21 апрели соли 2016 Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров дар ҷараёни сафари кориаш ба Федератсияи Россия бо намояндагони Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия ва роҳбарони намояндагиҳои мақомоти расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин кишвар роҷеъ ба раъйпурсии умумихалқӣ оид ба «Тағйироту иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 22 майи соли 2016 баргузор мегардад, мулоқот намуд.
Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия Имомуддин Сатторов иброз дошт, ки сафорат барои гузаронидани яке аз муҳимтарин чорабиниҳои сиёсии ҷумҳурӣ — раъйпурсии умумихалқӣ оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кишвари иқомат корҳои заруриро анҷом дода истодааст. Аз ҷумла, аз моҳи январи соли ҷорӣ мунтазам бо аъзои Шӯрои ҷамъиятии назди сафорат, ки аз фаъолон ва роҳбарони диаспораҳои тоҷик дар минтақаҳои гуногуни Федератсияи Россия иборат мебошанд, мулоқот анҷом дода, онҳоро ба корҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба раъйпурсӣ дар минтақаҳо сафарбар намудааст.
19 феврал ҷаласаи машваратӣ оид ба таъсис додани участка ва ҳайати комиссияи участкавии раъйпурсӣ дар шаҳри Москва доир гардид.
Дар ҷаласа масъалаҳои дар сатҳи баланди сиёсиву ташкилӣ баргузор намудани раъйпурсии умумихалқӣ дар шаҳри Москва, пурзӯр намудани корҳои таблиғотӣ, ташкил намудани ҳавзаи раъйпурсӣ ва ҳайати комиссияи он мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Айни замон ҳайати комиссияи участкавии раъйпурсӣ дар шаҳри Москва таъсис дода, нақшаи чорабиниҳо тасдиқ шудааст. Дар шаҳри Москва се гӯшаи иттилоотӣ доир ба раъйпурсӣ дар биноҳои сафорат, хадамоти консулӣ ва меҳмонхонаи «Ҳукумати Тоҷикистон» таъсис ёфтааст.
Имомуддин Сатторов, ҳамчунин иброз намуд, ки дар сомонаи сафорат бахши алоҳидаи иттилоотӣ бахшида ба ин маърака ба кор дароварда шуд, ки мунтазам таҷдид мегардад. Рӯзномаи «Тоҷикони Россия» бо теъдоди 50 ҳазор нусха нашр гардид, ки дар он низ доир ба масоили вобаста ба раъйпурсӣ маълумоти зарурӣ пешниҳоди хонандагон гардидааст.
Ҳамчунин, дар робита ба раъйпурсӣ бо ибтикори сафорат 17 марти соли равон мусоҳибаи сафир дар хабаргузории «Россия сегодня» дар бахши «Россия для всех», ки дар байни ҳамватанони мо маъруф аст, интишор гардид.
Сафорат нашри дастурҳои таблиғотӣ ва маълумот дар бораи участкаҳои раъйпурсиро дар шаҳрҳои Москва, Уфа ва Екатеринбург дар воситаҳои ахбори оммаи кишвар ва паҳн кардани онҳоро дар фурудгоҳҳо ва вокзалҳои роҳи оҳани Тоҷикистон ба шаҳрвандони мо, ки ба Федератсияи Россия сафар мекунанд, мувофиқи мақсад мешуморад.
Қобили зикр аст, ки сафорат дар тӯли се моҳи сипаришуда як зумра мулоқоту вохӯриҳоро бо ҳамватанон баргузор намуд, ки дар онҳо мақсад, моҳият ва зарурати ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон фаҳмонда шуд.
Дар баробари ин, сафорат ба намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Россия, консули фахрии Тоҷикистон дар шаҳри Санкт-Петербург ва консули фахрии Тоҷикистон дар Краснодар оид ба баргузор намудани вохӯриҳо бо ҳамватанон ва ба роҳ мондани корҳои таблиғотӣ дар миёни онҳо супориш додааст. Аз натиҷаи фаъолияташон ин намояндагиҳо ҳар ҳафта ба сафорат ҳисобот манзур менамоянд.
Шукурҷон Зуҳуров фаъолияти Сафорати Тоҷикистон дар Федератсияи Россияро оид ба масъалаи омодагӣ ба раъйпурсӣ ба мақсад мувофиқ арзёбӣ карда, афзуд, ки бо мақсади муайян ва мушаххас намудани роҳу равиши ҳаёти иҷтимоиву иқтисодии кишвар ва самтҳои асосии инкишофи мафкураи миллӣ пешниҳод оид ба «Тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон» хеле саривақтӣ ва ба нафъи ҷомеа мебошад.
Дар анҷом Шукурҷон Зуҳуров ба саволҳои сершумори иштирокдорони вохӯрӣ посух дод.
Сипас, Шукурҷон Зуҳуров, раисони кумитаҳои Маҷлиси намояндагон Олимҷон Салимзода ва Садриддин Шарипов дар осорхонаи шаҳри Москва бо маҳсули дастони рассомони тоҷик, ки ба маъраз гузошта шуда буданд, шинос шуданд.
Муҳаммадато СУЛТОНОВ, мудири шуъбаи матбуоти дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон