Рафти иҷрои барномаи давлатии дарёфт ва рушди истеъдодҳо баррасӣ гардид

№52 (4792) 26.04.2024

DSC_445825-уми апрели соли 2024 бо ташаббуси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон ва иштироки намояндагони Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон рафти иҷрои «Барномаи давлатии дарёфт ва рушди истеъдодҳо барои солҳои 2021-2025» баррасӣ гардид.

Муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мавсума Муинӣ изҳор намуд, ки соҳаи маориф ҳамчун соҳаи калидӣ дар меҳвари сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, хоса Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад.

Бояд гуфт, ки «Барномаи давлатии дарёфт ва рушди истеъдодҳо барои солҳои 2021 — 2025», ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 апрели соли 2021, №113 қабул гардидааст, бо мақсади дарёфт, дастгирӣ, рушди хонандагони боистеъдод ва фароҳам овардани шароити мусоиди таълимию тарбиявӣ ҷиҳати ташаккули таҳсили муттасили ҷавобгӯ ба талаботи таълимӣ ва амалӣ намудани қобилиятҳои эҷодии истеъдодҳо таҳия гардидааст.

- Пеш аз ҳама, нақши боризи шаҳри Душанберо дар шаклгирии низоми дарёфт ва рушди истеъдодҳо бояд махсус дарҷ намуд, зеро аввалин маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳо маҳз дар шаҳри Душанбе таъсис ёфт. Натиҷаи мусбии фаъолияти ин муассиса буд, ки Ҳукумати кишвар таъсиси чунин марказҳоро дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳо салоҳи кор донист ва ин гуна марказҳо дар шаҳру ноҳияҳои дигари кишвар таъсис дода шуданд. Яъне, шаҳри Душанбе саргаҳи низоми муосири рушди истеъдодҳо маҳсуб мегардад,- афзуд М. Муинӣ.

Таъкид гардид, ки сарфи назар аз тадбирҳои андешида мушкилот дар самти дарёфт ва рушди истеъдодҳо ба таври зарурӣ ҳал нагардидааст. Ин ҳам бошад, ба таври кофӣ мавҷуд набудани дастурҳои методӣ, адабиёти илмии кор бо хонандагони боистеъдод, мавҷуд набудани кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ дар марказҳои дарёфт ва рушди истеъдодҳо мебошад, ки барои рушди қобилияти эҷодии хонандагони боистеъдод ва гузаронидани таҷрибаҳои амалӣ монеа эҷод мекунад.

Бояд зикр кард, ки қобилияти хонандагон дар олимпиадаҳои байналмилалӣ дар корҳои амалӣ ва омӯзишӣ аз фанҳои экология, география, технологияи иттилоотӣ, физика, химия, биология вобастагии калон дорад, аммо мавҷуд набудани озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази муосири фаннӣ дар марказҳои дарёфт ва рушди истеъдодҳо барои амалигардонии қобилиятҳои эҷодии хонандагони боистеъдод ва омодагии онҳо ҷиҳати иштирок дар олимпиадаҳои байналмилалӣ мушкилӣ эҷод менамояд.

Иброз гардид, ки айни замон барои муассисаҳои томактабӣ дастурҳои илмӣ — методӣ, маводи аёнии таълимӣ, нақша ва барномаҳои махсуси таълимию тарбиявӣ, механизмҳои самарабахши ошкор намудани истеъдоди кӯдакон ба таври мукаммал таҳия нашудааст. Дар баробари ин, зарур шуморида шуд, ки дар муассисаҳои томактабӣ кӯдакони қобилияти махсусдошта ба гурӯҳҳои алоҳида ҷудо гардида, кор бо онҳо аз рӯи нақша ва барномаҳои таълимии алоҳидаи дорои мундариҷаи мураккабдошта ба роҳ монда шавад.

Надоштани нақша, барномаҳои таълимӣ ва адабиёти дарсии дорои мундариҷаи баланди илмию методии ҷавобгӯ ба талаботи донишандӯзии хонандагони боистеъдод, мавҷуд набудани барномаҳои таълимӣ аз фанни мантиқ, таъмини чунин муассисаҳои таълимӣ бо омӯзгорони дорои малакаи баланди касбӣ, хусусан, дар синфҳои таълимашон ба забони русӣ ва англисӣ, аз муҳимтарин мушкилоти соҳа арзёбӣ гардид.

Вакили Маҷлиси намояндагон Файзулло Наҷмиддиниён изҳор дошт, ки барои дарёфт ва рушди истеъдодҳо на танҳо омӯзгорон, балки ҳар шахси соҳибмаърифат, ватандӯст, ҳар фарди некхоҳи ҷомеа  бояд саҳм бигирад ва худро  масъул  шуморад.

Файзулло Наҷмиддиниён, ҳамчунин зикр кард, ки директорони марказҳо ва дигар роҳбарону раҳнамои хонандагони шоиставу лаёқатманд ва боистеъдод бояд худ низ соҳибистеъдод, дорои донишу фаҳмишу қобилияту маҳорати баланд ва дилсӯзу намуна бошанд.

Дар фарҷом изҳори боварӣ карда шуд, ки чорабинии имрӯза барои иҷрои дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва татбиқи ҳадафҳои дар пеш гузошташуда ба масъулини Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ мусоидат хоҳад кард.

Муҳаммадато Султонов,

мудири шуъбаи матбуоти Дастгоҳи МНМОҶТ.

Суратгир Неъматулло АЛИЕВ