Пирӯзии ақли солим ва хиради дурбин

№136-137(4719-4720) 15.11.2023

CTX_8513Яке аз муҳимтарин масъалаҳои назарияи давлатдорӣ таҳқиқ ва таҳлили сиёсат оид ба ҷавонон мебошад, зеро рушди давлат, амнияти дохилию берунии он ба чигунагии сиёсати ҷавонон вобаста аст. Ҳоло дар ҷаҳон беш аз 1,8 миллиард ҷавонон умр ба сар мебаранд, ки дар таърихи инсоният ин теъдод зиёдтарин мебошад. Қариб 90 дарсади тамоми ҷавонон дар кишварҳои рӯ ба рушд зиндагӣ мекунанд ва қисми бештари аҳолии ин кишварҳоро ташкил медиҳанд.

Тоҷикистон яке аз кишварҳои аз лиҳози шумораи аҳолӣ ҷавонтарин (70 дарсади аҳолӣ то 30-сола мебошанд) ба шумор рафта, ҷавонони он неруи бузурги мутаҳаррики рушди кишвар мебошанд ва дар рушди соҳаҳои гуногун саҳми назаррас мегузоранд.

Фароҳам овардани шароити мусоид барои фаъолияти ҷавонон дар сиёсати давлатдорӣ аз масъалаҳои муҳимтарин маҳсуб меёбад. Мавриди зикр аст, ки дар таърихи давлатдории навини тоҷикон ин масъа­ла марҳилаи ҳассосро аз сар гузаронд. Ибтидои солҳои 90-уми асри ХХ зимни парокандашавии Иттиҳоди Шӯравӣ, масоили ҷавонон дар пайи манфиатҳои геополитикӣ сарфи назар гардид. Бинобар фалаҷ шудани сохти конститутсионӣ ва сар задани ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ бисёр ҷавонон бозичаи дасти гурӯҳҳои ман­фиатхоҳи зиддимиллӣ шуданд, ки дар ин бора мақолаҳои зиёд ба нашр расидааст. Мо танҳо аҳамияти тақдирсози Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тонро ба рушди минбаъдаи ҷумҳурӣ, хоса ҳаёти ҷавонон, ёдрас кардан мехоҳем.

Саҳми Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (даъвати дувоздаҳум), ки 16-уми ноябри соли 1992 дар Қасри «Арбоб»-и шаҳри Хуҷанд доир шуд, ҷиҳати бартараф намудани амалҳои ғаразнок ва монеаҳое, ки барои инкишофи истиқлолияти Тоҷикистон зарур буданд, бузург мебошад. Иҷлосия ва асноди ҳуқуқии он дар ҳифзи давлатдории миллӣ ва инкишофи ниҳодҳои демок­ратӣ нақши муайянкунанда бозид. Вобаста ба ин, суханони Пешвои миллат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмонро ба ёд меорем, ки ҳамон замон ироа намуда буданд: «Ҷидду ҷаҳд ва умедвориҳои 5-6 соли охир барои нигоҳ доштани давлати миллии тоҷикон, маҳз дар ҳамин рӯзи саид ҷомаи амал пӯшид. Ман гуфта метавонам, ки насли ҳозираи миллати тоҷик, ҳарчанд аввал пешпо хӯрд, имрӯз пирӯз аст, зеро ин насл тавонист вас­васаи аҳриманиро, ки дар зеҳни халқи мо ҷо гирифта буд, аз худ дур андохта, морони заҳҳокиро, ки ҷони ҷавони садҳо ҳазор фарзандони моро қурбон мекарданд, саркӯб созад… Ақли солим ва хиради дурбин пирӯз шуд. Рӯзи фархундае, ки онро дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳо ва деҳоти дурдаст, дар ҳамаи оилаҳо интизор будем, фаро расид».

Аҳамияти таърихии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ барои рушди минбаъдаи на фақат ҷавонон, балки барои тоҷикону ин миллати озодманиш, ҳамзамон интихоби дурусти роҳбарон аз ҷониби вакилон мебошад. Он шабу рӯз роҳбарияти нави Тоҷикистон пас аз омӯзиш ва таҳлили ҳамаҷонибаи вазъият бо мақсади раҳоии кишвар аз буҳрони сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ корҳои мақсадноку самаровар оғоз карданд. Дар назди худ вазифаҳои гуногун гузоштанд, ки яке аз онҳо такмил додани қонунгузории миллӣ ба ҳисоб мерафт. Ҳамин тавр, дар таърихи давлатдории халқи тоҷик гардиши нав ба вуҷуд омад. Ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ хотима ёфт. Тоҷикистон давлати ҳуқуқбунёд, демократӣ ва дунявӣ эълон гардид. Ин фаъолияти неки самарабахш пас аз интихоби муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардид. Аз ҳамон замон, сарфи назар аз сахтию нокомиҳо, Пешвои миллат ба баррасии масъалаҳои марбут ба ҷавонон ва сиёсати ҷавонон таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамоянд. Дар 70-умин рӯзи сарвариашон 2-юми феврали соли 1993 бо ҷавонони ҷумҳурӣ мулоқот намуданд, ки ин нахустин мулоқоти расмии Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҷавонон маҳсуб меёбад. Президенти ҷумҳуриамон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон пайвас­та барои инкишофи соҳаҳои мактабу маориф, илму маърифат, фароҳам овардани шароити мувофиқ барои таҳсилу касбомӯзӣ ва ҳаёти хуби ҷавонон ғамхорӣ зоҳир менамоянд. Натиҷаи ҳамин ғамхориҳо буд, ки дар солҳои соҳибистиқлолӣ шумораи зиёди муассисаҳои таҳсилоти олию миёна, китобхонаю осорхонаҳо, марказҳои варзишию фароғатӣ сохта, ба ихтиёри ҷавонон вогузор шуданд. Пешвои миллат пайваста дар суханрониҳояшон таъкид менамоянд, ки ҷавонон қувваи бузурги созанда ва ояндаи миллату давлат буда, барои онҳо бояд тамоми шароит фароҳам оварда, ин сиёсат дар санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ бояд ба танзим дароварда шавад.

Дар «Стратегияи сиёсати давлатии ҷавонон то соли 2020» қайд шудааст: «Ҷавонон объекти манфиатҳои миллию давлатӣ буда, яке аз омилҳои асосии таъмини рушди давлат ва ҷомеа ба ҳисоб мераванд. Ояндаи наслҳои нав бояд ба таври ногусастанӣ ба вазифаҳои ҳифз, рушд ва эҳёи кишвар алоқаманд бошад. Ҷавонон бояд ворисони аслии таърих ва фарҳангӣ бошанд».

Соли 2019 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр намуданд, ки имрӯз беш аз 257 ҳазор ҷавон, ки 30 дарсади онҳоро духтарон ташкил медиҳанд, дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии дохил ва хориҷи кишвар ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Барои таҳкими заминаҳои меъёрии ҳуқуқии соҳа ва ҳифзи минбаъдаи манфиатҳои ҷавонон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон» ва «Стратегияи сиёсати давлатии ҷавонон то соли 2030» қабул гардиданд.

Дастгирии ҷавонон дар тат­биқи сиёсати давлатии кор бо ҷавонон, фароҳам овардани шароит барои амалӣ гардидани ҳуқуқҳояшон ва дастгирии имкониятҳои рушди онҳо нақши ҳалкунанда дорад.

Имрӯз ҷавонон дар ҳама соҳа фаъолият мекунанд. Барои боз ҳам баланд бардоштани донишу малакаи ҷавонон, барои ба илму дониш фаро гирифтани онҳо аз ҷониби роҳбарияти давлату Ҳукумат чораҳои муассир андешида мешавад. Таваҷҷуҳи хосаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба насли ҷавон аст, ки соли 2017 Соли ҷавонон эълон гардида, самтҳои афзалиятноки сиёсати кадрии ҷавонон мавриди омӯзиш қарор гирифт ва кадрҳои ҷавон ба вазифаҳои пурмасъули давлатӣ таъин мешаванд.

Ҳамаи ин пешравиҳо дар асоси амалишавии қарору паёмадҳои Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ба даст омаданд, ки моҳияти ин қарору қонунҳо Тоҷикистонро ба истиқрори комили сиёсӣ расонида, ба густариши иқтисодиёти тавоно ва гуногунсоҳа суръат бахшид.

Аз ин лиҳоз, мо — ҷавононро зарур аст, ки ҷавобан ба ҳама дастгирӣ ва ғамхориҳои давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз пештара бештар саъю кӯшиши худро баҳри донишандӯзӣ, ободию пешрафти сарзамини аҷдодиамон равона созем, марзу буми кишвари хешро ҳимоя созем, парчамбардори Ватан бошем.

М. АБДУСАЛОМЗОДА,

вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон