Ин омил дар раванди вохӯрии муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Азизӣ Абдуҷаббор Абдуқаҳҳор ва дигар вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо интихобкунандагон аз навоҳии Шаҳритуз, Носири Хусрав ва Қубодиён бори дигар собит гардид
Муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Азизӣ Абдуҷаббор Абдуқаҳҳор якҷо бо вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон А. Холиқзода, Б. Садриддинов ва О. Ҳакимов дар ноҳияи Шаҳритуз бо интихобкунандагони навоҳии Шаҳритуз, Носири Хусрав ва Қубодиён вохӯрӣ доир намуданд. Зимни суханронии худ Азизӣ Абдуҷаббор Абдуқаҳҳор аз дасторвардҳои кишвар, ки давоми 24 соли соҳибистиқлолӣ ба шарофати сиёсати хирадмандона ва бунёдкоронаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯйи кор омадаанд, ёдовар шуда, таъкид намуд, ки рушду такомул айни замон дар кишвари мо ба раванди муттасил табдил ёфтааст.
- Табиист, ки дар ин раванд саҳми мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузори мамлакат низ назаррас аст, — афзуд номбурда.
Мавсуф дар бораи фаъолияти семоҳаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр кард, ки ҳайати Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷумро намояндагони касбу кори гуногун, аз ҷумла олимон, ҳуқуқшиносону иқтисодчиён, муҳандисону меъморон, табибон ва намояндагони дигар соҳаҳо ташкил медиҳанд. Ба ин ҳайат ҳамрадиф бо дигар шахсиятҳои соҳибном ду академик, ҳашт доктори илм, профессор, 17 номзади илм шомил мебошанд.
Азизӣ Абдуҷаббор Абдуқаҳҳор аз суханронии Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи якуми Иҷлосияи якуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум ёдовар шуда, таъкид намуд, ки тамоми дастуру ҳидоятҳои аз ҷониби Роҳбари мамлакат додашуда дар раванди фаъолияти вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра ба инобат гирифта шудааст.
- Минбаъд тамоми кӯшишҳо ба он равона мегарданд, ки манзалати Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузор дар пешбурди сиёсати давлатӣ муассиртар гардад. Табиист, ки дар ин раванд тавсеа бахшидани равобити вакилон бо интихобкунандагон хеле муҳим ва саривақтӣ аст. Бо дарназардошти нукоти мазкур кӯшиш ба харҷ дода истодаем, ки лоиҳаҳои қонунҳо ва дигар санадҳое, ки аз ҷониби вакилон мавриди баррасӣ қарор мегиранд, барои рушди соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи кишвар ва некуаҳволии мардум мусоидат намоянд. Зеро қонун ифодакунандаи иродаи шаҳрвандон ва парлумон фароҳамкунандаи фазои мукаммали ҳуқуқӣ дар ҷомеа маҳсуб ёфта, рисолати вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва қабули қонунҳое мебошад, ки дар марҳилаи муосири рушди кишварамон зарурӣ буда, ҷавобгӯи манфиатҳои миллии халқи Тоҷикистон бошанд,- таъкид намуд Азизӣ Абдуҷаббор Абдуқаҳҳор.
Дар идомаи суханрониаш Азизӣ Абдуҷаббор Абдуқаҳҳор ба самъи ҳозирин расонид, ки Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум давоми фаъолияти зиёда аз семоҳааш 12 ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро доир намуда, 181 масъаларо мавриди баррасӣ қарор дод. Дар ин давра 11 ҷаласаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида, як қонуни конститутсионӣ, ду тағйиру иловаҳо ба қонунҳои конститутсионӣ, се тағйиру иловаҳо ба кодексҳо, ду қонуни мукаммал, 13 тағйиру иловаҳо ба қонунҳо, ҳашт созишнома, як шартнома, ду конвенсия, 55 қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба масъалаҳои гуногун қабул гардиданд.
Дар фарҷоми суханрониаш муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Азизӣ Абдуҷаббор Абдуқаҳҳор ҳамагонро ба шукргузорӣ аз рӯзгори кунунӣ, дастовардҳои кишвар ва фазои сулҳу оромӣ даъват намуда, зикр кард, ки ба ҳеҷ ваҷҳ зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд ва аз манфиатҳои миллӣ таври шоиста ҳимоя намоянд.
Сипас, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси вилояти Хатлон Гулмаҳмадзода Давлатшоҳ Қурбоналӣ, ки дар мулоқот ширкат дошт, суханронӣ карда, аз ҷумла зикр намуд, ки танҳо азми қавӣ ва нияти неки Сарвари хирадсолори давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон замина фароҳам овард, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба дастовардҳои назаррас ноил шуда, дар арсаи ҷаҳон мақоми баландро соҳиб гардад.
- Ҳамагон шоҳиди он будем, ки масъалаи наҷоти миллати тоҷик ин абармардро водор кард, ки аз байни оташи ҷанги шаҳрвандӣ, фоҷиаву харобиҳои гӯшношуниди он гузашта, бо кадом мушкилоте, ки набошад, имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистонро қадам ба қадам наздиктар созад. Насли ҷавон бояд хуб дарк намояд, ки дастоварди мазкур осон ба даст наомадааст,- хулоса намуд мавсуф.
Вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон А. Холиқзода ва Б. Садриддинов низ ба сухан баромада, доир ба дастовардҳои мамлакат ва саҳми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фароҳам намудани фазои мукаммали ҳуқуқӣ дар ҷомеа ибрози назар намуданд.
Сипас, миёни вакилон ва интихобкунандагон суҳбати самимӣ ва ошкоро сурат гирифт, ки дар раванди он мушкилоти мавҷуда баррасӣ ва пешниҳодот ироа гардиданд. Аз ҷумла роҳбари хоҷагии деҳқонӣ дар ноҳияи Шаҳритуз М. Саидраҳмонова, роҳбари Ташкилоти ғайридавлатии «Чашма» С. Қурбонова, фаъолзан М. Асадова, ҷавони фаъол С.Абдиев, корманди соҳаи тандурустӣ М. Бобоева ва дигарон ба сухан баромада, оид ба масъалаҳои ҳалталаб пешниҳодоти хешро иброз намуданд.
Дар фарҷоми мулоқот муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Азизӣ Абдуҷаббор Абдуқаҳҳор зикр намуд, ки тамоми пешниҳодоти ироагардида мавриди омӯзиш қарор гирифта, аз натиҷааш ба интихобкунандагон иттилоъ дода мешавад.
Далер МЕРГАНОВ, «Садои мардум»