7-уми феврали соли 2024 дар Ҷумҳурии Озарбойҷон интихоботи ғайринавбатии Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон баргузор гардид. Тибқи Қарори Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ман ба ҳайси нозир дар ҳайати гурӯҳи Ассамблеяи байнипарлумонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба шаҳри Бокуи Ҷумҳурии Озарбойҷон сафар намудам.
Мувофиқи нақшаи корӣ фаъолияти мушоҳидачиён аз омӯзиши қонунҳои амалкунандаи баргузорнамоии интихоботҳо ва санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқии ба ин чорабинии сиёсӣ алоқаманд оғоз гардид. Омӯзиши қонунҳо ва санадҳои меъёрии дахлдор мушоҳидачиёнро ба хулосае овард, ки онҳо ба талаботи байналмилалӣ ва принсипҳои демократӣ пурра мувофиқат менамоянд.
Марҳилаи дигари фаъолияти мушоҳидачиён аз баргузорнамоии вохӯриҳо бо роҳбарияти Комиссияи марказии интихобот, парламент, Суди конститутсионӣ, дигар идораҳои давлатӣ ва, ҳамчунин, мулоқот бо ситодҳои номзадҳо ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон иборат буд. Дар интихоботи Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон 7 номзад барои интихоб шудан ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон ширкат варзиданд, ки ин рақобатнокии интихоботро таъмин менамуд.
Дар рӯзи баргузории интихобот нозирон бевосита ташкилнамоии овоздиҳии интихобкунандагонро мушоҳида намуданд.
Комиссияи марказии интихоботии Ҷумҳурии Озарбойҷон пас аз ҳисобу ҷамъбастнамоии овозҳо расман эълон намуд, ки номзад Илҳом Алиев бо гирифтани зиёда аз 92 фоизи овозҳо Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон интихоб гардиданд.
Ҳайати кории мушоҳидачиёни Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ дар хулосаи расмӣ изҳорот намуданд, ки, воқеан, интихоботи ғайринавбатии Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон ба таври озод, шаффоф, алтернативӣ, бо риояи принсипҳои демократӣ ва рақобати сиёсӣ баргузор гардид.
Ҳангоми сафари хизматӣ эҳсос мешуд, ки масъулин ва роҳбаладону коршиносони ҷониби қабулкунанда ба ҳайати нозирони тоҷикистонӣ таваҷҷуҳи хоса доранд. Дар суҳбатҳои ғайрирасмӣ бештар аз дӯстии чандинасраи халқҳои тоҷик ва озар андешаҳои ҷолиб иброз карда мешуд. Хушбахтона, бо яке аз нафарони масъул, зодаи шаҳри Ганҷаи Озарбойҷон аз эҷодиёти Низомии Ганҷавӣ шеърхонӣ менамудем. Ёдовар шудем, ки роҳбарони хирадманди ҳар ду давлат — Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон муҳтарам Илҳом Алиев дӯстии халқҳоямонро бо камоли мамнуният густариш дода истодаанд. Ҳангоми суҳбат сухан дар бораи воқеаҳои солҳои 90-уми асри гузашта рафт. Маълум гардид, ки вобаста бо ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ дар Ҷумҳурии Озарбойҷон низ дар баробари талафоти зиёди ҷонию харобиҳо гуруснагӣ, вазъи ноорому муташанниҷи сиёсӣ, шумораи хеле зиёди гурезаҳо, таназзули иқтисодиёт ва дигар зуҳуроти номатлуб саросари ин кишварро фаро гирифта будааст. Хатари пурраи аз байн рафтани давлат ва парешоншавии миллат таҳдид намуда, вазъро боз ҳам мураккабтар мегардонад. Дар ҳамин вазъи ҳассос фарзанди фарзонаи миллати озар муҳтарам Ҳайдар Алиев зимоми давлатдориро ба даст гирифта, вазъро ором ва давлатро аз нестшавӣ наҷот бахшидааст.
Ҳангоми шунидани ин суханҳо бевосита вазъи солҳои 90-уми асри гузаштаи ҷумҳуриамон пеши назар омад. Он солҳо дар мамлакати мо низ ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ оташ гирифт ва сохторҳои давлатӣ пурра фалаҷ шуда буд. Роҳбарияти онвақтаи мамлакат зимоми давлатдориро аз даст дод, ки дар натиҷа, оташи ҷанги шаҳрвандӣ аланга гирифта, ба талафоти зиёди ҷониву харобиҳо, гурезашавии зиёда аз як миллион нафар шаҳрвандон, гуруснагӣ ва дигар даҳшату фалокатҳо оварда расонд.
Бо ҷонфидоию талошҳо ва чорабиниҳои хирадмандонаи Роҳбари тозаинтихоби давлатамон, шахсияти таърихӣ — фарзанди фарзонаи тоҷик муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон низоми умури давлатдорӣ барқарор ва гурезаҳои иҷборӣ ба Ватан баргардонда шуда, марҳила ба марҳила алангаи ҷанги шаҳрвандӣ хомӯш гардид ва харобиҳои ҷанг барқарор шуд. Рушди иқтисодиёт таъмин шуда, дар натиҷа, мамлакатамон ба яке аз давлатҳои амнтарин табдил ёфт.
Бинобар ин, қарзи имонию шаҳрвандии мост, ки ба заҳматҳои доимии Пешвои миллатамон арҷгузорӣ намуда, пайрави воқеии ин шахсияти бузурги таърихӣ бошем ва ин сулҳу суботро чун гавҳараки чашм эҳтиёт намоем.
Дар рафти омодагиҳо ба интихоботи ғайринавбатии Президенти Озарбойҷон баръало ба назар мерасид, ки обрӯи сиёсии Президенти амалкунандаи Ҷумҳурии Озарбойҷон муҳтарам Илҳом Алиев дар миёни халқи ин кишвар хеле баланд мебошад. Ин натиҷаи заҳматҳои ин шахсияти сиёсӣ дар рушди мамлакаташ мебошад, ки баъд аз падараш бо роҳи баргузорнамоии интихоботи демократию озод ба ҳайси Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон интихоб гардидааст.
Дар умум, дар давоми чор рӯз дидем, ки ин мамлакати бо мо дӯст хеле ободу зебо гардидааст.
Мушоҳидаҳо мутмаинам менамуданд, ки халқи бо мо дӯсти озар дар интихоби Роҳбари давлат хато накардааст ва маҳз, фарзанди нек ба қадри ҷонфидоию заҳматҳои падари бузургвораш мерасаду корҳои падарро содиқона идома медиҳад.
Сайидои бузург хеле дурусту оқилона фармудааст:
Дил чун мутеъ гашт, чароғи назар шавад,
Фарзанди нек ҷойнишини падар шавад.
Хайрулло АМОНУЛЛО,
раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия.
Душанбе — Боку — Душанбе