Раҳпаймоӣ бо ҷонибдорӣ аз пешниҳоди Рустами Эмомалӣ

№26 (4766) 26.02.2024

photo_2024-02-24_09-42-2221-уми феврали соли 2024 бо иштироки ҳазорон нафар ҷавонону варзишгарон ва сокинони касбу кори гуногун ҷиҳати ҳамовозӣ ва ҷонибдорӣ аз пешниҳоди Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, Раиси шаҳри Душанбе, президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA), президенти Федератсияи футболи Тоҷикис­тон муҳтарам Рустами ­Эмомалӣ роҳпаймоӣ доир шуд.

Ёдовар мешавем, ки муҳтарам ­Рустами Эмомалӣ пешниҳоди худро ба Созмони Милали Муттаҳид 9 феврали соли 2024 ироа намуданд, ки дар он аз ҷумла, таъкид мегардад: «Мусаллам аст, ки варзиш дар ҳаёти инсоният аз ҷумлаи беҳтарин роҳҳои беҳдошти саломатӣ ва пешбурди тарзи ҳаёти солим, инчунин, василаи муҳимтарини пайванди халқу миллатҳои гуногун ба шумор меравад. Мардуми сайёраи Замин бештар аз 150 сол аст, ки ба футбол машғуланд ва ин бозӣ аз замони пайдоиш то кунун як вазифа ва як ҳадаф дорад, ки он ба ҳам овардани инсонҳо мебошад. Имрӯз ҳатто дар хурдтарин мамлакати олам одамон ба футболбозӣ машғуланд, яъне, футбол ҳамчун маҳсули эҷоди тафаккури инсонӣ аз як бозии одӣ ба омили пайвандгари инсоният табдил ёфтааст. Маълум аст, ки футбол дар баъзан кишварҳо ҳамчун варзиш маъруф аст, вале он танҳо як бозӣ нест. Ин намуди варзиш як падидаи фарҳанги умумиҷаҳонист, ки марзҳои миллӣ, монеаҳои забонӣ ва тафовутҳои иҷтимоию иқтисодиро убур мекунад. Ин як варзишест, ки ҷаҳонро муттаҳид месозад ва бо забони унверсалӣ сухан мегӯяд, ки ба ҳамагон маълум аст, яъне, аз кӯчаҳои пур аз мухлиси шаҳрҳои бузург сар карда, то деҳаҳои дурдасттарини ҷаҳон футболро мешиносанду бозӣ мекунанд. Бо назардошти ин, пешниҳод дорам, ки нақши футболро дар сатҳи ҷаҳонӣ эътироф карда, дар Созмони Милали Муттаҳид аз тариқи қабули Қатъномаи махсуси Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид «Рӯзи ҷаҳонии футбол» расман эълон гардад».

Роҳпаймоии ҷавонону варзишгарон ва сокинони касбу кори гуногун бо ибтикори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе аз ҷониби раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе аз назди шаршараи Наврӯзгоҳ тариқи хиёбони Ҳофизи Шерозӣ то пули мошингузар баргузор шуд. Иштирокчиён пешниҳоди муҳтарам Рустами ­Эмомалиро якдилона ҷонибдорӣ намуданд.

Шариф АТОБУЛЛОЕВ,

«Садои мардум»