Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои қабули бевоситаи пурсиш ва дархосту пешниҳоди шаҳрвандон, расидагӣ ба арзу шикояти интихобкунандагон, мусоидат ба ҳалли мушкилоти рӯзгори мардум Гӯшаи иттилоотӣ — иртиботии «Равзанаи парлумон»- ро таъсис дод.
Он василаи дарёфти ҳақиқат, посухгӯйи пурсишу дархост, мушкилкушои шумо - сокинони мамлакат мебошад ва имкони гуфтугӯйи мустақимро бо мақомоти қонунгузор фароҳам меорад.
Шаҳрвандони гиромӣ!
Агар ба вакилони Маҷлиси намояндагон савол доред, муаммо ё монеаи сунъие садди роҳатон гардидааст, ба «Равзанаи парлумон» рӯ оваред. ҳама арзу дархости шумо бо шарҳу тавзеҳ тавассути «Равзанаи парлумон» дар рӯзномаи «Садои мардум» ба табъ мерасад. Муроҷиатҳое, ки дар онҳо ному насаб ва маълумот дар бораи маҳалли зист зикр намегарданд, ба эътибор гирифта намешаванд.
Телефонҳо барои тамос: 221-13-78; 221-11-43; 221-11-71.
Почтаи электронӣ: Ravzana-2018@mail.ru
Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон