Дар ҳар Паём Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳҳои амалӣ сохтани барномаҳои давлатии баланд бардоштани сатҳи иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва маънавии аҳолии мамлакатро пешниҳод мекунанд. Муҳимтар аз ҳама, он нуктаҳое, ки Сарвари давлат дар Паём баён намудаанд, тадриҷан амалӣ гардида истодаанд. Тасдиқи ин суханҳо таҳкими ҳар чӣ бештари истиқлол, якпорчагии давлат, баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ, бунёди иншооти муҳими стратегӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа, болоравии сатҳи маърифати ҷавонон ва монанди инҳо мебошанд.
Дар ин робита Пешвои миллат таъкид намуданд: «Дар ин ҷода моро зарур аст, ки дар заминаи амалисозии ҳадафҳои миллиамон, пеш аз ҳама, амнияти миллӣ ва рушди устувори иқтисодиро таъмин намоем ва сатҳу сифати зиндагии мардумро боз ҳам баланд бардорем. Зеро мардуми мо мисли халқҳои дигар мамолики мутамаддин ҳуқуқи маънавии зиндагии шоистаро доранд. Ин аст ҳадафи олии сиёсати давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон».
Президенти мамлакат зимни таҳлилу баррасии соҳаҳои гуногун таъкид карданд, ки тавассути амалисозии тадбирҳои зарурӣ муътадил нигоҳ доштани сатҳи таваррум таъмин гардида, соли 2024-ум он 3,6 фоизро ташкил дод. Хотирнишон шуданд, ки дар панҷ соли охир маоши кормандони соҳаҳои буҷетӣ чор маротиба, дар маҷмуъ 100 фоиз, зиёд гардидааст.
Президенти кишвар дар Паём дар бораи маърифати молиявии шаҳрвандон ва баланд бардоштани фарҳанги андозсупорӣ ҳамчун яке аз омилҳои асосии татбиқи самараноки сиёсати андозу буҷет андешаҳояшонро баён карда, таъкид намуданд, ки барои минбаъд идома додани раванди тадриҷан баланд намудани маошу нафақа унсури асосӣ мебошад.
Сарвари давлат ёдовар шуданд, ки бо мақсади қонеъ гардонидани талаботи афзояндаи иқтисоди миллӣ ва аҳолӣ дар панҷ соли охир аз ҷониби низоми бонкии кишвар беш аз 80 миллиард сомонӣ қарз дода шудааст. Ҷиҳати идома додани ин раванд ба Бонки миллӣ ва ташкилотҳои қарзӣ супориш дода шуд, ки пешниҳоди қарз ба иқтисодиётро ҳамасола зиёд намуда, ин нишондиҳандаро то охири соли 2027 ба беш аз 100 миллиард сомонӣ расонанд. Таъкид гардид, ки ташаккул додани маърифати молиявии шаҳрвандон ва баланд бардоштани фарҳанги андозсупорӣ ҳамчун яке аз омилҳои асосии татбиқи самараноки сиёсати андозу буҷет дар масъалаи гузариш ба низоми пардохтҳои ғайринақдӣ барои ноил гардидан ба устувории молиявии давлат ва рушди иқтисодӣ нақши муҳим дорад.
Ҳамчунин, Вазорати молия, Бонки миллӣ, Кумитаи андоз, Хадамоти гумрук, Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ якҷо бо дигар вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ вазифадор гардиданд, ки ҳалли масъалаҳои вусъат додани истифодаи технологияҳои муосири рақамиро ҳар чӣ зудтар татбиқ ва то охири соли 2025 пардохтҳои ғайринақдиро дар соҳаҳои буҷетӣ ва хизматрасониҳои давлатӣ пурра таъмин намоянд.
Тоҷикистон дар ҷодаи гузариш ба рақамикунонии соҳаҳои иқтисоди миллӣ ҷиҳати таъмин намудани шаффофияти муносибатҳои иқтисодию молиявӣ қадамҳои устувор гузошта истодааст. Аз ин лиҳоз, Роҳбари давлат супориш доданд, ки дар панҷсолаи минбаъда ҷиҳати пешбурди иқтисоди рақамӣ бояд ба самтҳои зерин диққати аввалиндараҷа зоҳир шавад:
«Якум, такмили фаврии заминаҳои ҳуқуқӣ ва қабули санадҳои дахлдор дар самти гузариш ба иқтисоди рақамӣ.
Дуюм, то шабакаҳои панҷ–ҷӣ (5G) инкишоф додани инфрасохтори рақамӣ, рушди марказҳои коркарди маълумот, таъсиси махзани мукаммали миллии маълумот.
Сеюм, рақамикунонии пурраи хизматрасониҳои давлатӣ ва ташкили махзани ягонаи хизматрасониҳои давлатӣ.
Чорум, рушди сармояи инсонӣ бо роҳи омӯзиш ва бозомӯзии кадрҳо доир ба технологияҳои иттилоотӣ дар дохил ва хориҷи кишвар ва баланд бардоштани маърифати истифодаи технологияҳои рақамӣ.
Панҷум, истифодаи васеи зеҳни сунъӣ дар пешниҳоди хизматрасониҳо ва низоми бақайдгирии давлатӣ.
Шашум, андешидани чораҳо дар самти таъмин намудани амнияти киберии махзанҳои маълумот.
Ҳафтум, ташаккул додани соҳибкории рақамӣ ва рушди савдои электронӣ».
