Иҷлосияи шашуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум

Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо расмӣ шуд

№118-119 (4858-4859) 04.10.2024

DSC_9981Якуми октябри соли 2024 таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода ҷаласаи якуми Иҷлосияи шашуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум баргузор гардид.

РАИС: — Вакилони арҷманд!

Хоҳиш мекунам, аз қайд гузаред.

Ҳоло дар толор 56 вакил ҳузур доранд.

Имкон шуд, ки ба кори ҷаласа шурӯъ намоем.

Чӣ гуна андешаҳо ҳаст? Нест.

Мутобиқи моддаи 34-и Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷаласаи якуми Иҷлосияи шашуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашумро кушода эълон менамоям.

(Суруди Миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон садо медиҳад)

РАИС: — Вакилони арҷманд, ҳозирини гиромӣ!

Дар ҷаласаи имрӯза Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ — Намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Зариф Ализода, вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим, муовини якуми вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Юсуф Маҷидӣ, раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода, президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Қобилҷон Хушвахт­зода, раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти ­назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Баҳодур Шерализода, муовини якуми раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фаррух Юсуфзода, муовини прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сарвар Азимзода, директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳуруии Тоҷикистон Дилмурод Давлатзода, муовини якуми директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Барот Расулӣ ва дигар шахсони даъватшуда иштирок доранд.

РАИС: — Вакилони арҷманд!

Тибқи талаботи банди 134-и Дастури Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ба мо зарур аст, ки котиботи Иҷлосияи шашуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашумро интихоб намоем.

Пешниҳод аст, ки котибот иборат аз се нафар ва дар ҳайати зерин ташкил карда шавад:

раиси котибот:

вакил аз ҳавзаи интихоботии Ёвон, рақами 29

Азимзода Толибхон Ситаммурод.

Аъзои котибот:

вакил аз ҳавзаи интихоботии Исфара, рақами 20

Шамсиддинзода Мавзуна;

вакил аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ

Икромӣ Фазлиддин Маҳмазоит.

Доир ба ҳайати пешниҳодгардида таклифи дигар ҳаст? Нест.

Лоиҳаи қарорро дар ин хусус ба овоз монда, хоҳишмандам мавқеатонро муайян намоед.

Лоиҳаи қарор дар хусуси ҳайати котибот ба овоз монда шуда, қарор тасдиқ гардид.

РАИС: — Вакилони муҳтарам!

Тибқи талаботи банди 134-и Дастури Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мо зарур аст, ки комиссияи баҳисобгирии овозҳои вакилонро низ интихоб намоем.

Пешниҳод мегардад, ки ҳайати комиссияи мазкур иборат аз се нафар интихоб карда шаванд:

Ба ҳайси раиси комиссия номзадии вакил аз ҳавзаи интихоботии Хоруғ, №41 Гиёзода Азиз Қодир.

Ба ҳайати аъзои комиссия:

номзадии вакил аз ҳавзаи интихоботии Бохтар, №26 Маҷидзода Сарвиноз Комил;

вакил аз ҳавзаи интихоботии Деваштич, №24 Исмоилиён Комрон Исмоилзода пешниҳод карда мешавад.

Доир ба шумора ва ҳайати комиссия андешаи дигар ҳаст? Нест.

Лоиҳаи қарорро ба овоз монда, хоҳишмандам мавқеатонро муайян намоед.

Лоиҳаи қарор дар хусуси комиссияи баҳисобгирии овозҳои вакилон ба овоз монда шуда, қарор тасдиқ гардид.

РАИС: Вакилони муҳтарам!

Тибқи талаботи бандҳои 246 ва 247-и Дастури Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон зарур аст, ки гурӯҳи назорати системаи электронии овоздиҳиро дар ҷаласаҳои Иҷлосияи шашуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум интихоб намоем.

Пешниҳод аст, ки гурӯҳ иборат аз се нафар ва дар ҳайати зерин интихоб карда шаванд:

роҳбари гурӯҳ:

номзадии вакил аз ҳавзаи интихоботии Сомонӣ, №8 Юсуфӣ Муҳаммадраҳим.

Ба ҳайати аъзои гурӯҳ:

вакил аз ҳавзаи интихоботии Бобоҷон Ғафуров, №14 Мирзозода Мавлудахон Зайнӣ;

вакил аз ҳавзаи интихоботии Қубодиён, №31 Файзуллозода Зафар Хайрулло пешниҳод карда мешавад.

Доир ба шумора ва ҳайати гурӯҳ андешаи дигар ҳаст? Нест.

Лоиҳаи қарорро ба овоз мемонам ва хоҳишмандам мавқеатонро муайян намоед.

Лоиҳаи қарор дар хусуси гурӯҳи назорати системаи электронии овоздиҳӣ тасдиқ шуд.

РАИС: - Аз вакилоне, ки ба ҳайати котибот, комиссияи баҳисобгирии овозҳо ва гурӯҳи назорати системаи электронии овоздиҳӣ интихоб шудаанд, хоҳиш карда мешавад, ки ба иҷрои вазифаҳояшон шурӯъ намоянд.

РАИС: — Вакилони муҳтарам!

Зимнан, ба мо лозим аст, ки тартиби инъикоси кори ҷаласаҳои Иҷлосияи шашуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашумро аз тариқи воситаҳои ахбори омма муайян намоем. Аз рӯи ин масъала сухан ба муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот Саодатшо Матробиён дода мешавад. Марҳамат.

Саодатшо МАТРОБИЁН:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Мутобиқи банди 137-и Дастури Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи тартиби инъикоси рафти Иҷлосияи шашуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум» ироа мегардад.

1. Рафти Иҷлосияи шашуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум дар барномаҳои телевизион ва радиои ҷумҳурӣ ба таври фишурда пахш карда шавад.

2. Маводи Иҷлосияи шашуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум дар ҳаҷми пурра дар нашрияи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Садои мардум» чоп карда шаванд.

3. Маводи Иҷлосияи шашуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум ба воситаи Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» дар рӯзномаҳои ҷумҳуриявии «Ҷумҳурият», «Народная газета» ва «Халқ овози», дар рӯзномаҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятӣ, шаҳри Душанбе, шаҳрӣ ва ноҳиявӣ чоп карда шаванд.

РАИС: - Доир ба лоиҳаи қарор пешниҳод доред? Нест.

 Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тартиби инъикоси рафти Иҷлосияи шашуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Вакилони арҷманд, ҳозирини гиромӣ!

Ба рӯзномаи ҷаласа 17 масъала пешниҳод шудааст, ки нусхаи он дар дасти шумо ҳаст.

Доир ба рӯзнома таклифу пешниҳоди дигар ҳаст?

Набошад, хоҳишмандам нисбат ба рӯзнома мавқеатонро муайян намоед.

Дар бораи рӯзномаи ҷаласа бо фарогирии масъалаҳои зерин Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид:

1. Дар хусуси Созишнома дар бораи таъсиси Маркази байналмилалии баҳодиҳии хавфҳои қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм

2. Дар хусуси ҳамроҳшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Конвенсияи Роттердам «Дар бораи расмиёти розигии пешакии асос­нок оид ба моддаҳои кимиёвӣ ва пеститсидҳои хатарноки алоҳида дар савдои байналмилалӣ»

3. Дар хусуси Созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ширкати «Сипар Групп Лимитед» оид ба ташкили корхонаи истеҳсоли мошинҳои замонавии зиреҳпӯш ва таҷҳизоти махсус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

4. Дар хусуси Протокол оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи алоқаи байналмилалии автомобилӣ аз 9 марти соли 2018  

5. Дар хусуси Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Россия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи истифодаи энергияи атомӣ бо мақсадҳои осоишта

6. Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

7. Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

8. Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйир ба Кодекси мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон».

9. Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон»

10. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон»

11. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила»

12. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муҳоҷират»

13. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи суғуртаи давлатии иҷтимоӣ»

14. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мониторинги экологӣ»

15. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид»

16. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти обуҳавошиносӣ»

17. Оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Дастури Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон».

РАИС: — Ба баррасии масъалаҳои рӯзнома шурӯъ менамоем. Аз рӯи масъала «Дар хусуси Созишнома дар бораи таъсиси Маркази байналмилалии баҳодиҳии хавфҳои қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадаст­оварда ва маблағгузории терроризм» сухан ба раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода дода мешавад. Марҳамат.

Фирдавс ТОЛИБЗОДА:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Таъмини ҳамкории самарабахши мутақобилаи иттилоотии байнидавлатӣ ва дар ин замина гузаронидани баҳодиҳии фаромиллии хавфҳои қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда дар шароити имрӯза яке аз масъалаҳои муҳим ба шумор меравад. Аз ин рӯ, ҷиҳати пешгирӣ ва муқовимат ба қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадаст­оварда ва маблағгузории терроризм зарур шуморида шуд, ки ҳамкории мутақобила ва табодули иттилоот байни кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил тақвият дода шуда, мунтазам арзёбии фаромиллии хавфҳо дар ин самт гузаронида шавад.

Бо ин мақсад 13-уми октябри соли 2023 аз ҷониби сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизис­тон Созишнома дар бораи таъсиси Маркази байналмилалии баҳодиҳии хавфҳои қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм (минбаъд — созишнома) ба имзо расид. Лозим ба зикр аст, ки муқаррароти созишномаи мазкур ба иҷрои вазифаҳои асосии зерин равона шудааст:

а) ҷорӣ намудани стандарти ягона дар самти ҳамкорӣ ва додугирифти маълумот байни мақомоти кашшофии молиявии тарафҳо;

б) ташкили низоми иттилоотие, ки табодули бехатари маълумот ва ҳуҷҷатҳои электрониро байни тарафҳо таъмин менамояд;

в) ташкили захираҳои умумии иттилоотӣ ва таъмини дастрасӣ ба онҳо аз ҷониби мақомоти кашшофии молиявии тарафҳо;

г) таъмин намудани тарафҳо бо иттилооти зарурӣ барои дуруст ошкор намудани хавфҳои қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм;

ғ) ҷамъоварии иттилоот барои гузарондани баҳодиҳии фаромиллии хавфҳои қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маб­лағгузории терроризм ва ҷойгир намудани натиҷаҳои он дар низоми иттилоотии Маркази байналмилалии баҳодиҳии хавфҳои қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм;

д) таъмини ҳифзи иттилоот ва реҷаи махфияти маълумоте, ки бо мақсади гузаронидани баҳодиҳии хавфҳои фаромиллии қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм, инчунин, ҳангоми ҳамкории мутақобилаи иттилоотии байнидавлатӣ истифода мешавад.

Мутобиқи талаботи созишнома ҳар кадом аз давлатҳои иштирокдори он (ҷумҳуриҳои Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Федератсияи Россия) муваззаф гардиданд, ки ҷиҳати ошкор намудани хавфҳои қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм Маркази байналмилалии баҳодиҳии хавфҳои қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маб­лағгузории терроризмро ҳамчун механизми муассири табодули иттилоот таъсис диҳанд.

Низоми иттилоотии Маркази байналмилалии баҳодиҳии хавфҳои қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм ба воҳид­ҳои кашшофии молиявии давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил имкон медиҳад, ки маълумоти дар ихтиёрдоштаро оид ба амалиёт (аҳдҳо) бо маблағҳои пулӣ ё дигар молу мулк, ки алоқаманд ба қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадаст­оварда ва маблағгузории терроризм дониста шудаанд, додугирифт намоянд.

Мутобиқи моддаи 15 созишномаи мазкур барои эътибор пайдо кардани он гузарондани расмиёти дохилидавлатӣ пешбинӣ шудааст. Дар ин раванд, бо дастрасии моддаи 11 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» созишномаи зикргардида бояд мавриди тасдиқ (ратификатсия) қарор дода шавад. Тасдиқи созишнома ба рушди ҳамкории байналмилалӣ ва баррасии масъалаҳои марбут ба пешгирии қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм, инчунин, ҳамоҳангии мутақобилаи байнидавлатӣ ва андешидани чораҳои коҳиш додани хавфҳои қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм дар минтақа тақвият мебахшад.

Бояд қайд кард, ки аз миёни давлатҳои иштирокдор ҷумҳуриҳои Беларус, Қирғизистон ва Федератсияи Россия расмиёти дохилидавлатии худро ба анҷом расонида, созишнома байни онҳо айни замон мавриди амал қарор дода шудааст. Бинобар ин, аз шумо — вакилони арҷманд бо эҳтиром хоҳиш менамоям, ки тасдиқи созишномаи мазкурро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: — Сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният Ҳуснигул Одиназода дода мешавад. Марҳамат.

Ҳуснигул ОДИНАЗОДА:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Созишнома дар бораи таъсиси Маркази байналмилалии баҳодиҳии хавфҳои қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм 13-уми октябри соли 2023 дар шаҳри Бишкек ба имзо расида, тибқи талаботи моддаи 12 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.

Созишномаи мазкур тибқи Қарори Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон аз 19-уми августи соли 2024 таҳти №2326 ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният барои баррасӣ, ба кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагон барои додани хулоса ва ба раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон барои пешниҳоди хулосаи ҳуқуқӣ супорида шуда буд.

Созишномаи мазкур аз дебоча ва 17 модда иборат буда, бо мақсади рушди ҳамкорӣ барои ҳамоҳангии ҳамкории мутақобил ва андешидани чораҳои коҳиш додани хавфҳои ошкоршудаи қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм бо назардошти мақсаду вазифаҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба имзо расидааст.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон созишномаи мазкурро мавриди баррасӣ қарор дода, бо пешниҳоди хулосаҳо онро ҷонибдорӣ намуданд.

Кумитаи масъул масъалаи зикр­гардидаро 27-уми августи соли 2024 дар ҷаласаи васеъ бо иштироки намояндагони кумитаҳои Маҷлиси намояндагон, раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, Бонки миллии Тоҷикистон ва бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ­масъалаҳои ҳуқуқӣ мавриди баррасӣ ва муҳокима қарор дод.

Созишнома дар бораи таъсиси Маркази байналмилалии баҳодиҳии хавфҳои қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм ба талаботи моддаи 57 Конс­титутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаи 12 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон», қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон», «Дар бораи муқовимат ба қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадаст­оварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надорад. Бинобар ин, аз шумо – вакилони арҷманд бо эҳтиром хоҳиш менамоем, ки тасдиқи Созишнома дар бораи таъсиси Маркази байналмилалии баҳодиҳии хавфҳои қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризмро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: — Ба маърӯзачӣ савол ҳаст? Боз кӣ хоҳиши баромад кардан дорад? Нест.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар хусуси Созишнома дар бораи таъсиси Маркази байналмилалии баҳодиҳии хавфҳои қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм» ба овоз монда шуда, қарор тасдиқ гардид.

РАИС: — Ба баррасии масъала «Дар хусуси ҳамроҳшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Конвенсияи Роттердам «Дар бораи расмиёти розигии пешакии асоснок оид ба моддаҳои кимиёвӣ ва пеститсидҳои хатарноки алоҳида дар савдои байналмилалӣ» шурӯъ мекунем. Аз рӯи масъалаи мазкур сухан ба раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Шерализода дода мешавад. Марҳамат.

Баҳодур ШЕРАЛИЗОДА:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Конвенсияи Роттердам «Дар бораи расмиёти розигии пешакии асоснок оид ба моддаҳои кимиёвӣ ва пеститсидҳои хатарноки алоҳида дар савдои байналмилалӣ», ки ба баррасии шумо пешниҳод гардидааст, 10 — уми сентябри соли 1998 дар шаҳри Роттердам (Нидерландия) ба имзо расидааст.

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар танзими байналмилалии интиқоли партовҳои хатарнок, инчунин, маводи кимиёвии хатарнок нақши муҳим дошта, то ин давра бо Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 декабри соли 2006 таҳти №417 ба Конвенсияи Стокголм «Оид ба моддаҳои ифлоскунандаи органикӣ» ва бо Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон аз 13 майи соли 2016 таҳти №437 ба Конвенсияи Базел «Оид ба назорати азсарҳадгузаронии партовҳои хатарнок ва нобудсозии онҳо» ҳамроҳ гардидааст.

Бояд қайд намуд, ки Конвенсияи Роттердам яке аз се конвенсияҳои кимиёвие мебошад, ки системаи ҳуқуқии байналмилалии назорати маводи кимиёвиро, ки ба муҳити зист ва саломатии инсон хатар доранд, таъмин менамояд. Мақсади асосии конвенсияи мазкур ҳифзи ҳуқуқҳои шаҳрвандон аз таъсири зараровари моддаҳои кимиёвӣ ва пеститсидҳои хатарнок дар савдои байналмилалӣ, мусоидат ва кӯшишҳои муштараки давлатҳои иштирокчӣ дар тиҷорати байналмилалӣ мебошад. Ҳамчунин, дар доираи конвенсияи мазкур баъзе моддаҳои кимиёвии хатарнок, беҳтар намудани мубодилаи маълумот оид ба хосиятҳои пеститсидҳо, муқаррар намудани талабот оид ба татбиқи раванди қабули қарорҳо дар сатҳи миллӣ оид ба воридот ва содироти онҳо ба танзим дароварда мешаванд.

Аз кишварҳои Осиёи Марказӣ ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Қирғизис­тон, инчунин, аз кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ҷумҳуриҳои Беларус, Арманистон ва Федератсияи Россия ба конвенсияи мазкур ҳамроҳ шудаанд. Дар кишварҳои ҷаҳон ба мақомоти давлатии ҳифзи муҳити зист ҳамчун мақомоти салоҳиятдор барои ҳамкорӣ бо котиботи конвенсияи мазкур ваколат дода шудааст.

Тасдиқи конвенсияи мазкур барои устувор гардондани амнияти миллии Тоҷикистон вобаста ба ҳифзи муҳити зист ва таъмини бехатарии аҳолӣ тавассути роҳ надодан ба воридоти партовҳои хатарнок ва маводи кимиёвии хатарнок мусоидат хоҳад намуд. Бо назардошти ин, аз шумо — вакилони муҳтарам хоҳишмандам, ки лоиҳаи Қарори ҳамроҳшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Конвенсияи Роттердам «Дар бораи расмиёти розигии пешакии асоснок оид ба моддаҳои кимиёвӣ ва пеститсидҳои хатарноки алоҳида дар савдои байналмилалӣ»-ро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: - Сухан ба раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин Рустам Латифзода дода мешавад. Марҳамат.

Рустам ЛАТИФЗОДА:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Мавод дар хусуси ҳамроҳшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Конвенсияи Роттердам «Дар бораи расмиёти розигии пешакии асоснок оид ба моддаҳои кимиёвӣ ва пеститсидҳои хатарноки алоҳида дар савдои байналмилалӣ» аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.

Илова ба гуфтаҳои раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд қайд кард, ки аъзогӣ ба конвенсияи мазкур ба таҳкими имкониятҳо ва иқтидорҳои миллӣ ҷиҳати истифодаи самарноки моддаҳои кимиёвӣ, ҷалби кумакҳои молиявӣ ва техникӣ, аз ҷумла технологияҳои муосир имкониятҳои васеъро фароҳам меорад. Ин дар маҷмӯъ, ба устувор гардондани амнияти миллӣ вобаста ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист ва таъмини саломатии аҳолӣ тавассути рушди инфрасохтори зарурӣ ва баланд бардоштани тахассуси кормандони соҳа мусоидат хоҳад кард.

Маводи вобаста ба конвенсия тамоми расмиёти заруриро тибқи Дастури Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаштааст. Ҳамаи кумитаҳои Маҷлиси намояндагон дар хулосаҳои худ ва раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон дар хулосаи ҳуқуқӣ ҳамроҳшавӣ ба конвенсияи мазкурро ҷонибдорӣ кардаанд.

Ҳамроҳшавӣ ба Конвенсияи Роттердам ба моддаи 57 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мутобиқ буда, зарурати ворид намудани тағйиру иловаҳоро ба қонунҳои миллӣ низ ба миён намеорад. Бинобар ин, аз шумо — вакилони гиромӣ хоҳиш мекунам, ки барои тасдиқи ҳамроҳшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Конвенсияи Роттердам овоз диҳед.

РАИС: — Ба маърӯзачӣ савол ҳаст? Боз кӣ хоҳиши баромад кардан дорад? Нест.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар хусуси ҳамроҳшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Конвенсияи Роттердам «Дар бораи расмиёти розигии пешакии асос­нок оид ба моддаҳои кимиёвӣ ва пеститсидҳои хатарноки алоҳида дар савдои байналмилалӣ» ба овоз монда шуда, қарор тасдиқ гардид.

РАИС: — Ба баррасии масъала «Дар хусуси Созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ширкати «Сипар Групп Лимитед» оид ба ташкили корхонаи истеҳсоли мошинҳои замонавии зиреҳпӯш ва таҷҳизоти махсус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» оғоз менамоем. Аз рӯи масъалаи мазкур сухан ба муовини якуми раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фаррух Юсуфзода дода мешавад. Марҳамат.

Фаррух ЮСУФЗОДА:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Пеш аз ҳама, меҳоҳам миннатдории роҳбарияти Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатиро барои дастгириҳои доимӣ дар самти гузаронидани ислоҳот оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ, ҷалби сармояи хориҷӣ ва рушди соҳибкорӣ дар кишвар ба шумо баён намоям.

Ҷалби сармояи хориҷӣ яке аз сарчашмаҳои маблағгузории барномаҳои рушди иқтисодию иҷтимоӣ муайян гардида, дар доираи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ҷалби сармояи хориҷӣ ва расидан ба ҳадафҳои стратегии кишвар, хусусан дар самти саноатикунонии босуръати кишвар, аз ҷониби Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ тадбирҳои зарурӣ роҳандозӣ шуда истодааст.

Лоиҳаи созишномаи пешниҳодшуда дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сармоя­гузорӣ» таҳия гардида, идомаи фаъо­лият дар ин ҷода мебошад.

Лоиҳаи Созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ширкати «Сипар Групп Лимитед» оид ба ташкили корхонаи истеҳсоли мошинҳои замонавии зиреҳпӯш ва таҷҳизоти махсус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ дар ҳамкорӣ бо сармоягузорони хориҷӣ таҳия гардида, бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31-уми июли соли 2024 таҳти №435 тасдиқ гардид ва 12 августи соли 2024 ба имзо расонида шуд.

Лоиҳаи созишномаи мазкур ҷалби 15 миллион доллари амрикоиро барои сохтмони корхонаи истеҳсоли мошинҳои замонавии зиреҳпӯш ва таҷҳизоти махсус дар кишвар пешбинӣ намуда, амалисозии он дар ду марҳила ба роҳ монда мешавад.

Марҳилаи аввал ташкил ва роҳандозии хати истеҳсолии корхонаро ҷамъоварии (сборка) мошинҳои зиреҳпӯш ва таҷҳизоти махсус дар ҳудуди шаҳри Турсунзода (дар ҳудуди Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Ширкати Алюминийи Тоҷик») бо сармоягузории 5 (панҷ) миллион доллари амрикоӣ фаро мегирад.

Марҳилаи дуюм сохтмон, васл ва ба кор андохтани иқтидорҳои асосии истеҳсолиро бо ҷалби 10 миллион доллари амрикоӣ пешбинӣ намуда, ба ин васила дар афзун намудани иқтидори истеҳсолии Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми назаррас мегузорад.

Иқтидори истеҳсолии солонаи корхона то 120 автомашинаи махсуси зиреҳпӯш буда, бо ба кор андохтани он зиёда аз 100 ҷойи кори нав таъсис меёбад. Инчунин, бо назардошти талаботи бозор ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти корхона зиёд карда мешавад. Амалисозии лоиҳаи созишномаи мазкур барои афзоиши истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ, воридотивазкунанда ва ба содирот нигаронидашуда замина мегузорад.

Бо назардошти он ки роҳандозии истеҳсоли мошинҳои замонавии зиреҳпӯш ва таҷҳизоти махсус дар давраи соҳибистиқлол гардидани Ватани азизамон таҷрибаи нахустин ба ҳисоб рафта, татбиқи он дар рушди соҳаҳои гуногуни кишвар аҳамияти калон дорад, аз шумо — вакилони Маҷлиси намояндагон бо эҳтиром хоҳиш менамоям, ки созишномаи сармоягузории мазкурро дастгирӣ намоед.

РАИС: - Сухани навбатӣ ба муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия Азиз Гиёзода дода мешавад. Марҳамат.

Азиз ГИЁЗОДА:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ширкати «Сипар Групп Лимитед» оид ба ташкили корхонаи истеҳсоли мошинҳои замонавии зиреҳпӯш ва таҷҳизоти махсус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 12-уми августи соли 2024 дар шаҳри Душанбе ба имзо расида, аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.

Мақсади асосии созишнома ҷалби пешбурди фаъолияти муштарак ва дар ин замина таҳия ва татбиқи истеҳсолоти технологӣ, ҷорӣ намудани ихтироот ва навовариҳои пешқадам дар соҳаи техникаи автомобилӣ ва боз ҳам боло бурдани иқтидори мудофиавии мамлакат, зиёд намудани истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир ва таъсиси ҷойҳои нави кори доимӣ мебошад.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон бо пешниҳоди хулосаҳо созишномаи мазкурро ҷонибдорӣ намуданд.

Созишномаи мазкур дар кумита бо тартиби муқарраргардидаи Дастури Маҷлиси намояндагон баррасӣ гардида, тамоми расмиёти дохилиро гузашта, ба моддаи 57 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи созишномаи сармоягузорӣ» мувофиқ буда, ба талаботи санадҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ мебошад. Аз ин лиҳоз, аз шумо — вакилони муҳтарам хоҳиш менамоям, ки созишномаи мазкурро ҷонибдорӣ намуда, барои тасдиқи он овоз диҳед.

РАИС: — Ба маърӯзачӣ савол ҳаст? Боз кӣ хоҳиши баромад кардан дорад? Нест.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар хусуси Созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ширкати «Сипар Групп Лимитед» оид ба ташкили корхонаи истеҳсоли мошинҳои замонавии зиреҳпӯш ва таҷҳизоти махсус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қарор тасдиқ гардид.

РАИС: - Ба баррасии масъала «Дар хусуси Протокол оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи алоқаи байналмилалии автомобилӣ аз 9 марти соли 2018» шурӯъ мекунем. Аз рӯи масъалаи мазкур сухан ба вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Азим Иброҳим дода мешавад. Марҳамат.

Азим ИБРОҲИМ:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Протокол оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекис­тон дар бораи алоқаи байналмилалии автомобилӣ аз 9 марти соли 2018 бо мақсади роҳандозии низоми берухсатномавӣ ҳангоми гузариши транзитӣ аз ҳудуди кишварҳо ба имзо расид.

Тағйирот ба созишномаи зикр­шуда бо пешниҳоди ҷониби Тоҷикис­тон бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоид барои гузариши транзитии воситаҳои нақлиёти автомобилии кишвар аз ҳудуди Ҷумҳурии Ӯзбекистон, инчунин, татбиқи ҳадафҳои стратегӣ дар самти ба кишвари транзитӣ табдил додани Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ гардидааст.

Қобили қайд аст, ки Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи алоқаи байналмилалии автомобилӣ соли 2018 ба имзо расонида шуда, тибқи талаботи моддаи 5-и созишнома низоми рухсатномавии ҳамлу нақли бор пешбинӣ шудааст. Ҳамасола ба миқдори умумии 25000 – 30000 рухсатнома барои ҳамлу нақли дуҷониба, транзит ва интиқоли бор ба давлати сеюм мубодила мегардад, ки ҳиссаи зиёди он барои гузариши транзитӣ аз ҳудуди Ҷумҳурии Ӯзбекистон истифода бурда мешавад. Тибқи таҳлилҳо ҳамасола гузариши транзитии воситаҳои нақлиёти автомобилии ватанӣ аз ҳудуди Ҷумҳурии Ӯзбекистон беш аз 36000 ададро ташкил медиҳад.

Ҷорӣ намудани низоми берухсатномавӣ ҳангоми гузариши транзитӣ тавассути нақлиёти автомобилӣ дар рафти ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба масъалаҳои иқтисодию иҷтимоӣ баррасӣ гардида, зурурати ворид намудани тағйирот ба созишномаи мазкур пешниҳод гардид.

Айни замон низоми берухсатномавии ҳамлу нақли бор бо ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Қирғизистон ва Федератсияи Россия амалӣ гардида истодааст. Низоми мазкур барои аз байн бурдани мубодилаи варақаи рухсатнома ва содагардонии расмиёти ҳамлу нақл ҳангоми убури сарҳад, инчунин, рушди савдо ва иқтисодиёти кишварҳо мусоидат менамояд.

Бо назардошти он ки бештари интиқоли байналмилалии бор тавассути ҳудуди Ҷумҳурии Ӯзбекис­тон амалӣ мегардад, роҳандозӣ гардидани низоми берухсатномавии ҳамлу нақли транзитӣ барои интиқолдиҳандагони ватанӣ манфиати бештар дорад.

Аз лиҳози оқибатҳои иқтисодию сиёсӣ, тағйирот ба созишномаи мазкур танҳо бо паёмадҳои хуб, алалхусус барои содагардонии расмиёти ҳамлу нақли байналмилалӣ, рушди тиҷорат, транзит ва зиёд гардидани гардиши молу маҳсулот мусоидат менамояд.

Қабул гардидани протоколи мазкур аз буҷети мамлакат маблағгузориро талаб наменамояд ва қабули онро саривақтӣ дар самти расидан ба ҳадафҳо ва мусоидат дар рушди соҳа арзёбӣ менамоем.

Бо истифода аз фурсати муносиб мехостам миннатдории худро ба шумо — вакилони арҷманд, ки дар самти қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқии байналмилалии соҳаи нақлиёт ва мукаммал гардондани онҳо саҳми арзанда доред, баён карда, бо эҳтиром хоҳиш менамоям, ки протоколи мазкурро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: - Сухан ба муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия Бахтиёр Аҳмадзода дода мешавад. Марҳамат.

Бахтиёр АҲМАДЗОДА:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Протокол оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи алоқаи байналмилалии автомобилӣ аз 9 марти соли 2018-ум санаи 18 апрели соли 2024 дар шаҳри Душанбе ба имзо расида, аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.

Бо Қарори Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколи мазкур ба Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия барои баррасӣ, ба кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагон барои додани хулоса, ба раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон барои пешниҳоди хулосаи ҳуқуқӣ супорида шуд.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон дар хулосаҳояшон тасдиқ намудани протоколро ҷонибдорӣ намуданд.

Протокол ба моддаи 57 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаи 11 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон», дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ мутобиқ мебошад.

Аз ин лиҳоз, аз шумо — вакилони гиромӣ бо эҳтиром хоҳиш менамоям, ки тасдиқ намудани Протокол оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи алоқаи байналмилалии автомобилиро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: - Ба маърӯзачӣ савол ҳаст? Боз кӣ хоҳиши баромад кардан дорад? Нест.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар хусуси Протокол оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи алоқаи байналмилалии автомобилӣ аз 9 марти соли 2018» ба овоз монда шуда, қарор тасдиқ гардид.

РАИС: - Ба баррасии масъала «Дар хусуси Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Россия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи истифодаи энергияи атомӣ бо мақсадҳои осоишта» оғоз менамоем. Аз рӯи масъалаи мазкур сухан ба президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Қобилҷон Хушвахтзода дода мешавад. Марҳамат.

Қобилҷон ХУШВАХТЗОДА:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Ба таваҷҷуҳи шумо яке аз санадҳои муҳими байналмилалӣ, ки ба муносибатҳои байнидавлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия дар соҳаи истифодаи энергияи атомӣ бо мақсадҳои осоишта марбут аст, пешкаш мегардад. Санади мазкур созишномаи байнидавлатӣ аст, ки 27 феврали соли 2017 дар шаҳри Душанбе ба имзо расида, ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ратификатсия пешниҳод гардидааст. Бо ратификатсияи ин созишнома мо заминаи ҳуқуқӣ барои густариш додани ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия дар соҳаҳои гуногуни истифодаи неруи атомиро бо мақсадҳои осоишта мустаҳкам хоҳем кард. Таъмини бехатарии ядроӣ ва радиатсионӣ, ҳамчунин, истифодаи технологияҳои пешрафта дар саноат, тиб ва кишоварзӣ ҷузъҳои калидии ин ҳамкорӣ маҳсуб меёбанд.

Созишномаи мазкур масъалаҳои муҳими ҳамкорӣ, аз ҷумла ба истифода додани реакторҳои илмию таҳқиқотӣ, коркарди партовҳои радиоактивӣ ва сӯзишвории ядроӣ, ҳамкориҳо дар соҳаи истихроҷ ва коркарди маъданҳои уранӣ, безараргардонии объектҳои марбут ба саноати уранро дар бар мегирад.

Ҳамзамон, масъалаҳои омода намудани кадрҳои баландихтисос дар ин соҳа низ пешбинӣ шудаанд, ки барои рушди минбаъдаи илм ва техника муҳим аст. Ҳамкорӣ дар ин соҳа на танҳо ба рушди энергетикаи миллӣ, балки ба бехатарии экологӣ ва беҳбудии саломатии аҳолӣ мусоидат хоҳад кард. Масъалаи солимгардонии партовгоҳҳои мероси уранӣ дар ҷумҳурӣ, ки аз замони Иттиҳоди Шуравӣ боқӣ мондааст, дар ин созишнома ба таври возеҳ дарҷ гардида, барои бехдошти муҳити зист аҳамияти калидӣ дорад.

Бояд қайд намуд, ки партовгоҳҳои мероси урание, ки дар даврони Иттиҳоди Шуравӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ ба вуҷуд омадаанд, як масъалаи ҷиддии экологӣ барои минтақа ба шумор мераванд.

Дар натиҷаи истихроҷ ва коркарди маъданҳои уранӣ дар замони шуравӣ партовгоҳҳои радиоактивӣ дар ин минтақа боқӣ мондаанд, ки ба муҳити зист ва саломатии аҳолӣ таъсири манфӣ мерасонанд. Партовгоҳҳои уранӣ метавонанд боиси ифлосшавии ҳаво, хок ва обҳои зеризаминӣ шаванд. Радиоактивият дар чунин партовгоҳҳо метавонад ҳазорсолаҳо боқӣ бимонад ва таъсири он ба муҳити атроф тадриҷан паҳн шавад, ки барои олами наботот, ҳайвонот ва одамон хатари ҷиддӣ дорад.

Ифлосшавии радиатсионӣ аз партовгоҳҳо метавонад боиси бемориҳои гуногуни онкологӣ (саратон) ва генетикӣ гардад. Аҳолие, ки дар наздикии чунин партовгоҳҳо зиндагӣ мекунанд, ба хавфи баланди бемориҳои марбут ба радиатсия дучор мешаванд. Ҳамчунин, ҳангоми тӯфони хок ё борон моддаҳои радиоактивӣ метавонанд ба минтақаҳои дурдаст интиқол ёбанд, ки хатари паҳншавии радиатсияро зиёд мекунад.

Созишномаи байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Россия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи истифодаи энергияи атомӣ бо мақсадҳои осоишта масъалаи солимгардонии партовгоҳҳои мероси уранро дар бар гирифта, бо амалисозии созишнома якчанд қадами муҳим барои ҳалли ин мушкилот пешбинй шудааст:

1. Дар доираи ҳамкориҳо байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия чораҳои солимгардонии партовгоҳҳои уранӣ андешида мешаванд. Ин ба нест кардан ё маҳдуд кардани радиатсия дар минтақаҳои осебдида мусоидат мекунад, ки барои беҳбудии муҳити зист ва саломатии аҳолӣ хеле муҳим аст.

2. Дар созишнома чораҳои махсус барои таъмини амнияти ядроӣ ва радиатсионӣ пешбинӣ шудааст, ки ин ба паст кардани хавфи ифлосшавии минбаъдаи муҳити зист мусоидат мекунад.

3. Як самти дигари муҳим дар созишнома, ки ба партовгоҳҳо алоқамандӣ дорад, коркарди дуюмбораи партовҳои радиоактивӣ мебошад. Ҳамкорӣ дар ин самт метавонад ба таҳкими меъёрҳо ва усулҳои ҳифзи муҳити зист мусоидат кунад.

4. Бо мақсади ҳалли мушкилоти марбут ба партовгоҳҳо ва масъалаҳои дигари радиатсионӣ ҳамкорӣ дар тайёр кардани кадрҳои баландихтисос пешбинӣ шудааст. Ин имкон медиҳад Ҷумҳурии Тоҷикистон мутахассисонеро омода кунад, ки қодир бошанд чунин партовгоҳҳоро идора ва назорат кунанд.

Созишнома, ҳамчунин, истифодаи радиоизотопҳоро дар соҳаҳои гуногуни иқтисодиёт, аз ҷумла саноат ва тиб пешбинӣ мекунад, ки истифодаи он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад ба беҳбудии соҳаҳои зикршуда мусоидат намояд. Созишнома ба моддаи 57 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаи 11 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон», дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ мутобиқ мебошад. Бо назардошти афзалиятҳои зикршуда ва мувофиқати ин созишнома ба қонунгузории Тоҷикистон ва меъёрҳои байналмилалӣ тасдиқи он муносибатҳоро миёни ду давлат таҳким мебахшад. Аз ин рӯ, ҷонибдорӣ намудан ва тасдиқ гардидани санади мазкур барои рушди ҳамкориҳо дар ин самт мусоидат хоҳад кард.

РАИС: - Сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия Музаффарҷон Маҳмудзода дода мешавад. Марҳамат.

Музаффарҷон МАҲМУДЗОДА:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Россия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи истифодаи энергияи атомӣ бо мақсадҳои осоишта 27 феврали соли 2017 дар шаҳри Душанбе ба имзо расида, аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.

Бо Қарори Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон созишномаи мазкур ба Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия барои баррасӣ, ба кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагон барои додани хулоса ва ба раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои пешниҳоди хулосаи ҳуқуқӣ супорида шуд.

Созишномаи мазкур муносибатҳои дӯстонаи миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россияро таҳкиму густариш бахшида, барои беҳбудии соҳаҳои муҳити зист, тиб, иқтисодиёти кишвар ва дигар самтҳо, ки ба соҳаи истифода бурдани неруи атом бо мақсадҳои осоишта алоқамандӣ дорад, мусоидат менамояд.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон дар хулосаҳояшон тасдиқ намудани созишномаро ҷонибдорӣ намуданд.

Созишнома ба моддаи 57 Конс­титутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаи 11 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон», дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ мутобиқ мебошад.

Аз ин лиҳоз, аз шумо — вакилони гиромӣ бо эҳтиром хоҳиш менамоям, ки тасдиқ намудани созишномаи мазкурро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: - Ба маърӯзачӣ савол ҳаст? Боз кӣ хоҳиши баромад кардан дорад? Нест.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар хусуси Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ва Ҳукумати Федератсияи Россия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи истифодаи энергияи атомӣ бо мақсадҳои осоишта» ба овоз монда шуда, қарор тасдиқ гардид.

РАИС: - Ба баррасии масъала «Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» шурӯъ мекунем. Аз рӯи масъалаи мазкур сухан ба раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Шерализода дода мешавад. Марҳамат.

Баҳодур ШЕРАЛИЗОДА:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо мақсади таъмини иҷрои супориши банди 100 протоколи маҷлиси Ҳукумати ҶумҳурииТоҷикистон аз 24-уми январи соли 2024 таҳти №1 таҳия гардидааст.

Лоиҳаи қонуни мазкур имкон медиҳад, ки меъёрҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми назорати давлатӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист вобаста ба баланд бардоштани андозаҳои ҷаримаҳо барои шахсони воқеӣ, мансабдор ва ҳуқуқӣ барои ифлос кардани муҳити зист бо партовҳо, ҳангоми буриши худсаронаи дарахту буттаҳо, истихроҷи ғайриқонунии канданиҳои фоиданоки маъмули умум, барои зиёда аз меъёр партофтани моддаҳои ифлоскунанда ба ҳавои атмосфера, объектҳои об, ифлос кардани замин ва нисбати ронандагону мусофироне, ки ба табиат, аз ҷумла шафати роҳҳо аз воситаҳои нақлиёти автомобилӣ партов мепартоянд, инчунин, нақлиёти боркаше, ки масолеҳи интиқолшавандаи онҳо бо чодари махсус пӯшонида нашудааст ва дигар ҳолатҳои ба ин монанд тақвият дода шаванд.

Бо назардошти ин, аз шумо — вакилони муҳтарам хоҳишмандам, ки лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: — Сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Мансур Усмонзода дода мешавад. Марҳамат.

