Конститутсия ҳамчун санади ҳуқуқӣ инкишофи босуръат ва босифати равандҳои иқтисодӣ, сиёсӣ ва иҷтимоиро дар ҷамъият таъмин менамояд, дар низоми ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба талаботи замони муосир ҷавобгӯ мебошад, барои ташкили амалияи давлати конститутсионӣ шароити зарурӣ фароҳам меорад. Зери мафҳуми механизми ҳифзи ҳуқуқии Конститутсия маҷмӯи бунёдҳо ва расмиёти мавҷударо дар назар дорем, ки ба таври қатъӣ ва муттасил аз ҷониби субъектони муносибатҳои давлатию ҳуқуқӣ, дар навбати аввал аз ҷониби давлат, мақомот ва шахсони мансабдори он риоя гардидани талабот, принсипу меъёрҳо ва арзишҳои дар Конститутсия ифодаёфта таъмин карда мешавад.
Албатта, ҷузъи аз ҳама муҳими низоми ҳимояи Конститутсия назорати конститутсионӣ ба шумор меравад, ки он метавонад дар намуди назорати конститутсионии судӣ, адолати судии конститутсионӣ ва адлияи конститутсионӣ бошад. Дар ҷумҳурии мо ин вазифа ба зиммаи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор шудааст.
Принсипи давлати ҳуқуқбунёд, ки дар моддаи 1-уми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ифода ёфтааст, вобаста ба мавзӯи мазкур нисбат ба низоми давлатии татбиқкунандаи ҳуқуқ талаботи муайянро пешниҳод менамояд, аз ҷумла истифодаи қонуну санадҳои дигарро, ки ба Конститутсия мутобиқ мебошанд.
Моддаи 10-уми Конститутсия принсипи амали бевоситаи меъёрҳои онро бе ягон истисно ва маҳдудияте устувор менамояд, ки он чунин маъно дорад: суди ҳама гуна сатҳ ва навъ вазифадор аст аз истифодаи қонуне, ки ғайриконститутсионӣ мебошад, даст кашида, меъёрҳои конститутсиониро бе қарори ғайримустақими ягон мақомоти дигар татбиқ намояд.
Вобаста ба татбиқи ҳуқуқи давлат ва қонунҳо мехостам дар бораи фаъолияти мақомоти қонунгузории кишвар чанд сухан гуям. Калимаи «парламент» истилоҳи умумибашарӣ мебошад, парламентҳо метавонанд сохтори дупалатагӣ ва якпалатагӣ дошта бошанд. Хусусан, дар давлатҳои федеративӣ парламентҳо аз ду палата иборатанд — болоӣ ва поёнӣ. Чунин шакл гирифтани парламент, аз як тараф зарурати намояндагӣ намудани манфиатҳои субъектони минтақаҳои мухталиф, ки аз ҷиҳати аҳолӣ ва ҳудуди ишғолнамудаашон гуногун буда, аммо мақоми конститутсионию ҳуқуқии якхела доранд, вобаста бошад, аз тарафи дигар, кӯшиш намудан баҳри эътибори баробар барои пойдорист, дар ҳоле ки ҳокимияти маҳдуднабудаи як палата бо таъсиси палатаи дуюми дар асоси дигар ташаккулёфта нигоҳ дошта мешавад.
Парламентаризм маҷмӯи мақомоти намояндагӣ ва қонунгузорӣ мебошад, ки ҳокимияти давлатиро ҳам дар сатҳи умумидавлатӣ ва ҳам дар сатҳи ҳокимияти минтақавӣ ва маҳаллӣ дар бар мегирад.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифаҳои ҳокимияти қонунгузорро Маҷлиси Олӣ — мақоми интихобие, ки Конститутсия ба он ҳуқуқи олии қонунгузориро додааст, иҷро менамояд.
Маҷлиси Олӣ манфиатҳои аҳолии Тоҷикистонро дар умум ва ҳар минтақаро дар алоҳидагӣ намояндагӣ намуда, ҳуқуқи аз номи онҳо қарор қабул карданро дорад.
Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар гардидааст, ки Маҷлиси Олӣ аз ду маҷлис — Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон иборат аст. Ҳар яки онҳо салоҳияти алоҳида дошта, мустақилона фаъолият менамоянд. Дар баробари ин, ҳангоми фаъолияти қонунгузорӣ ҳар ду маҷлис дар якҷоягӣ амал менамоянд ва бо ин мақсад шаклу механизмҳои конститутсионӣ пешбинӣ шудаанд.
Доираи фаъолияти вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қонунҳои конститутсионӣ ифода ёфтааст. Аз ҷумла вакил ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ дорад. Вай дар маҷлисҳои кумитаҳо ва комиссияҳои дахлдор иштирок намуда, хулосаҳои худро пешниҳод мекунад. Ҳамзамон ҳуқуқи пешниҳоди дархости вакилиро ба мақомот ва шахсони мансабдор низ доро мебошад.
Дигар шакли фаъолияти вакилии Маҷлиси намояндагон ин иштирок дар кори иттиҳодияҳо, фраксияҳо ва гурӯҳҳои вакилӣ дар парлумон ва муроҷиат оид ба масъалаҳои дахлдор ба аъзои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаҳо низ мебошанд.
Дар баробари қабули қонунҳо оид ба буҷет, танзими андоз, афв, тасдиқи шартномаҳои байналмилалӣ Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба дигар масъалаҳо, аз ҷумла ба ҳалли масъалаҳои муҳими давлатӣ таъсири бевоситаи худро мерасонад, ки он дар ташаккулёбии қонунгузории низоми мақомоти давлатии ҳокимияти иҷроия, муайян намудани тартиби таъсисдиҳӣ ва фаъолияти онҳо зоҳир мегардад.
Бо ин мақсад Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар панҷ соли охир 600 қонун ва тағйиру илова ба онҳоро қабул намуда, зиёда аз 200 созишнома ва шартномаро тасдиқ кардааст, ки ба рушду нумӯи кишвар нигаронида шудаанд.
Толибхон Азимзода, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон