«Рушди рӯҳияи Шанхай — ба хотири дӯстии байни халқҳо»

№74 (4336) 08.06.2021

DSC_1312Ба муносибати 20 — солагии таъсиси Созмони ҳамкории Шанхай 2 — 3 июни соли равон дар шаҳри Ухани музофоти Хубэйи Ҷумҳурии Халқии Хитой Форуми дипломатияи мардумии СҲШ «Рушди рӯҳияи Шанхай — ба хотири дӯстии байни халқҳо» баргузор гардид.

Дар он муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ аз тариқи фосилавӣ суханронӣ намуда, аз ҷумла, зикр кард, ки обрӯю нуфузи Созмони ҳамкории Шанхай дар ҷаҳон торафт баланд мешавад. Ҳоло СҲШ чоряк ҳиссаи  сайёраро фаро гирифта,  40 дарсади аҳолии ҷаҳонро дар бар мегирад. Он ҳамчун бузургтарин ташкилоти минтақавӣ дар ҷаҳон эътироф шудааст, ки ба мустаҳкамшавии ҳусни тафоҳум, ҳамдигарфаҳмӣ, дӯстии байни миллатҳою пайравони  адёни гуногун ва ҳамсоядории нек миёни мардуми кишварҳои аъзои СҲШ мусоидат мекунад.

Дилрабо Мансурӣ, инчунин, аз  давраи душвори паҳншавии пандемияи коронавирус ёдовар шуда, ҳамкориҳои аъзои СҲШ-ро дар ин самт мусбат арзёбӣ кард.

Дар ҳақиқат, ҳоло СҲШ дар давраи нави рушд қарор дорад. Раисии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон дар ин созмони бонуфузи байналмилалӣ ба ҷашни 20-солагии  он рост меояд, ки зери шиори «20 соли СҲШ: ҳамкорӣ ба хотири эътидол ва гулгулшукуфӣ» доир мегардад.

IMG_5899- Оғози фаъолияти Маркази дӯстӣ ва ҳамкории Созмони ҳамкории Шанхай дар Тоҷикистон майдони нави равобити фарҳангию башардӯс­тона буда, кӯшиши ҷониби Тоҷикистонро баҳри ҳиссагузорӣ дар рушди Созмони ҳамкории Шанхай нишон медиҳад. Бо мақсади ояндаи неки дӯстию ваҳдати халқҳо кӯшишро баҳри таъмини амният ва пешрафти  кишварҳои аъзои СҲШ равона карда, рӯҳияи Шанхайро мустаҳкам намудан бамаврид аст, — гуфт Дилрабо Мансурӣ.

Ифтитоҳи маркази зикршуда дар «Соли фарҳанги СҲШ», инчунин, саҳми назарраси  Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кори рушди ҳамкориҳои фарҳангӣ — гуманитарӣ мебошад. Ин имкон медиҳад, ки иқтидори фарҳангӣ, таърихӣ, рӯҳӣ — маънавӣ, бадеӣ — эстетикии ғанӣ ва мероси бузурги халқу кишварҳоямонро васеъ ва самаранок истифода барем.

Зикр шуд, ки Тоҷикистон ҳамеша   ҷонибдори сулҳ, ваҳдат, ҳамраъйӣ ва дӯстӣ миёни мардуми кишварҳои аъзои СҲШ ва ҷаҳон мебошад. Инчунин, тарафдори озодии ҷомеаи ҷаҳонӣ аз ҷангу низоъ ва зулму зӯроварӣ буда, ҳамсоядории неки халқҳои минтақа ва ҷаҳонро ҷонибдорӣ мекунад.

Форум бо ҳамдастии Кумита оид ба ҳамсоядории нек, дӯстӣ ва ҳамкориҳо дар доираи СҲШ, Ассотсиатсияи халқии дӯстии Хитой бо мамолики хориҷӣ ва Ҳукумати халқии музофоти Хубэй доир гардида, дар он намояндагони зиёда аз 20 кишвар ширкат варзиданд.

Сайфиддин СУННАТӢ,

«Садои мардум».

Суратгир  Неъматулло АЛИЕВ