афзун гардид.
Барои аҳли заҳмати корхонаи азими саноатии кишвар ифтихори бузург аст, ки мардуми шарифи Тоҷикистон бо амри дилу виҷдон Президенти кишварро чун ҳомӣ ва асосгузори сулҳу ваҳдат, наҷотбахши миллат, поягузори истиқлолияти давлатӣ ба унвони Пешвои миллат сазовор донистаанд. Ин иқдом ормони дили мардум, садоқати асили шаҳрвандони кишвар аст.
Бояд хотирнишон намуд, ки тамоми дастовардҳои 24- солаи кишвари азизамон ба номи Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон марбут аст. Айни замон бо дастгирии бевоситаи Президенти кишвар дар ноҳияи Ёвон се корхона бунёд меёбад, ки барои ривоҷи иқтисодиёти кишвар ва фаъолияти мунтазами корхона саҳми беандоза мегузоранд. Инҳо корхонаи истеҳсоли криолит бо иқтидори истеҳсолии 12 ҳазор тонна, корхонаи истеҳсоли фториди алюминий бо иқтидори 18 ҳазор тонна ва корхонаи истеҳсоли кислотаи сулфат бо иқтидори 130 ҳазор тонна дар як сол мебошанд.
Як нуктаро бояд хотирнишон намуд, ки яке аз муҳимтарин нақшҳои Пешвои миллат дар сарнавишти давлатҳо аз он иборат аст, ки чунин шахсиятҳо бо донишу таҷрибаи бузурги худ мактаби давлатдории миллиро поягузорӣ намуда, шароити ҳифозату рушди анъанаҳои давлатдории миллиро фароҳам меоваранд.
Хушбахтона, имрӯз таҳти роҳбарии Эмомалӣ Раҳмон мактаби давлатдории миллии муосири тоҷикон ташаккул ёфта, яке аз омилҳои кафолатдиҳандаи рушд, субот, амният ва ҷовидонагии давлатдории мо мебошад.
Бо итминони комил изҳор медорам, ки Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Роҳбари баркамол ва дурандеш дар шароити ниҳоят мураккаби сиёсию амниятии минтақа ва ҷаҳон Тоҷикистонро чун узви сарбаланди ҷомеаи ҷаҳонӣ бо камоли масъулият муаррифӣ менамоянд. Бо дарназардошти ҳассосияту печидагии фазои сиёсию амниятии минтақа ва ҷаҳон бояд гуфт, ки дар ҳақиқат, дар чунин шароити таърихӣ кишвари мо бояд чунин Пешвои наҷотбахши давлату миллат, кафили сулҳу субот, эҳёгари фарҳанги миллӣ ва дар маҷмӯъ, меъмори давлатдории навини тоҷикон дошта бошад.
Ташаккур!
РАИС:- Сухан ба узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ дода мешавад. Марҳамат.
Фарҳод РАҲИМӢ: — Муҳтарам Раис, Раёсат, аъзои Маҷлиси миллӣ, ҳозирини гиромӣ!
Дунёи муосир марҳилаеро айни замон пушти сар менамояд, ки арзишҳои як замон босуботу маънидор акнун мақому мартабаи аввалаашонро босуръат аз даст медиҳанд ва фурсати хеле кӯтоҳу таъхирнопазир барои эҷоди арзишҳои нав дар ихтиёри инсоният мемонад. Дар мадори ин дигаргуниҳо аксари ҷомеаҳо бо истифода аз фурсати таърихии барояшон вогузоршуда амалияи ҷомеасозии худро тақвият мебахшанд ва онро дархӯри талаботи рӯзмарраи инкишофашон месозанд. Маҳз дар ҳамин лаҳзаҳо нақши шахсиятҳои таърихие, ки чунин равандҳоро таҳти таъсири малакаю қобилияти баланди мудирияти иҷтимоию сиёсии худ қарор дода тавонанд, бамаротиб боло меравад. Аз ин рӯ, мақоми чунин шахсиятҳоро инсоният дар саҳифаҳои таърихии хеш бо унвонҳои гуногуни рамзӣ машрӯъияти иҷтимоӣ бахшидааст ва бо ҳамин арзи эҳтироми худро ба хизматҳои онҳо баён доштаанд. Агар аз ин дидгоҳ ба тасмими ҷомеаи имрӯзаи мо нисбат ба эътирофи шахсияти Президенти кишварамон ҳамчун Пешвои миллат назар андозем, воқеан ҳам мебинем, ки он аз эҳтироми мардуми мо ба ин шахсияти бузург бо дарназардошти хизматҳои арзишмандаш дар таъмини ҳифзи истиқлолияту якпорчагии ин сарзамин, эҷоди фазои сулҳу амният, муаррифии чеҳраи тамаддунофари тоҷикон дар сатҳи байналмилалӣ, рушди гуногунҷанбаи мамлакатамон ва ғайра сорчашма мегирад.
Яке аз дастовардҳои пурарзиши давлати мо таҳти сарварии Эмомалӣ Раҳмон, баъд аз касби Истиқлолияти давлатӣ, ин алангаи домангири низои дохилиро дар муддати кӯтоҳ бо роҳи мусолиҳатомез хомӯш кардан ва дар замири мардуми тоҷик умед ба фардои дурахшонро аз нав зинда намудан маҳсуб меёбад. Аз ин хотир, мардуми мо ин падидаро санаи сарнавиштсози таърихи навини худ меҳисобад, зеро он хатари даҳшатбори аз байн рафтани давлати миллии тоҷикон ва ба минтақаҳо парокандашавии мардуми кӯҳанбуёдамонро бартараф намуд. Дар оғози сар задани низоъ таҳдиди ин хатарро пас аз муддати на чандон тӯлонӣ кулли мардуми кишварамон дарк намуданд, вале барои бартараф сохтани ин хатар зарурияти ба майдон, ба арсаи сиёсӣ баромадани шахсияти фозилу ҷасоратманде лозим буд, ки кафолати таъмини якпорчагии мамлакатро тавонад ба зиммаи худ гирад. Таърихи навини тоҷикон чунин шахсиятро дар симои роҳбари давлатамон Эмомалӣ Раҳмон ба саҳнаи сиёсӣ овард ва эшон бо ҷасорати бузурги хеш фарорасии ин рӯзро барои ҷомеа наздиктар сохт. Ӯ таҳти шиори «Тоҷикон худашон бояд ҳамаи масъалаҳои марбут ба Тоҷикистонро аз роҳи муколама ва гузаштҳои дутарафа ҳал намоянд» гурӯҳҳои ба оғӯши ҷанги таҳмилӣ ғӯтидаро ба ҳамдигарфаҳмӣ ва номуси ватандорӣ даъват намуд. Сарфи назар аз фишори гурӯҳҳои муқобили тантанаи оштии миллӣ дар Тоҷикистон, мардуми тоҷик аз ин даъват гарм истиқбол намуд ва дар ҷодаи амалишавии он саъю кӯшиши фаровон ба харҷ дод.
Чунин иқдоми созанда тавонист минбаъд хатари ҷиддии аз байн рафтани давлати тозаистиқлоли Тоҷикистон, халалдоршавии тамомияти арзии он, ба минтақаву маҳалҳои ҷудогона тақсим шудани онро аз байн барад.
Фазои сулҳу субот, Ваҳдати миллӣ, таъмини якпорчагии Тоҷикистон такони азиме ба пешрафти иқтисодию иҷтимоии кишвар бахшид ва шаклу усулҳои нави ҳамкориро миёни неруҳои гуногуни сиёсию ҷамъиятӣ ба вуҷуд овард. Ваҳдати миллӣ тавонист чунин таҷрибаи ҳамкориеро миёни онҳо эҷод намояд, ки ҳизбу ҳаракатҳои гуногуни сиёсӣ аз манфиати умумимиллӣ дастгирӣ намуда, айни замон нуктаи назари худро доир ба ин ва ё он масъала озодона ва кушоду равшан баён намоянд.
Воқеан ҳам, агар ба муҳтавои сиёсати пешгирифтаи иқтисодии кишварамон назар андозем, мебинем, ки онҳо ҳам дар навбати худ ба таҳкиму устувории давлати миллиамон нигаронида шудаанд. Далели ин қазовати мо барномаи тавассути сохтмони шоҳроҳҳо аз бунбасти коммуникатсионӣ баровардани Тоҷикистон, бунёди неругоҳҳои барқи обӣ барои таъмини истиқлолияти энергетикии мамлакат, ҷалби фаровони маблағгузориҳои дохилию хориҷӣ ба иқтисодиёти миллӣ, шомил шудан ба созмонҳои бонуфузи иқтисодию молиявии ҷаҳонӣ ва ғайра мебошанд.
Кишвари азизи мо таҳти сарварии Президент дар давоми ин солҳо имконияти иштирок дар иқтисоди ҷаҳониро ба даст оварда, саҳми он дар равандҳои ҷаҳонии иқтисодӣ сол аз сол афзоиш меёбад. Бисёр мушкилоту проблемаҳое, ки аз гузашта ба мерос монда буданд, дар шароити муосир батадриҷ ҳалли худро ёфта истодаанд. Аз суръати баланди инкишофи зерсохторҳо, қабл аз ҳама энергетика, амалисозии бомуваффақияти тамоми нақшаҳои мо дар бобати навсозию барқарорсозии кишвар, ташаккули сохтори муосири аз нигоҳи сифат навини иқтисод ва инкишофи комплексии минтақаҳои мо вобастагӣ хоҳад дошт. Дар барномаҳои қабулшудаи рушди энергетика дар ояндаи наздик амалисозии чандин тарҳҳои сармоягузорӣ доир ба бунёди иқтидорҳои нав ва барқарорсозии иқтидорҳои энергетикии мавҷуда ва шабакаҳои интиқоли неруи барқ пешбинӣ шудааст. Инҳо, пеш аз ҳама, чунин тарҳҳои муҳими стратегӣ, ба монанди анҷоми сохтмони Неругоҳи барқи обии «Роғун», бунёди як силсила неругоҳҳои барқи обии миёна ва хурд, сохтани неругоҳҳои барқи ҳароратӣ бо истифода аз ангишти ватанӣ дар шаҳри Душанбе ва дигар минтақаҳои кишвар, иштирок дар тарҳи байналмилалии CASA -1000 ва ғайра мебошанд.
Чунин мисолҳоро аз дастовардҳои давлатамон дар соҳаҳои дигари ҳаёти ҷомеа низ фаровон овардан мумкин аст. Гуфтан ҷоиз аст, ки чунин сиёсати пешгирифтаи Роҳбари давлатамон на танҳо дар дохил, балки аз ҷониби дигар давлатҳои дунё ва созмону ташкилотҳои байналмилалӣ низ ба хотири ҷанбаи васеи созандагӣ доштанаш мусбат ва қобили омӯзиш арзёбӣ карда мешавад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар олами муосир бо азму талоши пайгиронааш барои таҳкими суботи дохилию мусоидат барои амнияти минтақавӣ, хусусан кишвари ба мо ҳамсарҳад- Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ҷойгоҳи муносиби худро пайдо намудааст. Албатта, дар ҷодаи ба даст овардани ин дастовардҳо ва ташаккули имиҷи сулҳхоҳонаи Тоҷикистон азму талоши Сарвари сиёсии он хеле калон аст. Бо ин мақсад Сарвари кишварамон ҳамеша минбарҳои гуногунро дар сатҳҳои мухталиф самаранок истифода менамояд ва ин боиси баланд гаштани эътибору нуфузи Тоҷикистон гардидааст.
Яке аз чунин минбарҳои муҳиме, ки Сарвари давлатамон ба хотири таҳкими суботи дохилию мусоидат барои амнияти минтақавӣ, хусусан кишвари ба мо ҳамсарҳад – Афғонистон пайваста самаранок истифода менамояд, ин минбари Созмони Милали Муттаҳид аст. Аз ҷумла дар иҷлосияи чанде пеш баргузоршудаи 70- уми Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид Президенти мамлакатамон қисми асосии суханрониашро маҳз ба масъалаи таҳкими суботи дохилию мусоидат барои амнияти минтақавӣ бахшид, ки аз ҷониби иштирокчиён истиқболи самимӣ ёфт.
Президенти мамлакатамон зимни ироаи масъалаи зикршуда аз фаъолияти сохторҳои давлати Тоҷикистон дар роҳи пешгирии амалҳои террористию ифротагройӣ, ҷинояткориҳои муташккили фаромиллӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, қочоқи аслиҳа ва одамрабоӣ ёдовар шуд. Аз ҷумла таъкид гардид, ки неруҳои харобкор ва зиддиинсонии терроризми байналмилалӣ ва ифротгароӣ қудрати бештаре касб мекунанд ва шумораи ҳар чӣ бештари ҷавонони моро ба доми худ мекашанд. Мо дар рӯ ба рӯи ин набард бояд василаҳои миллию минтақавӣ ва байналмилалиеро сари кор орем, ки ба маҳви инфраструктураи низомӣ, роҳҳои ҷалби одамон ва тарғибу ташвиқи зӯроварӣ нигаронида шуда бошанд. Дар самти татбиқи ин ҳадаф таҳкими гуфтугӯи байни фарҳангҳову динҳо, баланд бардоштани эътимоди байниҳамдигарӣ ва таҳаммулгаройӣ нақши муҳим доранд.
Бо дарназардошти нукоти зикршуда Эмомалӣ Раҳмон бидуни шубҳа, Пешвои миллати тоҷик мебошад ва ҳақ ба ҷониби Президенти Шӯрои Аврупо оид ба робитаҳои байналмилалӣ Антон Караҷа аст, ки Эмомалӣ Раҳмонро ба ҷаҳониён фаротар аз Пешвои як миллат, Пешвои асри XXI муаррифӣ карда буд:
«…Мо – ҳамагон пайи суроғи шахсе — Пешвои асри XXI ҳастем: ба Марде, ки дар замони низоъ ва ҷанги шаҳрвандӣ роҳи сулҳу субот ва ваҳдату ягонагиро барои кишвараш интихоб намуд, ба Марде, ки дар замони таназзулу буҳрон пешрафту шукуфоии мамлакаташро таъмин кард, ба Марде, ки дар ҳамдӯстӣ ва ҳамзистӣ бо мардуми худ дар эҷоди ояндаи неки кишвар, минтақа, тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон ва инсоният талошҳои хастанопазир меварзад, изҳори қадрдонӣ намоем.
Ин шахс Президент — Эмомалӣ Раҳмон аст…»
Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, ҳифзи сиҳатӣ, илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати байни ҷавонону занон дар ҷомеа Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат»- ро дар ҷаласаи худ баррасӣ намуд ва хоҳишмандем қонуни мазкурро ҷонибдорӣ кунед.
Ташаккур.
РАИС: - Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ! Оид ба қонуни баррасишаванда ҳамаи аъзои Маҷлиси миллӣ суханронӣ кардан мехоҳанд. Пешниҳод аст, ки ба маърӯзаҳо хотима дода шавад.
Оид ба қонуни баррасишуда лоиҳаи қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон манзуратон гардидааст. Вобаста ба он чӣ гуна таклиф доред? Тибқи таклифи пешниҳодшуда, лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат»-ро ба овоз мемонам.
Марҳамат, мавқеи худро муайян намоед.
Қарор қабул шуд.
Аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар ҳозирини толор баъди қабули Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат» аз ҷой бархостанд ва толорро мавҷи қарсакзании пурдавом фаро гирифта, ҳама якдигарро муборакбод мегуфтанд.
РАИС: - Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ! Масъалаи навбатии рӯзномаи иҷлосия – Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ» мебошад. Сухан аз рӯи ин масъала ба раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳамоҳангсозии фаъолияти Маҷлиси миллӣ бо Маҷлиси намояндагон, ҳокимияти иҷроия, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, воситаҳои ахбори омма ва робитаҳои байнипарламентӣ муҳтарам Имомзода Муҳаммадюсуф Сайдалӣ дода мешавад. Марҳамат.
Имомзода Муҳаммад-юсуф сайдалӣ: — Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ !
Кумита Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ»- ро, ки бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қаҳор Маҳкамов, Лоиқзода Қаноатшо Холиқ ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуллозода Иброҳим Ғоибназарӣ пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 18 ноябри соли 2015 қабул намудааст, дар ҷаласаи худ баррасӣ кард.
Қонуни мазкур бо мақсади такмили фаъолияти мақомоти давлатӣ, интизоми давлатӣ ва хизмати давлатӣ дар радифи татбиқи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 январи соли 2015 таҳия ва пешниҳод шудааст. Тибқи қонуни номбурда, тағйиру иловаҳо ба 7 моддаи қонуни амалкунанда ворид гардидааст.
Аз ҷумла ба моддаи 13 қисми 5 бо мазмуни зерин илова карда шудааст, ки мутобиқи он шаҳрвандоне, ки ба хизмати давлатӣ қабул шудаанд, бояд дар муҳлати на дертар аз понздаҳ рӯзи баъди ба хизмати давлатӣ дохил шудан ҳиссаи дар сармояи оинномавии (шариконаи) ташкилотҳои тиҷоратӣ доштаашро ба шахси дигар бо ҳуқуқи идораи ба боварӣ асосёфта диҳад.
Тибқи тағйироти ба моддаи 14 воридгардида, мақоми ваколатдор дар соҳаи хизмати давлатӣ номгӯйи ҳуҷҷатҳое, ки ҳатман ба делои шахсӣ духта мешаванд, муқаррар менамояд. Тағйироти ба моддаҳои 19, 23 ва 27 воридгардида хусусияти муайянкунанда ва мутобиқкунанда доранд.
Ба моддаи 30- юми қонун, ки маҳдудиятҳоро пешбинӣ намудааст, сархатҳои чорум — ҳафтум илова шудаанд, ки тибқи онҳо шомил гардидани хизматчии давлатиро ба ҳайати мақомоти идоракунӣ, шӯроҳои нозирон ё парасторон, мақомоти дигари ташкилотҳои ғайритиҷоратии хориҷӣ ва воҳидҳои сохтории онҳо дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ менамояд. Инчунин хизматчии давлатӣ ҳуқуқ надорад дар бонкҳои хориҷие, ки берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгир шудаанд, суратҳисобҳо кушояд ва пасандозҳо дошта, пули нақд ва ашёи қиматнокро нигоҳ дорад.
Қонуни мазкур ба меъёрҳои Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, мухолифат надорад.
Кумита ба қонуни мазкур эрод надорад ва хоҳиш менамоем, ки онро ҷонибдорӣ намоед.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ» ба овоз монда, қарор қабул шуд.
РАИС: — Масъалаи навбатии рӯзномаи иҷлосия — Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мебошад. Сухан оид ба ин масъала ба раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният муҳтарам Худоёрзода Бахтиёр Тавар дода мешавад. Марҳамат.
ХУДОЁРЗОДА Бахтиёр Тавар: — Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ !
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз ҷониби аъзои кумита мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Он бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 2 декабри соли 2015 қонуни мазкурро қабул намудааст. Қонуни мазкур баҳри пурзӯр намудани ҷавобгарӣ барои фаъолияти экстремистӣ, мусоидат ба фаъолияти мақомоти давлатӣ дар самти пешгирӣ ва мубориза бар зидди ҷиноятҳои хусусияти террористиву экстремистидошта ва пешгирӣ намудани шомилшавии шаҳрвандон ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистӣ, ҷорӣ кардани механизми босамари ҳифз ва таъмини амнияти миллӣ қабул шудааст.
Бо ин мақсад ба санксияҳои моддаҳои 3071, 3072, 3073 ва 3074 Кодекси ҷиноятӣ тағйирот ворид карда, ҷазо барои содир кардани ҷиноятҳои даъвати оммавӣ дар ба амал баровардани фаъолияти экстремистӣ (ифротгароӣ), ташкили иттиҳоди экстремистӣ (ифротгароӣ), ташкили фаъолияти ташкилоти экстремистӣ (ифротгароӣ) ва ташкили таълим ё гурӯҳи таълимии хусусияти динии экстремистидошта пурзӯр карда шудааст.
Қонун ба меъёрҳои Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои амалкунанда ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофкардаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ буда, кумита нисбати он эрод надорад ва хоҳиш карда мешавад, ки қонуни пешниҳодгардидаро ҷонибдорӣ намоед.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда, қарор қабул гардид.
РАИС: — Масъалаи навбатии рӯзномаи иҷлосия — Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мебошад. Марҳамат, Худоёрзода Бахтиёр Тавар.
ХУДОЁРЗОДА Бахтиёр Тавар:- Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ !
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз ҷониби аъзои кумита мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Он дар заминаи ду лоиҳаи қонун, ки яке бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигаре аз ҷониби вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон И. Абдуллозода пешниҳод шудааст, тарҳрезӣ гардидааст.
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи банди 301 Дастури худ, ҳар ду лоиҳаи қонунҳоро якҷоя карда, 4 ноябри соли 2015 онро қабул намудааст.
Ин қонун ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки зимни ифтитоҳи Маркази низоми худкори идоракунӣ дар соҳаи нақлиёт «Шаҳри бехатар» баён гардидаанд, бо мақсади мутобиқ намудани фаъолияти Маркази номбаршуда ва муқаррароти санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ҳамчунин тақвият додани чораҳои пешгирии халалдорсозии оромӣ дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, хобгоҳҳои умумӣ ва манзили зист қабул шудааст.
Ҳамин тариқ, илова ба моддаи 33- юми Кодекс, минбаъд барои ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурие, ки вобаста ба қоидаҳои бехатарии ҳаракат дар роҳ тавассути воситаҳои махсуси техникии низоми худкори идоракунӣ дар соҳаи нақлиёт сабт шудаанд, муҳлати ба ҷавобгарии маъмурӣ кашидан муқаррар гардида, ҳангоми гузаштани шаш моҳ аз содиршавии онҳо шахс ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида намешавад.
Тағйироту иловаҳое, ки ба моддаҳои 315, 318, 323 ва 324 Кодекс ворид шудааст, баҳри баланд бардоштани интизоми иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ барои дар муҳлати муқаррарнамуда аз муоинаи ҳатмии техникии давлатӣ гузаштани воситаи нақлиёт, гирифтани ҳуҷҷат дар бораи суғуртаи ҳатмӣ, риоя кардани талаботи аломатҳо ва нишонаҳо дар роҳ, истифодаи асбобҳои равшаникунанда ҳангоми шаб ё равшании на чандон зиёд ва ғайра равона шудааст.
Ҳамчунин бо мақсади тақвият додани чораҳои пешгирии халалдор кардани оромӣ дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ба моддаи 462 низ тағйироту иловаҳои дахлдор ворид шуда, доираи субъектоне, ки барои содир кардани чунин намуди ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида мешаванд, васеъ гардид. Минбаъд барои содир кардани ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурие, ки дар қисмҳои 1 ва 3 моддаи 462 пешбинӣ шудаанд, шахсони ҳуқуқӣ низ ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида мешаванд.
Қонун ба меъёрҳои Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои амалкунанда ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофкардаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ буда, кумита нисбати он эрод надорад ва хоҳиш менамоем қонуни пешниҳодгардидаро ҷонибдорӣ намоед.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда, қарор қабул шуд.
РАИС: — Масъалаи навбатии рӯзномаи иҷлосия – Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба ҳисоб меравад.
Марҳамат, Худоёрзода Бахтиёр Тавар.
ХУДОЁРЗОДА Бахтиёр Тавар: — Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ !
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз ҷониби аъзои кумита мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Қонуни зикршуда бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, онро 4 ноябри соли 2015 Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул намудааст.
Қонуни мазкур бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки зимни ифтитоҳи Маркази низоми худкори идоракунӣ дар соҳаи нақлиёт «Шаҳри бехатар» баён гардидаанд, ҳамчунин бо мақсади мутобиқ намудани фаъолияти маркази номбаршуда ба муқаррароти санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ қабул шудааст.
Ҳамин тавр, мутобиқи илова ба моддаи 69-уми Кодекс, минбаъд ҷои махсусгардонидашудаеро, ки дар он молу мулки олоти содиркунӣ ё ашёи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, ҳамчунин ҳуҷҷатҳои барои ин парванда ҳамчун далел аҳамиятдоштаи ошкоргардида, ки аз ҷониби шахсони мансабдори пешбининамудаи Кодекс дар ҳузури ду нафар шахсони холис гирифта шудаанд ва то моҳиятан баррасӣ гардидани парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ нигоҳ дошта мешаванд, мақомоти ваколатдори давлатӣ муқаррар менамояд.
Мутобиқи иловаҳое, ки ба қисмҳои дахлдори моддаи 87-уми Кодекс ворид кардаанд, муқаррар кардани намунаҳои бланкаи ба расмиёт даровардани ҷазои маъмурӣ ва амрномае, ки бо зикри андозаи ҷаримаи маъмурӣ таъиншуда ва сабти видеои ҳолати ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ба соҳиби воситаи нақлиёт фиристонида шуда, ҳангоми содир намудани ин ҳуқуқвайронкуниҳо нисбати онҳо протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода намешавад, расман ба зиммаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор шудааст.
Иловае, ки ба моддаи 228-уми Кодекс ворид карда шудааст, баҳри тақвият додани тадбирҳои иҷрои қарор оид ба таъин кардани ҷазои маъмурӣ дар намуди ҷарима қабул шудааст.
Ҳамин тариқ, минбаъд ҳангоми дар муҳлатҳои муқарраргардидаи қонунгузорӣ таъмин нашудани иҷрои қарор оид ба таъин кардани ҷазои маъмурӣ дар намуди ҷарима он бо тартиби муқаррарнамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи истеҳсолоти иҷро» роҳандозӣ карда мешавад.
Қонун ба талаботи техникаи ҳуқуқэҷодкунӣ мувофиқ буда, ба меъёрҳои Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон мутобиқ аст. Кумита нисбат ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру илова ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» эрод надорад ва эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки онро ҷонибдорӣ намоед.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда, қарор қабул шуд.
РАИС: — Ба баррасии масъалаи навбатии рӯзномаи иҷлосия – Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини нафақаи хизматчиёни ҳарбӣ» шурӯъ менамоем. Марҳамат, муҳтарам Худоёрзода Бахтиёр Тавар.
ХУДОЁРЗОДА Бахтиёр Тавар: — Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини нафақаи хизматчиёни ҳарбӣ», ки бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, онро 18 ноябри соли 2015 Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул намудааст, аз ҷониби аъзои кумита баррасӣ гардид.
Ин қонун баҳри мутобиқсозӣ ба талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, алалхусус Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ», инчунин ба низом даровардани тартиб ва таъини нафақа ба хизматчиёни ҳарбӣ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, нигоҳдории иқтидори кадрӣ, коҳиш додани ҷойҳои холии корӣ, зиёд намудани маоши хизматчиёни ҳарбӣ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар заминаи сарфаи маблағҳои Буҷети давлатӣ иборат мебошад.
Дар натиҷаи тағйирот, аз ин пас аз мақомоти прокуратура ва суд ба нафақаи хизматчиёни ҳарбӣ танҳо кормандони мақомоти прокуратураи ҳарбӣ ва судяҳои суди ҳарбӣ ҳуқуқ доранд. Мутаносибан, тибқи тағйирот ба банди д) қисми 1 моддаи 11 Шӯрои адлия ва Прокуратураи генералӣ аз номгӯйи мақомоте, ки таъмини нафақаро дар доираи қонуни мазкур амалӣ менамоянд, хориҷ карда шуда, амалӣ намудани таъмини нафақа нисбати судяҳои суди ҳарбӣ ва кормандони мақомоти прокуратураи ҳарбии ҷавобдодашуда ба зиммаи Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор мегардад.
Ҳамин тавр, моддаҳои 13 ва 14-уми қонуни мазкур таҷдиди назар шуда, мутобиқи тағйироту иловаҳо, минбаъд хизматчиёни ҳарбӣ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар сурати доштани собиқаи хизматии 25 — сола ва зиёда аз он ҳуқуқи баромадан ба нафақаро пайдо менамоянд. Ба онҳо мутаносибан 65 фоиз ва барои ҳар як соли иловагӣ се фоиз аз музди меҳнат илова шуда, то андозаи ниҳоии 80 фоизи музди меҳнат нафақа таъин карда мешавад.
Мутобиқи иловаҳо ба моддаи 48-уми қонуни мазкур, минбаъд ҳисоб кардани коэффитсиентҳои ноҳиявӣ ва коэффитсиентҳо барои минтақаҳои биёбон, беоб ва баландкӯҳ ба андозаи нафақа бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда мешавад.
Тағйиру иловаҳои дар моддаҳои 1, 2, 4, 5, 10, 11, 18, 43, 50, 51, 53, 55, 56, 58 ва 65-уми қонуни мазкур воридкардашуда хусусияти мутобиқкунанда ва таҳрирӣ дошта, барои истифодаи якхелаи истилоҳоти ҳуқуқиву соҳавӣ дар қонунгузории кишвар равона шудааст.
Тибқи талаботи моддаи 2-юми қонуни мазкур, муқаррароти сархати дуюми қисми 2 моддаи 1-уми қонуни мазкур аз 1 июли соли 2016 мавриди амал қарор мегирад. Амали тағйироту иловаҳои дигар, бо тартиби муқарраргардида пас аз интишори расмӣ фаро мерасад.
Қонун ба меъёрҳои Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои амалкунанда ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофкардаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ буда, кумита нисбати он эрод надорад ва хоҳишмандем қонуни пешниҳодгардидаро ҷонибдорӣ намоед.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини нафақаи хизматчиёни ҳарбӣ» ба овоз монда, қарор қабул шуд.
РАИС: — Масъалаи навбатии рӯзномаи иҷлосия — Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мебошад.
Марҳамат, муҳтарам Худоёрзода Бахтиёр Тавар.
ХУДОЁРЗОДА Бахтиёр Тавар: — Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ !
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз ҷониби аъзои кумита мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Қонуни зикршуда бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, 25 ноябри соли 2015 Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон онро қабул намудааст.
Қонуни мазкур баҳри мутобиқ намудан ба талаботи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи милитсия», «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» ва дигар санадҳои қонунгузорӣ, инчунин бартараф намудани номутобиқатии дохилӣ ва такмили меъёрҳои он қабул шудааст.
Мутобиқи тағйироти воридшаванда, минбаъд баъзе аз ваколатҳои фармондеҳи қӯшунҳои дохилӣ ба зиммаи вазири корҳои дохилӣ вогузор гардида, ҳамчунин меъёрҳои қонуни мазкур аз нигоҳи истилоҳоти ҳуқуқиву соҳавӣ таҷдиди назар карда шуда, хусусияти мутобиқкунанда ва таҳрирӣ доранд.
Қонун ба меъёрҳои Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои амалкунанда ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофкардаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ буда, кумита нисбати он эрод надорад ва хоҳиш карда мешавад, ки қонуни пешниҳодгардидаро ҷонибдорӣ намоед.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда, қарор қабул шуд.
РАИС: — Ба баррасии масъалаи навбатии рӯзномаи иҷлосия – Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди терроризм» шурӯъ менамоем.
Марҳамат, муҳтарам Худоёрзода Бахтиёр Тавар.
ХУДОЁРЗОДА Бахтиёр Тавар: - Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ !
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди терроризм» аз ҷониби аъзои кумита мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Он бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қонуни зикршударо 25 ноябри соли 2015 қабул намудааст.
Қонуни мазкур бо мақсади таъмини амнияти шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин мусоидат ба фаъолияти субъекти мубориза бо терроризм зимни баргузории амалиёти зиддитеррористӣ дар қаламрави кишвар ва минтақаҳои ҷудогонаи он қабул гардидааст.
Ҳамин тавр, мувофиқи илова ба моддаи 20-уми қонуни номбурда, минбаъд бо дархости субъекти асосии бевосита бар зиддитерроризм муборизабаранда, хизматрасонии алоқаи барқӣ ва истифодабарии воситаҳои вобаста ба он дар минтақаи гузаронидани амалиёти зиддитеррористӣ, инчунин дар тамоми қаламрави кишвар ва ё минтақаҳои ҷудогонаи он метавонад муваққатан боздошта шавад.
Қонун ба меъёрҳои Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои амалкунанда ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофкардаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ буда, кумита нисбати он эрод надорад ва хоҳишмандем қонуни пешниҳодгардидаро ҷонибдорӣ намоед.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди терроризм» ба овоз монда, қарор қабул шуд.
РАИС: — Масъалаи навбатии рӯзномаи иҷлосия — Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ» мебошад.
Марҳамат, муҳтарам Худоёрзода Бахтиёр Тавар.
ХУДОЁРЗОДА Бахтиёр Тавар: — Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ !
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ» аз ҷониби аъзои кумита мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Қонун бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, 25 ноябри соли 2015 онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул намудааст.
Қонуни мазкур бо мақсади такмили қонунгузории соҳа, инчунин ихтисор намудани теъдоди ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ барои фаъолияти соҳибкорӣ ва тақвият додани низоми электронии барасмиятдарории ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ қабул шудааст.
Тибқи тағйирот, ба қисмҳои дахлдори моддаи 29 панҷ ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ бинобар такроршавии фаъолияти иҷозатномашаванда ва ё набудани заминаи воқеӣ, аз ҷумла шаҳодатномаи тахассусии аудитори экологӣ, шаҳодатномаи тахассусии аудиторӣ, мувофиқакунии ташкили корҳои ченкунӣ ва банаворгирии зери пулҳо ва соҳилҳои дарёҳо, мувофиқакунии рондани чорво ба воситаи роҳҳои автомобилгард ва хулоса барои кушодани роҳҳои автомобилгарди муассисавӣ ва хусусӣ барои истифодабарии умумӣ аз номгӯйи ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ хориҷ карда мешавад.
Қонун ба меъёрҳои Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои амалкунанда ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофкардаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ буда, кумита нисбати он эрод надорад ва эҳтиромона хоҳиш карда мешавад, ки қонуни пешниҳодгардидаро ҷонибдорӣ намоед.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми иҷозатномадиҳӣ» ба овоз монда, қарор қабул шуд.
РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Масъалаи навбатии рӯзномаи иҷлосия Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти волонтёрӣ» ба ҳисоб меравад.
Сухан оид ба ин масъала ба раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, ҳифзи сиҳатӣ, илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати байни ҷавонону занон дар ҷомеа муҳтарам Фарҳод Раҳимӣ дода мешавад. Марҳамат.
Фарҳод РАҲИМӢ: — Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, ҳозирини гиромӣ !
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти волонтёрӣ» дар кумита мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти волонтёрӣ» аз 19 сентябри соли 2013 амал мекунад.
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти волонтёрӣ» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Л. Раҷабова, Н. Оқилзода ва Қ. Миралиён пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 18 ноябри соли 2015 қабул намудааст. Қонун бо мақсади такмили қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, тақвият бахшидани меъёрҳои марбут ба танзими фаъолияти волонтёрӣ, мутамарказ ва ҳамоҳанг сохтани фаъолияти волонтёрӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардидааст.
Бо ин мақсад ба моддаҳои 1, 3, 6, 7, 8, 10 ва 11-уми қонуни амалкунанда тағйиру иловаҳо ворид карда шудааст, ки тибқи муқаррароти онҳо мазмуни мафҳумҳои дар қонун истифодашаванда дақиқ ифода карда, ҳуқуқ ба фаъолияти волонтёрӣ, қоидаҳои бақайдгирии шахсони хоҳишманд барои машғул шудан ба фаъолияти волонтёрӣ муайян карда шудааст.
Ҳамзамон ба моддаҳои 11 ва 14-уми қонуни амалкунанда иловаҳо ворид карда шудааст, ки тибқи онҳо таъсиси Шӯрои миллӣ ва шӯроҳои маҳаллӣ оид ба рушди фаъолияти волонтёрӣ, аз ҷумла таъсиси марказҳо ва фондҳои волонтёрӣ дар маҳалҳо аз ҷониби мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, таъмин намудан бо бино, воситаи алоқа ва дигар хизматрасонӣ дар доираи қонунгузории кишвар пешбинӣ гардидааст.
Қонуни мазкур ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надорад.
Эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки қонуни номбурдаро ҷонибдорӣ намоянд.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти волонтёрӣ» ба овоз монда, қарор қабул шуд.
РАИС: — Масъалаи навбатии рӯзномаи иҷлосия — Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор» ба ҳисоб меравад.
Сухан оид ба ин масъала ба раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодиёту коммуникатсия муҳтарам Амирзода Раҳмоналӣ Амир дода мешавад. Марҳамат.
АМИРЗОДА Раҳмоналӣ Амир: — Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор» бо тартиби истифодаи ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 4 ноябри соли 2015 қабул намудааст.
Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқии гузаронидани санҷиш, тартиб ва расмиёти ягонаи гузаронидани он, ҳуқуқу уҳдадориҳои субъектҳои хоҷагидор, шахсони мансабдори мақомоти санҷиширо муқаррар намуда, ба ҳифзи саломатӣ ва ҳуқуқу манфиатҳои қонунии шаҳрвандон, муҳити зист, амнияти миллӣ ва ҳимояи фаъолияти субъектҳои хоҷагидори санҷидашаванда, сарфи назар аз шакли моликияташон, равона карда шудааст.
Қонун аз 6 боб ва 46 модда иборат буда, дар боби 1-уми он мафҳумҳои асосӣ, қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи санҷиш, мақсади санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор, доираи амали қонуни мазкур, инчунин салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ваколатҳои Шӯрои ҳамоҳангсозӣ ва мақоми ваколатдори давлатӣ, қоидаҳои намунавии гузаронидани санҷишҳо, принсипҳои асосии гузаронидани санҷиш, мақомоти санҷишӣ ва мавзӯи санҷиш пурра дарҷ гардидаанд.
Боби 2 асос барои гузаронидани санҷиш, дафтари бақайдгирӣ, мақсадҳои санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор, пешниҳоди иттилоот ва машварат, ҳолатҳои беэътибор донистани гузаронидани санҷиш, намуд ва мақсади гузаронидани санҷиш, даврияти санҷишҳо, машваратдиҳӣ ва расонидани кумаки методӣ, огоҳиномадиҳӣ, номгӯйи масъалаҳои назоратӣ, давомнокӣ, муҳлат ва манъи такроран гузаронидани санҷиш, қарор аз рӯи натиҷаҳои санҷиш, муваққатан боздоштани фаъолияти субъекти хоҷагидор ва гирифтани намунаҳо барои гузаронидани ташхисро дар бар мегирад.
Ҳуқуқ ва уҳдадориҳои субъектҳои хоҷагидор ва шахсони мансабдори мақомоти санҷишӣ, маҳдудиятҳо ҳангоми гузаронидани санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор, нақшаи солонаи гузаронидани санҷишҳои нақшавӣ, ҳисоботдиҳии мақоми санҷишӣ ва такмили ихтисоси шахсони мансабдорро бобҳои 3 ва 4 ба танзим медароранд.
Боби 5 таъмини ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти санҷишӣ, махзани маълумот ва низоми идоракунӣ дар мақоми санҷишӣ, махзани ягона оид ба санҷишҳои гузаронидашуда ва низоми иттилоотии идоракуниро муайян менамояд.
Ҷуброни зарари ба субъектҳои хоҷагидор расонидашуда, ҳалли баҳсҳо ва ҳуқуқи шикоят, ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи қонуни мазкур ва аз эътибор соқит донистани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 июли соли 2006 «Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор» дар боби 6 инъикос ёфтааст.
Мавриди амал қарор додани қонуни мазкур аз 1 июли соли 2016 пешбинӣ гардидааст.
Қонун ба меъёрҳои конститутсионӣ, қонунҳои амалкунанда ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, мутобиқ мебошад.
Кумита нисбати қонуни мазкур эрод надорад ва хоҳиш-мандем, онро ҷонибдорӣ намоед.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор» ба овоз монда, қарор қабул шуд.
РАИС: — Ба баррасии масъалаи навбатии рӯзномаи иҷлосия – Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи намунаҳои саноатӣ» шурӯъ менамоем.
Марҳамат, муҳтарам Амирзода Раҳмоналӣ Амир.
АМИРЗОДА Раҳмоналӣ Амир: — Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ !
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи намунаҳои саноатӣ» бо тартиби истифодаи ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби узви Маҷлиси миллӣ Амирзода Раҳмоналӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон Садриддин Шарипов ва Абдуназар Хисрав пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 4 ноябри соли 2015 қабул намудааст.
Қонуни мазкур бо мақсади такмил додани қонуни амалкунанда ва мутобиқ гардонидани он ба талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» ва Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардидааст. Аз ҷумла бо дарназардошти талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» моддаи 1-уми қонуни амалкунанда такмил дода, мафҳуму ибораҳои дар он баёншуда, бо ҳам мутобиқ карда шудааст.
Ҳамчунин бо мақсади мутобиқнамоӣ дар қисми якуми моддаи 3, қисми дуюми моддаи 13, қисми ҳафтуми моддаи 16, номи боби 6, ном ва матни моддаҳои 18 ва 19-уми қонуни амлакунанда калимаҳои «санҷиш» ва «санҷишӣ» мувофиқан ба калимаҳои «экспертиза» ва «экспертизаи» иваз карда шудаанд.
Ғайр аз ин, бо мақсади ба талаботи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» ва «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мутобиқ гардонидан ба моддаҳои 9, 12, 14, 17, 22 ва 27-уми қонуни амалкунанда як қатор тағйиру иловаҳо ворид карда шудааст.
Қонун ба меъёрҳои конститутсионӣ, қонунҳои амалкунанда ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, мутобиқ мебошад. Кумита нисбати қонуни мазкур эрод надорад ва хоҳишмандем, онро ҷонибдорӣ намоед.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи намунаҳои саноатӣ» ба овоз монда, қарор қабул шуд.
РАИС: — Масъалаи навбатии рӯзномаи иҷлосия Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи роҳҳои автомобилгард ва фаъолияти роҳдорӣ» ба ҳисоб меравад.
Марҳамат, муҳтарам Амирзода Раҳмоналӣ Амир.
АМИРЗОДА Раҳмоналӣ Амир: — Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи роҳҳои автомобилгард ва фаъолияти роҳдорӣ», ки бо тартиби истифодаи ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 4 ноябри соли 2015 қабул намудааст, дар ҷаласаи кумита мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Қонун бо мақсади мукаммал гардонидани қонуни амалкунанда ва мутобиқ гардонидани он ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардида, тибқи он ба як қатор моддаҳои қонуни амалкунанда тағйиру иловаҳо ворид карда шудааст.
Қонуни қабулгардида ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра мувофиқат мекунад, вале дар қисми 15 моддаи 1-уми он ба хатоиҳо роҳ дода шудааст.
Инчунин қонуни мазкур аз ҷониби Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният дастгирӣ наёфт. Бинобар ин, бо дарназардошти нукоти зикргардида, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи роҳҳои автомобилгард ва фаъолияти роҳдорӣ» қобили дастгирӣ намебошад.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи роҳҳои автомобилгард ва фаъолияти роҳдорӣ» ба овоз монда, қарор қабул шуд.
РАИС: — Ба баррасии масъалаи навбатии рӯзномаи иҷлосия – Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи алоқаи барқӣ» шурӯъ менамоем.
Марҳамат, муҳтарам Амирзода Раҳмоналӣ Амир.
АМИРЗОДА Раҳмоналӣ Амир: — Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи алоқаи барқӣ» бо тартиби истифодаи ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 2 декабри соли 2015 қабул намудааст.
Қонуни мазкур бо мақсади мукаммал гардонидани қонуни амалкунанда, инчунин таъмини иттилоотии системаи телекоммуникатсионӣ ва алоқаи мобилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати баланд бардоштани масъулияти истифодабарандагони алоқаи барқӣ қабул гардидааст.
Тибқи қонуни мазкур, ба моддаҳои 6, 9, 20 ва 21 тағйиру иловаҳо ворид карда, сархати даҳуми моддаи 10 қонуни амалкунанда хориҷ карда шудааст. Аз ҷумла ба қисми якуми моддаи 6-уми қонуни амалкунанда сархатҳои нави чорум ва панҷум илова карда шудааст, ки мутобиқи онҳо, минбаъд тартиб ва талаботи пайвастшавӣ ба шабакаи алоқаи барқӣ ва хизматрасониҳои вобаста ба он, инчунин тартиби хизматрасонӣ ва истифодабарии алоқаи радифиро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд.
Ҳамзамон ба моддаи 9-уми қонуни амалкунанда сархати нави шашум илова карда шудааст, ки мутобиқи он минбаъд мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба назорат ва танзим дар соҳаи алоқаи барқӣ дар доираи ваколатҳои худ риояи пайвастшавӣ ба шабакаи алоқаи барқӣ, хизматрасониҳо ва истифодабарии он, инчунин хизматрасонӣ ва истифодабарии алоқаи радифиро санҷиш ва назорат намуда, ҷиҳати иҷрои талаботи муқарраргардида чораҳои дахлдор меандешад.
Ғайр аз ин, сархати даҳуми қисми якуми моддаи 10, ки масъалаи аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба назорат ва танзим дар соҳаи алоқаи барқӣ, тасдиқ кардани қоидаҳои хизматрасонӣ вобаста ба хариду фурӯши симкортҳо ва ба тавозуни истифодабаранда гузаронидани маблағ барои истифодаи хизмати алоқаи барқиро ба танзим медаровард, хориҷ карда шудааст.
Ба қисми якуми моддаи 20 сархати нави панҷум илова карда шудааст, ки мутобиқи он минбаъд операторон ва провайдерони хизмати алоқаи барқӣ вазифадоранд тибқи тартиб ва талаботи муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон азнавбақайдгирии симкортҳои истифодабарандагонро гузаронанд.
Инчунин ба қисми якуми моддаи 21 сархати нави чорум илова карда шудааст, ки мутобиқи он минбаъд истифодабарандагони хизмати алоқаи барқӣ вазифадоранд симкортҳои худро дар операторони хизмати алоқаи барқӣ тибқи тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз нав ба қайд гиранд.
Қонун ба меъёрҳои конститутсионӣ, қонунҳои амалкунанда ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, мутобиқ мебошад. Кумита нисбати қонуни мазкур эрод надорад ва хоҳишмандем, ба ҷонибдории он овоз диҳед.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи алоқаи барқӣ» ба овоз монда, қарор қабул шуд.
РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Масъалаи навбатии рӯзномаи иҷлосия лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз вазифаи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд намудани Лутфуллозода Ш.» ба шумор меравад.
Сухан оид ба ин масъала ба мушовири калони бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ муҳтарам Шоназаров Содиқ Ашурович дода мешавад. Марҳамат.
Содиқ ШОНАЗАРОВ: — Муҳтарам Раис, Раёсат, аъзои Маҷлиси миллӣ ва ҳозирини гиромӣ!
Ба баррасии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳоди зерини Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар бораи аз вазифаи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд намудани Лутфуллозода Шавкат манзур карда мешавад:
«Ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Мутобиқи банди 8 моддаи 69 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳодро дар бораи аз вазифаи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд намудани Лутфуллозода Шавкат ирсол менамоям.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, 7 декабри соли 2015 №15/1 -96».
Хоҳишмандем, баррасӣ ва дастгирӣ карда шавад.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз вазифаи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд намудани Лутфуллозода Ш.» ба овоз монда, қарор қабул шуд.
РАИС: — Ба баррасии масъалаи навбатии рӯзномаи иҷлосия – лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Лутфуллозода Ш.» шурӯъ менамоем.
Марҳамат, муҳтарам Шоназаров Содиқ Ашурович.
Содиқ ШОНАЗАРОВ: — Муҳтарам Раис, Раёсат, аъзои Маҷлиси миллӣ ва ҳозирини гиромӣ!
Ба баррасии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳоди зерини Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Лутфуллозода Шавкат манзур карда мешавад:
«Ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Мутобиқи банди 8 моддаи 69 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳодро дар бораи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Лутфуллозода Шавкат ирсол менамоям.
Лутфуллозода Шавкат соли 1965 дар шаҳри Ӯротеппа (ҳозира Истаравшан) таваллуд ёфтааст. Маълумоти олии ҳуқуқшиносӣ ва 24 сол собиқаи касбии корӣ дорад. Аз соли 1995 дар мақомоти судӣ фаъолият дошта, дар вазифаҳои судяи суди ноҳияи Марказии шаҳри Душанбе ва судяи суди шаҳри Душанбе кор кардааст.
Аз соли 2005 судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Номзадии Лутфуллозода Шавкат ба талаботи моддаи 85 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» мувофиқат мекунад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, 7 декабри соли 2015 №15/1-95».
Хоҳишмандем, баррасӣ ва дастгирӣ карда шавад.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Лутфуллозода Ш.» ба овоз монда, қарор қабул шуд.
РАИС: - Масъалаи навбатии рӯзномаи иҷлосия лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз вазифаи судяи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд намудани Исматзода Р.» ба шумор меравад.
Марҳамат, муҳтарам Шоназаров Содиқ Ашурович.
Содиқ ШОНАЗАРОВ: — Муҳтарам Раис, Раёсат, аъзои Маҷлиси миллӣ ва ҳозирини гиромӣ!
Ба баррасии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳоди зерини Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи аз вазифаи судяи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд намудани Исматзода Раҳмат манзур карда мешавад:
«Ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Мутобиқи банди 8 моддаи 69 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳодро дар бораи аз вазифаи судяи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд намудани Исматзода Раҳмат ирсол менамоям.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон,
16 декабри соли 2015 №15/1-97».
Хоҳишмандем, баррасӣ ва дастгирӣ намоед.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз вазифаи судяи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд намудани Исматзода Р.» ба овоз монда, қарор қабул шуд.
РАИС: — Ба баррасии масъалаи навбатии рӯзномаи иҷлосия – лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судяи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Исматзода Р.» шурӯъ менамоем.
Марҳамат, муҳтарам Шоназаров Содиқ Ашурович.
Содиқ ШОНАЗАРОВ: — Муҳтарам Раис, Раёсат, аъзои Маҷлиси миллӣ ва ҳозирини гиромӣ!
Ба баррасии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳоди зерини Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи судяи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Исматзода Раҳмат манзур карда мешавад:
«Ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Мутобиқи банди 8 моддаи 69 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳодро дар бораи судяи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Исматзода Раҳмат ирсол менамоям.
Исматзода Раҳмат соли 1963 дар ноҳияи Ховалинг таваллуд ёфтааст. Маълумоти олии ҳуқуқшиносӣ ва 19 солу 11 моҳ собиқаи кории касбӣ дорад. Аз соли 1996 дар мақомоти судӣ фаъолият дошта, дар вазифаҳои судя ва муовини раиси суди иқтисодии шаҳри Душанбе кор кардааст.
Аз соли 2005 судяи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Номзадии Исматзода Раҳмат ба талаботи моддаи 85 -уми Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» мувофиқат мекунад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон,
16 декабри соли 2015 №15/1-98».
Хоҳишмандем, баррасӣ ва дастгирӣ карда шавад.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судяи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Исматзода Р.» ба овоз монда, қарор қабул шуд.
РАИС: — Масъалаи навбатии рӯзномаи иҷлосия лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз вазифаи судяи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд намудани Камолзода Р.» ба шумор меравад.
Марҳамат, муҳтарам Шоназаров Содиқ Ашурович.
Содиқ ШОНАЗАРОВ: — Муҳтарам Раис, Раёсат, аъзои Маҷлиси миллӣ ва ҳозирини гиромӣ!
Ба баррасии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳоди зерини Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи аз вазифаи судяи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд намудани Камолзода Раҳматулло манзур карда мешавад:
«Ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Мутобиқи банди 8 моддаи 69 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳодро дар бораи аз вазифаи судяи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд намудани Камолзода Раҳматулло ирсол менамоям.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон,
16 декабри соли 2015 №15/1-99».
Хоҳишмандем, баррасӣ ва дастгирӣ намоед.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз вазифаи судяи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд намудани Камолзода Р.» ба овоз монда, қарор қабул шуд.
РАИС: — Ба баррасии масъалаи навбатии рӯзномаи иҷлосия – лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судяи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Камолзода Р. » шурӯъ менамоем.
Марҳамат, муҳтарам Шоназаров Содиқ Ашурович.
Содиқ ШОНАЗАРОВ: — Муҳтарам Раис, Раёсат, аъзои Маҷлиси миллӣ ва ҳозирини гиромӣ!
Ба баррасии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳоди зерини Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар бораи судяи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Камолзода Раҳматулло манзур карда мешавад.
«Ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Мутобиқи банди 8 моддаи 69 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳодро дар бораи судяи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Камолзода Раҳматулло ирсол менамоям.
Камолзода Раҳматулло соли 1960 дар ноҳияи Рӯдакӣ таваллуд ёфтааст. Маълумоти олии ҳуқуқшиносӣ ва 19 солу 11 моҳ собиқаи кории касбӣ дорад. Аз соли 1996 дар мақомоти судӣ фаъолият дошта, дар вазифаҳои судяи суди ноҳияҳои Марказӣ ва Синои шаҳри Душанбе кор кардааст.
Аз соли 2005 судяи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Номзадии Камолов Раҳматулло ба талаботи моддаи 85 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» мувофиқат мекунад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон,
16 декабри соли 2015 №15/1-100».
Хоҳишмандем, баррасӣ ва дастгирӣ намоед.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судяи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Камолзода Р.» ба овоз монда, Қарор қабул шуд.
РАИС: — Масъалаи ниҳоии рӯзномаи иҷлосия лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сохтор, рӯйхати вазифаҳо, шумораи кормандони Дастгоҳи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сметаи хароҷоти Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2016» ба шумор меравад.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сохтор, рӯйхати вазифаҳо, шумораи кормандони Дастгоҳи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сметаи хароҷоти Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2016» ба овоз монда, Қарор қабул шуд.
РАИС: — Сухан ба раиси котибот Аҳмадзода Раҷаббой дода мешавад. Марҳамат.
Раҷаббой Аҳмадзода: — Муҳтарам Раис, аъзои Маҷлиси миллӣ ва ҳозирини гиромӣ!
Ба унвони Иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум барқияву муборакбодиҳо ворид шудаанд ва ман якчандтои онҳоро ба самъи шумо мерасонам:
«Муҳтарам Маҳмадсаид Убайдуллоевич!
Иҷозат фармоед, шахсан Шумо ва тамоми аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба муносибати ҷонибдорӣ гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳ ва ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат» сидқан табрик намоем.
Эмомалӣ Раҳмон ходими барҷастаи сиёсӣ маҳсуб ёфта, дар эъмори Тоҷикистони соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ягона, инчунин барқароркунии сохти конститутсионӣ, истиқрори сулҳ ва ризоияти миллии халқи тоҷик саҳми босазои худро гузоштааст.
Хизматҳои шоёни ин абармард барои ҳифзи давлат ва миллат аз парокандагӣ, раҳоии халқи тоҷик аз ҷанги шаҳрвандӣ беназир ва шоистаи таҳсинанд.
Сулҳи тоҷикон ҳамчун мактаби беназири таҳаммулпазирӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ дар ҳолати ноороми сиёсӣ эътироф шудааст.
Эмомалӣ Раҳмон дар ҳақиқат Пешвои миллат мебошад ва парвардаи халқи худ буда, ба нафъи халқи худ ҳастии хешро бахшидааст.
Қонуни мазкур ба рушди равандҳои демократӣ мусоидат намуда, эътироф ва эҳтиром намудани фарзанди фарзонаи миллати тоҷик маҳсуб меёбад.
Бо дарки хизматҳои шоёни муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба иқдоми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҷонибдории Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат» баҳои баланд дода, онро муҳиму саривақтӣ арзёбӣ менамоем.
Котиби генералии Шӯрои байнипарламентии кишварҳои узви ИДМ А. И. Сергеев».
«Ба Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам М. Убайдуллоев.
Муҳтарам Раис! Мо – сокинони вилояти Хатлон аз ҷонибдории Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат» аз тарафи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хушнуд гардида, аз он ифтихор дорем, ки имрӯз дар ҳақиқат он орзу ва ормонҳои мардуми сарбаланди мо, бахусус сокинони вилояти Хатлон, ҷиҳати ба мартабаи Пешвои миллат пешниҳод ва ҳукми қонунӣ гирифтани он амалӣ гардид.
Сад шукр, мо – мардуми Хатлонзамин зиёда аз як даҳсола он рӯзеро, ки интизор будем, фаро расид. Яъне, ба Президенти кишвар, Ҷаноби Олӣ, Эмомалӣ Раҳмон бо пешниҳоди сокинони мамлакат ва ҳамраъйии кулли вакилони Маҷлиси намояндагон ва аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон олитарин мартаба — Пешвои миллат дода шуд.
Мо ба Пешвои миллат умри дарози бобаракат ва сарбаландии абадӣ таманно намуда, мардуми шарифи кишварро барои расидан ба чунин як рӯзи фархунда таҳният мегӯем.
Аз номи сокинони вилояти Хатлон:
Мирзо Бекматов, Ҳақназар Ғоиб, Саидқул Шомалангзода, Амиршоҳи Хатлонӣ, Зариф Ибод, Амон Боев ва дигарон».
«Ба Иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум
Аз ҷониби Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷонибдорӣ намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат» сокинони вилояти Суғдро шоду мамнун гардонид. Ин қонун барои миллати тоҷик фараҳбахшию хурсандӣ ва шодмонӣ овард.
Мақоми Пешвои миллат, барҳақ, шоистаи ин фарзанди фарзонаи миллат мебошад. Дар ҳақиқат, дар вуҷуди Пешвои миллат хислатҳои ҷавонмардию футувват, ҳиммату дасткушодӣ, бахшандагию меҳрубонӣ ва наҷобату шавкат, ғуруру шукӯҳмандӣ ва сарбаландӣ, ки махсуси асилзодагон аст, таҷассум ёфтааст.
Дар вилояти Суғд корҳои ободонию созандагӣ дар авҷ буда, соҳаҳои маориф, тандурустӣ, фарҳанг, саноат, иқтисодиёт ва дигар соҳаҳои хоҷагии халқ рушд ёфта истодаанд, ки ин ба сиёсати хирадмандонаи Президенти мамлакат вобастагии калон дорад.
Маҳбубтарин инсон дар Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо – дӯстдори хурду калон, пиру барно, солдидаю наврас, мардуми бурунмарзию таҳҷоӣ, воқеан як нафари арзандаю шоиста, хуршедсимо, сарбаланду ҷавонмард, хирадпешаю дурандеш – Пешвои миллатамон ва тамоми тоҷикони олам, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд ва инро тамоми сокинони вилояти Суғд бо шодмонӣ тасдиқ менамоянд.
Ба мақоми арзандаи Пешвои миллат сазовор гардидани Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро шахсони баруманди вилояти Суғд, ходимони давлатӣ, ҷамъиятию сиёсӣ ва миллионҳо сокинони вилоят чун башорати хушрӯзиҳо пазируфтанд.
Бо чунин таманно ба Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз номи сокинони вилоят саломатии бардавом, саодатмандии беназир орзу менамоем. Бигузор то ҷаҳон боқист, Пешвои тоҷикон бо ҳастии хеш раҳбару раҳнамо ва сарвару сарпарасти ҳамагон бимонанд.
Мо зи дӯстиву рафоқат боғи ваҳдат ёфтем,
Тоҷикистонро саросар мисли ҷаннат ёфтем.
Сарвари оқил ба мо шоҳроҳи ваҳдатро кушод,
Дар ҷаҳони маънавӣ бахту саодат ёфтем.
Чун зи ваҳдат гашта обод мулки ҷоноҷони мо,
Аз насими иттиҳод файзу садоқат ёфтем.
Тоҷикистонро чу дорад марди доно сарварӣ,
Давлати боиқтидору боадолат ёфтем.
Тоҳирова Ҳамро, Фарзона, Дадабоева Махфират, Ахмедов Баҳриддин, Раҳимова Биҳоҷал, Ҳасанова Шуҷоат, Ҳасанов Олимҷон, Турсунов Назирҷон, Ғаффоров Усмонҷон, Ахмедов Бахтиёр, Ӯрунов Тоҳир, Арипов Мумин, Аҳмадҷони Раҳматзод, Атахон Сайфуллоев ва кулли сокинони вилояти Суғд».
РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Соли равон Маҷлиси миллӣ маҷмӯан 89 қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистонро, аз ҷумла қонунҳои мукаммал: як қонуни конститутсионӣ ва нуҳ қонун, инчунин 78 қонун оид ба такмили қонунгузории кишварамон баррасиву ҷонибдорӣ намуда, як Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи роҳҳои автомобилгард ва фаъолияти роҳдорӣ»-ро ҷонибдорӣ накард. Аз шумораи умумии қонунҳои баррасишуда 15 қонун бо ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби узви Маҷлиси миллӣ пешниҳод шудааст. Аз 13 қонуни ҷонибдоришуда ду адади он аз ҷониби узви Маҷлиси миллии даъвати феълӣ пешниҳод шудаанд.
Ҳамзамон соли равон дар иҷлосияҳои баргузоршуда 80 пешниҳодоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба додани ризоият барои ба вазифа таъин ва озод намудани роҳбарони Прокуратураи генералӣ, бозхонди раис ва муовини якуми Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, судяҳои Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, судяҳои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва судяҳои Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, интихоби раис ва муовини якуми раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, судяи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, судяҳои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва судяҳои Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, панҷ пешниҳодоти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи тартиби ҳалли масъалаҳои сохти марзиву маъмуриро баррасӣ намуда, вобаста ба он ва дигар масъалаҳои ҳаёти иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии кишвар қарорҳои дахлдор қабул намуд.
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Бо пешниҳоди мо раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, ҳифзи сиҳатӣ, илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати байни ҷавонону занон дар ҷомеа Раҳимӣ Фарҳод ва роҳбари Дастгоҳи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Кабиров Мизроб Саидович аз ҷониби Ассамблеяи Байнипарламентии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил бо медали «Барои таҳкими муносибатҳои байнипарламентӣ» сарфароз гардонида шуданд.
Ҳоло бо иҷозати шумо ман ин мукофотҳоро ба соҳибонашон месупорам.
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Соли 2015, ки баъди чанд рӯз ба охир мерасад, дар таърихи кишварамон бо ҳарфҳои заррин сабт мешавад. Ман боварии комил дорам, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат» дар саҳифаҳои таърихи халқамон ҷойгоҳи сазовори хешро ишғол менамояд.
Имрӯз дар иҷлосия намояндагони қишрҳои гуногуни ҷомеа – хизматчиёни давлатӣ, зиёиён, деҳқонону коргарон суханронӣ карда, аз хусуси хизматҳои беназири Ҷаноби Олӣ – Пешвои миллат ёдовар шуданд. Итминонам комил аст, ки ҳеҷ кадоми мо тавони бо қалам ва сухан ифода кардани ҳама он ранҷу хизматҳое, ки Сарвари давлатамон имрӯзҳо ба нафъи мардум мекашанд, надорем. Аммо ҳамаи мо онро дарк мекунем ва беҳуда набуд, ки имрӯз ҳамаи аъзои Маҷлиси миллӣ хоҳиши сухан гуфтан доштанд. Мехоҳам як чизро таъкидан иброз намоям: Вақте ки миллати беш аз ҳазорсола бедавлатмондаро дар ҳудуди имрӯза соҳибдавлат гардониданд, марҳилаи бунёди давлатдории навини тоҷиконро оғоз бахшиданд, ин он маъниро дорад, ки тоҷикон бо гузашти беш аз ҳазору сад сол соҳиби давлати миллии хеш гардиданд. Давлати миллӣ гуфтан ба маънии танг нест, зеро имрӯз тамоми миллатҳое, ки дар Тоҷикистон зиндагӣ мекунанд, хешро фарзанди Тоҷикистон ҳисоб мекунанд. Ҳамаи онҳо имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдатро ҳамчун Пешво пазируфтанд.
Бешубҳа, баъди гузашти беш аз ҳазор сол дастоварди бузургтарини мо ба даст овардани сулҳу ваҳдат ва эҳёи давлатдории навин аст, ки бо хизматҳои беназири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба мо муяссар шудааст.
Имрӯз иди на танҳо Пешво аст, ин иди тамоми мардуми Тоҷикистон мебошад ва ман ин идро барои тамоми шумо, барои сокинони кишвари азизамон муборакбод мегӯям.
Аз номи Шумо ба Сарвари давлат саломатӣ, сарбаландӣ фараҳмандӣ орзу мекунем!
Бори дигар ин идро барои ҳамаатон табрику муборакбод мегӯям.
Ташаккур барои таваҷ-ҷуҳатон!
Бо ҳамин Иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷумро пӯшида эълон менамоям.
(Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон садо медиҳад).
Ҷумъахон НАБОТОВ, Далер МЕРГАНОВ, Абдумаҷид МУРОДОВ, «Садои мардум». Суратгир А. ИСОЕВ