22 майи соли 2016 - рӯзи раъйпурсии умумихалқӣ

Рӯҳбаландии мардум баръалост

№24 (3504) 23.02.2016

їваваДар Ҷамоати деҳоти «Куруш»-и ноҳияи Спитамен мулоқоти вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва гурӯҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сокинон доир гардид. Дар он вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳмадҷон Қобилов, муовини сардори Раёсати кафолатҳои ҳуқуқи инсони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Шараф Каримзода, намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Носирхон Акмалов, муовини сардори Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилояти Суғд Мадина Ҳомидова, сардори шуъбаи Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия Қобилҷон Мақсудов,  муовини сардори шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия Баҳодур Идизода иштирок намуданд.

Аҳмадҷон Қобилов дар баробари шарҳи нуктаҳои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр кард, ки бо Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 феврали соли равон 22 майи соли 2016 раъйпурсии умумихалқӣ дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад.

Сипас, Аҳмадҷон Қобилов сабабу мақсади ворид намудани тағйиру иловаҳоро ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон тавзеҳ дод.

Шараф Каримзода ва Мадина Ҳомидова роҷеъ ба моҳияти Паём, роҳҳои минбаъдаи рушди ҷомеа, масъалаҳои иҷтимоиёт, таълиму тарбия, тандурустӣ, таваҷҷуҳи хосаи Сарвари давлат ба тарбияи ҷавонон ва оид ба тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва зарурати ин иқдом андешаҳояшонро баён намуданд.

Собиқадорони меҳнат Абдувоҳид Азимов ва Абдурашид Ҷабборов изҳор доштанд, ки дар татбиқи нишондодҳои Паёми Сарвари давлат саҳми босазо гузошта, рӯзи 22 май дар раъйпурсии умумихалқӣ фаъолона ширкат хоҳанд варзид.

 

Ҳусейни НАЗРУЛЛО,

«Cадои мардум»