Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум

«Разес Фарма» маҷмааи истеҳсоли маводи дору ва молҳои тиббӣ месозад

№54-55 (4794-4795) 01.05.2024

6Якуми майи соли 2024 таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода ҷаласаи навбатии Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум баргузор гардид.

РАИС: — Вакилони арҷманд!

Хоҳиш мекунам, аз қайд гузаред.

Ҳоло дар толор 55 вакил ҳузур доранд.

Имкон шуд, ки ба кори ҷаласа шурӯъ намоем.

Чӣ гуна андешаҳо ҳаст? Нест.

Мутобиқи моддаи 34-и Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷаласаи навбатии Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашумро кушода эълон менамоям.

Вакилони арҷманд, ҳозирини гиромӣ!

Дар ҷаласаи имрӯза Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ — Намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зариф Ализода, муовини якуми вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Исоҷон Қурбонзода, муовини раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршедаи Қодир ва дигар шахсони даъватшуда иштирок доранд.

РАИС: — Вакилони арҷманд, ҳозирини гиромӣ!

Ба рӯзномаи ҷаласа ду масъала пешниҳод шудааст, ки нусхаи он дар дасти шумо ҳаст.

Доир ба рӯзнома таклифу пешниҳоди дигар ҳаст? Нест.

Хоҳишмандам нисбат ба рӯзнома мавқеатонро муайян намоед.

Дар бораи рӯзномаи ҷаласа бо фарогирии масъалаҳои зерин Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид:

1. Дар хусуси Созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷамъияти дорои ­масъулияти маҳдуди «Разес Фарма» оид ба сохтмон ва истифодабарии маҷмааи истеҳсоли маводи дору ва молҳои тиббӣ

2. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ангишт».

РАИС: — Ба баррасии масъала «Дар хусуси Созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷамъияти дорои ­масъулияти маҳдуди «Разес Фарма» оид ба сохтмон ва истифодабарии маҷмааи истеҳсоли маводи дору ва молҳои тиббӣ» шурӯъ мекунем. Аз рӯи масъалаи мазкур сухан ба муовини раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршедаи Қодир дода мешавад. Марҳамат.

Хуршедаи ҚОДИР:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷамъияти дорои ­масъулияти маҳдуди «Разес Фарма» оид ба сохтмон ва истифодабарии маҷмааи истеҳсоли маводи дору ва молҳои тиббӣ аз ҷониби Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати ҷалби сармоя баҳри таҳкими истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунанда ва ташкили ҷойҳои нави корӣ таҳия шудааст.

Дар ин ҷода, сохта ба истифода додани комплекси истеҳсолӣ (завод) аз тарафи Ҷамъияти ­дорои масъулияти маҳдуди «Разес Фарма» метавонад дар татбиқи ҳадафҳои стратегии мамлакат саҳмгузор бошад.

Ба кор даровардани корхонаи азим муҳим арзёбӣ гардида, ҶДММ «Разес Фарма» тасмим гирифт, ки бо ҷалб намудани сармояи хориҷӣ таҷҳизоти истеҳсоли маводи доруворӣ ва молҳои тиббии ҳозиразамонро ворид сохта, дар оянда зимни ба кор даровардани он талаботи кишварро ба маводи доруворӣ, аз ҷумла доруҳо дар шакли ҳаб, капсула, шарбат, суспензия, маҳлулҳои даҳонӣ, крем, гел, сӯзандоруҳои равғанӣ, дар ҳаҷми муайян таъмин намояд. Дар баробари ин, иқдоми пешакардаи ҷамъият дар самти истеҳсоли маҳсулоти ватании рақобатпазир ва воридотивазкунанда, инчунин, таъминкунандаи бозори дохилии кишвар бо маводи доруворӣ, ба рушди иқтисодию иҷтимоии кишвар, таъсиси ҷойҳои корӣ ва пардохти андозҳо замина мегузорад. Иқтидори лоиҳавии солонаи комплекси истеҳсолӣ (завод) дар ду бахш дар назар гирифта шуда, бо меъёри мазкур истеҳсолотро ба роҳ меандозад:

Бинобар ин, дар ҳолати пурра ба фаъолияти истеҳсолӣ оғоз намудани ҶДММ «Разес Фарма» корхона метавонад талаботи кишварро ба намудҳои гуногуни маводи доруворӣ ва молҳои тиббӣ  таъмин намуда,  ба коҳиш ёфтани воридоти ин намуди маҳсулот марҳила ба марҳила мусоидат намояд.

Тибқи ҳисобҳои пешакӣ, дар назар дошта шудааст, ки ҷиҳати сохта ба истифода додани комплекси истеҳсолӣ (завод) беш аз 70 000 000 (ҳафтод миллион) сомонӣ сармоягузорӣ карда мешавад. Ба кор даровардани корхонаи мазкур барои барқарор намудани зиёда аз 200 ҷойи  корӣ замина мегузорад.

Бо дарназардошти ин ва ҷалби сармоя ба рушди саноати дорусозӣ, аз шумо — вакилони гиромӣ бо эҳтиром хоҳиш менамоям, ки Созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Разес Фарма» оид ба сохтмон ва истифодабарии маҷмааи истеҳсоли маводи дору ва молҳои тиббӣ» — ро дастгирӣ намоед.

РАИС: — Ба маърӯзачӣ савол ё пешниҳод ҳаст? Нест.

Сухани навбатӣ ба муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ Гулбаҳор Ашурзода дода мешавад. Марҳамат.

Гулбаҳор АШУРЗОДА:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Разес Фарма» оид ба сохт­мон ва истифодабарии маҷмааи истеҳсоли дору ва молҳои тиббӣ 12 — уми феврали соли 2024 дар шаҳри Душанбе имзо шуда, аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон пешниҳод гардидааст.

Созишномаи мазкур бо Қарори Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 апрели соли 2024, №2169 ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ барои баррасӣ, ба кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои додани хулоса ва ба раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон барои пешниҳоди хулосаи ҳуқуқӣ супорида шуд.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хулосаҳояшон тасдиқ намудани созишномаи мазкурро ҷонибдорӣ намуданд.

Созишномаи мазкур бо моддаи 57 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон», меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалии эъти­рофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ мутобиқ мебошад. Бинобар ин, аз шумо — вакилони гиромӣ, бо эҳтиром хоҳиш менамоям, ки барои тасдиқи созишномаи мазкур овоз диҳед.

РАИС: — Ба маърӯзачӣ савол ҳаст? Боз кӣ хоҳиши баромад кардан дорад? Нест.

Лоиҳаи Қарори Маҷиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар хусуси Созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ­Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Разес Фарма» оид ба сохтмон ва истифодабарии маҷмааи истеҳсоли маводи дору ва молҳои тиббӣ» ба овоз монда шуда, қарор тасдиқ гардид.

РАИС: — Ба баррасии масъала «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ангишт» оғоз менамоем. Аз рӯи масъалаи мазкур сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия Абдуҳалим Ғаффорзода дода мешавад. Марҳамат.

Абдуҳалим ҒАФФОРЗОДА:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ангишт» тибқи талаботи моддаи 58 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуҳалим Ғаффорзода, Бахтиёр Аҳмадзода, Маҳмадулло Шерализода ва Комрон Исмоилиён дар асоси нақшаи корӣ дар самти ташаббуси қонунгузорӣ, бо мақсади ба муқаррароти қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ», «Дар бораи забони давлатӣ», «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ» ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи тандурустӣ, ҳифзи табиат, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва бехатарии меҳнат мутобиқ намудани меъёрҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ангишт», таҳия ва пешниҳод шудааст.

Бо Қарори Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи ­қонуни мазкур ба Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия барои баррасӣ супорида шуда буд. Тағйиру иловаҳои пешниҳодшуда хусусияти таҳрирӣ, муайянкунанда ва мутобиқкунанда дошта, барои бартараф намудани мухолифату норасоиҳои ҷойдошта, риояи имлои забони давлатӣ, бо дарназардошти манфиатҳои давлатию ҷамъиятӣ беҳтар намудани фаъолияти ташкилотҳои истихроҷкунанда ва коркарди ангишт, таъмини бехатарии корҳо дар соҳа равона карда шудаанд. Дар ин замина, тибқи талаботи қисмҳои 1, 8, 9, 11 ва 13 лоиҳаи қонуни мазкур пешниҳод мешавад, ки аз матни моддаҳои 1, 9, 11 ва 20 қонуни амалкунанда калимаҳои «(сланетс­ҳои сӯзанда)» хориҷ ва калимаҳои «ӯҳдадориҳои», «ӯҳдадоранд», «табақаҳо», «мақоми давлатӣ», «мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи ангишт» ва «зеризаминӣ» бо мақсади ба имлои забони давлатӣ ва техникаи ҳуқуқэҷоднамоӣ мутобиқ намуданашон мувофиқан ба калимаҳои «уҳдадориҳои», «уҳдадоранд», «категорияи шахсон», «мақоми иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ», «қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «касбӣ» иваз карда шаванд.

Бо қисми 2 лоиҳаи қонуни мазкур аз матни моддаи 2 хориҷ намудани калимаи «(Сарқонуни)» пешниҳод карда мешавад.

Ҷиҳати мутобиқ намудани меъёрҳои қонуни амалкунанда ба талаботи қонунгузории мамлакат тибқи қисмҳои 3, 4, 5, 6, 7, 10 ва 11 лоиҳаи қонуни мазкур ба моддаҳои 4, 5, 6, қисми 2 моддаи 7, қисми 4 моддаи 8, қисми 2 моддаи 12 ва матни моддаи 14 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ангишт» мувофиқан илова намудани сархатҳо ва калимаҳои танзимкунандаи соҳа пешниҳод мегарданд.

Маҷмӯан, лоиҳаи қонуни мазкур ворид намудани тағйиру иловаҳоро ба 12 моддаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ангишт» пешбинӣ менамояд.

Дар мувофиқа бо субъектони ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ 39 таклифи пешниҳодкардаи кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон баррасӣ гардида, аксарияти он қабул карда шуд.

Кумитаи масъул 19 — уми апрели соли ҷорӣ дар ҷаласаи васеъ бо иштироки намояндагони ҳамаи кумитаҳо, раё­сати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати саноат ва технологияҳои нав ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ангишти Тоҷик» лоиҳаи қонуни мазкурро мавриди баррасӣ қарор дода, қабул намудани онро маъқул донист.

Лоиҳаи қонуни баррасишаванда ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, боби 5-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» ва дигар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надошта, меъёрҳои он матни қонуни амалкунандаро мукаммал намуда, аз буҷети давлатӣ маблағи иловагиро талаб наменамояд. Бинобар ин, аз шумо — вакилони арҷманд бо эҳтиром хоҳиш менамоям, ки ба қабул гардидани лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ангишт» овоз диҳед.

РАИС: — Сухани навбатӣ ба муовини якуми вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Исоҷон Қурбонзода дода мешавад. Марҳамат.

Исоҷон ҚУРБОНЗОДА:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Дар сиёсати Президенти кишвар, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи саноат аҳамияти хоса дошта, дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2018 саноатикунонии босуръати кишвар ҳадафи чоруми миллӣ эълон гардидааст.

Дар давраи амали Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ангишт» имкон фароҳам оварда шуд, ки фаъолияти босамари соҳаи саноати ангишт таъмин гардида, бо истифода аз он кори мунтазами корхонаҳои истихроҷкунандаи ангишт ва истеъмолкунанда ба роҳ монда шавад. Маҳз, бо дастгирии Президенти кишвар, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин, давоми солҳои охир истихроҷи ангишт сол то сол афзоиш ёфта, захираҳои кашфгардида шароит муҳайё намуд, ки онро дар соҳаҳои энергетика ва саноат васеъ истифода намоем.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ангишт» хусусияти муайянкунанда, мутобиқкунанда ва таҳрирӣ дошта, баҳри бартараф намудани мухолифату норасоиҳои ҷойдошта, бо дарназар­дошти манфиатҳои давлатию ҷамъиятӣ равона карда шудаанд. Мутобиқ намудани меъёрҳои қонуни мазкур ба талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунанда иқдоми саривақтӣ буда, ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи ангишт» мувофиқи мақсад мебошад.

Мавриди зикр аст, ки дастуру супоришҳои Сарвари давлат вобаста ба истифодаи васеъ аз технологияҳои муосир дар истеҳсолот, беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ, зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти ивазкунандаи воридот, бунёди паркҳои технологӣ, таъсиси кластерҳо, таъмини талаботи бозори дохилӣ бо маҳсулоти рақобатпазири ватанӣ, тақвияти иқтидори содиротии кишвар ва таъсиси ҷойҳои кории нав мо — саноатчиёни мамлакатро водор месозад, ки аз тамоми шароиту имкониятҳо истифода бурда, саҳми саноатро дар рушди иқтисодию иҷтимоии кишвар баланд бардорем.

РАИС: — Ба маърӯзачӣ савол ҳаст? Боз кӣ хоҳиши баромад кардан дорад? Нест.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи ангишт» ба овоз монда шуда, қонун қабул гардид.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ангишт» ба овоз монда шуда, қарор тасдиқ гардид.

РАИС: - Вакилони муҳтарам, ҳозирини гиромӣ!

Масъалаҳое, ки ба рӯзномаи ҷаласа пешбинӣ гардида буданд, баррасӣ шуданд. Доир ба рафти ҷаласа эроду пешниҳод ҳаст? Нест.

Барои иштироки фаъолонаатон изҳори миннатдорӣ намуда, ҷаласаро пӯшида эълон менамоям.

Шариф АТОБУЛЛОЕВ,

«Садои мардум».

Суратгир Неъматулло АЛИЕВ