Роҳи асосии барҳам задани коронавируc кадом аст?

№66 (4172) 04.06.2020

Ф. Наымиддиниён 1Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо дар баромаду суханрониҳояшон тавсия доданд, ки барои пешгирии бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла коронавирус, бояд меҳру муҳаббати инсониро фаромӯш насозем, нисбат ба ҳамдигар ғамхору меҳрубон бошем, дасти ятимону ниёзмандонро гирем, содиқона ва поквиҷдонона хизмат намоем, аз ҳар як ваҷаб замин самаранок истифода намоем, захираи на кам аз дусолаи ғизо дошта бошем ва ба ин васила дар таъмини амнияти озқавории кишвар саҳми сазовор гузорем.

Инсоният тӯли солҳои мавҷудият ба ҳазорҳо хавфу хатар, қаҳтиву сахтӣ ва беморӣ, аз ҷумла бемориҳои сироятӣ, рӯ ба рӯ гардида, ҳеҷ вақт ба яъсу навмедӣ дода нашуда, ҳамеша тавассути дӯстӣ, дастҷамъиву якдигарфаҳмӣ ва ба ҳамдигар дас­ти мададу эҳсон дароз намудан онҳоро сарбаландона паси сар намудааст. Ҳоло бемории коронавируc дар андак муддат қариб ба ҳама кишвари олам роҳ ёфта, ба соҳаҳои иқтисодиёту иҷтимоиёт, фарҳангу маънавиёт, бахусус саломатии инсонҳо хатару зарари ҷиддӣ расонд. Тибқи маълумоти олимону коршиносон, қариб понздаҳ фисади мубталогаштагон бемориро вазнин гузаронида, ҳатто талафоти ҷонӣ низ ба бор меояд.

Вобаста ба манъи хурӯҷи беморӣ дар рӯи ҷаҳон, кишвари мо ҳам чораҳои пешгирикунанда андешида истодааст. Ба ҳамин хотир, Амри Президенти мамлакат аз 18 марти соли равон таҳти №1365 «Оид ба амалӣ намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ ҷиҳати пешгирии интиқол ва пайдоиши сирояти нави коронавирус (COVID-19) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба тасвиб расид. Дар асоси он ситодҳои пешгирии беморӣ дар сатҳи ҷумҳурӣ ва маҳал таъсис ёфтанд.

Ҷиҳати пешгирии коронавирус ва муайянсозии аломатҳои хоси он дар муассисаҳои тандурустӣ таҷҳизоти зарурӣ муҳайё гардидааст. Беморхонаҳо бо доруворӣ ва дигар лавозимоти зарурӣ таъмин мебошанд. Табибони ҳозиқ баҳри табобати беморон ва ҳифзи саломатии ҷомеа заҳмат мекашанд.

Тавре аз расонаҳои хабарӣ огоҳ мегардем, корҳои пешгирикунӣ ва профилактикӣ дар мамлакат доир гардида, миёни аҳолӣ фаҳмондадиҳӣ идома доранд ва варақаву дигар маълумоти муҳофизативу ахбордиҳанда тақсим мегарданд. Гулгашту хиёбон, манзилу биноҳои зист, муассисаҳои таълимӣ, майдончаҳои варзишӣ, бозору корхона ва дигар иншоот бо маҳлулҳои безараргардонӣ аз ҷониби мутахассисон тамиз гардонида мешаванд. Илова бар ин, аз ҳисоби мутахассисони соҳаи тиб гурӯҳҳои корӣ ташкил шудааст, ки вобаста ба риояи гигиенаи шахсӣ ва гӯш надодан ба ҳар гуна овозаҳои бардурӯғ вохӯриҳо ҷараён дорад. Хуллас, авҷ гирифтани бемории сироятии коронавирус водор месозад, ки дар бартараф ва пешгирии он дастаҷамъона амал намоем.

КовидТавре маълум аст, вирус ба одамон дар сурати риоя нагардидани чораҳои муҳофизатӣ мегузарад. Айни замон ягон доруи мушаххас ё ваксина барои он вуҷуд надорад. Дар ҳолати кунунӣ, тибқи маълумоти пизишкон, табобат аз таъин кардани терапияи нигоҳубин вобаста ба ҳолати бемор иборат аст. Дар чунин шароит барои ҳифзи саломатии худу атрофиён ҳар шахсро зарур аст, ки ҳангоми ба ҷойҳои серодам рафтан бояд чораҳои умумии гигиениро риоя кунад.

Зарур аст, ки тибқи тавсияи табибон, бе зарурат аз хона набаромада, талаботи қоидаҳои беҳдоштиро дар хона ва ҷойҳои ҷамъиятӣ ҳатман риоя намоем. Ин метавонад дастгирии аввалин ҷиҳати зуд раҳо гардидан аз пандемия гардад. Инчунин, зарур аст, ки ба қадри тавон ҷиҳати ёрии моддии табибон камари ҳиммат бандем. Саъй намоем саломатии худ ва атрофиёнро зери хатар нагузорем.

coronavirus-who-covid-19-temperatureҲукумати мамлакат зери роҳбарии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста талош намуда истодааст, ки ҳар чӣ бештар садди хурӯҷи беморӣ дар кишвар гардад.

Соҳибкорони саховатманду шахсони алоҳида низ камари ҳиммат баста, ба табибони беморхонаҳо хӯрокворӣ ва сарулибоси махсуси тиббӣ ва ба оилаҳои ниёзманд ғизову маҳлулҳои антисептикӣ кумак мерасонанд. Кумакҳои башардӯстона ба беморону дигар ниёзмандон сари вақт расонида мешавад.

Ба назар мерасад, ки одамон низ кӯшиш намуда истодаанд, дас­тури табибонро иҷро намуда, ҳар чӣ зудтар садди роҳи паҳншавии беморӣ гарданд. Воқеан ҳам, бо ҳамин роҳ метавонем саломатии худу фарзандонро ҳифз намоем.

Файзулло НАҶМИДДИНИЁН, 

вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон