Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум

Риояи қонуният ба сатҳ ва сифати қонунҳо вобаста мебошад

№120 (3914) 04.10.2018

Вакилони Маҷлиси намояндагон дар нахустҷаласаи Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум азмашонро дар бобати сидқан кашидани бори амонати қонунгузории кишвар иброз доштанд

DSC_56521 октябри соли 2018 таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ҷаласаи якуми Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум баргузор гардид.

РАИС: — Вакилони муҳтарам!

Хоҳиш мекунам аз қайд гузаред. Ҳоло дар толор 61 нафар вакил ҳузур доранд.

Мутобиқи моддаи 34-уми Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷаласаи якуми Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷумро кушода эълон менамоям.

(Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон садо медиҳад)

РАИС: - Вакилони муҳтарам, меҳмонон ва ҳозирини гиромӣ!

Ҷаласаи якуми Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум дар шароите оғоз меёбад, ки масъулияти ватандорӣ, ваколатҳои намояндагӣ ва қонунгузориамон дар иртибот ба вазъи ҷаҳон ва заминаҳои рушди низоми иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар назди мо, вакилон, вазифаҳои бузургу таърихӣ гузоштааст. Роҷеъ ба иддае аз ин масъалаҳои муҳим дар ҷаласаи ҷамъбастии Иҷлосияи чоруми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ 30-юми июни соли равон изҳори назар карда будем.

Имрӯз танҳо хотиррасон карданиам, ки авзои сайёра ҳанӯз ҳам ноором буда, ҷаҳонишавӣ тавассути иқтисодиёт, ҳуқуқ ва ҳатто фарҳанг, дар баробари таъсири мусбат дар самти наздикшавии халқу миллатҳо, мушкилиҳои нав ба нав эҷод намуда, абарқудратҳои дунёро дар паҳнои ҳифзи манфиатҳояшон дар вазъи ҷанги сард қарор додааст.

Ин раванд ба сари аҳли башар муноқишаҳои вазнини сиёсӣ, ҷангу хунрезиҳои мазҳабӣ, даргириҳои бешумори минтақавӣ, амалу ҳаракатҳои зиёди ифротию террористӣ, моҷароҳои фарҳангӣ ва иқтисодӣ овардааст, ки оқибатҳои харобиовари онҳоро барои тақдири ояндаи насли инсонӣ пешгӯйӣ кардан душвор мебошад.

Ин ҳолат дар маҷмӯъ низом ва тартиботи ҷаҳониро заиф ва адли умумиро ноустувор намуда, ба таҳмил ва содироти иҷбории арзишҳои бегона мусоидат мекунад. Бар илова, шаклгирии ҳуқуқи миллии кишварҳоро дар ҳолати ногувор қарор дода, вазъи ҳуқуқу озодиҳои инсонро торафт мураккаб мегардонад.

Ташкили инқилобҳои «ранга»-и сунъӣ ва норизоятиҳои оммавӣ дар як қатор кишварҳои олам, инчунин вуруди ифротгароёну террористони аз хориҷ дастгириёфта ба паҳнои кишварҳои рӯ ба рушд мардумони онҳоро дар ташвиш андохта, ба истиқлолияту озодии ин давлатҳо хатари воқеӣ эҷод намудаанд. Он ҳодисаи нангин, ки 29-уми июли соли равон дар кишвари мо рух дод, муқаррарӣ набуда, аз силсилаи ҳамин гуна амалҳои тахрибкоронаи гурӯҳҳои террористӣ ва душманони миллати мо буд. Ин ҳақиқати талхро барои он ёдовар шудам, ки мо, вакилони мардумӣ, онҳое, ки дар саргаҳи эҷоди шоҳроҳи зиндагии халқ, яъне қонунҳо, қарор дорем, бояд зимни таҳияи заминаҳои ҳуқуқӣ ва маънавии ҳифзи манфиатҳои давлату миллат ҷиддӣ андеша намоем.

Пешвои миллатамон Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид намудаанд, ки дар чунин шароит бояд нисбат ба ҳар вақти дигар зираку ҳушёр бошем, манфиату зарари худро дар гуфтору амали худ дуруст дарк намоем ва ба қадри бузургтарин неъматҳои миллиамон — истиқлолият, озодӣ, сулҳу оромӣ ва ваҳдати миллӣ бирасем.

Бояд ҳар як вакили мардумӣ дарк намояд ва ҳар як интихобкунандаи меҳанпараст дониста бошад, ки вазъи имрӯзаи ҷаҳон танҳо ба халқу миллатҳое имкони вуҷуд доштану рушд карданро медиҳад, ки дар баробари донишманд, аз назари технологӣ пешрафта ва созандаву эҷодкор буданашон, ҳамчунин сарҷамъу муттаҳид ҳастанд ва муқаррароти қонунро қатъиян риоя менамоянд.

Риояи реҷаи қонуният бошад, ба сатҳ ва сифати қонунҳо вобаста мебошад, яъне ҳар қадар, ки меъёри қонун ба зиндагии мардум наздик ва талаботи он ба ҳимояи манфиатҳои инсон созгор бошад ва дар муқаррароти он арзишҳои ҳаёти шахсӣ ва иҷтимоӣ дар тавозун инъикос ёфта бошанд, ба ҳамон андоза риоя ва волоияти он таъмин хоҳанд шуд.

Парламенти касбӣ лабораторияи азими эҷоди қонунҳо ва дар навбати худ, муайянкунандаи роҳи зиндагии халқ мебошад. Қутбҳои муайянкунандаи шоҳроҳи зиндагии халқро Конститутсияи кишварамон ба сӯи давлати демократӣ, ҳуқуқ­бунёд, иҷтимоӣ ва дунявӣ муайян кардааст, ки мақсад ва ҳадафи аслиашон таъмини шароити арзандаи зиндагӣ барои ҳар сокини мамлакати азизамон маҳсуб мешавад.

Мо — намояндагони мардумиро дар Иҷлосияи панҷум ҷиҳати расидан ба ин зинаҳои олии рушди давлатдориамон корҳои азим интизоранд. Ба ҳамаи шумо дар ин роҳ комёбиҳо хоста, ба дониш, таҷриба ва меҳандӯстиатон такя менамоям. Бовар дорам, ки ин вазифаи муқаддас — кашидани бори амонати қонунгузории кишварро дар чунин шароити вазнини ҷаҳон ва айни замон тақдирсози миллатамон якҷоя ва сарбаландона иҷро менамоем.

Вакилони муҳтарам!

Ба мо лозим аст, ки мутобиқи банди 134-уми Дастури Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳайати котиботи Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷумро интихоб намоем.

Ба баррасии шумо ҳайати вакилони зерин пешниҳод карда мешавад:

раиси котибот:

Шариф Раҳимзода — вакил аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ.

Аъзои котибот:

Мирзозода Мавлудахон Зайнӣ — вакил аз ҳавзаи интихоботии Бобоҷон Ғафуров, № 14;

Азимзода Толибхон Ситамурод — вакил аз ҳавзаи интихоботии Ёвон, №29.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳайати котиботи Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС:Вакилони муҳтарам!

Ба мо лозим аст, ки мутобиқи банди 134-уми Дастури Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳайати комиссияи баҳисобгрии овозҳои вакилонро дар ҷаласаҳои Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум интихоб намоем.

Ба баррасии шумо ҳайати вакилони зерин пешниҳод карда мешавад:

раиси комиссия:

Ахмедов Ҷаббор Ҷалолович — вакил аз ҳавзаи интихоботии Ӯрунхоҷаев, №15.

Аъзои комиссия:

Достизода Миралӣ — вакил аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ;

Ҷобирзода Тоҳир Гул — вакил аз ҳавзаи интихоботии Бохтар, №27.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳайати Комиссияи баҳисобгирии овозҳои вакилон дар ҷаласаҳои Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Вакилони муҳтарам!

Мутобиқи бандҳои 246 ва 247 Дастури Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ба мо лозим аст, ки барои назорати системаи электронии овоздиҳӣ дар ҷаласаҳои Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум гурӯҳи назорати системаи электронии овоздиҳиро интихоб намоем.

Ба баррасии шумо ҳайати вакилони зерин пешниҳод карда мешавад:

роҳбари гурӯҳ:

Саидов Ҷамшед Ҳамроқулович — вакил аз ҳавзаи интихоботии Сино, №4.

Аъзои гурӯҳ:

Акрамзода Баҳодур Исмоил — вакил аз ҳавзаи интихоботии Ҷаббор Расулов, №16;

Нидозода Ҳусайн Болта — вакил аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Гурӯҳи назорати системаи электронии овоздиҳӣ дар ҷаласаҳои Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Аз вакилоне, ки ба ҳайати котибот, комиссияи баҳисобгирии овозҳо ва гурӯҳи назорати системаи электронии овоздиҳӣ интихоб шудаанд, хоҳиш мекунам ба иҷрои вазифаҳояшон шурӯъ намоянд.

Вакилони муҳтарам!

Ба мо лозим аст, ки дар асоси банди 137-уми Дастури Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби инъикоси рафти кори ҷаласаҳои Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон даъвати панҷумро дар воситаҳои ахбори омма муайян намоем. Сухан оид ба ин масъала ба раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот Салимзода Олим дода мешавад.

Олим САЛИМЗОДА:

- Муҳтарам Раис, Раёсат ва вакилони арҷманд!

Ба таваҷҷуҳи шумо лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тартиби инъикоси кори Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум ба тариқи зайл пешниҳод мегардад:

Мутобиқи банди 137-уми Дастури Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Рафти кори Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум дар барномаҳои телевизион ва радиои ҷумҳурӣ ба таври фишурда пахш карда шавад.

2. Маводи кори Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум дар ҳаҷми пурра дар нашрияи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон — «Садои мардум» чоп карда шавад.

3. Маводи кори Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум ба воситаи Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» дар рӯзномаҳои ҷумҳуриявии «Ҷумҳурият», «Народная газета» ва «Халқ овози», дар рӯзномаҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятӣ, шаҳри Душанбе, шаҳрӣ ва ноҳиявӣ чоп карда шавад.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тартиби инъикоси кори Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Вакилони муҳтарам!

Ба баррасии шумо лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба рӯзномаи ҷаласаи якуми Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон даъвати панҷум» пешниҳод мегардад.

Лоиҳаи Қарор дар дасти шумо ҳаст. Чӣ гуна пешниҳод доред?

Дар бораи рӯзномаи ҷаласаи якуми Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум бо фарогирии масъалаҳои зерин қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шуд:

1. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2018»

2. Дар бораи Созишномаи амалисозии ҳамкории техникӣ оид ба татбиқи лоиҳаи «Гуногунии биологӣ ва хизматрасониҳои экосистемавии минтақаҳои кишоварзӣ» барои Ҷумҳурии Тоҷикис­тон байни Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷамъияти Олмонӣ оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ (GIZ)

3. Дар бораи Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ва Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид оид ба амалӣ намудани лоиҳаи «Тақвият додани муассисаҳо ва иқтидори Вазорати кишоварзӣ ва Хадамоти назорати давлатии байторӣ ҷиҳати таҳия намудани сиёсат»

4. Оид ба Протокол дар бораи ворид намудани тағйирот ба Созишнома байни давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай оид ба Сохтори минтақавии зиддитеррористӣ аз 7 июни соли 2002

5. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи минтақаҳои озоди иқтисодӣ»

6. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия»

7. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати дипломатӣ».

РАИС: — Ба баррасии масъалаҳо шурӯъ менамоем. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2018» сухан ба вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Қаҳҳорзода Файзиддин Саттор дода мешавад.

Қаҳҳорзода Файзиддин Саттор:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2018» дар асоси муқаррароти қисмҳои 3 ва 6 моддаи 51 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи молияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» таҳия шудааст, ки мутобиқи он дар ҳолати кам ё зиёд шудани воридоти маблағҳо ба буҷет, ки метавонад боиси 10 фоиз ё аз он зиёд тағйир ёфтани нақшаи солонаи тасдиқшудаи Буҷети давлатӣ гардад, Ҳукумати кишвар лоиҳаи санади дахлдор доир ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонун дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли молиявии ҳисоботӣ ё лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи Буҷети давлатии иловагии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро қабул ва барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд.

Дар Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2018 барои маблағгузории сохтмони Неругоҳи барқи обии «Роғун» 2,0 млрд. сомонӣ пешбинӣ шуда буд ва бо мақсади дар муҳлати муқарраршуда ба кор даровардани агрегати аввали он зарурати равона намудани маблағҳои иловагӣ ба ин иншооти азими аср ба миён омад. Дар робита ба ин, тибқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Фонди давлатии металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳаҷми 749,2 млн. сомонӣ металли қиматбаҳо ба фурӯш бароварда шуд. Мутобиқи талаботи моддаи 22 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо» маблағи аз фурӯши сарватҳои Фонди давлатии металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бадастомада бояд дар қисми даромади Буҷети давлатӣ ба ҳисоб гирифта шавад.

Бояд ёдрас намоям, ки соли 2016 барои маблағгузории неругоҳи мазкур 500 млн. доллари армикоӣ тавассути фурӯши коғазҳои қиматноки давлатӣ – евробондҳо ҷалб гардида буд ва соли ҷорӣ истифодаи бақияи ин маблағҳо дар ҳаҷми 2470,4 млн. сомонӣ (260,1 млн. доллари ИМА) пешбинӣ шудааст. Мутобиқи муқаррароти моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи молияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», векселҳои давлатӣ, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо асъори миллӣ ва хориҷӣ дар шакли коғазҳои қиматнок мебарорад, ҳамчун манбаи пӯшонидани касри буҷет истифода бурда мешаванд ва тағйироти мазкур бояд тавассути қабули санади меъёрии ҳуқуқӣ ба расмият дароварда шавад.

Бо пешниҳоди лоиҳаи мазкур ва бо риояи қатъии муқаррароти қонунгузории кишвар ба нақшаи як қатор моддаҳое, ки ба қисми даромаду хароҷот ва касри Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2018 вобастагӣ доранд, тағйироти дахлдор ворид карда мешавад.

Аз шумо хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2018»-ро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: — Сухан аз рӯйи ин ­масъала ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба иқтисод ва молия Ҷобирзода Тоҳир Гул дода мешавад.

ҶОБИРЗОДА Тоҳир Гул:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2018» аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон пешниҳод шудааст.

Дар соли 2018 бо мақсади рушди соҳаи энергетика ва сари вақт маблағгузорӣ намудани сохтмони Неругоҳи барқи обии «Роғун» аз ҳисоби фурӯши коғазҳои қиматноки давлатӣ бо асъорҳои хориҷӣ (евробондҳо) 2470,4 млн.сомонӣ (260,1 млн.доллари ИМА) ва аз ҳисоби фурӯши металлҳои қиматбаҳо 749,2 млн. сомонӣ, дар маҷмӯъ 3219,6 млн. сомонӣ равона карда мешавад.

Мутобиқи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи молияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», векселҳои давлатӣ, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо асъори миллӣ ва хориҷӣ дар шакли коғазҳои қиматнок мебарорад, ба манбаъҳои пӯшонидани касри буҷет мансуб мебошанд. Бо равона намудани маблағҳои иловагӣ барои маблағгузории сохтмони Неругоҳи барқи обии «Роғун» касри буҷети давлатӣ 2804,7 млн. сомониро ташкил медиҳад. Новобаста аз афзоиши касри Буҷети давлатӣ, мусбат арзёбӣ гардидани нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ дар шаш моҳи соли 2018, аз ҷумла рушди воқеии Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ҳамчун нишондиҳандаҳои асосии тавсифкунандаи ҳолати воқеии иқтисодиёти кишвар дар сатҳи 7,2 фоиз ва барзиёд иҷрои гардидани даромади Буҷети давлатӣ дар сатҳи 102,3 фоизи нақша аз он шаҳодат медиҳад, ки иқтисодиёти кишвар тамоюли рушд касб намуда, то охири соли 2018 нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ ва Буҷети давлатӣ дар сатҳи зарурӣ таъмин хоҳанд гардид.

Тағйироту илова ба якчанд моддаҳои қонун пешбинӣ гардидааст. Аз ҷумла:

- моддаи 1. Ҳаҷми умумии даромади Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз ҳисоби фурӯши металли қиматбаҳо 749,2 млн.сомонӣ);

- моддаи 2. Ҳаҷми умумии хароҷоти Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз ҳисоби фурӯши коғазҳои қиматноки давлатӣ бо асъори хориҷӣ (евробондҳо) 2470,4 млн.сомонӣ ва аз ҳисоби фурӯши металли қиматбаҳо 749,2 млн. сомонӣ, дар маҷмӯъ 3219,6 млн. сомонӣ);

- моддаи 3. Ҳаҷми умумии кас­ри Буҷети давлатӣ ва манбаъҳои пӯшонидани он (аз ҳисоби фурӯши коғазҳои қиматноки давлатӣ бо асъори хориҷӣ (евробондҳо) 2470,4 млн. сомонӣ);

- моддаи 4. Ҳаҷми умумии даромад ва хароҷоти буҷети ҷумҳуриявӣ;

- моддаи 5. Даромади буҷети ҷумҳуриявӣ аз рӯи манбаъҳои даромад;

- моддаи 6. Хароҷоти буҷети ҷумҳуриявӣ аз рӯи гурӯҳбандии вазифавӣ;

- моддаи 7. Хароҷоти буҷети ҷумҳуриявӣ аз рӯи гурӯҳбандии идоравӣ ва барномавӣ;

- моддаи 8. Хароҷоти буҷети ҷумҳуриявӣ аз рӯи гурӯҳбандии иқтисодӣ.

Дар ҷаласаи васеи кумита лоиҳаи қонун бо иштироки намояндагони кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифта, онро кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон ҷонибдорӣ намуданд.

Аз шумо — вакилони муҳтарам хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: - Муҳтарам вазир!

Касри буҷет дар соли 2018 чӣ қадар аст?

ҚАҲҲОРЗОДА Файзиддин Саттор: — Касри буҷет 0,5 фоизи ҳаҷми умумии Буҷети давлатиро ташкил менамояд. Бо дарназардошти тағйиру иловаҳои имрӯз пешниҳодгардида, он ба 4,8 фоиз баробар мешавад. Дар соли 2018 фурӯши вомбаргҳои давлатӣ ба нақша гирифта шудааст, ки маблағҳои он бояд дар Буҷети давлатӣ ба ҳисоб гирифта шаванд.

Ҳамчунин, соли ҷорӣ дастгирии Буҷети давлатӣ дар ҳаҷми 406 миллион сомонӣ аз ҳисоби грантҳо ва даромадҳои дигар ба нақша гирифта шудааст. Мо кӯшиш менамоем, ки иҷрои нақшаи Буҷети давлатӣ халалдор нашавад. Хароҷоти моддаҳои ҳимояшавандаи Буҷети давлатӣ низ ҳифз гардидаанд.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2018» ба овоз монда шуда, қонун қабул гардид. Вобаста ба қабули қонун Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шуд.

РАИС: — Ба баррасии масъала «Дар бораи Созишномаи амалисозии ҳамкории техникӣ оид ба татбиқи лоиҳаи «Гуногунии биологӣ ва хизматрасониҳои экосистемавии минтақаҳои кишоварзӣ» барои Ҷумҳурии Тоҷикистон байни Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷамъияти Олмонӣ оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ (CIZ)» оғоз менамоем. Сухан аз рӯйи ин масъала ба вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Иззатулло Сатторӣ дода мешавад.

ИЗЗАТУЛЛО Сатторӣ:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ!

Созишнома байни Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷамъияти Олмонӣ оид ба татбиқи лоиҳаи «Гуногунии биологӣ ва хизматрасониҳои экосистемавии минтақаҳои кишоварзӣ» дар асоси розигии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон 13 апрели соли 2018 дар шаҳри Душанбе ба имзо расонида шудааст. Мақсади асосии он аз муайян намудани роҳу усулҳои афзоиш додани гуногуншаклии биологӣ ва хизматрасониҳои экосистемавӣ дар ландшафтҳои кишоварзӣ дар асоси усулу таҷрибаҳои пешқадам иборат мебошад.

Созишномаи мазкур кумаки иқтисодӣ (грантӣ) буда, аз ҷониби Вазорати Федеративии муҳити зист, ҳифзи табиат, сохтмон ва бехатарии ядроии Олмон маблағгузорӣ гардида, дар ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Ҳиндустон ва Кения ба воситаи Ҷамъияти Олмонӣ оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ амалӣ карда мешавад.

Маблағи умумии лоиҳа 4 млн. евроро ташкил дода, дар минтақаҳои пилотии ҳадафноки се кишвар (Тоҷикистон, Ҳиндустон ва Кения) татбиқ мегардад.

Барои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар лоиҳаи мазкур 1.345.000 евро пешбинӣ гардидааст. Он ба ­масъалаҳои зерин равона мегардад:

- ҷалби коршиносони байналмилалӣ ва миллӣ бо мақсади таҳлил, баҳодиҳӣ ва омӯзиши таҷрибаи давлатҳои пешқадам, конвенсияҳои байналмилалӣ, бо дарназардошти қонунгузориҳои миллӣ ва омода намудани методология аз рӯи шаш усули татбиқи лоиҳа
(200.000 евро);

- ҷорӣ намудани таҷрибаҳои пешқадам ҷиҳати ҳифзи гуногуншаклиҳои биологӣ ва хизматрасониҳои экосистемавии ландшафтҳои кишоварзӣ (муаррифӣ намудани усулҳои интихобгардида, аз қабили идоракунии боғ, чарогоҳ, ҷангал, заминҳои наздиҳавлигӣ, заминҳои обёришаванда ва заминҳои лалмӣ, харидории мотоблокҳо, гузаронидани омӯзишҳо ва дар минтақа ҷорӣ намудани усули мактабҳои саҳроии кишоварзӣ, ташкили қитъаҳои намоишӣ, харидорӣ ва дастрас намудани тухмиҳои зироатҳои кишоварзӣ ва ниҳолҳо ба баҳрабарандагон) (745.000 евро);

- огоҳсозии шахсиятҳои давлатӣ ва хусусие, ки қабулкунандагони қарор мебошанд (ташкили ҷаласаҳои кумитаи роҳбарикунанда, семинарҳои байналмилалӣ, ташкил намудани семинарҳои омӯзишӣ бо идораҳои давлатӣ ва ташкилотҳои ғайридавлатӣ дар сатҳи миллӣ ва мониторинги барнома) (200.000 евро);

- табодули таҷрибаи давлатҳои дар лоиҳа иштироккунанда, баргузории семинарҳои байналмилалӣ бо мақсади омӯхтани таҷрибаи якдигар ва ташрифи коршиносони соҳа (200.000 евро).

Созишнома дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ду минтақа — водии Зарафшон-ноҳияи Айнӣ (деҳаҳои Похут, Зиндакон ва Мадм) ва водии Рашт-ноҳияи Рашт (деҳаҳои Ҷафр ва Мазор) амалӣ карда мешавад. Татбиқкунандаи он Агроаксияи Олмон буда, Вазорати кишоварзӣ ҳамшарики амалисоз ба ҳисоб меравад.

Агроаксияи Олмон дар минтақаҳои Похут, Зиндакон ва Мадми ноҳияи Айнӣ аз тариқи ташкилоти «Навоварӣ ва иштирок барои тараққиёт» (IPD) ва дар минтақаҳои Ҷафр ва Мазори ноҳияи Рашт аз тариқи Ташкилоти ҷамъиятии «Рӯшноӣ» лоиҳаро амалӣ менамояд.

То имрӯз дар доираи лоиҳа дар ноҳияҳои пилотии мазкур ба аҳолӣ бо мақсади беҳтар намудани гуногунии биологӣ 5280 кг навъҳои тухмии зироатҳои кишоварзӣ — гандум, марҷумак, ҷав, картошка, каду, лаб­лабуи сурх, пиёз, помидор, сабзӣ, сирпиёз, карам, нахӯд, эспарсет ва юнучқа, 1325 бех ниҳоли себ, нок, зардолу, чормағз, олу, барбарис ва малина, 20 оила занбӯри асал ва таҷҳизоти занбӯрпарварӣ, 5300 метр сеткаи оҳанӣ ва 4 мотоблоки дастӣ харидорӣ гардида, дастраси баҳрабарандагон шудааст.

Айни замон тибқи лоиҳа барои 350 нафар омӯзиш ва дарсҳои саҳроии кишоварзӣ гузаронида шудааст. Тибқи нақша, то анҷоми лоиҳа шумораи баҳрабарандагон дар ду ноҳия ба 700 нафар расонида мешавад.

Бояд қайд намуд, ки айни замон 40 фоизи маблағҳои лоиҳа аз худ карда шудаанд.

Бо мақсади татбиқи босамари лоиҳа кумитаи роҳбарикунанда аз ҳисоби мутахассисони Вазорати кишоварзӣ, Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ, Кумитаи ҳифзи муҳити зист, Агентии хоҷагии ҷангал, Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон таъсис шудааст, ки ҳар шаш моҳ мониторинг мегузаронад.

Аз шумо — муҳтарам вакилони Маҷлиси намояндагон хоҳиш менамоям, ки Созишномаи мазкурро дастгирӣ намоед.

РАИС: - Муҳтарам вазир! Тат­биқи лоиҳаи мазкур чӣ натиҷа хоҳад дод?

Иззатулло САТТОРӢ: — Муҳтарам Раис! Дар даврае, ки тағйирёбии иқлим авҷ мегирад, вазифа гузошта мешавад, ки омӯзиши гуногуншаклии биологӣ анҷом дода шавад. Бинобар ин, мақсад гузошта шудааст, ки дар ду минтақаи зикр­шуда чунин кор ба амал бароварда шавад. Ҳамчунин, экосистемаи минтақаҳо омӯхта мешавад. Ба ин кор мутахассисон — коршиносони байналмилалӣ ва маҳаллӣ ҷалб гардидаанд.

Аз маблағи умумии лоиҳа 30 фоизашро хароҷоти хизматрасониҳои ташкилотҳои байналмилалӣ ташкил медиҳад. Дар натиҷаи тат­биқи барнома намудҳои гуногуни растаниҳои кишоварзӣ вобаста ба минтақа ворид ва заминаи моддӣ — техникии онҳо мустаҳкам карда мешавад. Мутахассисони маҳаллӣ низ дар доираи лоиҳа аз омӯзиш баҳравар мегарданд.

РАИС: — Чаро барои татбиқи лоиҳа минтақаҳои кӯҳӣ интихоб шудаанд?

Иззатулло САТТОРӢ: — Қабл аз он ки лоиҳа тарҳрезӣ гардид, коршиносони байналмилалӣ бо мутахассисони маҳаллӣ дар минтақаҳо давоми ду сол тадқиқот анҷом дода, ба чунин хулоса расиданд. Дар сурати амалишавии муваффақонаи лоиҳа минбаъд дар дигар минтақаҳо низ ин кор ба нақша гирифта хоҳад шуд.

РАИС: — Чунонки ман огаҳ ­ҳастам, аввал барои татбиқи лоиҳаи мазкур ҳафт ноҳия интихоб шуда буд. Хуб мебуд лоиҳа дар дигар минтақаҳо, алалхусус, водиҳо низ мавриди амал қарор мегирифт.

Сухан аз рӯйи ин масъала ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин Сабурзода Мирзодавлат дода мешавад.

Мирзодавлат САБУРЗОДА:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ!

Созишномаи амалисозии ҳамкории техникӣ оид ба татбиқи лоиҳаи «Гуногунии биологӣ ва хизматрасониҳои экосис­темавии минтақаҳои кишоварзӣ» барои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки байни Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷамъияти Олмонӣ оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ (GIZ) (Ҷиайзед) 13 апрели соли 2018 дар шаҳри Душанбе ба имзо расидааст, аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон пешниҳод шудааст.

Он бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагон аз 20 августи соли 2018, №1868 барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон супорида шуд.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хулосаҳои пешниҳодкарда созишномаи зикргардидаро ҷонибдорӣ намуданд. Кумитаи масъул онро 29 августи соли 2018 дар ҷаласаи васеъ бо иштироки муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Акрамшо Фелалиев, намояндагони кумитаҳои Маҷлиси намояндагон, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ­масъалаҳои ҳуқуқӣ ва намояндаи Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор дод.

Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин аз шумо –вакилони гиромӣ, хоҳиш менамояд, ки созишномаи мазкурро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: — Маърӯзаҳо ба охир расиданд. Кӣ савол дорад?

Акрамшо ФЕЛАЛИЕВ – муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон:

- Устувории татбиқи лоиҳа дар ноҳияҳои пилотӣ то кадом андоза таъмин мегардад? Дар минтақаҳои пилотӣ чӣ қадар ҷойи кори доимӣ ё мавсимӣ пайдо мешавад?

Иззатулло САТТОРӢ: — Устувории татбиқи лоиҳа аз назорати Кумитаи роҳбарикунанда ва онҳое, ки назорати иҷрои лоиҳа ба онҳо вогузор аст, вобаста мебошад. Назорат ҷиддӣ хоҳад буд, зеро татбиқи минбаъдаи чунин лоиҳаҳо дар дигар минтақаҳоро мо аз ҷумлаи ҳадафҳои асосӣ мешуморем.

Татбиқи лоиҳа боиси зиёд шудани ҷойҳои кори доимӣ ва мавсимӣ хоҳад гардид.

РАИС: — Сухан ба вакили Маҷлиси намояндагон Одинаев Ҳаёт дода мешавад.

Ҳаёт ОДИНАЕВ: — Якчанд сол пеш дар Донишгоҳи миллии Тоҷикис­тон оид ба мушкилӣ ва нигаҳдошти фаъолияти экосистемаҳои Осиёи Марказӣ лоиҳаи миллӣ таҳия гардид, ки ҳоло татбиқи он идома дорад. Бо фармони ректори ДМТ озмоишгоҳ таъсис дода шуд ва дар он феълан ҳашт нафар фаъолият мебаранд. Ман ба сатҳи савияи илмии олимони Академияи илмҳои кишоварзӣ, Донишгоҳи аграрӣ ва дигар мутахассисони машғули тат­биқи лоиҳа шубҳа надорам, вале пурсиданиям, ки мутахассисони дар озмоишгоҳи ДМТ фаъолиятбарандаро барои тат­биқи лоиҳа дар ин ду минтақа ҷалб кардан мумкин аст ё не?

Иззатулло САТТОРӢ: — Барои татбиқи лоиҳаи мазкур олимони Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ва дигар муассисаҳои олии кишвар ҷалб шудаанд.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар хусуси тасдиқи Созишномаи амалисозии ҳамкории техникӣ оид ба татбиқи лоиҳаи «Гуногунии биологӣ ва хизматрасониҳои экосистемавии минтақаҳои кишоварзӣ» барои Ҷумҳурии Тоҷикистон байни Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷамъияти Олмонӣ оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ (GIZ)» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Ба баррасии масъала «Дар бораи Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид оид ба амалӣ намудани лоиҳаи «Тақвият додани муассисаҳо ва иқтидори Вазорати кишоварзӣ ва Хадамоти назорати давлатии байторӣ ҷиҳати таҳия намудани сиёсат» шурӯъ менамоем. Сухан аз рӯйи ин масъала ба вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Иззатулло Сатторӣ дода мешавад.

Иззатулло САТТОРӢ:

- Муҳтарам Раис, Раёсат ва вакилони гиромӣ!

Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ташкилоти озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид оид ба амалӣ намудани лоиҳаи «Тақвият додани муассисаҳо ва тавоноии Вазорати кишоварзӣ ва Хадамоти назорати давлатии байторӣ ҷиҳати таҳия намудани сиёсат» тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 июли соли 2017, №352 ба имзо расонида шудааст.

Мақсади он аз дастгирӣ намудани «Барномаи ислоҳоти кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2020» тавассути пайгирӣ намудани таҷдиди сохторӣ ва таҳкими неру дар Вазорати кишоварзӣ ва Хадамоти назорати давлатии байторӣ иборат мебошад.

Барои амалишавии лоиҳа аз тарафи Иттиҳоди Аврупо 5 миллион евро (грант) ҷудо гардидааст.

Вазифаҳои асосии лоиҳа иборат аст аз:

1. Гузаронидани ислоҳоти институтсионалии Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон (тақрибан 20 фоиз);

2. Ислоҳоти соҳаи кишоварзӣ, тадбирҳои сиёсат ва танзими меъёрии ҳуқуқӣ дар соҳаи амнияти озуқаворӣ (тақрибан 20 фоиз);

3. Таҳкими иқтидори касбӣ ва пойгоҳи техникии Вазорати кишоварзӣ (тақрибан 20 фоиз);

4. Андешидани тадбирҳо оид ба иттилооти босифат дар бораи кишоварзӣ ва амнияти озуқаворӣ (тақрибан 20 фоиз);

5. Тақвияти иқтидорҳои институтсионалӣ ва татбиқи хизматрасониҳои хусусӣ ва давлатӣ баҳри ҳифзи солимии ҳайвонот (тақрибан 20 фоиз).

Дар доираи вазифаи компоненти 1-ум то имрӯз Раёсати сиёсати аграрӣ ва мониторинги амнияти озуқаворӣ ва барои иҷрои барномаи ислоҳот котибот ташкил шуда, иҷрои барнома идома дорад.

Ҳадафи асосии ислоҳоти институтсионалӣ рушди бахши хусусӣ, диверсификатсияи кишоварзӣ, дастрасии хоҷагиҳои деҳқонӣ ба хизматрасониҳо ва рушди соҳаи кишоварзӣ мебошад.

Дар доираи вазифаи компоненти 2-юм таҳияи барномаҳо дар чор самти кишоварзӣ амалӣ гардида истодааст. Вобаста ба ин:

- тарҳрезии Барномаи амнияти озуқаворӣ;

- тарҳрезии барномаҳои маҷмӯавии рушди соҳаҳои чорводорӣ ва растанипарварӣ;

- барномаи «Хизматрасонии иттилоотию машваратӣ ба деҳқонон»;

- танзими дастрасӣ оид ба ҳуқуқи истифодабарии замин барои хоҷагиҳои хурд;

- тарҳрезӣ ва амалӣ намудани занҷираи арзиши иловашудаи маҳсулоти кишоварзӣ ба нақша гирифта шудааст.

Дар доираи вазифаи компоненти 3-юм мутобиқ намудани соҳаи кишоварзӣ ба талаботи стандартҳои миллӣ ва байналмилалӣ, аз ҷумла ба стандартҳои Созмони умумиҷаҳонии савдо ва дигар стандартҳо ҷавобгӯй кардани соҳаҳои кишоварзӣ мебошад.

Таҳияи иқтидори таҳлилӣ ва техникии вазорат барои рушди амнияти озуқаворӣ, бахши хусусӣ ва сиёсати аграрӣ пешбинӣ гардида, таҳлили иқтидори техникии кормандони вазорат гузаронида, натиҷаи якҷояи омӯзиши кормандони соҳаи кишоварзӣ таҳия шудааст. Омӯзиши кормандони соҳаи кишоварзӣ вобаста ба барномаи таҳияшуда бо ҷалби коршиносони миллӣ ва байналмилалӣ гузаронида шуда истодааст.

То кунун дар доираи лоиҳа барои Вазорати кишоварзӣ 13 адад компютер харидорӣ гардида, бо мақсади такмили дониш 7 нафар мутахассис дар курси омӯзишӣ вобаста ба масъалаҳои оморӣ, ки моҳи майи соли ҷорӣ дар Гурҷистон баргузор гардид, иштирок намуд. Даҳ нафар мутахассис курси Excel ва 26 нафар курси омӯзиши забони англисиро дар маркази забономӯзии МБО-Интернейшнл хатм намуданд. Барои кормандони вазорат ва ташкилотҳои зертобеи он ИМЕЙЛ-ДОМЕЙН-ҳо ташкил карда шуд ва сомонаи вазорат дар ҳоли такмил қарор дорад.

Дар доираи вазифаи компоненти 4-ум оид ба омори кишоварзӣ ва амнияти озуқаворӣ корҳо дар ҳамкорӣ бо Агентии омор ва Агентии обуҳавосанҷии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур идома дорад.

Омӯзишҳо дар сатҳи марказӣ ва вилоятӣ доир ба ҷорӣ намудани методологияҳои гузаронидани тадқиқот оид ба хоҷагии фермерӣ ва замини наздиҳавлигӣ таҳия гардида, аз ҷониби Агентии омор омӯзишҳо гузаронида шуд.

Дар доираи компонент чунин фаъолиятҳо ба нақша гирифта шудааст:

Дастгирии Агентии омор оид ба ҷорӣ намудани методологияҳои ҷадид;

Пешкаш намудани кумаки техникӣ баҳри амалисозии тавсияҳо бо мақсади такмил додани методологияҳои тавозуни озуқаворӣ;

Пешкаш намудани кумак ба Вазорати кишоварзӣ дар самти таҳлили иттилооти барӯйхатгирии соҳаи кишоварзӣ ва баровардани хулосаҳои сиёсӣ, гузориши солона ва санадҳои стратегӣ;

Таҳким бахшидан ба неруи Вазорати кишоварзӣ ва Агентии обуҳавосанҷӣ дар пешбинӣ ва арзёбии ҳосил ва истеҳсоли маҳсулоти чорво (кори техникӣ ба итмом расидааст);

Дар доираи компоненти 5- уми лоиҳа таҳкими иқтидорҳои институтсионалӣ ва татбиқи бахши хусусӣ ва давлатӣ баҳри беҳбуди хизматрасониҳои вобаста ба солимии ҳайвонот идома дорад;

Барои кормандони соҳаи байторӣ омӯзишҳо оид ба омода кардани стратегияҳои ҳозиразамони мубориза бо бемориҳои ҳайвонот ва эпидемология гузаронида шудааст.

Семинар барои баррасӣ ва мувофиқа намудани стратегияҳои нав оид ба мубориза бо бемориҳои маъмули чорво гузаронида шуд.

Барои таҷҳизонидани Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 15 маҷмӯи таҷҳизоти компютерӣ (ба маблағи 20596) доллари ИМА харидорӣ гардид.

100 дона мототсикл бо термоҷомадон, ҷомадони асбобҳои байторӣ ва дорупошак ба маблағи 159 000 доллар харидорӣ шуд.

Бо Ассотсиатсияи байторони Тоҷикистон ба маблағи 80000 доллар барои омӯзиши мутахассисони ҷавони соҳа-таҷрибаомӯзии донишҷӯёни факултаи ветеринарӣ қарордод баста шудааст.

Тибқи банди 3 ҳуҷҷати лоиҳа, таҷҳизоту маводе, ки пас аз тасдиқи Созишнома аз ҷониби ТОК СММ харидорӣ мегарданд (Автомашина РАВ-4, компютер, мизу курсӣ, ҷевон ва дастгоҳи суратгирӣ), дар давоми амалигардонии созишнома моликияти ТОК СММ буда, пас аз анҷоми лоиҳа ба моликияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ройгон дода мешаванд.

То имрӯз 20 фоизи (1 453 449 доллар) маблағи лоиҳа истифода шудааст, ки аз ин 300 000 доллар барои корҳои идоравии ФАО сарф гардидааст. Аз шумо — вакилони муҳтарам хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи мазкурро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: - Сухан аз рӯйи ин ­масъала ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин Ахмедов Мирзоанвар дода мешавад.

Мирзоанвар АХМЕДОВ:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ!

Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид оид ба амалӣ намудани лоиҳаи «Тақвият додани муассисаҳо ва иқтидори Вазорати кишоварзӣ ва Хадамоти назорати давлатии байторӣ ҷиҳати таҳия намудани сиёсат» 31 августи соли 2017 дар шаҳри Душанбе ба имзо расида, аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст. Он бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон аз 20 августи соли 2018, № 1869 барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон супорида шуд.

Ҳадафи асосии созишнома таъмини рушди тавоноӣ, такмил додани маҳорати таҳлилӣ ва техникии роҳбарону мутахассисони раёсату шуъбаҳои Вазорати кишоварзӣ ва Хадамоти назорати давлатии байторӣ ҷиҳати таҳия намудани сиёсати аграрӣ ва таъмини амният ва бехатарии озуқаворӣ мебошад, ки яке аз самтҳои расидан ба ҳадафҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи кишоварзӣ ба ҳисоб меравад.

Амалигардонии лоиҳа барои тақвият додани «Барномаи ислоҳоти соҳаи кишоварзӣ барои солҳои 2012-2020», робитаҳои Вазорати кишоварзӣ бо дигар вазорату идораҳои ҷумҳурӣ ва дигаргунсозии пешбурди сиёсат дар соҳа мусоидат менамояд. Татбиқи созишнома имкон медиҳад, ки мутахассисону роҳбарони соҳа малакаву дониши азхудкардаро дар асоси истифодаи воситаҳои техникиву технологии муосир, тибқи талаботи стандартҳои байналмилалӣ ба роҳ монда, пешбурди сиёсати аграриро таъмин намоянд.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон бо хулосаҳои пешниҳодкарда лоиҳаи созишномаи мазкурро ҷонибдорӣ намуданд.

Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин аз шумо — вакилони гиромӣ хоҳиш менамояд, ки Созишномаи байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид оид ба «Тақвият додани муассисаҳо ва иқтидори Вазорати кишоварзӣ ва Хадамоти назорати давлатии байторӣ ҷиҳати таҳия намудани сиёсат»-ро дастгирӣ намоед.

РАИС: - Маърӯзаҳо поён ёфтанд. Кӣ савол дорад ё сухан гуфтан мехоҳад.

Сухан ба вакил Рустам Қудратов дода мешавад.

Рустам ҚУДРАТОВ: - Муҳтарам Раис, вакилони гиромӣ! Созишномае, ки мавриди баррасӣ қарор дорад, дар асоси «Барномаи ислоҳоти соҳаи кишоварзӣ барои солҳои 2012-2020» таҳия гардидааст ва ҳоло марҳилаи сеюми амалигардонии он идома дорад. Дар барномаи зикршуда пешбинӣ шудааст, ки дигаргунсозии сохторӣ ва институтсионии соҳа идома меёбад, аз ҷумла ба 13 қонуни амалкунанда тағйироту иловаҳо ворид карда мешавад.

Солҳои 2018 — 2020 Вазорати кишоварзӣ аз идоракунии соҳавӣ ба идоракунии институтсионалӣ мегузарад. Яъне, таҷдиди амудии вазорат амалӣ мегардад, ки яке аз самтҳои асосии созишнома ҳамин масъаларо фаро мегирад. Ҳамчунин, солҳои 2018 -2020 бояд ба модели нави истифодаи замин гузарем. Ҳоло дар ҷумҳурӣ қариб 200 ҳазор хоҷагии деҳқонии инфиродию оилавӣ таъсис ёфтаанд. Дар Барномаи зикр­шудаи ислоҳоти кишоварзӣ соли 2012 инъикос шуда буд, ки дар солҳои 2018-2020 барои дастгирии кооператсионии молиявии хоҷагиҳо маблағ ҷудо карда мешавад.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид оид ба амалӣ намудани лоиҳаи «Тақвият додани муассисаҳо ва иқтидори Вазорати кишоварзӣ ва Хадамоти назорати давлатии байторӣ ҷиҳати таҳия намудани сиёсат» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Ба баррасии масъала «Оид ба Протокол дар бораи ворид намудани тағйирот ба Созишнома байни давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай оид ба Сохтори минтақавии зиддитеррористӣ аз 7 июни соли 2002» шурӯъ менамоем. Сухан аз рӯйи ин масъала ба муовини якуми раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Умаров Мансурҷон Ғаффорович дода мешавад.

УМАРОВ Мансурҷон Ғаффорович:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Протокол дар бораи ворид намудани тағйирот ба Созишнома байни давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай оид ба Сохтори минтақавии зиддитеррористӣ 16 августи соли 2007 дар шаҳри Бишкек ба имзо расидааст.

Он тартиби таъин ва аз вазифа озод намудани директори Кумитаи иҷроияи Сохтори минтақавии зиддитеррористии Созмони ҳамкории Шанхай ва муовинони ӯро ба танзим дароварда, забонҳои расмӣ ва кории сохторро муайян менамояд.

Сохтори минтақавии зиддитеррористии Созмони ҳамкории Шанхай 7 июни соли 2002 бо мақсади дастгирии сулҳу суботи байналмилалӣ, амният ва густариши ҳамкории давлатҳои аъзои созмон дар самти мубориза бар зидди терроризм, ҷудоихоҳӣ ва ифротгаройӣ таъсис шудааст.

Вазифаҳои асосии Сохтори минтақавии зиддитеррористӣ аз коркарди пешниҳоду тавсияҳо оид ба рушди ҳамкориҳо, мусоидат ба мақомоти салоҳиятдори давлатҳои аъзо дар мубориза бар зидди терроризм, ҷудоихоҳӣ ва ифротгаройӣ, аз ҷумла, дар гузаронидани машқҳои фармондеҳӣ — ситодии зиддитеррористӣ, оперативӣ- тактикӣ ва чорабиниҳои фаврӣ — ҷустуҷӯйӣ, инчунин, дар амалӣ намудани ҷус­туҷӯйи ашхосе, ки дар кофтукови байналмилалӣ қарор доранд, таъсиси махзани иттилоотӣ дар бораи ташкилоту созмонҳои террористию экстремистӣ ва шахсони алоқаманд ба онҳо ва ғайра иборат мебошад.

Қайд кардан бамаврид аст, ки Сохтори минтақавии зиддитеррористӣ дар тӯли 16 соли фаъолият ба яке аз бонуфузтарин ташкилоти минтақавии бо терроризм муборизабаранда табдил ёфтааст, ки инро ташкилотҳои байналмилалӣ эътироф карда, бо он ҳамкорӣ менамоянд. Тавассути имкониятҳои ин сохтор Ҷумҳурии Тоҷикистон мунтазам мавқеи худро дар мубориза бар зидди терроризму экстремизм ва ташкилотҳои алоҳида ба кишварҳои аъзои СҲШ ва дигар давлатҳо мерасонад. Аз ҷумла, 20 январи соли 2016 Кумитаи иҷроияи Сохтори минтақавии зиддитеррористӣ Ҳизби наҳзати исломиро таҳти №70 ба рӯйхати ташкилотҳои террористӣ, ҷудоихоҳ ва ифротгаро, ки фаъолияташон дар давлатҳои Созмони ҳамкории Шанхай манъ шудааст, дохил намуд. Ҳамчунин, Шӯрои Сохтори минтақавии зиддитеррористӣ бо қарор таҳти №473 аз 17 сентябри соли 2017 ахбороти ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистонро нисбат ба ТТЭ ҲНИ ба инобат гирифта, ба Кумитаи иҷроияи сохтор дастур дод, ки бо мақомоти салоҳиятдори давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баҳри пешгирӣ кардани фаъолияти ТТЭ ҲНИ дар давлатҳои аъзои созмон ҳамкорӣ намоянд.

Мақомоти доимоамалкунандаи Сохтори минтақавии зиддитеррорис­тӣ Кумитаи иҷроияи он мебошад, ки роҳбарии онро директор ба уҳда дорад. Қароргоҳи Кумитаи иҷроия дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон воқеъ аст. Директор бо тавсияи Шӯрои Сохтори минтақавии зиддитеррористӣ аз тарафи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай аз ҳисоби шаҳрвандони давлатҳои аъзо ба муҳлати се сол, дар асоси ҷойивазкунӣ (ротатсия), ба вазифа таъин карда мешавад. Қаблан муовинони директор низ бо ҳамин тартиб таъин мегардиданд. Вале бо имзо кардани протоколи болозикр, минбаъд муовинони директор бо пешниҳоди мақомоти салоҳиятдори давлатҳои аъзо аз тарафи Шӯрои ҳамин сохтор ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешаванд.

Мутобиқи Қарори Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай, солҳои 2019- 2021 вазифаи директори Кумитаи иҷроияи Сохтори минтақавии зиддитеррористии СҲШ аз Федератсияи Россия ба Ҷумҳурии Тоҷикистон мегузарад.

Масъалаи дигаре, ки бо қабули протоколи қайдгардида ба танзим дароварда шудааст, муайянсозии забонҳои расмӣ ва кории Сохтори минтақавии зиддитеррористӣ мебошад.

Пеш забони кории сохтор танҳо русӣ буд. Акнун дар қатори забони русӣ забони хитойӣ низ забони расмӣ ва корӣ эътироф шудааст.

Мувофиқи моддаи 11 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон», Протокол дар бораи ворид намудани тағйирот ба Созишнома байни давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай оид ба Сохтори минтақавии зиддитеррористӣ мавриди тасдиқи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ қарор мегирад. Дар робита ба супориши Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамин бобат аз 18 апрели соли 2018, №111773 (29-10) лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба тасдиқи Протокол дар бораи ворид намудани тағйирот ба Созишнома байни давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай оид ба Сохтори минтақавии зиддитеррористӣ (07.06.2002)», аз ҷониби Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар мувофиқа бо вазорату идораҳои дахлдор таҳия гардидааст.

Санади зикршуда ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ мухолифат накарда, қабули он аз Буҷети давлатӣ маблағгузории иловагиро талаб наменамояд. Аз шумо — вакилони муҳтарам хоҳиш дорам, ки бо мақсади ҳамкориҳои мутақобилан судманди мақомоти ваколатдори давлатҳои аъзои СҲШ дар ин самт, лоиҳаи қарори мазкурро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: — Сухан аз рӯйи ин ­мас­ъала ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният Қобилов Аҳматҷон дода мешавад.

Аҳматҷон ҚОБИЛОВ:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ!

Протокол дар бораи ворид намудани тағйирот ба Созишнома байни давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай оид ба Сохтори минтақавии зиддитеррористӣ аз 7 июни соли 2002, ки 16 августи соли 2007 дар шаҳри Бишкек ба имзо расидааст, аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.

Протокол аз дебоча ва 2 модда иборат мебошад. Дар моддаҳои 1 ва 2 ворид намудани тағйирот ба моддаҳои 11 ва 21 Созишномаи байни давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай оид ба Сохтори минтақавии зиддитеррористӣ аз 7 июни соли 2002 пешбинӣ гардида, масъалаи таъин ва аз вазифа озод намудани директори Сохтори минтақавии зиддитеррористии Созмони ҳамкории Шанхай ва муовинони ӯро ба танзим дароварда, забонҳои расмӣ ва кории сохтори зикргардидаро муайян менамояд.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколи зикршударо мавриди баррасӣ қарор дода, бо пешниҳоди хулосаҳо онро ҷонибдорӣ намуданд.

Кумитаи масъул масъалаи зикр­гардидаро 6 сентябри соли 2018 дар ҷаласаи васеъ бо иштироки намояндагони кумитаҳои Маҷлиси намояндагон, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба мас­ъалаҳои ҳуқуқӣ мавриди баррасӣ қарор дод ва он аз ҷониби иштирокчиён ҷонибдорӣ гардида, муайян карда шуд, ки он ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надорад. Бинобар ин, аз шумо — вакилони гиромӣ хоҳиш менамоем, ки онро тасдиқ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба тасдиқи Протокол дар бораи ворид намудани тағйирот ба Созишнома байни давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай оид ба Сохтори минтақавии зиддитеррористӣ аз 7 июни соли 2002» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: - Ба баррасии масъала «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи минтақаҳои озоди иқтисодӣ» шурӯъ менамоем. Сухан аз рӯйи ин масъала ба вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Неъматулло Ҳикматуллозода дода мешавад.

Неъматулло ҲИКМАТУЛЛОЗОДА:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ!

Фароҳам овардани заминаи мусоиди қонунгузорӣ ва густариши низоми институтсионалӣ ва дар ин асос рушди минтақаҳои озоди иқтисодӣ, ки дар давраи гузариш падидаи нави иқтисодиёти миллӣ мебошад, таваҷҷуҳи хоса касб кардааст. Бо дарназардошти гуфтаҳои боло, дар асоси таҳлили таҷрибаи фаъолияти минтақаҳои озоди иқтисодии кишвар лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи минтақаҳои озоди иқтисодӣ» таҳия ва бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 июни соли 2018 маъқул дониста шудааст.

Мақсади асосии тағйироти пешбинишуда аз мутобиқ кардани қонуни амалкунанда ба муқаррароти қонунгузории ҷории кишвар, тавзеҳ додан ва таҳрири як қатор мафҳумҳо, инчунин, тақвияти идоракунӣ ва масъулияти маъмурияти минтақаҳо ҷиҳати ҷалби субъект­ҳои нав дар муҳлатҳои кӯтоҳтар ва васеъ кардани имконоти сармоягузорӣ дар минтақаҳо иборат мебошад. Ҳамчунин, бо мақсади сарфа кардани маблағҳои Буҷети давлатӣ ва дарёфти манбаъҳои иловагии маблағгузорӣ ҷиҳати бунёди инфрасохтори минтақаҳо барои маъмурияти минтақаҳо расмиёти баррасии дархостҳои лоиҳавӣ (бизнес — нақшаҳо) сода карда шуда, дар асоси лоиҳаи пешниҳодшуда онҳо ваколатҳоро мустақилона тавассути низомномаҳо амалӣ хоҳанд кард. Дар ҳошияи ин тадбирҳо барои ривоҷ додани ҳамкориҳои байни минтақаҳо, гардиши мол ва хизматрасониҳо ҷиҳати вусъат додани иқтидори содиротии онҳо, тағйироти воридшаванда ҳангоми аз як минтақа ба минтақаи дигар интиқол додани молҳо озод будан аз андозу боҷҳои гумрукӣ ва татбиқ нагардидани дигар чораҳои маҳдудкунандаро низ пешбинӣ менамояд.

Азбаски дар минтақаҳо ҷалби сармоягузорон ва мутахассисони хориҷӣ дар назар аст, санади такмилдодашуда, инчунин содагардонии расмиёти додани иҷозатномаҳои корӣ ба шаҳрвандони хориҷиро пешбинӣ менамояд, ки боиси фароҳам овардани шароити мусоид ба вусъати корҳо мегардад.

Бо мақсади рушди минбаъдаи минтақаҳои озоди иқтисодӣ, ҷалби бештари сармояҳо ва тақвияти неруи содиротии кишвар аз шумо — вакилони муҳтарам хоҳиш менамоям лоиҳаи қонуни мазкурро дастгирӣ намоед.

РАИС: - Сухан аз рӯйи ин ­масъала ба раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия Шариф Раҳимзода дода мешавад.

Шариф РАҲИМЗОДА:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи минтақаҳои озоди иқтисодӣ» аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва пешниҳод шудааст.

Он бо мақсади мутобиқ намудан ба талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, фароҳам овардани заминаи воқеӣ ҷиҳати рушди устувори минтақаҳои озоди иқтисодии кишвар, мутобиқат ба муқаррароти Конвенсияи Киото (1973) дар бораи содагардонии механизми воридот ва содирот аз ҳудуд ва ба ҳудуди минтақаҳои озоди иқтисодӣ мебошад.

Дар ҷаласаи васеи кумита лоиҳаи қонуни зикргардида бо иштироки намояндагони кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифт. Онро кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон ҷонибдорӣ намуда, 7 таклиф пешниҳод намуданд, ки аз онҳо 5-тояш қабул гардид.

Лоиҳаи қонун ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ мебошад. Аз шумо-вакилони муҳтарам хоҳиш менамоям, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи минтақаҳои озоди иқтисодӣ» ба овоз монда шуда, қонун қабул гардид. Вобаста ба қабули қонун Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шуд.

РАИС: - Ба баррасии масъала «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия» оғоз мекунем. Сухан аз рӯйи ин масъала ба директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатов Ҷумъа Маҳмадалиевич дода мешавад.

ДАВЛАТОВ Ҷумъа Маҳмадалиевич:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия» ҷиҳати иҷрои бандҳои 35 ва 65 — уми нақшаи чорабиниҳои татбиқи «Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикис­тон барои солҳои 2013- 2020», ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 августи соли 2013, №1504 тасдиқ гардидааст, бо мақсади ба қонуни мазкур ворид намудани мафҳумҳои нав ва такмили механизми эъломиякунонии даромадҳои шахсони мансабдори давлатӣ таҳия ва пешниҳод гардидааст.

Он бо тартиби муқарраргардида бо вазорату идораҳои дахлдор мувофиқа гардида, аз экспертизаи зидди коррупсионӣ гузаронида шуда, 21 июни соли 2018, №307 аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маъқул дониста шуд ва ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон пешниҳод гардид.

Ҳангоми баррасӣ дар сохторҳои дахлдори Маҷлиси намояндагон лоиҳа такмил ва барои қабул омода шудааст. Лоиҳаи қонун аз ду модда ва моддаи 1- уми он аз ду қисм иборат мебошад. Дар қисми 1 — уми лоиҳа ба моддаи 1 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия» бо мақсади бартараф сохтани гуногунфаҳмӣ ворид намудани мафҳумҳои «бархӯрди манфиатҳо», «манфиати давлатӣ» ва «манфиати шахсӣ» пешниҳод карда мешаванд. Ҳангоми таҳияи мафҳумҳои мазкур таҷрибаи давлатҳои дигар ба инобат гирифта шудаанд.

Аз фурсат истифода бурда, пешниҳод менамоям, ки дар сархати сеюми қисми 1 ибораи «созмонҳои байналмилалӣ» ба ибораи «ташкилотҳои байналмилалӣ» иваз карда шавад, зеро дар қонуни мазкур дар 25 ҳолат калимаи «ташкилот», аз ҷумла дар сархати шашуми моддаи 1 ибораи «ташкилотҳои байналмилалӣ» истифода шудааст.

Дар қисми 2 лоиҳа моддаи 8 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия» дар таҳрири нав пешбинӣ гардидааст.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 марти соли 2007, №233 «Дар бораи хизмати давлатӣ» бо тағйирот аз 3 августи соли 2018, №1543 дар моддаи 31 пешбинӣ менамояд, ки эъломиякунонии даромадҳо ва вазъи молумулкии довталабони мансабҳои давлатии хизмати давлатӣ, хизматчиёни давлатӣ ва мансабҳои ба онҳо баробаркардашуда бо тартиби муқаррарнамудаи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия» амалӣ карда мешавад.

Дар лоиҳаи баррасишаванда мушаххас гардонида шудааст, ки довталабони ишғоли мансабҳо ва шахсони мансабдори давлатӣ уҳдадоранд, ки ҳангоми таъин (интихоб) ба мансаб ва ҳар сол, мувофиқи тартиби муқарраршуда, ба роҳбари мақомоти давлатӣ эъломия оид ба вазъи молумулкӣ пешниҳод намоянд.

Мувофиқи лоиҳа, шакли эъломия дар бораи вазъи молумулкӣ бо номгӯйи маълумоти эъломияшаванда ва тартиби пур кардани эъломияи мазкур аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад ва фаъолият оид  ба таҳияи санадҳои мазкур шурӯъ гардидааст.

Эъломияҳо оид ба даромадҳо бошанд, тибқи қонунгузории андоз ба мақомоти андоз пешниҳод карда мешаванд, ки тартиби мазкур низ минбаъд такмил дода мешавад. Сабаби пешниҳоди ин тағйирот аз таъмини мувофиқати се санади қонунгузорӣ – Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ» ва Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон иборат мебошад. Ҳамчунин, дар назар аст, ки минбаъд тартиби эъломиякунонии даромадҳо ва вазъи молумулкии довталабон ва шахсони мансабдор ва номгӯйи маълумоти эъломияшаванда мушаххас гардонида шаванд.

Аз шумо — вакилони муҳтарам хоҳиш менамоем, ки лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: - Сухан аз рӯйи ин ­мас­ъала ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният Тағоймуродов Анвар Ҳайдарович дода мешавад.

Анвар ТАҒОЙМУРОДОВ:

- Муҳтарам Раис, Раёсат ва вакилони гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия» бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.

Он ҷиҳати иҷрои бандҳои 35 ва 65 нақшаи чорабиниҳои татбиқи «Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013- 2030», бо мақсади такмили механизми эъломиясозии даромадҳо ва молумулки шахсони мансабдори давлатӣ, довталабони мансабҳои давлатӣ, аз ҷумла мансабҳои ба онҳо баробаркардашуда ва мушаххас намудани вазифаи хадамоти кадрии мақомоти давлатӣ, таҳия ва пешниҳод гардидааст.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон лоиҳаи қонунро мавриди омӯзиш қарор дода, онро ба пешниҳоди хулосаҳо ҷонибдорӣ намуданд. Аз кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон чор таклиф пешниҳод гардид, ки онҳо ба инобат гирифта шуданд. Аз шумо- вакилони гиромӣ хоҳиш менамоем, ки лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия» ба овоз монда шуда, қонун қабул гардид. Вобаста ба қабули қонун Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шуд.

РАИС: - Ба баррасии масъала «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати дипломатӣ» шурӯъ менамоем. Сухан аз рӯйи ин масъала ба вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Шоҳмурод Рустам дода мешавад.

Рустам ШОҲМУРОД:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати дипломатӣ» бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардидааст.

Мақсад аз он татбиқ намудани ҳуқуқ ва имтиёзҳои дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати дипломатӣ» пешбинишуда нисбат ба кормандони воҳид­ҳои сохтории дахлдори Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки масъалаҳои робитаҳои байналмилалиро пеш мебаранд, ҳавасмандгардонӣ ва танзими фаъолияти самараноки онҳо, инчунин мутобиқ намудани меъёрҳои алоҳидаи қонун ба тағйиру иловаҳое, ки ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 22 майи соли 2016 ба тариқи раъйпурсии умумихалқӣ ворид карда шудаанд, мебошад.

Дар асоси тағйиру иловаҳо, ба қонуни мазкур ба моддаи 1 мафҳуми нав-«кормандони воҳидҳои сохтории дахлдори Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки масъалаҳои робитаҳои байналмилалиро пеш мебаранд» илова карда шудааст, ки таҳти ин мафҳум «кормандони бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ, раёсати робитаҳои хориҷии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва хадамоти ташрифоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» фаҳмида мешаванд.

Ба қисми якуми моддаи 8 сархати нав илова гардидааст, ки мутобиқи он ба ҳайати кадрии хизмати дипломатӣ «кормандони воҳидҳои сохтории дахлдори Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки масъалаҳои робитаҳои байналмилалиро пеш мебаранд», ҳамроҳ карда шудаанд.

Бо мақсади истифодаи истилоҳи ягона ва аз байн бурдани носаҳеҳӣ дар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ мувофиқи тағйироти дигар аз сархати сеюми қисми 1 моддаи 9 калимаҳои «(муовини Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди ташкилоти байналмилалӣ)» хориҷ карда шудааст.

Ба моддаи 10 қисми 4 илова карда шудааст, ки мутобиқи он минбаъд «кормандони воҳидҳои сохтории дахлдори Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки масъалаҳои робитаҳои байналмилалиро пеш мебаранд, дар асоси пешниҳоди Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ва бо мувофиқаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати дипломатӣ дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муассисаҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кишварҳои хориҷӣ ба тариқи гузариш тибқи талаботи қонуни мазкур таъин карда мешаванд.

Мутобиқи тағйироти дигари пешниҳодшуда, дар қисми 4 моддаи 12 калимаҳои «Вазорати корҳои хориҷии» ба калимаи «Президенти» иваз карда шуда, дар асоси он минбаъд «Тартиби ҷой­ивазкунии (ротатсияи) кормандони хизмати дипломатӣ» аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.

Ҳамчунин, дар лоиҳа як қатор тағйирот ҷиҳати мутобиқ намудани меъёрҳои қонуни мазкур ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, бинобар ба тариқи раъйпурсии умумихалқӣ 22 майи соли 2016 ворид гардидани тағйиру иловаҳо ба он, пешниҳод карда шудаанд.

Аз шумо — вакилони гиромӣ хоҳиш менамоем, ки лоиҳаи қонуни пешниҳодшударо ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: - Сухан аз рӯйи ин ­мас­ъала ба муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот Саидов Ҷамшед Ҳамроқулович дода мешавад.

САИДОВ Ҷамшед Ҳамроқулович:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини арҷманд!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати дипломатӣ» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.

Лоиҳаи қонун бо мақсади таъмини иҷрои талаботи банди 2 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Низомномаи Хадамоти ташрифоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 16 апрели соли 2018, №1047 доир ба татбиқ намудани ҳуқуқ ва имтиёзҳои бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати дипломатӣ» пешбинишуда нисбат ба кормандони воҳидҳои сохтории дахлдори Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, ки масъалаҳои робитаҳои байналмилалиро пеш мебаранд, инчунин ҳавасмандгардонӣ ва танзими фаъолияти самараноки онҳо омода ва пешниҳод шудааст.

Лоиҳаи қонун расмиёти дохилиидоравиро гузаш­та, кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон онро мавриди омӯзиш қарор дода, ҷиҳати такмил дар маҷмӯъ, 5 таклифу пешниҳод манзур карданд, ки аз онҳо сетояш пурра ва як таклиф қисман қабул гардид.

Кумитаи масъул 30 августи соли 2018 бо иштироки намояндагони кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон дар ҷаласаи васеъ таклифу пешниҳодҳои ироагардидаро баррасӣ намуд. Бо дарназардошти таклифу пешниҳодҳо лоиҳаи қонуни мазкур такмил дода шуд. Аз шумо хоҳиш менамоям, ки ба тарафдории он овоз диҳед.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати дипломатӣ» ба овоз монда шуда, қонун қабул гардид. Вобаста ба қабули қонун Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шуд.

Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Шукурҷон Зуҳуров ҷаласаи якуми Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷумро ҷамъбаст намуд.

Самариддин АСОЕВ, Абдумаҷид МУРОДОВ, «Садои мардум». 

Суратгир Неъматулло АЛИЕВ