Барои амалӣ шудани ин пешниҳодҳо ислоҳоти соҳаи маорифи кишвар зарур аст. Зиёд намудани соати фанҳое, ки ҷаҳонбинии илмиро васеъ менамоянд, бояд мадди назар бошад. Зиёд кардани соати фанҳои мантиқ, фалсафа, ҷомеашиносӣ, этика, эстетика дар мактабҳои олӣ боиси ташаккули ҷаҳонбинии илмӣ ва мафкураи солими ҷавонон мегардад. Президенти кишвар борҳо таъкид намудаанд, ки дар ҷаҳони муосир танҳо тавонистани хондану навиштан нишонаи босаводӣ нест. Ҳар як ҷавони тоҷик бояд на камтар аз ду забонро донад ва технологияи компютериро аз худ намояд.
Хушбахтона, солҳои охир ба баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти неруи зеҳнӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, такмили захираи луғавӣ ва мусоидат ба рушди ҷаҳони маънавии сокинони кишвар Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» таҳрик бахшид. Барои амалисозии «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» ва ҷиҳати рушди тафаккури техникӣ Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» мусоидат намуд. Инчунин, бо мақсади муаррифии фарҳанги волои миллати тоҷик, таблиғ ва эҳёи санъати миллӣ, эҳтиром ва арҷгузорӣ ба суннати неки аҷдодӣ, баланд бардоштани сатҳи касбии асарҳои нави мусиқӣ, навозандагӣ, сарояндагӣ, маҳорати касбии ҳунари мусаввирӣ, ҳайкалтарошӣ, ороишгарӣ ва либосдӯзӣ Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон - Ватани азизи ман» ҳар сол баргузор мешавад.
Дар Паём Президенти ҷумҳурӣ рушди илму маорифро калиди пешрафти ҳамаи соҳаҳо ва омили муҳимтарини таъмин намудани ояндаи босуботи давлат ва фардои босаодати ҷомеа номиданд.Дастгирии таҳқиқоти илмӣ тавассути боло бурдани меъёри маблағгузории он, таъсиси марказҳои муосири илмӣ, озмоишгоҳҳо ва ба роҳ мондани ҳамкории муассисаҳои илмӣ бо истеҳсолот дар давраи минбаъда муҳим арзёбӣ гардид.
Таъкид шуд, ки дар се соли охир дар мамлакат беш аз 1500 иншооти соҳаи маориф, яъне муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти миёнаи умумӣ, 660 иншооти соҳаи тандурустӣ, 480 иншооти варзиш, 175 иншооти фарҳангу фароғат ва ҳазорҳо иншооти дигари истеҳсоливу иҷтимоӣ бунёд ва ба истифода дода шуданд.
Иловатан, барои дастгирии соҳаи маориф ва бо мақсади боз ҳам беҳтар намудани сатҳи некуаҳволии мардуми кишвар ва тақвият бахшидани ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ аз 1-уми сентябри соли 2025 маоши кормандони муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти миёнаи умумии соҳаи маориф 30 фоиз зиёд мешавад.
Роҳбари давлат соли 2024-ро соли дастовардҳои хуби иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва сиёсӣ номиданд. Дар баробари ин, зикр карданд, ки «бо вуҷуди пешравиҳо, Ҳукумати мамлакат, вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ вазифадор карда мешаванд, ки иҷрои саривақтиву босифати барномаву нақшаҳои қабулгардида ва дар ин замина рушди иқтисоди кишварро дар соли 2025-ум дар сатҳи на кам аз 8 фоиз таъмин намоянд. Илова бар ин, дар соли 2025-ум доир ба масъалаҳои пешгирӣ кардани таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисоди миллӣ, ташаккули «иқтисоди сабз», рақамикунонии хизматрасониҳои давлатӣ ва истифодаи васеи ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ тадбирҳои мушаххас андешида шаванд».
Аз рӯзҳои аввали истиқлоли давлатӣ арҷгузорӣ ба таъриху фарҳанги пурифтихори гузаштаи халқи куҳанбунёдамон, эҳё намудани оину анъанаҳои неки миллӣ, тарғиби осори ниёгон ва ҳифзи ёдгориҳои моддиву маънавии миллати азизамон яке аз самтҳои муҳимтарини сиёсати давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон мебошад. Бо ин мақсад Пешвои миллат дар Паём ба истифода додани Китобхонаи миллӣ, шабакаҳои телевизионӣ, таъмиру навсозии беш аз 100 ёдгории таърихию фарҳангии дараҷаи миллӣ ва байналмилалӣ, таъсиси Агентӣ оид ба ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангиро алоҳида зикр намуданд. Таъкид гардид, ки муассисаҳои соҳаи фарҳанг бояд дар маркази диққати алоҳида қарор дошта бошанд. Зеро «Фарҳанги миллӣ ки заиф шуд, ҷояшро фарҳанги бегона пур мекунад»,- таъкид намуданд Сарвари давлат.
Президенти ҷумҳурӣ дар Паёмашон хотирнишон намуданд, ки иҷрои вазифаҳои гузошташуда ва бартараф намудани камбудиву мушкилоти мавҷуда аз тамоми халқи Тоҷикистон ва дар навбати аввал, аъзои Ҳукумат, вакилони мардумӣ, роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, хизматчиёни давлатӣ, аҳли зиё ва фаъолони ҷомеа заҳмату талоши боз ҳам бештарро тақозо мекунад.
Дар маҷмуъ, Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санади муҳими стратегию таҳлилие мебошад, ки дар он иродаи халқ, манфиатҳои давлату мамлакат, вазъ ва дурнамои сиёсати дохилию хориҷии давлат ифода ёфтааст.
Насиба СОДИҚӢ,
раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон, доктори илмҳои фалсафа, профессор