12 декабри соли 2017 таҳти раёсати раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Эмомалӣ Насриддинзода бо иштироки намояндагони вазорату кумитаҳои дахлдори ҷумҳурӣ дар мавзӯи «10 декабр — Рӯзи ҳуқуқи инсон» суҳбати гирди миз баргузор гардид.
Эмомалӣ Насриддинзода иброз дошт, ки тибқи моддаи 2-юми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» ҳар сол дар Тоҷикистон Рӯзи ҳуқуқи инсон ҷашн гирифта мешавад.
- Мушкилоти ҳуқуқи инсон ва дарёфти роҳҳои таъмини он аз қадим диққати донишмандони Шарқу Ғарбро мутаваҷҷеҳ сохта буд. Аввалин маротиба Куруши Кабир онро дар шакли эъломия қабул кард, сипас тавассути донишмандони замон ба чаҳор минтақаи олам паҳн шуд. Тавре ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштаанд: «Гарчанде илми ҳуқуқшиносии мамолики Ғарб қонунҳои асосӣ ва қонунҳои ин кишварҳоро ҳамчун манбаи нахустини пайдоиш ва эътирофи ҳуқуқу озодиҳои инсон мешуморад, вале миллати мо низ дар ҳаллу фасли ин масъала дар ҳошияи таърихи башар набудааст. Дар ин бобат ёдовар шудан аз Эъломияи ҳуқуқи башари Куруши Кабир, ки зиёда аз дувуним ҳазор сол қабл аз ин қабул гардида буд, кофист», — гуфт Эмомалӣ Насриддинзода ва афзуд, ки дарвоқеъ, эъломияи мазкур нахустин ташаббус ва иқдом ба сӯи бунёди ҷомеаи ҳуқуқӣ, дунявӣ ва адолатпарвар буд. Дар замони муосир ин рисолатро Эъломияи умумии ҳуқуқи башар, ки соли 1948 аз ҷониби Ассамблеяи генералии СММ қабул гардидааст, анҷом дода истодааст. Таҷлили ин рӯз ҷомеаро водор месозад, ки ба инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯ аз назари эҳтиром ва ғамхорӣ муносибат намояд.
Аз рӯи масъалаи мазкур, ҳамчунин Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Зариф Ализода суханронӣ намуд.
Шуъбаи матбуоти Дастгоҳи
Маҷлиси намояндагон