31 — уми августи соли равон Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт Муассисаи давлатии томактабии №15-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ нахуст бо бардоштани парда аз рӯи лавҳаи рамзӣ ба фаъолияти муассиса оғоз бахшида, бо шароити фароҳамовардаи таълиму тарбия дар он шинос шуданд.
Муассисаи томактабӣ аз таҳхона ва ду ошёна иборат буда, барои ба таълиму тарбия фаро гирифтани 100 нафар кӯдак пешбинӣ гардидааст.
Пас аз мавриди истифода қарор гирифтани иншоот барои 20 нафар ҷойи кори доимӣ фароҳам мегардад.
Муассисаи замонавӣ дар партави дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Партнёр” бунёд гардида, дар он таълиму тарбияи кӯдакон мутобиқ ба талаботи замони имрӯза ба роҳ монда шудааст.
Корҳои сохтмонӣ соли 2022 оғоз гардида, дар муддати кӯтоҳ ҷавобгӯ ба меъёрҳои меъмории замони муосир ба анҷом расонида шуд. Дар саҳни муассисаи нави таълимӣ айвонча, ҳавзи тобистонаи шиноварӣ ва суҳбаткадаҳои махсус сохта шудааст, ки барои гузаронидани машғулиятҳо ва бозии кӯдакон хеле мувофиқ мебошанд.
Зимни шиносоӣ бо шароити дар муассиса фароҳамовардашуда Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо масъулин суҳбати самимӣ доир карда, бунёди иншооти соҳаи маорифро аз таваҷҷуҳи рӯзафзуни Ҳукумати мамлакат нисбат ба соҳаи маориф маънидод намуданд.
Таъкид гардид, ки ҳамаи ин шароит барои ояндаи дурахшони насли наврас фароҳам оварда шудааст. Аз коргарони даргоҳи илм талаб карданд, ки дар ҷавоб ба ғамхориҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон кӯдаконро ҳамчун фарзандони содиқ ба халқу Ватан тарбия намоянд.