Мансур УСМОНЗОДА:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст. Тибқи лоиҳа барои тоза нигоҳ доштани муҳити зист ва пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо дар ин соҳа, ҷазои ҷаримавии 23 моддаи Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёд карда шуда, тағйиротҳо дар қисмати санксияҳо пешбинӣ шудааст. Ҳамзамон, моддаи 231 «Риоя накардани талаботи ҳифзи ҳавои атмосфера ҳангоми ҷамъоварӣ ва сӯзонидани партовҳо» дар таҳрири нав ва моддаи 2491 «Поймол намудани тутзор, несту нобуд кардани баргҳои расида ё ҷамъоваришудаи дарахтони тут, осеб расонидан ба дарахти тут», ки аз чор қисм иборат аст, илова гардидааст.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо қарори Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24-уми июни соли 2024 таҳти №2315 барои баррасӣ ба Кумита оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндогон барои додани хулоса ва ба раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон барои додани хулосаи ҳуқуқӣ ирсол гардида буд. Кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон лоиҳаи қонуни зикргардидаро мавриди баррасӣ қарор дода, онро ҷонибдорӣ намуданд. Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба моддаҳои 13 ва 44 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва боби 5 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» мухолифат надорад. Аз ин лиҳоз, аз шумо — вакилони арҷманд бо эҳтиром хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи қонуни зикргардидаро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: — Ба маърӯзачӣ савол ҳаст? Боз кӣ хоҳиши баромад кардан дорад? Нест.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қонун қабул гардид.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон» ба овоз монда шуда, қарор тасдиқ гардид.

РАИС: — Ба баррасии масъала «Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» оғоз менамоем. Аз рӯи масъалаи мазкур сухан ба раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Шерализода дода мешавад. Марҳамат.

Баҳодур ШЕРАЛИЗОДА:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо мақсади таъмини иҷрои муқаррароти банди 5 Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1-уми июни соли 2023 таҳти №247 «Дар бораи андешидани тадбирҳо ҷиҳати рушди соҳаи пиллапарварӣ» таҳия ва барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон пешниҳод гардидааст.

Тибқи лоиҳаи қонуни мазкур мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи бехатарии озуқаворӣ дар қатори мақоми ваколатдори Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳифзи муҳити зист барои баррасии парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оид ба поймол шудани тутзор, несту нобуд кардани баргҳои расида ё ҷамъоваришудаи дарахтони тут ва ҳангоми расонидани осеб ба дарахти тут ваколат пайдо менамояд.

Иловаи мазкур, аз як тараф, ба тақвияти ҳифзи муҳити зист ва аз тарафи дигар, ба ҳифзи хӯроки кирмаки пилла, барги дарахтони тут равона карда шудааст. Бо назардошти ин, аз шумо — вакилони гиромӣ хоҳишмандам, ки лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: — Сухани навбатӣ ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Баҳриддин Зиёӣ дода мешавад. Марҳамат

Баҳриддин ЗИЁӢ:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.

Мутобиқи лоиҳа ба қисми 1 моддаи 106 Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон илова пешниҳод мешавад, ки баррасии парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурии дар моддаи 2491 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинигардида ба зиммаи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи бехатарии озуқаворӣ вогузор карда мешавад.

Бо Қарори Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24-уми июни соли 2024 таҳти №2316, лоиҳаи қонуни мазкур ба Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон барои баррасӣ, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагон барои додани хулоса ва ба раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон барои пешниҳоди хулосаи ҳуқуқӣ супорида шуда буд.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон»-ро дар ҷаласаи васеи Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон 5-уми сентябри соли 2024 бо иштироки намояндагони кумитаҳои Маҷлиси намояндагон, бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ ва раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ ва ҷонибдорӣ намуданд.

Лоиҳаи қонуни мазкур ба моддаҳои 13 ва 44 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва боби 5 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» мухолифат надорад. Аз ин лиҳоз, Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон аз шумо — вакилони муҳтарам бо эҳтиром хоҳиш менамояд, ки лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро ҷонибдорӣ намуда, ба тарафдории қабули он овоз диҳед.

РАИС: — Ба маърӯзачӣ савол ҳаст? Боз кӣ хоҳиши баромад кардан дорад? Нест.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қонун қабул гардид.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қарор тасдиқ гардид.

РАИС: — Ба баррасии масъала «Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйир ба Кодекси мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон» оғоз менамоем. Аз рӯи масъалаи мазкур сухан ба мувини якуми вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Юсуф Маҷидӣ дода мешавад. Марҳамат.

Юсуф МАҶИДӢ:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Ба баррасии шумо лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйир ба Кодекси мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон» пешниҳод гардидааст. Мақсад аз таҳияи лоиҳаи қонуни мазкур иҷрои банди 6 Нақшаи чорабиниҳо оид ба амалӣ намудани дастуру супоришҳое, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2023 ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» зикр гардидаанд ва иҷрои талаботи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22-юми июни соли 2023 таҳти №586 «Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ» мебошад.

Тадбирҳо оид ба вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ дар суръатбахшии ҷараёни гардиши воситаҳои пулӣ, шаффофияти амалиётҳои молиявӣ, кам намудани ҳаҷми пули нақд дар муомилот ва хароҷот вобаста ба эмиссияи он, инчунин, содагардонии раванди пардохтҳо аҳамияти муҳими молиявӣ-иқтисодӣ дорад. Дар ин замина, дар лоиҳаи пешниҳодшуда механизми ҳисоббаробаркуниҳои байни шахсони воқеӣ ва ҳисоббаробаркуниҳо бо иштироки шахсони воқеӣ, ки ба фаъолияти соҳибкорӣ алоқаманд намебошанд, мукаммал карда шуда, ҷиҳати тариқи ғайринақдӣ анҷом додани амалиётҳо муқаррарот пешбинӣ карда шуд. Аз ин лиҳоз, аз шумо, вакилони арҷманд, бо эҳтиром хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи пешниҳодшударо ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: — Сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Баҳриддин Зиёӣ дода мешавад. Марҳамат.

Баҳриддин ЗИЁӢ:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйир ба Кодекси мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.

Тибқи тағйири пешниҳодшаванда ба қисми 1 моддаи 961 Кодекси мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон минбаъд дар ҳисоббаробаркуниҳо байни шахсони воқеӣ, ки ба фаъолияти соҳибкорӣ алоқаманд нестанд, тариқи ғайринақдӣ иҷозат дода мешавад.

Инчунин, матни русии қисми 2 моддаи зикршуда ба матни тоҷикии он мутобиқ карда шудааст.

Лоиҳаи қонуни мазкур мувофиқ ба талаботи Дастури Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ гардида, кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон онро бо пешниҳоди хулосаҳо ҷонибдорӣ намуданд. Кумитаи масъул 28-уми августи соли 2024 дар ҷаласаи васеъ бо иштироки намояндагони кумитаҳои Маҷлиси намояндагон, раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ лоиҳаи қонуни пешниҳодгардидаро баррасӣ намуд.

Лоиҳаи мазкур ба талаботи бобҳои 1 ва 2 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва боби 5 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» мухолифат надорад. Аз ин лиҳоз, аз шумо — вакилони муҳтарам хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйир ба Кодекси мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: — Ба маърӯзачӣ савол ҳаст? Боз кӣ хоҳиши баромад кардан дорад? Нест.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйир ба Кодекси мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қонун қабул гардид.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйир ба Кодекси мадании Ҷумҳурии Тоҷикис­тон» ба овоз монда шуда, қарор тасдиқ гардид.

РАИС: — Ба баррасии масъала «Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон» шурӯъ мекунем. Аз рӯи масъалаи мазкур сухан ба раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Равшан Раҷабзода дода мешавад. Марҳамат.

Равшан РАҶАБЗОДА:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии мадании Ҷумҳурии Тоҷикис­тон» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон М. Ватанзода, Р. Шоҳмурод, Р. Раҷабзода, М. Мирзозода, Т. Азимзода ва Р. Бобоҷониён  таҳия ва пешниҳод гардидааст.

Мақсади асосии лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон» мутобиқгардонии он ба талаботи Кодекси мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ», «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва дар амал татбиқ намудани меъёрҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масунияти юрисдиксионии давлати хориҷӣ ва моликияти он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», ҳамчунин, амалисозии «Барномаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар самти мукаммалсозии қонунгузории мурофиавии мадании Тоҷикистон мебошад.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масунияти юрисдиксионии давлати хориҷӣ ва моликияти он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 15 марти соли 2023 таҳти №1949 қабул гардида, меъёрҳои он мавриди амал қарор дорад. Меъёрҳои қонуни мазкур асосҳои ташкилӣ, ҳуқуқӣ, тартиб ва ҳолатҳои татбиқи масунияти юрисдиксионии давлати хориҷӣ ва моликияти онро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар ва ба танзим медарорад. Аз ин лиҳоз, бо лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон» меъёрҳои Кодекси мурофиавии мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон такмил дода шуда, ба татбиқ намудани меъёрҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масунияти юрисдиксионии давлати хориҷӣ ва моликияти он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» мусоидат менамояд.

Тибқи лоиҳа ба моддаи 225 сархати ҳафтум доир ба масунияти судӣ доштани давлати хориҷӣ меъёр илова карда мешавад. Ҳамчунин, моддаи 390 Кодекси мурофиавии мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав пешниҳод гардида, масунияти судии ташкилотҳои байналмилалӣ ва масунияти дипломатӣ муайян карда мешаванд.

Ба Кодекси мурофиавии мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон боби 431 бо номи «Истеҳсолоти парвандаҳо бо иштироки давлати хориҷӣ» илова мегардад, ки фарогири 12 моддаи алоҳида мебошад.

Қайд кардан бамаврид аст, ки боби нави иловашаванда масъа­лаҳои зерин, аз ҷумла истеҳсолоти парвандаҳо бо иштироки давлати хориҷӣ, тобеияти судии парвандаҳои маданӣ бо иштироки давлати хориҷ, ҳуқуқ ва уҳдадориҳои мурофиавии давлати хориҷӣ, намояндагӣ, пешниҳод намудани аризаи даъвоӣ, хусусиятҳои андешидани тадбирҳо оид ба таъмини даъво, фиристодан ва супоридани хабарномаҳои судӣ ва дигар ҳуҷҷатҳои судӣ ба давлати хориҷӣ, хусусиятҳои маҷлиси пешакии судӣ ва қатъ кардани истеҳсолоти парванда, хулосаи мақомоти давлатӣ, ташкилотҳои дигар ва коршиносон оид ба масъалаҳои татбиқи масунияти юрисдиксионӣ, татбиқи принсипи мутақобила, ҳалномаи ғоибона, имтиёз ва масуниятҳои давлати хориҷӣ дар ҷараёни муҳокимаи судӣ, тартиби иҷро намудани санадҳои судӣ нисбат ба давлати хориҷиро дар бар мегиранд.

Хулоса, боби нави иловашаванда ба масъалаҳои аз оғози истеҳсолоти парвандаҳо бо иштироки давлати хориҷӣ то тартиби иҷро намудани санадҳои судӣ нисбат ба давлати хориҷӣ, яъне пурра ба протсесси мурофиаи маданӣ бо иштироки давлати хориҷӣ бахшида шудааст.

Аз ин лиҳоз, бо назардошти инкишофи муносибатҳои нави ҷамъиятӣ дар самти масунияти юрисдиксионии давлати хориҷӣ ва моликияти он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, такмили қонунгузорӣ ва фаъолияти бомароми судҳо лоиҳаи қонуни мазкур таҳия ва пешниҳод гардидааст. Инчунин, бо ворид намудани тағйиру иловаҳои пешниҳодшаванда  носаҳеҳӣ, норасоӣ ва гуногунфаҳмии меъёрҳои Кодекси мурофиавии мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон бартараф мегарданд.

Лоиҳаи қонуни мазкур бо Қарори Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон аз 22 апрели соли 2024 таҳти №2153 барои баррасӣ ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон, ба кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои додани хулоса ва ба раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон барои пешниҳоди хулосаи ҳуқуқӣ ирсол гардида буд.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи қонунро мавриди баррасӣ қарор дода, онро ҷонибдорӣ намуданд. Ҳамзамон, барои такмили лоиҳа, дар маҷмӯъ, 23 таклиф манзур намуданд, ки аз онҳо 19 таклиф қабул ва қисман қабул гардида, 4 таклиф қабул нашуд.

Лоиҳаи қонуни мазкур ба боби 8 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва боби 5 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» мухолифат надорад.

Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон аз шумо — вакилони арҷманд бо эҳтиром хоҳиш менамояд, ки ба тарафдории қабули лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон» овоз диҳед.

РАИС: — Ба маърӯзачӣ савол ҳаст? Боз кӣ хоҳиши баромад кардан дорад? Нест.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қонун қабул гардид.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қарор тасдиқ гардид.

РАИС: — Ба баррасии масъала «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» оғоз менамоем. Аз рӯи масъалаи мазкур сухан ба муовини якуми директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Барот Расулӣ дода мешавад. Марҳамат.

Барот РАСУЛӢ:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар асоси моддаи 9 қонуни мазкур ҷиҳати иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз  14 феврали соли 2024 таҳти №АП-518 таҳия гардидааст.

Мавриди зикр аст, ки талаботи муҳтавои амри мазкур ворид намудани тағйиру иловаҳоро бештар ба фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мувофиқан аз 10 январи соли 2007 таҳти №143 ва аз 13 майи соли 2008 таҳти №457 тақозо мекунад, вале тибқи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» тағйироту иловаи меъёрҳо дар санадҳои меъёрии ҳуқуқии зерқонунӣ барои асоснокӣ қаблан бояд дар санади қонунгузории соҳавӣ заминаи ҳуқуқӣ дошта бошанд. Аз ин рӯ, зарурати ворид намудани тағйироту илова ба қонуни соҳавии мақомот бо такя ба ҳамин талаботи қонунгузорӣ ба миён омада, бидуни он таъмини иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 феврали соли 2024 ғайриимкон мегардад. Дар ин раванд, мувофиқи лоиҳа, пеш аз ҳама, матни дар қонун пешбинигардида бо Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ мутобиқ гардонида шуда, ҷиҳати баланд бардоштани масъулияти роҳбарони воҳидҳои сохтории мақомот пешниҳод карда шудааст, ки минбаъд сардорони раёсат ва шуъбаҳои мустақили дастгоҳи марказӣ, сардорони мақомоти маҳаллии агентӣ дар мувофиқа бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби директори агентӣ ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешаванд.

Ҳамзамон, тибқи лоиҳа ваколати директори агентӣ дар хусуси додани рутбаҳои махсус, аз ҷумла то рутбаи полковник ва унвонҳои махсус мушаххас гардонида шуда, сохтори дастгоҳи марказӣ ва нақшаи идоракунии агентӣ дар шакли умумӣ муқаррар карда шудааст ва дар ин замина, яке аз мансаби навбатдори калони оперативии шуъбаҳои навбатдории агентӣ ба мансаби навбатдори калони оперативӣ оид ба супоришҳои махсус пешбинӣ гардидааст.

Лоиҳаи пешниҳодшуда ба Конс­титутсияи Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ва дигар қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надошта, тибқи тартиби муқарраргардида аз арзёбии дохилиидоравии зиддикоррупсионӣ ва экспертизаи давлатии зиддикоррупсионӣ гузаронида шуда, хулоса пешниҳод карда шудааст, ки дар он омилҳои бавуҷудоварандаи коррупсионӣ, ки дар моддаи 5 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи экспертизаи зиддикоррупсионии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» пешбинӣ шудааст, дида намешаванд.

Қабул гардидани лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон», дар маҷмӯъ, барои беҳтар гардонидани фаъо­лияти мақомот заминаи мусоид фароҳам меоварад. Бинобар ин,  бо эҳтиром хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи қонуни мазкур дастгирӣ карда шавад.

РАИС: — Сухан ба муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният Толибхон Азимзода дода мешавад. Марҳамат.

Толибхон АЗИМЗОДА:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни  Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Агентии назорати давлатии  молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  таҳия гардида, барои баррасӣ  ба  Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда  шудааст.

Аз рӯи ахбороти манзургашта мақсади пешниҳоди лоиҳаи қонуни баррасишаванда ба мо маълум  гашта бошад ҳам, вале  мехостам барои мукаммал гардонидани он якчанд нуктаҳоро баён созам.

Чунончӣ, омӯзишу   баррасии маводҳои он тибқи   Дастури Маҷлиси намояндагон ва бо қиёси санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунанда  собит  намуд,   агар  аз як тараф,  мақсади  таҳия ва пешниҳоди  лоиҳаи қонун     танзими фаъолияти  ҳамин мақомот ба шароити  имрӯза бошад, аз тарафи дигар, баланд бардош­тани масъулияти роҳбарони дар сохтори агентӣ ба вазифаҳо таъиншаванда ва мушаххас гардонидани ваколати мақоми роҳбарикунандаи ҳамин мақомот  мебошад.

Мақсади дигари пешниҳод мазмуни ворид намудани баъзе иловаҳо ба сохторҳои поёнии мақомот мебошад, ки дар оянда тарзу усули воситаҳои роҳбарикунандаи тобеия­тии фавриро пурзӯр  менамояд.

Ҳамзамон, мақсади дигари пешниҳоди лоиҳа мутобиқ намудани меъёрҳо ба қонунҳои амалкунандаи дигар, аз байн бурдани ихтилофҳои  имлоӣ ва забонӣ ва таҳрири нави санадҳои  меъёрии ҳуқуқии алоҳида ва қонунҳои амалкунандаи  самтро  дар бар мегирад, ки  он  аз 4  қисм иборат буда, тааллуқдори 15 моддаи қонуни амалкунанда мебошад.

Ҳамчунин, вазифаҳои назоратии худи мақомот, роҳбарияти аввали он, ҳам дар дастгоҳи марказӣ ва ҳам маҳалҳо, тартиби пешниҳоди кормандони агентӣ ба рутбаҳо ва унвонҳои махсус ва дараҷаи  ­ниҳоии ваколати роҳбарияти агентӣ дар ин самтҳо боз ҳам мушаххас мегарданд.

Лоиҳаи қонуни зикргардидаро кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон бо хулосаҳо ҷонибдорӣ карда, ҳамзамон,  барои такмили он  6 таклиф  пешниҳод намуданд, ки  дар маҷмӯъ, ба инобат гирифта,  баъзе  меъёрҳо такмил дода, бо субъекти ҳуқуқи ташаббуси   қонунгузорӣ мувофиқа карда   шуданд.

Лоиҳаи қонуни мазкур ба моддаҳои 28, 29 ва 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, боби 5 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёроии ҳуқуқӣ» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ мебошад. Бо назардошти ин, аз шумо – вакилони арҷманд бо эҳтиром хоҳиш менамоям, ки қабули лоиҳаи қонуни   мазкурро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: — Ба маърӯзачӣ савол ҳаст? Боз кӣ хоҳиши баромад кардан дорад? Нест.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қонун қабул гардид.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қарор тасдиқ гардид.

РАИС: — Ба баррасии масъала «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии    Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила» оғоз менамоем. Аз рӯи масъалаи мазкур сухан ба муовини прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сарвар Азимзода дода мешавад. Марҳамат.

Сарвар АЗИМЗОДА:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Дар асоси дастури Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила» бо мақсади  мутобиқ намудани меъёрҳои қонуни амалкунанда ба Конс­титутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» ва «Дар бораи забони давлатӣ» таҳия гардида, дар асоси таклифу пешниҳодҳои вазорату идораҳои ҷумҳурӣ такмил дода шуд.

Ҳифзи ҳуқуқҳои оилавӣ дар ҷомеа зери ғамхории давлат қарор дошта, баҳри баланд бардоштани маърифати оиладорӣ ва пешгирии зӯроварӣ дар оила чораҳои доимӣ андешида мешавад. Вобаста ба ин, санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунанда дар ин самт таҳия ва қабул мегарданд. Яке аз сарчашмаҳои нофаҳмӣ дар муносибатҳои оиладорӣ ин зӯроварӣ ба дигар аъзои оила мебошад.

Зарурати ворид намудани тағйи­роту илова дар он аст, ки баъзе калимаҳои дар қонуни амалкунанда мавҷудбуда ба талаботи Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №268 аз 30 июни соли 2021 тасдиқ гардидааст, мутобиқат намекунад.

Аз ҷумла, дар қисми 1 моддаи 1 лоиҳаи қонуни мазкур бо назардошти талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатӣ» ва Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ва аломатҳои китобатии забони тоҷикӣ, калимаҳои «сӯҳбати», «Сӯҳбати», «рӯҳӣ», «ӯҳдадор», «мӯҳлати», «мӯҳлате», «офиятбахшии» мувофиқан ба калимаҳои «суҳбати», «Суҳбати», «руҳӣ», «уҳдадор», «муҳлати», «муҳлате» ва «тавонбахшии» иваз карда шудаанд.

Дар қисми 2 моддаи 1 лоиҳа бо назардошти талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатӣ» пешниҳод карда шудааст, ки дар сархати ёздаҳуми моддаи 11 калимаи «курсҳои» ба калимаи «машғулиятҳои» иваз карда шавад. Инчунин, бо мақсади ба танзим даровардани робитаи кории мақомоти корҳои дохилӣ ва комиссия оид ба ҳуқуқи кӯдак ба моддаи 11 сархати дувоздаҳум матни зерин илова карда шудааст:

«- огоҳсозии комиссияи дахлдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар бораи ҳар як ҳолати зӯроварӣ дар оила, ки кӯдак дар он зарар дидааст».

Дар сурати қабул шудани ин лоиҳа комиссияи дахлдор оид ба ҳуқуқи кӯдак имкон ба даст меорад, ки оид ба ҳар як ҳолати зарар дидани кӯдак дар натиҷаи зӯроварӣ дар оила воқиф гардад ва дар доираи ваколати худ тадбирҳои судманд андешад.

Лоиҳаи қонуни мазкур ба Конс­титутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надошта, аз буҷети давлатӣ маблағгузории иловагиро талаб намекунад.

Омӯзиш ва арзёбии дохилиидоравии зиддикоррупсионӣ нишон дод, ки дар лоиҳаи мазкур омилҳои бавуҷудоварандаи коррупсия, ки дар моддаи 5 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи экспертизаи зиддикоррупсионии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» пешбинӣ шудааст, дида намешавад.

Аз шумо — вакилони муҳтарам бо эҳтиром хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи қонуни мазкурро дастгирӣ намоед.

РАИС: — Сухан ба муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ Гулбаҳор Ашурзода дода мешавад. Марҳамат.

Гулбаҳор АШУРЗОДА:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила» бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ бо мақсади аз байн бурдани хатоҳои имлоӣ ва ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии ҷабрдидагони зӯроварӣ дар оила аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва пешниҳод шудааст.

Мақсади ворид намудани тағйироту илова ба қонуни амалкунанда мутобиқ намудани он ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, дар рафти таҳияи он таҷрибаи қонунгузорӣ ва қонунҳои вобаста ба ҷабрдидагони зӯровари дар оилаи давлатҳои дигар низ мавриди омӯзиш қарор дода шудаанд.

Лоиҳа бо Қарори Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 19 августи соли 2024 таҳти №2323 барои баррасӣ ба Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ, барои додани хулоса ба кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ва ба раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои пешниҳоди хулосаи ҳуқуқӣ  супорида шуда буд.

Кумитаи масъул масъалаи зикргардидаро 28 августи соли 2024 дар ҷаласаи васеи худ бо иштироки муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Мавсума Муинӣ, намояндагони кумитаҳои Маҷлиси намояндагон, мушовири калони бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ ва намояндаи раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ ва муҳокима қарор дод.

Лоиҳа тамоми расмиёти дохилиро мутобиқ ба талаботи Дастури Маҷлиси намояндагон гузаштааст.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила» ба Конс­титутсияи Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ мухолифат надошта, амалӣ намудани он аз буҷети давлатӣ маблағгузории иловагиро талаб наменамояд.  Аз ин рӯ, аз шумо — вакилони муҳтарам хоҳиш менамоям, ки ба тарафдории қабули лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила» овоз диҳед.

РАИС: — Ба маърӯзачӣ савол ҳаст? Боз кӣ хоҳиши баромад кардан дорад? Нест.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила» ба овоз монда, қонун қабул гардид.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила» ба овоз монда шуда, қарор тасдиқ гардид.

РАИС: — Ба баррасии масъала «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муҳоҷират» шурӯъ мекунем. Аз рӯи масъалаи мазкур сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ Парвиз Шодизода дода мешавад. Марҳамат.

Парвиз ШОДИЗОДА:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муҳоҷират» бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Д. Раҳмон, Ф. Мӯъминзода, М. Мирзозода ва Р. Муқимӣ таҳия ва пешниҳод гардидааст.

Мақсад аз ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муҳоҷират» мутобиқ намудани он ба талаботи дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, аз ҷумла ба Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сайёҳӣ» мебошад. Тибқи лоиҳаи пешниҳодгардида дар 9 моддаи қонуни амалкунада тағйирот ва ба қисми 2 моддаи 4 илова пешбинӣ шудааст.

Лоиҳаи қонун бо Қарори Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 апрели соли 2024 таҳти  №2166 барои баррасӣ ба Кумита оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ, барои додани хулоса ба кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои пешниҳоди хулосаи ҳуқуқӣ ба раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон супорида шуда буд.

Лоиҳаи қонун ҳама расмиёти дохилиро тибқи талаботи Дастури Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаштааст ва мувофиқ ба раванди рушди низоми қонунгузории кишвар, мутобиқ ба талаботи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикис­тон буда, ба санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунанда мухолифат надорад ва аз буҷети давлатӣ маблағгузории иловагиро талаб намекунад. Аз ин рӯ, аз шумо – вакилон бо эҳтиром хоҳиш менамоям, ки барои қабули он овоз диҳед.

РАИС: — Ба маърӯзачӣ савол ё пешниҳод ҳаст? Боз кӣ хоҳиши баромад кардан дорад? Нест.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муҳоҷират» ба овоз монда шуда, қонун қабул гардид.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муҳоҷират» ба овоз монда шуда, қарор тасдиқ гардид.

РАИС: — Ба баррасии масъала «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи суғуртаи давлатии иҷтимоӣ» оғоз менамоем. Аз рӯи масъалаи мазкур сухан ба директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Дилмурод Давлатзода дода мешавад. Марҳамат.

Дилмурод ДАВЛАТЗОДА:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирӣ ва таваҷҷуҳи бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои таҳким бахшидани заминаҳои ҳуқуқию моддии низоми суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа, беҳтар намудани сатҳи хизматрасонии иҷтимоӣ ба аҳолӣ ва баланд бардош­тани андозаи нафақа ва кумакпулиҳо пайваста тадбирҳои заруриро роҳандозӣ менамояд.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи суғуртаи давлатии иҷтимоӣ» бо мақсади иҷрои банди 19 супориши протоколи маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 январи соли 2024 таҳти №1 таҳия шуда, ба таъмини тавозуни буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа ва истифодаи мақсадноки маблағҳои суғуртаи иҷтимоӣ аз тарафи суғуртакунандагон ва шахсони суғурташуда, бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва пешниҳод карда шудааст.

Хароҷоти умумии суғуртаи иҷтимоӣ дар соли 2023-юм 305,0 миллион сомонӣ ё 7,4 фоизи ҳаҷми умумии буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаро ташкил додааст. Дар сохтори хароҷоти суғуртаи иҷтимоӣ вазни қиёсии хароҷот барои пардохти кумакпулии корношоямии муваққатӣ 17,9 фоизро ташкил медиҳад. Сабабҳои дар боло зикр­шуда барои таҳияи қонунгузории пешниҳодшуда асос гардидаанд.

Тибқи банди 15 «Тартиби гузаронидани экспертизаи зиддикоррупсионии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, санадҳои меъёрии ҳуқуқии хусусияти умумиҳатмидоштаи вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ, дигар мақомоти давлатӣ, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ва лоиҳаҳои онҳо, арзёбии дохилиидоравии зиддикоррупсионии лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» арзёбии дохили­идоравии зиддикоррупсионии лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи суғуртаи давлатии иҷтимоӣ» гузаронида шуда, омилҳои бавуҷудоварандаи коррупсия дар он ошкор карда нашудааст.  Дар сурати дастгирӣ ёфтани лоиҳаи қонуни мазкур раванди танзими ин масъала бо роҳи ворид намудани тағйир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи суғуртаи давлатии иҷтимоӣ» ба эътидол оварда мешавад.

Аз шумо — вакилони муҳтарам бо эҳтиром хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи қонуни мазкурро дастгирӣ намоед.

РАИС: — Сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ Солеҳа Холмаҳмадзода дода мешавад. Марҳамат.

Солеҳа ХОЛМАҲМАДЗОДА:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!                                                             

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи суғуртаи давлатии иҷтимоӣ» бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади таъмини тавозуни буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа, истифодаи мақсадноки маблағҳои суғуртаи иҷтимоӣ аз ҷониби суғуртакунандагон ва шахсони суғурташуда таҳия ва пешниҳод шудааст.

Лоиҳа бо Қарори Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 19 августи соли 2024 таҳти №2322 барои баррасӣ ба Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ, барои додани хулоса ба кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ва ба раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои пешниҳоди хулосаи ҳуқуқӣ  супорида шуда буд.

Кумитаи масъул масъалаи зикргардидаро 28 августи соли 2024 дар ҷаласаи васеъ бо иштироки муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Мавсума Муинӣ, намояндагони кумитаҳои Маҷлиси намояндагон, мушовири калони бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ ва раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ ва муҳокима қарор дод.

Лоиҳа тамоми расмиёти дохилиро мутобиқ ба талаботи Дастури Маҷлиси намояндагон гузашта, ба Конс­титутсияи Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ мухолифат надошта, амалӣ намудани он аз буҷети давлатӣ маб­лағгузории иловагиро талаб наменамояд. Аз ин рӯ, Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ аз шумо — вакилони муҳтарам хоҳиш менамояд, ки ба тарафдории қабули лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи суғуртаи давлатии иҷтимоӣ» овоз диҳед.

РАИС: — Ба маърӯзачӣ савол ҳаст? Боз кӣ хоҳиши баромад кардан дорад? Нест.

 Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи суғуртаи давлатии иҷтимоӣ» ба овоз монда шуда, қонун қабул гардид.                                                                                            

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи суғуртаи давлатии иҷтимоӣ» ба овоз монда шуда, қарор тасдиқ гардид.

РАИС: - Ба баррасии масъала «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мониторинги экологӣ» шурӯъ мекунем. Аз рӯи масъалаи мазкур сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин Мирзоанвар Ахмедов дода мешавад. Марҳамат.

Мирзоанвар АХМЕДОВ:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Ба баррасии шумо лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мониторинги экологӣ», ки бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Р. Латифзода, М. Ахмедов ва Ф. Икромӣ таҳия гардидааст, пешниҳод карда мешавад.

Мақсад аз пешниҳоди лоиҳаи қонуни мазкур мутобиқгардонии меъёрҳои қонуни амалкунанда ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи муҳити зист», «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» ва «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мебошад. Дар ин асос мафҳуми «системаи мониторинги экологӣ» сархати ҳафтуми моддаи 1 ва қисми 1 моддаи 10 дар таҳрири нав ифода гардида, қисми 2 ба моддаи 6 — зерсистемаҳои системаи ягонаи давлатии мониторинги экологии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сархати сенздаҳум ба қисми 2 моддаи 10 илова карда шудаанд.

Тибқи талаботи умумии техникаи ҳуқуқэҷодкунӣ, бо назардошти такроран баён гардидани қисмҳои 1, 3 ва 5 моддаи 19 дар лоиҳаи қонун хориҷ намудани онҳо пешбинӣ гардидаанд.

Барои риояи услуби расмии забони адабии давлатӣ ҷиҳати бартараф намудани мухолифатҳо дар истифодаи калимаҳои норавшан дар лоиҳаи қонун таҳрирҳои дахлдор ворид карда шудаанд.

Лоиҳаи қонун тамоми расмиёти дохилиро тибқи Дастури Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузашта, ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надошта, амалӣ намудани он аз буҷети давлатӣ маблағгузории иловагиро талаб наменамояд. Бинобар ин, аз шумо — вакилони гиромӣ бо эҳтиром хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намуда, барои қабули он овоз диҳед.

РАИС: - Сухан ба раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Шерализода дода мешавад. Марҳамат.

Баҳодур ШЕРАЛИЗОДА:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мониторинги экологӣ» мутобиқ ба талаботи моддаи 58 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 12 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва пешниҳод гардидааст.

Тағйиру иловаҳои пешниҳодгардида ба таҳкими заминаи ҳуқуқии пешбурди мониторинги экологӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, баланд бардоштани масъулияти субъектҳои мониторинги экологӣ ва баланд бардоштани сатҳи эътимоднокии маълумотҳо оид ба муҳити зист мусоидат хоҳанд кард. Бо назардошти ин, аз шумо, вакилони муҳтарам, хоҳишмандам, ки лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мониторинги экологӣ»-ро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: — Ба маърӯзачӣ савол ҳаст? Боз кӣ хоҳиши баромад кардан дорад? Нест.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мониторинги экологӣ» ба овоз монда шуда, қонун қабул гардид.  

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мониторинги экологӣ» ба овоз монда шуда, қарор тасдиқ гардид.

РАИС: — Ба баррасии масъала «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» оғоз менамоем. Аз рӯи масъалаи мазкур сухан ба раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Шерализода дода мешавад. Марҳамат.

Баҳодур ШЕРАЛИЗОДА:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи рӯзҳои ид» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.

Лоиҳаи қонуни мазкур бо мақсади ҷонибдорӣ аз қатъномаи Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар бораи эълон гаштани соли 2025 «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо», ки бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 14 декабри соли 2022 дар Иҷлосияи 77 СММ бо пуштибонии 153 кишвари аъзо қабул гаштааст, омода гардида, тибқи он санаи 21 март дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба мисли тамоми давлатҳои дунё Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо расман рӯзи ид қабул ва ҷашн гирифта мешавад.

Мақсади асосии пешниҳоди лоиҳаи қонуни мазкур таҷлил намудани рӯзҳои байналмилалӣ ва тарғиби ин ҳуҷҷатҳои соҳавӣ мебошад. Бо назардошти ин, аз шумо, вакилони муҳтарам, хоҳишмандам, ки лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: — Сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Сарвиноз Маҷидзода дода мешавад. Марҳамат.

Сарвиноз МАҶИДЗОДА:

- Муҳтарам Раис,  Раёсат вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Насиба Содиқӣ, Парвина Маликзод, Гавҳар Шарофзода, Даринг Раҳмон Ҷаҳон  Афрӯз Қурбонзода, Файзулло Наҷмиддиниён ва Ғиёсиддин  Шарифзода таҳия ва пешниҳод гардидааст.

Ҳадафи асосии пешниҳоди лоиҳаи қонуни мазкур, бо назардошти таҷрибаи давлатҳои хориҷӣ, таҷлил намудани рӯзҳои байналмилалӣ мебошад.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид»-ро мавриди омӯзиш қарор дода, онро ҷонибдорӣ намудаанд.

Лоиҳаи қонуни мазкур дар асоси Дастури Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон расмиёти дахлдорро гузаштааст.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи рӯзҳои ид» ба боби 2 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ва боби 5 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» мухолифат надорад. Аз ин лиҳоз, аз шумо, вакилони муҳтарам, бо эҳтиром хоҳиш менамоям, ки ба ҷонибдории лоиҳаи қонуни мазкур овоз диҳед.

РАИС: — Ба маърӯзачӣ савол ҳаст? Боз кӣ хоҳиши баромад кардан дорад? Нест.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» ба овоз монда шуда, қонун қабул гардид.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» ба овоз монда шуда, қарор тасдиқ гардид.

РАИС: — Ба баррасии масъала «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти обуҳавошиносӣ» шурӯъ мекунем. Аз рӯи масъалаи мазкур сухан ба муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин Мавзуна Шамсиддинзода дода мешавад. Марҳамат.

Мавзуна ШАМСИДДИНЗОДА:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти обуҳавошиносӣ» бо истифода аз ҳуқуқи  ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон М. Шукурзода ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон П. Шодизода, М. Ҷавҳарӣ, М. Маҳмудзода ва С. Холмаҳмадзода таҳия ва пешниҳод гардидааст.

 Бо мақсади мушаххас намудани мушоҳида ва назорати сатҳи ифлосшавии пиряхҳо аз ҷониби мақомоти обуҳавошиносӣ ба моддаҳои 12 ва 15-и қонуни амалкунанда илова намудани калимаи «пиряхҳо» пешниҳод шудааст. Моддаҳои 2, 25 ва 26 тибқи лоиҳа дар таҳрири нав баён гардидаанд.

Дар дигар ҳолатҳо низ тағийроту иловаҳои пешбинишуда хусусияти муайянкунанда, мутобиқкунанда ва таҳрирӣ дошта, барои бартараф намудани мухолифату норасоиҳои ҷойдошта, риояи имло, истифодаи истилоҳу ибораҳо бо назардошти услуби ягона, техникаи ҳуқуқэҷодкунӣ ва мутобиқгардонии меъёрҳои моддаҳои зикргардида ба талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ равона карда шудаанд.

Лоиҳаи қонуни мазкур тибқи Дас­тури Маҷлиси намояндагон тамоми расмиёти дохилиро гузашта, ба Конс­титутсияи Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надошта, амалӣ намудани он аз буҷети давлатӣ маблағгузории иловагиро талаб наменамояд. Бинобар ин, аз шумо — вакилони гиромӣ бо эҳтиром хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағийроту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти обуҳавошиносӣ»-ро ҷонибдорӣ намуда, барои қабули он овоз диҳед.

РАИС: — Сухан ба раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Шерализода дода мешавад. Марҳамат.

Баҳодур ШЕРАЛИЗОДА:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ­фаъолияти обуҳавошиносӣ» мутобиқи талаботи моддаи 58 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 12 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби узви Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва пешниҳод гардидааст.

Мақсад аз пешниҳоди лоиҳаи қонун мутобиқ гардондани меъёрҳои қонуни амалкунанда ба талаботи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ», «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва бартараф намудани мухолифатҳои ҷойдошта ва мутобиқ намудани меъёрҳои он ба дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ иборат мебошад. Бо назардошти ин, аз шумо — вакилони муҳтарам хоҳишмандам, ки лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: — Ба маърӯзачӣ савол ҳаст? Боз кӣ хоҳиши баромад кардан дорад? Нест.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти обуҳавошиносӣ» ба овоз монда шуда, қонун қабул гардид.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти обуҳавошиносӣ» ба овоз монда шуда, қарор тасдиқ гардид.

РАИС: — Ба баррасии масъала «Оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Дастури Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» оғоз менамоем. Аз рӯи масъалаи мазкур сухан ба раиси Комиссияи Маҷлиси намояндагон оид ба назорати Дас­тур ва ташкили кор Ҷамшед Муртазозода дода мешавад. Марҳамат.

Ҷамшед МУРТАЗОЗОДА:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи «Дастури Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» тибқи Қарори Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 апрели соли 2024 таҳти №2112 ба Комиссияи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба назорати Дастур ва ташкили кор барои баррасӣ пешниҳод шуд. Инчунин, тибқи он ба кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон барои додани хулоса пешниҳод гардид ва ба раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои пешниҳоди хулосаи ҳуқуқӣ супорида шуда буд.

Лоиҳаи «Дастури Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» (минбаъд — лоиҳаи Дастур) бо мақсади мутобиқ кардани матни он ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олӣ», Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ пешниҳод гардидааст.

Бинобар сабаби қабул шудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» аз соли 2017 зарурат пайдо шуд, ки Дастури Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10-уми апрели соли 2013 таҳти №1145 дар таҳрири нав пешниҳод карда шавад.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси хулосаҳои пешниҳодшуда ба комиссияи мазкур лоиҳаи дастурро ҷонибдорӣ карда, ҳамзамон, дар хулосаҳои худ 299 таклиф пешниҳод карданд, ки аз онҳо 82 таклиф пурра қабул шуда, 45 таклиф қисман қабул шуд ва 172 таклиф қабул нагардид.

Комиссияи мазкур лоиҳаи Дас­турро 30 майи соли 2024 дар ҷаласаи васеъ бо иштироки намояндагони кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ ва муҳокима қарор дод.

Лоиҳаи «Дастури Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни конс­титутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олӣ», Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқ мебошад. Аз ин рӯ, аз шумо — вакилони арҷманд бо эҳтиром хоҳиш менамоям, ки ба тарафдории қабули лоиҳаи «Дастури Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон» овоз диҳед.

РАИС: — Ба маърӯзачӣ савол ё пешниҳод ҳаст? Боз кӣ хоҳиши баромад кардан дорад? Нест.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Дастури Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қарор тасдиқ гардид.

РАИС:Вакилони муҳтарам, ҳозирини гиромӣ!

Масъалаҳое, ки ба рӯзномаи ҷаласа пешбинӣ гардида буданд, баррасӣ шуданд.

Доир ба рафти ҷаласа эрод ҳаст?

Ба ҳамаи шумо барои иштироки фаъолонаатон изҳори миннатдорӣ намуда, ҷаласаи имрӯзаро пӯшида эълон менамоям.

Шариф АТОБУЛЛОЕВ,

«Садои мардум».

Суратгир Неъматулло АЛИЕВ