Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки 28 декабри соли 2023 «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа гардид, тамоми соҳаҳоро дар бар гирифта, дастуру супоришҳои дар он додашуда роҳи ҷомеаро барои расидан ба ҳадафҳои минбаъда ҷиҳати пойдорию устувории Ватан равшан сохт.
Паёми мазкур аз пешрафти бомароми Тоҷикистон дар роҳи расидан ба ҳадафҳои стратегӣ гувоҳӣ дода, зимни баррасии масъалаҳои гуногун, ҳамзамон, вобаста ба саноатикунонии мамлакат ва бо шуғли пурмаҳсул фаро гирифтани аҳолӣ таъкидҳои судманд баён гардиданд.
Бо назардошти он ки соҳаи саноат дар рушди минбаъдаи давлат, ҳалли масъалаҳои иҷтимоию иқтисодӣ ва таъмин намудани иҷрои ҳадафҳои «Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2030» аҳамияти бузург дорад, бо пешниҳоди Пешвои миллат солҳои 2022-2026, яъне то Ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, «Солҳои рушди саноат» эълон шуд. Дар ин давра бояд беш аз 500 ҳазор ҷойи нави корӣ таъсис ёбад, даромади пулии аҳолӣ беш аз 2 баробар зиёд гардида, сатҳи камбизоатӣ то 15 дарсад коҳиш дода шавад.
Чуноне Президенти ҷумҳурӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём зикр намуданд: «Дар зарфи солҳои истиқлоли давлатӣ амалисозии нақшаву барномаҳои рушди соҳаи саноат имкон дод, ки дар кишвар беш аз 3 ҳазор корхонаи саноатӣ бо 54 ҳазор ҷойи корӣ сохта, ба истифода дода шавад.
Дар 75 соли замони гузашта (то соли 1991) дар ҷумҳурӣ ҳамагӣ 358 корхонаи саноатӣ бо 33 ҳазор ҷойи корӣ фаъолият дошт.
Пас аз барқарорсозии сулҳу субот ва роҳандозии фаъолияти бонизоми соҳаҳои фалаҷгардидаи ҳокимияти давлатӣ мо имконият пайдо кардем, ки ба масъалаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии мамлакат машғул шавем».
Инчунин, Сарвари давлат ҳушдор доданд: «Бо вуҷуди ин, дар раванди саноатикунонии босуръати кишвар як қатор масъалаҳои ҳалталаб, аз қабили фарсудашавии таҷҳизот, сатҳи пасти рақобатнокии маҳсулот ва гуногунсамтии он, норасоии маблағҳои гардони корхонаҳо ва кадрҳои баландихтисос, вуҷуд доранд».
Ҳамчунин, таъкид намуданд, ки «…соли ҷорӣ содироти маҳсулоти саноатӣ тамоюли коҳишёбӣ пайдо кардааст. Яъне, соли 2022 содироти маҳсулоти соҳа ба 22,8 миллиард сомонӣ расида буд, вале дар соли 2023-юм ин нишондиҳанда ҳамагӣ 18,5 миллиард сомониро ташкил дода, 19 фоиз кам гардид».
Вобаста ба ҳалли ҳар чӣ зудтари камбудиҳои ҷойдошта Пешвои миллат ба вазорату идораҳои дахлдор ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
Аз ин нуқтаи назар, пеш аз ҳама, бояд таваҷҷуҳи соҳибкорон ба рақобатпазир сохтани молу маҳсулот ҷалб гардаду аҳамияти афзоиш додани содирот ва кам намудани воридот дар пешрафти иқтисод ва баланд гаштани сатҳи некуаҳволии ҷомеа ҳамаҷиҳата дарк шавад. Соҳибкорон бояд аз муҳтавои «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030», «Барномаи саноатикунонии босуръати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2025», «Барномаи дастгирии давлатӣ ва рушди бахши хусусӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва дигар барномаҳои вобаста ба рушд додани саноат ва иқтисод огоҳ бошанд, аз имтиёзҳои дар паёмҳои ҳарсолаи Пешвои миллат пешниҳодшаванда бештар истифода баранд.
Тоҷикистон кишвари саноатӣ-аграрӣ аст ва 93 дарсади ҳудуди онро кӯҳсор ташкил медиҳад. Сарватҳои табиии кишвар дар зиёда аз 800 кони маъданҳои фоиданок, металлҳои нодир ва қиматбаҳо, аз ҷумла мис, нуқра, тилло, сурб, литий, сурма, никел, волфрам, ванадий ва дигар маъданҳои нодир, кашф ва барои аз худ намудан қисман омода карда шуда, зиёда аз 700 зуҳурот низ мавҷуд аст. Онҳо боигарии кишвари маҳбубамон ба ҳисоб рафта, рушди минбаъдаи саноати ҷумҳуриро таъмин хоҳанд кард. Инчунин, қобили қайд аст, ки захираҳои тахминии намаки ошӣ дар Тоҷикистон беш аз 72 миллиард тоннаро ташкил дода, барои зиёда аз 300 сол таъмин намудани талаботи истеъмолии тамоми сокинони сайёра басанда мебошад. Аз ин лиҳоз, дар доираи «Солҳои рушди саноат» бо роҳи истифодаи зарфиятҳои мавҷуда ба афзоиш додани ҳаҷми истихроҷу коркарди сарватҳои зеризаминӣ ва оғоз намудани корҳои ба конҳо мубаддалгардонии нуқтаҳои минералӣ, бунёди корхонаҳои металлургӣ, маъдантозакунӣ, истихроҷу то маҳсулоти ниҳоӣ коркард намудани металлҳои ранга ва қиматбаҳо, рушди саноати мошинсозӣ, нассоҷӣ, хӯрокворию дорусозӣ ва саноати сабук ноил шудан имконпазир аст.
Ҳоло дар асоси қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати давлатӣ дар соҳаи саноат» ва «Дар бораи минтақаҳои озоди иқтисодӣ» айни замон дар кишвар панҷ минтақаи озоди иқтисодӣ фаъолият мекунанд. Дар онҳо корхонаҳои металлургӣ, сементбарорӣ, нассоҷӣ, дӯзандагӣ, коркарди нафт ва тавлиди маҳсулоти саноати кимиё фаъол гардидаву ин раванд бардавом аст. Дар баробари ин, зарур аст, ки минбаъд барои рушди бомароми саноат ҷиҳати ба роҳ мондани коркарди пурраи нахи пахта, пӯст, пашм, пилла, меваю сабзавот ва дигар ашёи хоми ватанӣ корҳоро ҷоннок намоем.
Минбаъд низ ба баланд бардоштани гуногунсамтию рақобатнокии иқтисоди миллӣ, густариши раванди рақамикунонии иқтисод, татбиқи «иқтисоди сабз», истифодаи технологияҳои инноватсионӣ ва рушди неруи инсонӣ афзалият дода, дар ин замина пешрафти бомароми устувору босифати иқтисоди миллиро таъмин намоем.
Маврид ба зикр аст, ки бо таъсиси беш аз 30 муассисаи таҳсилоти олии касбии алоқаманд ба соҳа, аз ҷумла Донишгоҳи технологии Тоҷикистон, Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ дар шаҳри Кӯлоб, Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон, Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон, Донишкадаи илмҳои дақиқ ва технологияи Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб, филиали Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар шаҳри Исфара, филиали Донишкадаи энергетикии Москва дар шаҳри Душанбе ва филиали Донишгоҳи миллии таҳқиқотии пӯлод ва хӯлаи шаҳри Москва (МИСиС) дар шаҳри Душанбе, омодасозии мутахассисони соҳа ба марҳилаи сифатан нав ворид гаштааст.
Навсозии корхонаҳои саноатӣ дар ноҳияи Ёвон ва ба кор оғоз кардани корхонаи маъдантозакунии «Такоб», ки алюминийи аввалия истеҳсол мекунанд, ҷиҳати паст кардани арзиши аслии алюминий ва вобастагӣ аз ашёи хоми воридотӣ заминаи мусоид фароҳам оварданд. корхонаи ҷамъу васли автобуси мусофиркаши тамғаи «Акия» дар шаҳри Душанбе, корхонаи истеҳсоли профилҳои алюминӣ — ҶДММ «Тоҷпроф»-и МОИ «Суғд», корхонаи замонавии коркарди маъдан дар шаҳри Панҷакент, корхонаҳои металлургӣ ва истеҳсоли маҳсулоти оҳан дар шаҳри Ҳисор ва ноҳияи Спитамен, инчунин, корхонаи истихроҷу истеҳсоли тилло дар шаҳри Ваҳдат, ҶДММ «Оҳангудозии Тоҷикистон»-и ноҳияи Рӯдакӣ, корхонаҳои нави истеҳсоли маводи таркандаи саноатӣ – ҶДММ КМ «Муосир» ва ҶДММ «Колорит технолоҷӣ» аз ҷумлаи коргоҳҳое маҳсуб мешаванд, ки дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат бунёд гардида, дар таъмини шаҳрвандон бо ҷои кори доимӣ саҳми бориз доранд.
Ҳамзамон, Тоҷикистон ба панҷгонаи истеҳсолкунандагони «алюминийи сабз» дар ҷаҳон шомил буда, маҳсулоти ширкати алюминийи тоҷик дорои «сертификати сабз» мебошад.
Муҳимтар аз ҳама, қонунгузорӣ барои сармоягузорон дар соҳаҳои мухталиф беш аз 240 номгӯ кафолату имтиёзҳо, аз ҷумла зиёда аз 110 имтиёз ва сабукиҳои андозию гумрукиро муқаррар намудааст.
Дар умум, Паёми навбатӣ аз нусрату пайғом таркиб ёфта, бо меҳнати софдилонаи халқи тоҷик зина ба зина амалигардонии ҳадафи стратегии саноатикунонии босуръати мамлакат имкон медиҳад, ки рушди устувори соҳаи саноат таъмин ва дар ин раванд даҳҳо ҳазор ҷойи нави корӣ ташкил шавад.
Исмоилиён Комрон Исмоилзода,
вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон,
Алишер Азизӣ,
мушовири калони Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия